НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

10–уми июли соли 2018 дар синни 62 солагӣ баъд аз беморӣ риш­таи умри Зоирзода Шарофиддин Юнус-судяи Суди консти­тут­си­онии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармаҳал канда шуд.

Зоирзода Ш. Ю. соли 1982 баъди хатми факултети ҳуқуқ­ши­но­сии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон, солҳои 1982 –1993 дар вазифаҳои кор­омўзи шуъбаи ҳуқуқ, ад­вокат ва мудири шуъбаи ҳуқуқии ноҳияи Кол­хозобод кор карда, моҳи марти соли 1987 аъзои Президиуми кол­легияи адвокатҳои Ҷумҳурии То­ҷикистон интихоб гардидааст.

Соҳои 1993–1996 дар вази­фа­ҳои машваратчӣ – сармутахассиси Кумитаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон оид ба қонунгузорӣ, тар­тиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, мушовири калони кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва ам­ният ифои вазифа намудааст.

Аз соли 1996 то соли 2001дар вази­фаҳои мушовир ва мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва аз моҳи ноябри соли 2001 то мохи феврали соли 2004 муовини Раиси кумитаи давлатии идораи амволи дав­латии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Моҳи феврали соли 2004 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, аз соли 2005 то соли 2012 дар вазифаҳои мудири шуъбаи ҳуқуқи даст­гохи Маҷлиси намо­яндагон ва муовини Роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ифои вазифа намудааст.

Аз 13 декабри соли 2012 ба вазифаи судяи Суди консти­тут­сио­нии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, дар ин вазифа то лаҳзаи охи­рини ҳаёташ фаъолияташ намудааст.

Барои меҳнати самаранокаш дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо мукофоти давлатӣ, Ифтихорномаи Маҷлиси миллӣ ва Суди консти­тутсионӣ ва дигар медалу мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ карда шу­дааст.

Номбурда дар кадом сатҳи макомоти давлатӣ кор ва фаъолият на­карда бошад ҳам, худро ҳамчун мутахассиси барҷаста ва ватандўст, шах­си кордон, хоксор ва тарбиятгари кадрҳои ҷавон дар руҳияи худ­ши­носиву худогоҳӣ муарифӣ намудааст.

Дорои обрў ва эътибори баланд буда, дар рушди қонунгузории мамлакат нақши арзанда дорад.

Ёди Зоирзода Ш.Ю. ва кору фаъолияти созандаи ў дар қалби ҳамкорону дустонаш абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Коллективи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 майи соли 2018 судяҳо ва кормандони Суди Конститутсионӣ бо мақсади пайдо кардани ошноӣ бо таърихи бойу пурѓановати миллати тоҷик, бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 дар доираи нақшаи чорабиниҳо аз мавзеи таърихии Тоҷикистон – Ќалъаи Ҳисор боздид ба амал оварданд.

Ҳисори Шодмон як пораи Тоҷикистон буда, таърихи қадима дорад ва ёдгориҳои таърихии он нишонае аз кўҳанбунёдии ўст. Ҷашни 3000 солагии Ҳисори Шодмон ба сифати макони таърихӣ ин гуфтаро собит месозад. Омўзиши сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносон шаҳодат медиҳанд, ки дар водии Ҳисор одамон ҳанўз аз давраи асри санг, тахминан 40-50 ҳазор сол муқаддам сукунат доштанд. Аз бисёр маҳаллаҳои он маскани одамоне пайдо гардиданд, ки 6-9 ҳазор сол муқаддам дар онҳо истиқомат доштанд.

Дар водии Ҳисор бостоншиносон бо маданияти моддии қадимтарини одамон вомехўранд. Дар давраи неолит (қарни санг) водии Ҳисор хеле сераҳолӣ будааст, ки аз ин бошишгоҳҳо, маснуоти шикорию рўзгор гувоҳӣ медиҳад. Тамаддуни ин сарзамин бо номи маданияти Ҳисор машҳур буда, бо таҳқиқи он донишманди шўравӣ А.П. Окладников ҳанўз соли 1948 оѓоз бахшидааст. Ҳангоми ҳафриёт зиёда аз 680 осори давраи санг ёфт шудааст.

Дар натиҷаи ҷустуҷўи бостоншиносӣ аз соли 1946 то имрўз дар ҳудуди шаҳри Ҳисор ва атрофи он маводҳои гуногун пайдо гардидааст. Дар асоси он гуфтан ба маврид аст, ки ҳудуди шаҳр аз ҳазораи II то милод ҳамчун бошишгоҳи қабилаи чорводорӣ аз худ карда шуда, аз асри VII то милод ҳамчун шаҳр ташаккул ёфтаву ба маркази сиёсиву иқтисодии минтақаи заминдорӣ табдил меёбад.

Тибқи нишондодҳои таърихӣ, Ҳисори бостонӣ дар гузаштаи дур зери итоати давлатҳои гуногун қарор доштааст. Дар нимаи дуюми асри XV ва аввали асри XVI дар Ҳисори Шодмон пайвандони шоҳзодаҳои темурӣ ҳукмронӣ мекарданд. Тадриҷан Ҳисор рушд ёфта, ба яке аз шаҳрҳои калону мустақили Мовароуннаҳр табдил меёбад. Ин давраҳо дар маданияти Ҳисор таѓйироти куллӣ ба амал омада, деҳқонӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ, тангасозӣ, кулолгарӣ, бофандагӣ, шаҳрсозӣ ва дигар савдову тиҷорат вусъат пайдо мекунанд.

Номи Ҳисори Шодмон бори аввал дар асари машҳури таърихии Шарофиддин Алӣ Яздӣ «Зафарнома» (асри XV) ҳамчун яке аз мулкҳои Империяи Темуриён зикр гардидааст ва ба сифати маркази силоҳсозӣ ёдовар мешавад.

Суди Конститутсионӣ тасмим гирифтааст, ки ба ин иқдом бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 ҳукми анъанавӣ дода, аз мавзеҳои таърихии Тоҷикистон пайваста боздид ба амал орад.

21 июни соли 2018 дар толо­ри маҷлисгоҳи Суди Кон­сти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­­кис­тон ба муно­си­бати 21-умин солгради ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқ­рори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки ҳамчун санади таърихӣ барои таҳкими пояҳои ваҳдат ва суботу оромӣ дар кишвар мусоидат кард, дар мавзўи «Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ» ҳамоиш доир гардид.

Дар кори ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, вазоратҳои адлия, маоириф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои оид ба корҳои дин ва танзиму анъана, занон ва оила, забон ва истилоҳот, ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, инчунин олимони соҳаи сиёсату ҳуқуқ иштирок ва бо маърўза баромад намуданд.

Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳ­мудзода ба кори ҳамоиш ҳусни оѓоз бахшида, аз ҷумла иброз дошт, 21 сол қабл миллати тоҷик бо паси сар кардани ҷанги шаҳрвандӣ санадеро қабул намуд, ки сулҳи тоҷиконро оѓоз ва Истиқлолияти давлатиро таҳким бахшид ва ин санади таърихӣ Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон буд.

Танҳо ба шарофати заҳматҳои пайгирона ва талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаяссар гардид, ки дар як муддати кўтоҳ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомўш карда шавад ва миллати тоҷик аз хатари парокандашавӣ раҳо ёфта, муҳоҷирони иҷборӣ ба ватану ман­зили худ баргардонида шуданд ва кишвари мо ба маҷрои рушду инкишоф дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ворид гардид.

Мавсуф зикр кард, ки пойдории сулҳу субот барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳёи давлат­до­рии навини демократию ҳуқуқбунёд, сарҷамъию ит­тиҳоди миллат, амали­созии ҳадафҳои конститутсионии давлати иҷтимоӣ, татбиқи вазифаҳои стратегии давлат мусоидат карда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ сазовори мавқеи хосса гардид.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки ба ин арзиши муқаддас, яъне Ваҳдати миллӣ, ки намунаи ибратбахши ҷаҳониён мебошад, расем ва онро ҳамеша эмин нигоҳ дошта, барои тарбияи ҷавонони ватандўсту ватанпарвар кўшиш намоем.

Баъдан академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Каро­матулло Олимов баромад намуда, зикр кард, ки Созишномаи умумии ис­тиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар як давраи вазъи мураккаби сиёсии мам­лакат бо саъю талошҳои Пешвои муаззами миллат ба имзо расонида шуд, дар таҷрибаи ҷаҳони мутамаддин падидаи нодири ба миён овардани сулҳу оромӣ ба шумор рафта, аз нигоҳи ҳуқуқӣ падидаест, ки омили муҳими пешрафту ташаккули давлати адолат­парварро тақвият мебахшад.

Ҳамзамон, зикр кард, ки мақсад аз ҷашнгирии Ваҳдати миллӣ ва баргузор намудани чорабиниҳои гуногун, дар шароити мураккаби сиёсии ҷаҳони имрўза ин ҳушдор сохтани мардуми кишвар аз ҳодисаҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву ватандўстӣ, садоқат ба ватан, ҳифзи ватан, расидан ба қадри сулҳу субот, оромӣ ва таъмини пойдории Истиқлояияти давлатӣ мебошад.

Дар рафти ҳамоиш зиёда аз 10 марўзаҳо шунида шуданд, ки маъ­рўзачиён оид ба нақши ваҳдати миллӣ дар рушду такомули соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ибрози андеша намуданд.

Ҳамоиш аз ҷониби иштирокдорони он муфид арзёбӣ гардид.

СИЁСАТИ ИҶТИМОЇ ДАР ҲОШИЯИ МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕАИ КИШВАР

«…ҳадафи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумамон, рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллиамон, таъмин намудани саодати ҳар хонадони Тоҷикистон ва таҳкими нуфузу обрўи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистон мутобиқи моддаи 1 Конститутсия, давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Дар асоси моддаи 64 Конститутсия, Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Бо ин назардошт, сиёсати иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон қарор дошта, бо ин мақсад аз тамоми имкониятҳо ва захираҳои мавҷуда самаранок истифода бурда мешаванд. Ба сифати далели раднашавандаи ин гуфтаҳо метавонад он чиз баромад намояд, ки солиёни охир зиёда аз нисфи буҷети давлатӣ маҳз ба мақсадҳои иҷтимоӣ равона гардида, муассисаҳои зиёди маданию равшаннамоӣ, ба монанди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, қасрҳои фарҳанг дар тарҳи замонавӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Ҳамчунин дар назар дошта шудааст, ки аз моҳи сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблаѓгузорӣ карда мешаванд, ба таври навбатӣ боло бардошта шавад.

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 12 майи соли 2018 бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон баргузор шуд, аз пайгирӣ гардидани масъалаҳои иҷтимоӣ ва дақиқона мавриди таҳлил қарор дода шудани он орӣ набуд. Фазилатҳои наҷиби ин моҳи хайру саховат, аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо сиёсати иҷтимоӣ борикбинона таҳлил гардида, аз соҳибкорон ва тоҷирон даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин моҳи шариф нарху навои маҳсулоти ниёзи мардумро беасос баланд бардошта, ҳамватанони худро ба азият гирифтор накунанд. Ҳамчунин қайд гардид, ки дар аксари кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин тоҷирон нархро, баръакс, дар ин моҳ арзон мекунанд, то ки бо ҳамин роҳ низ со-ҳиби савоб шаванд. Ин сиёсат ба он нигаронида шудааст, ки манфиатҳои қишри нисбатан камҳимоя халалдор нашуда, бо ҳамин беҳбудии вазъи иҷтимоии онҳо таъмин карда шавад.

Мавриди қайд аст, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба сиёсати иҷтимоӣ, дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 27 апрели соли ҷорӣ баргузор гардид, ба роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, супориши қатъӣ дода шуд, ки ба ифтихори сисолагии истиқлолияти кишвар, яъне то 9-уми сентябри соли 2021 ва дар сатҳи баланди омодагӣ пешвоз гирифтани ин ҷашни бузурги миллӣ корҳои созандагиву ободониро дар тамоми қаламрави кишвар ҳамаҷониба густариш бахшанд.

Дар доираи ин чорабиниҳо, дар назар дошта шудааст, ки давоми се сол дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шавад.

Инчунин, дар назар дошта шудааст, ки дар ин муддат, китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боѓу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дўзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боѓҳои нав ҳамчун корҳои созандагӣ ва ободонӣ анҷом дода шаванд, ки ин бешак барои беҳтару хубтар гардонидани шароити иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудааст.

Баробари ин, сохта ба истифода дода шудани объектҳои ҷашнӣ, фароҳам омадани даҳҳо ҷойҳои кории доимиро заминагузорӣ намуда, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидани аҳолии деҳотро асос мегарданд, ки ин дар раванди болоравии беҳбудии зисту зиндагонии аҳолӣ нақши калидӣ мебозад.

Ҳамин тавр, сиёсати созандаи роҳбарияти олии сиёсӣ моро водор менамояд, ки нисбати масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ бетараф набуда, дар ташаккули мамлакат саҳми худро гузошта бошем.

Фирдавсова Г.Р.

ёрдамчии судяи Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 23 то 26 майи соли 2018 бо мақсади иштирок дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзўи «Нақши судҳои конститут­сионӣ дар шароити ҷаҳонишавии асри XXI» сафари кории судяи Суди Конститутсионӣ Ҳошимзода Д.Д. ба шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия доир гардид.

Дар кори ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ, ки бо ташаб­буси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Латвия доир гардид, намоян­дагони мақо­моти назорати консти­­тут­­сионии беш аз бисту панҷ кишвари ҷаҳон ва созмон­ҳои бону­фузи бай­нал­ми­лалӣ, аз қабили Австрия, Белорусия, Белгия, Бул­ѓо­ристон, Венгрия, Гурҷистон, Испания, Ќазо­қис­тон, Ќирѓи­зистон, Молда­вия, Норвегия, Олмон, Полша, Руминия, Словения, Украина, Фаронса, Хорватия, Чехия, Шоҳигарии Люксембург, Эстония, Комиссияи венетсиа­нии Шўрои Аврупо, Суди Аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Суди Иттиҳоди Аврупо, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Латвия ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Конфронс дар сатҳи хуби омодагӣ доир гардида, дар он мавзўҳои мухталифи марбут ба конститутсионализм, ҳамкори байни судҳои консти­тутсионӣ ва Суди Аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон, нақши судҳои консти­тут­­сионӣ дар шароити ҷаҳониша­вии асри XXI, ҳимояи ҳуқуқҳои асосии инсон дар шароити ҷаҳонишавӣ, Суди конститутсионӣ ва мубоҳисаи иҷти­моӣ, таъсиррасонии адолати судии конститутсионӣ ба судҳои сало­ҳияти умумӣ, стандартҳои байналмилалии иҷрои қарорҳои суд­ҳои кон­сти­тутсионӣ, адолати судии конститутсионӣ омили муҳими рушди консти­тут­сио­­нализми муо­сир, таъмини қонунияти консти­тут­сионӣ дар давлатҳои алоҳида ва дигар мавзўҳои мубрами соҳаи ҳуқуқ мавриди муҳокимаҳои доманадор қарор дода шуданд.

Зимни кори Конфронс судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон Ҳошимзода Д.Д. вобаста ба масъалаи волоияти ҳуқуқ ва адолати судии консти­тут­­сионӣ суханронӣ намуда, нақши адолати судии консти­тут­сиониро омили муҳими рушди консти­тут­сио­­нализми муо­сир муҳиму назаррас арзёбӣ намуд.

Кормандон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, бо мақсади пайдо кардани ошноӣ бо таърихи бойу пурѓановати миллати тоҷик, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018, дар доираи нақшаи чорабиниҳо, санаи 14 майи соли 2018 аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.

Экспонатҳои пурарзише, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ба монанди нусхаҳои дастнависи китоби муқаддас – Ќуръони карим, меҳроби Искодар, амсилаи мақбараи Исмоили Сомонӣ, ёдгориҳои таърихие, ки аз Тахти сангин дарёфт гардидаанд, деворнигораҳои Панҷакенти қадим ва монанди инҳо, шаҳодат ба он медиҳанд, ки дар ватани аҷдодии миллати тоҷик, илм, маданият ва фарҳанг ҳанўз аз замони қадим рушд карда, дастовардҳои назаррасро дар соҳаҳои гуногуни илм, чун сохтмон ва меъморӣ, катибакорӣ, нуҷум, илми ҳарбӣ ва дигарҳо ба мерос гузоштааст, ки аксарияти назарраси онҳо имрўз низ аҳамиятнокии худро гум накарда, дар шакли такмилёфта мавриди истифода қарор доранд.

Аз Аҷинатеппа пайдо гардидани муҷассамаи бузурги Буддои хобида, ки амсилаи он дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад, шаҳодати он аст, ки ватани таърихии аҷдодони миллати тоҷик гаҳвораи тамаддун буда, пешрафти ин муносибатҳоро на танҳо дар минтақа, инчунин дар доираи васеъ асос гузошта, аҳамияти ҷаҳонӣ пайдо кардани онҳоро боис гардидааст.

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баробари экспонатҳои таърихӣ, инчунин экспонатҳои замони муосир ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки дар хусуси дастовардҳои замони истиқлол, ки 9 сентябри соли 2021 дар сатҳи баланд таҷлил гардидани 30-юмин солгарди он ба нақша гирифта шудааст, маълумот медиҳанд.

Ба маърази тамошо гузошта шудани қаламе, ки бо он Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо карда шудааст, басо рамзӣ буда, шахсро барои пеши назар овардани рўзҳои таърихи водор менамояд. Аз ин хотир, имрўз ҳар як фарди соҳибхирад ва соҳибтамаддуни тоҷикро зарур аст, ки дастовардҳои Ваҳдати миллиро арҷгузорӣ намуда, дар партави сиёсаи созанда муттаҳид гарданд.

Суди Конститутсионӣ таслим гирифт, ки ба ин иқдом бо мақсади иҷрои чорабиниҳо оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ҳукми анъанавӣ дода шуда, аз ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон тариқи пайваста боздид ба амал оварда шавад.

Yandex.Metrica