НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

8 майи соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии ғумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили солгарди Рўзи Ғалаба дар ғанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди консти­тутсионӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавиро Раиси Суди консти­тутсионии ғумҳурии Тоҷикистон, академик Маҳкам Маҳмудзода ҳусни оғоз бахшида, ҳози­ринро бо таҷлили ин иди пуршукўҳ табрику таҳният намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки ҷашни фархундаи Ғалаба ҳамасола ҳамчун натиҷаи азму талоши фарзандони ҷасури миллати мо дар роҳи озодӣ ва ҳимояи Ватан, инчунин поси хотири қурбониёни ин ҷабҳаи набрад, ки беш аз сад ҳазор нафараш фиристодагони Тоҷикистон буданд, дар кишварамон бо шуку­ҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Ин ҷашни пуршукўҳ ҳамчун манбаи ахлоқиву маънавӣ имрўз ба василаи тарбияткунандаи ватандўстии ҷаво­нону наврасони кишвар ва масъу­лият­шиносии онҳо дар ҳифзи арзиш­ҳои давлати тозаистиқлоламон табдил ёфтааст.

Боиси ифтихор аст, ки собиқадорони ҷангу меҳнат таҳти нигоҳу­бину парастории махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳуку­мати кишвар қарор дошта, барои беҳтар гардонидани шароити иҷти­моии онҳо мунтазам тадбирҳои зарури роҳандозӣ карда мешаванд.

Дар фарҷоми маҷлис як қатор кормандони дастгоҳи Суди консти­тутсионӣ ба муносибати иди Ғалаба ва фаъолияти хуби меҳнатӣ бо рутбаҳои дараҷавӣ ва «Ифтихорнома»-и Суди Конститутсионӣ сарфароз гардонида шуданд.

Иншооти варзишию фароғатӣ — туҳфаи Суди конститутсионӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ба сокинони шаҳраки 14-и ноҳияи Синои пойтахт

ДУШАНБЕ, 05.05.2018 /АМИТ «Ховар». Имрӯз аз субҳ шодиву сурури сокинон, хусусан кӯдакону наврасони шаҳраки 14-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳадду канор надошт. Дар ин ҷо аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ сохта ба истифода дода шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар маросими ифтитоҳи иншооти варзишию фарҳангӣ кормандони масъули Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди Олии иқтисодӣ Мавлуда Қаландарзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва сокинони шаҳраки 14-и пойтахт иштирок намуда, бунёди иншооти варзиширо идомаи пайгирӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод намуданд.

Иншооти мазкур, ки дар масоҳати 3453,7 метри мураббаъ бунёд гардидааст, аз майдончаи умумӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхушии кӯдакон, гӯшаи машқу тамрини бадан, ки бо тамоми дастгоҳу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, инчунин аз таваққуфгоҳ иборат мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳудуд ва атрофи майдонча сабзу хуррам гардонида шуда, дар ду ҷониб ва ҳудуди иншоот нишасткурсиҳо ва ду адад айвон-суҳбатгоҳҳо насб гардидаанд. Ҳамзамон дар доираи корҳои кабудизоркунӣ дар атрофи иншоот ва ҳудуди он дарахтони сояафкан, гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудаанд, ки ин мавзеъро боз ҳам назарработар гардонидаанд.

Сокинони шаҳраки 14, ки дар он биноҳои истиқоматии 6/2, 6/3, 36 ва 38 воқеъ мебошанд, иқдоми Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии кишварро дар мавриди бунёди иншооти варзишию фарҳангӣ самараи неки таваҷҷуҳу ғамхориҳои Роҳбарияти олии мамлакат ба кӯдакону наврасон ва ҷавонон, ки ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста, арзёбӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо дар дигар маҳаллаҳои пойтахт бунёди чунин майдончаҳои варзишию фароғатӣ идома дошта, он ифодагари сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе унвон мегардад.

Иқдоми хирадмандона ва ҳаётбахши байналмилалии

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

30 апрели соли 2018 дар Суди Конститутсионии ғумҳурии Тоҷи­кис­тон бо мақсади фаҳмондадиҳии аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва ичтимоии Қатъномаи Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид аз 21 декабри соли 2016 оид ба Даҳсолаи байнал­милалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» ва оғози Даҳсолаи байнал­милалии мазкур ҳа­моиш доир гардид.

Дар кори ҳамоиши коллективи Суди Конститутсионӣ, дирек­тори Инс­ти­­­­­тути масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Ака­де­мияи илм­ҳои ғум­ҳурии Тоҷикистон Кобулиев З.В. иштирок ва атрофи та­моми ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти ғумҳурии Тоҷи­кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об бо маърўза баро­мад намуд.

Номбурда аз ҷумла зикр кард, ки Пешвои миллат 22 марти соли равон ба шаҳри Нь-Йорк сафари корӣ анҷом дода, дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи бай­нал­милалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» иштирок ва дар мавзўи «Об меҳвари асосии рушди устувор аст», маърўза намуд.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббусҳои созандаи Роҳбари дав­лати мо, соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳ­солаи байналмилалии ама­лиёт «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байнал­милалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон ва мавриди амал қарор гирифта, чорабиниҳои сершумори он то андозае дар масъалаи дастрасӣ ба об таъсири назарраси худро расониданд.

Дар маърўзаи худ, Пешвои миллат бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро бо масъалаи об, дастрасӣ ба он ҷалб намуда, зикр кард, ки им­рўзҳо дар ҷаҳон 276 ҳавзаи дарёҳои байналмимилалӣ мавҷуд аст, ки он­ҳо ҳудуди 148 кишварро дар бар гирифта, дар он ҷо 40% аҳолии кўраи замин зиндагонӣ доранд.

ғумҳурии Тоҷикистон тайи понздаҳ соли охир барои ҳалли ма­соили дастрасӣ ба обу беҳдошт қариб як миллиард доллари амрикоӣ сарф кардааст. Танҳо дар зарфи панҷ соли охир 1, 2 миллион нафар бо оби ошомидании босифат ва 600 000 нафар бо оби ошомидани бехатар таъмин гардид.

Дар кори ҳамоиш иштирокдорони он изҳор доштанд, ки татбиқи ташаббусҳои Пешвоми миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу беҳдошт барои амалӣ кар­дани ҳадафҳои конститут­сионии давлат дар масъалаи давлати иҷ­тимоӣ будани Тоҷикистон, ба ҳар шаҳрванд таъмин намудани шароити ар­зандаи зиндагӣ ва таҳкими заминаҳои ҷомеаи адолатпарвар нигаронида шуда, барои пешрафти ҷомеаи демокративу ҳуқуқ­бунёд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў арзиши олӣ эътироф шудаанд, ҳамчунин тақвияти ман­фиат­ҳои миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва якпорчагию ваҳдати миллӣ мусоидат мекунад.

Аз 26 феврал то 1 марти соли 2018 бо мақсади иштирок дар ҷаласаи ёздаҳуми Гурўҳи мақсаднок оид ба дастраси ба адолати судӣ тибқи Конвенсияи Орхус ва ҷаласаи махсус барои намояндагони мақомоти судӣ сафари кории судяи Суди Конститутсионии ғумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д. ба шаҳри Женева доир гардид.

Дар кори ин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ки бо ташаб­буси Комис­сияи Аврупоии иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид доир гардид, намоян­дагони мақомоти судии давлатҳои ҷаҳон ва созмон­ҳои бонуфузи бай­нал­ми­лалӣ, аз қабили Арманистон, Албания, Бело­русия, Босния-Гертсо­говиния, Гурҷистон, Ирландия, Испания, Италия, Латвия, Румыния, Қазо­қис­тон, Қирғи­зистон, Македония, Малта, Молдавия, Монтенегро, Нидерландия, Норвегия, Озарбойҷон, Олмон, Румыния, Сербия, Словения, Словакия, Украина, Чехия, Шветсия, Ховартия, Эстония, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Аврупо, котиботи Конвенсияи Орхус ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниҳо дар сатҳи хуби омодагӣ доир гардида, дар он мавзўҳои мухталифи марбут ба мустаҳкамгардонии механизми ҳалли судии парван­даҳои марбут ба дастрасӣ ба иттилои экологӣ, дархост оид ба гирифтани иттилоот оид ба парвандаҳои судӣ марбут ба муҳити зист, талабот оид ба мустаҳкамгардонии имконияти судҳо вобаста ба баррасии парвандаҳое, ки аз ҷониби мақомоти судӣ ва дигар мақомоти назорати дар соҳаи муҳити зист баррасӣ мешаванд, ҳамкории глобалӣ ва минтақавӣ дар самти мусои­дат баҳри беҳтар намудани дастарсӣ ба адолати судӣ, қонунгузории кишварҳои алоҳида дар масаъалҳои экологӣ ва дастарсӣ ба иттилои экологӣ, таҷрибаи судӣ дар давлатҳои алоҳида ва дигар мавзўҳои мубрами соҳаи ҳуқуқ мавриди муҳокимаҳои доманадор қарор дода шуданд.

Зимни кори чорабинӣ бо иштироки намояндагони мақомоти судӣ, судяи Суди Конститутсионӣ Ҳошимзода Д. вобаста ба нақши Суди конститутсионии ғумҳурии Тоҷи­кис­тон дар таъмини волоияти Консти­тутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амалишавии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрванд, татбиқи муқаррароти Конвенсияи Орхус дар қонунгузории миллӣ, амалишавӣ ва ташаккули қонунгузории соҳаи дастрасӣ ба иттилоот ва муҳити зист суханронӣ намуда, мавҷудияти қонунгузории муосирро дар ин самт муҳиму назаррас арзёбӣ намуд.

12 феврали соли 2018 нашри шуморавии маҷаллаи илмӣ – иттилоотии Ахбори Суди Конститутсионии ғумҳурии Тоҷикистон №3-4, 2017 ки дар он Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ғумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон, инчунин фаъолияти Суди Конститутсионӣ инъикос гардида, қарору таъи­ноти судӣ, мақолаҳои Раис ва судяҳои Суди Конститут­сио­нии киш­вар ва давлатҳои хориҷ, инчунин олимони соҳаи ҳуқуқ гирд оварда шудаанд, бо забонҳои давлатӣ ва русӣ аз чоп баромад.

Дар ин шумораи маҷаллаи илмӣ-иттилоотӣ Қарори Суди конститут­сионӣ аз рўи дархости шаҳрвандон Хурамов З.Н. ва Ҳасанов ғ.К. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 Қонуни ғумҳурии Тоҷи­кистон аз 12 январи соли 2010, № 595 «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва сархати якуми фармоиши Агентии суғуртаи иҷти­моӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ғумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2017, №6 «Дар бораи гузариши пурра ба низоми нави таъминоти нафақаи шаҳрвандон ва тартиби таъини нафақаҳо аз 1 январи соли 2017» ба моддаи 39 Конститут­сияи ғумҳурии Тоҷикистон» ва се таъиноти судӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ нашр карда шуда­анд.

Қисмати алоҳидаи маҷалла ба навидҳои Суди Конститутсионӣ бах­шида шуда, дар он иттилоот оид ба маҷлисҳои судии доиргардида, иштироки намояндагони Суди Конститутсионӣ дар чорабиниҳои мухта­лифи дохил ва хориҷи кишвар, дастовардҳои суд, иттилоот оид ба ҷала­са­ҳои идоравӣ марбут ба мавзў­ҳои мухталиф ва дигар ахбороти муҳим гирд оварда шудааст.

Хоҳишмандон метавонанд ин маҷаллаи илмӣ-иттилоотиро аз китоб­хонаи Суди Конститутсионӣ дастрас намоянд ё тавассути сомонаи идоравӣ аз иттилооти дар он гирдовардашуда истифода баранд.

Паёми Пешвои миллат ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва заминаҳои давлати
ҳуқуқбунёд таҳким мебахшад

ДУШАНБЕ, 5.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳта­рам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти давлатиро водор месозад, ки баҳри амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, ки ба хотири таҳкими муносибатҳои байналмилалии мамлакат, ҳифзи суботу оромӣ, рушди муназзами соҳаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва таъмини шароити боз ҳам арзандаи зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат нигаронида шудааст, фаъолияти хешро тақвият бахшанд.

Ҳамин аст, ки ҳамасола мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳар фарди бонангу номуси кишвар мекӯшад, ки фаъолияти бомароми хешро баҳри амалисозии вазифаҳои Паёми созандаи Пешвои миллат ба Парлумон ва иҷрои барномаву стратегияҳои мухталиф, ки ба хотири ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва таҳкими заминаҳои ваҳдати миллӣ нигаронида шудаанд, равона созад.

Мусаллам аст, ки дар ҳар як Паём ба рушди низоми ҳуқуқӣ, таҳкими арзишҳои демократию фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ, ки омили муҳими кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи адолатпарвар ва таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ мебошанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад, инчунин эҳтиром, риоя ва иҷрои қонун мақсаду мазмуни фаъолияти мақомоти давлатӣ маънидод мегардад.

Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат ба сиёсати ҳуқуқӣ ва аҳамияти падидаҳои давлати ҳуқуқбунёд барои пешрафти ҷомеа аҳамияти махсус зоҳир намуда, зикр карданд, ки «Ҷумҳурии мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намуда­аст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Принсипи мазкур тақозо менамояд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошанд».

Зимнан, бо шарофати иродаи сиёсӣ ва сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дар солҳои аввали соҳибистиқ­лолӣ новобаста ба вазъи мураккаби ҷумҳурӣ ислоҳоти бомароми ҳуқуқӣ дар мамлакат оғоз гардид, рукнҳои давлатӣ барқарор шуданд ва Консти­тут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ва иродаи якдилонаи мардуми сарбаланди мамлакат қабул гардид.

Аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаю иҷтимоӣ муаррифӣ намуда, халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон дошт ва барои расидан ба сулҳи комил дар мамлакат заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Имрӯз дар заминаи меъёрҳои Конститутсия сиёсати ҳуқуқии давлат, дар ҳолати рушду такомул қарор дорад, бинобар таҳкими парламентаризми миллӣ муҳимтарин қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд ва дар онҳо арзишҳои эътирофнамудаи санадҳои байналмилалии универсалӣ инъикоси худро пайдо намуданд.

Муҳим аз ҳама, унсурҳои давлати ҳуқуқбунёду демократӣ рушд ёфтанд ва дар заминаи онҳо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардид, кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон меҳвари асосии сиёсати давлатӣ дониста шуд, падидаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд ва барои амалишавии принсипи гуногунандешии сиёсӣ, озодии сухан ва виҷдон заминаи муосид фароҳам омад.

Пешвои миллат дар Паём аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёдовар гар­дида, зикр намуданд, ки «фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад».

Қонуни миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии мардуми мамлакат қабул гардид, суннатҳои мардумиро ҳамчун омили инъикоску­нан­даи фарҳанги волои инсонӣ маънидод кард ва онҳоро аз дахолати ноҷои ҳар гуна андеша­ҳои номатлуб ва ифротӣ эмин нигоҳ дошта, омили муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ гардид.

Дар як муддати кӯтоҳ қонун ниҳоят натиҷаи муфид ба бор овард ва барои бартараф намудани исрофкорию хароҷоти беҳуда дар тӯю маърака ва маросимҳои азодорӣ, паст кардани унсурҳои манфии худнамоӣ, тақлид­корӣ ва инчунин барои нигоҳ доштани нарху наво дар бозори истеъмолӣ мусоидат кард ва ба буҷаи ҳар як оила сабукӣ овард.

Бинобар зарурати ба миёномада ва таклифу пешниҳодҳои сершумори аҳолӣ бо ташаббуси Роҳбари давлат ба Қонуни зикршуда соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо ба такмили қонун, пешгирии хурофоту зоҳирпарастӣ ва хароҷоти нолозим зимни баргузории ҷашну маросимҳо нигаронида шуда буданд.

Имрӯз кишвари мо бинобар амалишавии сиёсати созандаи Пешвои миллат бомаром дар ҳоли рушд қарор дошта, дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ дастовардҳои азим ба назар мерасанд. Ин омил ҳар як шахси худогоҳу худшиноси мамлакатро водор месозад, ки ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои дар Паём гузошташуда дучанд фаъолият намуда, бо дарки амиқи қарзи шаҳрвандии худ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгирифтаи давлати ҳуқуқбунёду демократиамон саҳмгузор бошад.

Даврон ҲОШИМЗОДА,

Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ

Yandex.Metrica