НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

9 январи соли 2019 дар Суди конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон маҷлиси ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Суди конс­ти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 баргузор гардид.

Маҷ­лис таҳти раисии Маҳмудзода М.А.–Раиси Суди консти­тутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар кори он Шона­заров С.А.– му­шовири ка­лони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Маҳмудзода М.А. маҷлиси ҳисоботиро ифтитоҳ намуда, соли 20018-ро ҳамчун соли бобаракат ва саршор аз ҳодисаҳои муҳими бай­налмиллалӣ ва соли амалӣ шудани орзуву ният­ҳои неки халқи То­ҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти энер­ге­тикӣ ва пурра ба­ромадани мамлакат аз бумбасти коммуникатсионӣ ар­зёбӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва дар То­ҷи­кистон фароҳам овардани суботи бардавоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷ­тимоӣ натиҷаи заҳ­матҳои шабонарўзии Асосгузори сул­ҳу ваҳдати мил­лӣ­- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муҳтарам Эмо­малӣ Раҳмон аст, ки дурустӣ ва муҳиммияти худро дар амал баръало собит намуданд. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат- бузургтарин дарси давлатдорӣ ва ватандориву ватанпарастӣ мебошад, ки барои ҳар як сиёсатмадори сатҳи гуногуни давлатӣ, аз ҷумла роҳбарият ва судяҳои Суди конститутсионӣ дарси иборатомўз ва намунаи беназир маҳсуб меё­бад.

Каримзода К.М. оид ба фаъолияти Суди конститутисонӣ дар соли 2018 ҳисобот дода, зикр кард, ки фаъолияти касбии имсолаи судяҳо ва кор­ман­дони даст­гоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар мақомоти давлатӣ, таш­килоту муассисаҳои мам­лакат дар соли равон аз ҷиҳати ҳодисаҳои муҳими сиёсӣ бой ва ран­гин арзёбӣ мегардад.

22 марти соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи бай­нал­милалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об – 22 март, расман оғоз гардидани раванди тат­биқи ташаббуси нави (чору­ми) глобалии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди ус­тувор, 2018-2028» ва вобаста ба ин 20-22 июни соли 2018 баргузор гаштани Кон­фронси байнал­ми­лалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”;

дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Соз­мони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд 4-5 майи соли 2018 дар Душанбе баргузор гардидани Конфронси бай­нал­ми­лалии сатҳи баланд дар мавзўи муборизаи муштарак бо тер­роризму иф­ротгароӣ ва тундгароии хушунатомез;

баргузориии мулоқоти сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзо ИДМ 30-31 май дар Душанбе;

-мулоқоти Шўрои сарони давлатҳо аъзои ИДМ 27-28 сентябри соли 2018;

-баргузории ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Соз­мони Ҳамкории Шанхай 12 октябри соли 2018– аз муҳимтарин чора­биниҳои муҳими сиёсию байналмилалӣ арзёбӣ мегарданд.

5 майи соли равон аз ҷониби кормандони ду суд: Суди консти­тутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки 14 ноҳияи Синои ш. Дущанбе ба истифода супорида шудани иншооти варзишию фар­ҳангӣ дар масофаи 3453 метри мураббаъ иборат аз майдончаи умумӣ барои футбол, волейбол ва бас­кетбол, майдончаи дилхушии кўдакон, гушаи машқу тамрини бадан бо та­моми дастгоҳу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз, шинонидани гулу буттаҳо ва дарах­тони сояафкану ороишӣ боиси ифтихор набуда наме­тавонад. Ин саҳми Суди конститутсионӣ дар ободонии як гўшаи пой­тахти азизи Ватанамон мебошад.

16 ноябри соли равон дар Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ба кор шу­рўъ кардани чархи аввали НБО-и «Роғун», ки орзуву омоли чандинсолаи халқу миллати мо ба шумор меравад, амалан оғози ис­тиқлолияти энергетикии мамлакат ва ба зинаи нави рушди иқтисодию юҷтимоӣ ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,ки дар ин ин хусус,яъне хурсандию фараҳмандии беканори халқи шарифи киш­варамон аз чунин ҳодисаи таърихӣ ёдовар нашудан мумкин нест.

20 декабри соли 2018 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро таҳти унвони “Шар­ҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” якдилона ва бо ҳаммуаллифии 190 кишвари узви созмон қабул кард.

Он идомаи татбиқи амалии даҳсолаи зикршуда ва чорабиниҳои онро пешбинӣ менамояд.

Муҳимтарин иде, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба ҷашн­гирии он ҳусни оғоз бахшидааст, –ин ҷашнгирии 30-солагии Исти­қло­лияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки давлат ва Њуку­мати Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ва халқи мамлакт бо тамоми коллективҳои меҳ­натӣ азм кардаанд, ки онро дар сатҳи баланд баргузор намоянд.

Намояндаи Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Иста­рафшани бостонӣ ҷиҳати ташкили фаъолияти ободонию бунёдкорӣ таъ­ин кардани Раиси Суди конститутсионӣ низ давоми мантиқи ҷашнгирии 30-солагии Исти­қлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки алакай аз ҷониби Раиси Суди конститутсионӣ дар ин самтҳо корҳо шу­рўъ гашта, Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроия ҳокимияти дав­латии шаҳ­ри Истарафшаноид ба корҳои ободониву созандагӣ» таҳия ва мавриди тасдиқ қарор дода шудааст. Дар давоми 3 сол дар он бунёди зиёда аз 420 объектҳои таъиноти гуногуни ичтимоӣ дар назар мебошад.

То имрўзҳо зиёда аз 100 объектҳои таъиноти гуногуни ичтимоӣ, маъданӣ равшаннамоӣ, тиббӣ ва ғ. ба истифода дода шуданд.

Сафари анҷомдодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати мил­лӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин шаҳр ва ифтитоҳ ёф­­тани Нишон ва Парчами давлатӣ, Маҷмааи таърихию фарҳангии «Ќалъ­аи Муғ» ва дигар иншооти иҷтимоию фарҳангӣ натиҷаи татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат мебошад.

Суди консти­тутсионӣ низ бояд аз ин равандҳои муҳими сиёсии мам­лакат дар канор набошад.

Паҳлуҳои гуногуни фаъолияти суд, аз қабили баррасии муро­ҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, зикр гардид, ки дар соли 2018 Суди конститутсионӣ асосан дар асоси Консти­тутсия ва Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Су­ди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва нақшаҳои кории Суд фаъолияти касбии худро ҷиҳати таъмини волоияти конститутсия ва меъёрҳои он дар қаламрави давлат амалӣ намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ Суди консти­тутсионӣ 5 дархостро баррасӣ намуда, нисбати онҳо таъиноти дах­л­­­дор баровардаст, аз ҷумла:

Бо назардошти соли 2018, теъдоди санадҳои судии дар 23- соли фаъо­лияти Су­ди консти­тут­сионӣ қабулшуда ба 39 қарор ва 97 таъи­нот расид.

Масъалаи муҳими фаъолияти давлат, аз ҷумла самти афза­лият­ноки Суди конститутсионӣ, дастгоҳ ва кормандони он –ин баррасии сари­вақтӣ ва қонунии муро­ҷиат­ҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.

Дар соли 2018 ба Суди Конститутсионӣ 365 нафар муро­ҷиат­ҳои хат­тӣ, электронӣ ва шифоҳии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гарди­даанд.

Кормандони Суди Конститутсионӣ, инчунин дар соли равон 48 адад са­над­ҳои ҳуқуқии мақо­моти маҳаллии ҳоки­мияти дав­латии шаҳ­ру но­ҳияҳои ВМКБ, вилояти Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳу­риро бо мақсади муайян на­мудани мувофи­қати онҳо ба Конститутсия мавриди омў­зиш қа­рор дода, диқ­қати масъу­линро барои бартараф кардани кам­бу­диҳои ҷойдошта ҷалб намуд.

Њамкориҳои байналмилалии Суди конститутсионӣ бо ма­қо­моти назорати конститутсионии дигар давлатҳо низ сол аз сол таҳ­ким ёфта, вусъати тоза пайдо мекунад. Судяҳо ва кор­ман­дони масъули Дастгоҳи Суди Конститут­сионӣ ҷиҳати иш­тирок дар чора­биниҳои мухта­лифи мақомоти на­зора­ти конститут­сионии дав­латҳои хориҷӣ, ба шаҳри Женеваи Ҷумҳурии Шветсария, шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Кир­ғизис­тон, шаҳри Санкт-Петербург Феде­рат­сияи Руссия, шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия, Ҷумҳурии Корея, шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия, шаҳри Стамбули Ҷумҳурии Туркия, Еревани Ҷумҳурии Ар­ма­нистон сафари корӣ анҷом дода, дар Конгреси уму­ми­ҷа­ҳо­нии мақомоти назорати конс­титутсионӣ ва ҷаласаҳои Конф­ронси мақомоти назорати кон­с­­­титутсионӣ ва мақомоти ҳамшабеҳи дав­латҳои Осиёӣ бо маъ­­рўзаҳои илмӣ-амалӣ оид ба кон­с­ти­тутси­она­лизми Тоҷикис­тон, нақши Конститутсия дар низоми сиёсӣ ва ҳ­уқуқии давлат ва ҳиф­зи ҳуқуқу озодиҳои инсон баромад намуданд.

Њамин тариқ, дар соли равон 10 сафарҳои хизматии Раис, муо­вини Раис, судяҳо ва кормандон масъули Суд доир гаштааст.

Гулзода А.А.- роҳбари Дастгоҳи Суди констиутсонӣ фаъолияти солонаи дастгоҳи судро ҷамъбаст ва таҳлил намуда зикр намуд, ки дар соли 2018 дастгоҳ ва шуъбаҳои он фаъолияти худ­ро аз рўи 13 адад нақ­шаи чорабиниҳои ба тасвиб расонидаи маъмурияти Су­ди консти­тут­сионӣ барои соли 2018 ба амал бароварданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Суд, ба ғайр аз муро­ҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, 2175 адад маводҳо, аз он ҷумла 1093 адад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, 159 адад мактубҳо аз Њукумат ва Даст­го­ҳи иҷроияи Прези­ден­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 183 – адад мактубҳо аз дигар вазорату идораҳо ва 44 адад маводу мактуб аз мақомоти назорати конститутсионии дигар дав­латҳо ворид гардидааст.

Њамчунин, ба Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 218 адад китоб, маҷалла ва наш­рия­ҳо (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ахбори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ахборҳои Суди Конститутсионии давлатҳои хориҷа ва ғ.) аз дохил ва хориҷи кишвар ворид гардидаанд, ки аз онҳо 27 адад аз Судҳои консти­тусионии дав­латҳои хориҷа ва 191 адад аз дохили киш­вар мебо­шанд.

Аз тарафи Суд дар ин давра ба мақомоти қонунгузор, иҷроия, судӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ 826 адад мактуб оид ба масъалаҳои гуногун ирсол гардидаанд.

Њамзамон, дар соли 2018 тавассути почтаи электронӣ аз дохил ва хориҷи кишвар 605 ҳуҷҷат ворид ва 210 ҳуҷҷат содир карда шуда, ба сомонаи Суди Конститутсионӣ 23 ахборот ворид карда шу­дааст.

То имрўз 758000 нафар ба сомонаи Суди Конститутсионӣ назар карда, бо маводи он шиносоӣ пайдо намуда, аз маводҳои гирдовардаи он истифода бурдаанд.

Дар соли 2018 дар Суди конститутсионӣ оид ба масъалаҳои гу­ногуни фаъолияти суд 91 амр ва 87 фармонҳои Раиси Суди консти­тут­сионӣ қабул карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ оид ба фаъолияти Суд ва ҷиҳати иҷрои нақ­шаҳои Суди конститутсионӣ 162 протоколҳо таҳия карда шудаанд.

Шоназаров С.А.зимни суханронии худ тамоми ҳайати коллективи Суди консти­тут­си­ониро аз номи роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Пре­зиденти Ҷумҳурии То­ҷикистон ба фарорасии соли нави мелодӣ табрик гуфта, нақши Суди кон­ститутсиониро дар таҳкими давлатдории миллӣ, беҳдоши вазъи қо­нунияти конститутсионӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ муассир ҳисоб намуд.

Дар бораи сиёсати ҳуқуқии мамлакат, ки ташаккули онро бе саҳми бевоситаи Пешвои миллат тасаввур кардан мумкин нест, сухан ронда, диққати ҳозиринро ба татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти мам­лакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб намуд.

Номбурда ба Паёми Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл намуда, зикр кард, ки тамоми мас­­ъалаҳои вобаста ба сиёсати ҳуқуқӣ, аз ҷумла таҳия ва қабули Кон­сепсияи сиёсати ҳуқуқӣ, чор барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, барномаи тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ дар бораи судҳо, ташкилу барҳам додани институтҳои ҳуқуқӣ дар Паём ифода гардида, баъдан мавриди таҳия ва тас­­диқ қарор гирифтаанд.

Иҷрои нуқтаҳои асосии Паёмро барои тамоми мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни дав­­латии онҳо, ташкилоту муассисаҳо ҳатмӣ ҳисобида, фаъолияти со­занда ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро сарчашмаи рушди давлат ва иқтисодӣ миллӣ арзёбӣ кард.

Маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти Суди конститутсионӣ бо қабули қа­рори дахлдор ба анҷом расид.