ОБОДОНӢ

Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқ­­ло­лияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва андешидани чораҳои зарурӣ  бобати пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз 1 то 8 апрели соли ҷорӣ сафари кории Раиси Суди конститутсионӣ А. Ашурзода ва судяи Суди конститутсионӣ Д. Ҳошимзода ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дода шуд.  



Аз ҷониби мардуми сарбаланди шаҳри Истаравшан бо ҳисси баланди ватандўстиву ифтихори миллӣ дар партави сиёсати созан­даю бунёд­коро­наи Асосгу­зори сулҳу ваҳ­дати миллӣ – Пешвои миллат, Прези­денти Ҷумҳу­рии Тоҷи­кис­­тон, муҳта­рам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи муносиб ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқ­­ло­лияти давлатӣ корҳои бунёдкорию созандагӣ бомаром идома доранд.



Зимни сафари корӣ бобати боз ҳам вусъат бахшидани сохтмони объектҳои мухталиф, азнавсозии роҳҳои мошин­гард, чоҳҳои амудӣ, анҷоми дигар корҳои ободонӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ бобати пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID – 19, бо масъулини гурўҳи корӣ оид ба корҳои ободонӣ, намояндагони муассисаҳои тандурустӣ, соҳибкорон ва фаъолони шаҳри Истаравшан суҳбат гуза­ронида шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки ба корҳои обо­до­­ниву созандагӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ чораҳои таъхирнопазирро ба анҷом расонанд. 



Дар доираи корҳои бунёдкорӣ то ба имрўз аз 450 банди «Нақшаи чора­би­ниҳои мақомоти иҷроияи ҳоки­мияти давла­тии шаҳри Иста­равшан оид ба кор­ҳои ободо­ниву созан­дагӣ ба ифти­хори таҷлили ҷашни 30-сола­гии Истиқ­­лолияти давлатӣ», 267 банди он (соли 2018 – 112, соли 2019 – 155 банди нақша) иҷро гардида, объектҳои гуно­гуни соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳа­ҳои иҷтимоӣ ва хизмат­ра­сонӣ, бо ҷалби соҳибкорони маҳал­лӣ ва дигар ман­баҳо ба мабла­ѓи умумӣ 146 млн. 347 ҳазору 204 сомонӣ сохта ва таъмиру азнавсозӣ гардида, дар онҳо 911 ҷойи корӣ ташкил карда шуд.



Дар ин муддат, яъне солҳои 2018-2019 – 41,5 километр роҳҳои мошин­гарди маҳаллӣ бо ҷалби соҳибкорон ва дигар ман­баҳо таъ­ми­ру барқарор карда шуданд, ки аз ин 34 километр роҳ пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, 7,5 километр роҳ таъмири ҷорӣ карда шудааст.  



Иҷрои бомароми 267 банди нақшаи чорабиниҳо имкон дод, ки 10 кор­хо­наи  саноатӣ, 27 иншооти  соҳаи  тандурустӣ, 25 соҳаи мао­­риф, 11 иншооти варзишӣ, 3 объекти истироҳатӣ-фарҳангӣ, 34 марказ­ҳои савдою хиз­мат­­расонӣ, 4 адад пул, 19 минтақаи  мошингарду пиёда­гард, 5 бинои истиқоматӣ, 2 бинои маъмурӣ ва 127 адад дигар объектҳои соҳа­ҳои мух­талиф бо сифати хуб ва сатҳи баланди меъморӣ сох­таву таъмир гардиданд, ки ба шаҳр ҳусни зебо бахшида, дар онҳо соки­нони маҳаллӣ бо ҷойи кории доимӣ ва музди меҳнат таъмин шуданд.



Дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот хати обу корезӣ ва оби полезӣ кашида шуда, боѓҳои интенсивӣ бо дарахтони мевади­ҳанда бунёд гардида, чоҳҳои амудӣ барои таъмини заминҳои полезӣ бо об ба истифода дода шуданд. 



Дар соли 2020 иҷрои боз 90 банди нақшаи чорабиниҳо дар назар дошта шуда, дар доираи он ба истифода додани иншооти соҳаҳои мухта­лифи хоҷагии халқ дар назар аст. Дар семоҳаи якуми соли 2020 аллакай бо ҷалби соҳибкорон ва дигар манбаҳо 7 банди он иҷро гардида, 36 ҷойи кории иловагӣ ташкил карда шудааст. 



Аз ҷумла ду адад беморхона, як маркази тиббӣ, як нуқтаи хатнаи кўда­кон, як толори варзишӣ ва ду адад иншооти гуногун дар вазъияти тан­танавӣ ба истифода дода шуд.  



Ҳамчунин бо мақсади корҳои обо­донии гирду атрофи шаҳр, аз ҷумла кабуди­зоркунии маҳаллаҳои аҳоли­нишин ва назди биноҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳо, мунтазам шанбегиҳо гузаронида шуда истодаанд.  



Дар иртибот ба бунёди муассисаҳои таълимии томактабӣ, варзишгоҳ ва толорҳои варзишӣ дар даҳ соли оянда, нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, тибқи он дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Истарав­шан то соли 2030 илова ба муассисаҳои иҷтимоию маориф, ки дар нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ нишон дода шуда­анд, боз сохта ба истифода додани 12 адад муассисаи томактабӣ, 15 толори варзишӣ ва 16 адад майдончаи варзишӣ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва дигар манбаҳои маблаѓгузорӣ дар назар аст.    



Бобати таъми­ни назорати доимии вазъи ободонии манзил­ҳо, зебо­гар­до­нии маҳал­лаҳои аҳолинишин, таъмиру азнавсозии роҳу кўчаҳо ва мар­каз­ҳои тиҷо­ратӣ, инчунин бартараф намудани камбудиҳо дар ин самт, Комиссияи  мақомоти иҷроияи ҳоки­мияти давлатии шаҳри Иста­рав­шан дар ҳайати 29 нафар таъсис ёфта, тадбирҳои зарурӣ роҳан­дозӣ гардида истодаанд.



Чунончи, дар иртибот ба ин масъала аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан шакли муайяни огоҳинома таҳия гардида, то ба ҳол дар 10 ҷамоату 22 маҳалла аз теъдоди умумии 46 ҳазору 144 хоҷагӣ ба 27 ҳазору 300 хоҷагӣ, аз ҷумла ба соҳибмулкони манзилҳои исти­қоматӣ, объект­ҳои хиз­мат­расо­нию маишӣ, нуқтаҳои савдо, хўроки умумӣ ва раисони маҳаллаҳо огоҳи­нома дастрас карда шуд.  



Бо додани огоҳинома, шахсони масъул муваззаф гардиданд, ки дар муҳлати муайян камбу­­диҳои дар ин самт ҷойдоштаро бартараф намуда, манзилҳои исти­қоматиро рангубор­ намоянд, ҳамшафати роҳҳои мошин­гарду  пиёдагардро  мунтазам  тозаю  озода  нигоҳ дошта, ба  шинонидани дарахтони сояафкану мевади­ҳанда ва гулҳои мавсимӣ вусъати тоза бах­шида, ҷўйбору қубурҳои обгу­зарро тоза намоянд, инчунин роҳу кўчаҳоро ба тартиб дароварда, дигар корҳои ободо­ниро амалӣ намоянд. 



Ҳамчунин зимни сафари корӣ, аз рафти иҷрои корҳои сохтмонии Колеҷи ҳунарҳои мардумӣ, хонаи барои кўдакон, боѓчаи бачагонаи хусусӣ, маркази саломатӣ, корхонаи истеҳсоли меваи хушк, нуқтаҳои савдою хиз­мат­­расонӣ ва дигар иншоотҳои мухталифи соҳаҳои иҷтимоию хизмат­расонӣ дидан намуда, аз масъулин даъват ба амал оварда шуд, дар муҳлати муқарраршуда сохтмони обектҳоро бо сифати хуб ва сатҳи баланди меъморӣ сох­таву таъмир намуда, дар онҳо соки­нони маҳал­лиро бо ҷойи кории доимӣ ва музди меҳнати мувофиқ таъмин намоянд. 



Вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ, аз ҷумла COVID – 19 аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, муассисаҳои тандурустӣ, санитарию эпедемиологӣ ва дигар корхо­наву муассисаҳои шаҳрӣ чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.



Дар иртибот ба ин масъала бо амри Раиси шаҳри Истаравшан аз 28 январи соли 2020, №12 Ситоди шаҳрии доимоамалкунанда оид ба пурзўр намудани чораҳои санитарию зиддиэпидемикӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID – 19 ва бо фармоиши сардухтури беморхонаи марказии шаҳр ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда, дар назди он бобати андешидани татдбирҳои қатъии пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шудааст.



Бо мақсади таҳти карантин қарор гирифтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, то ба имрўз дар шуъбаи бемориҳои сироятии шаҳр 64 нафар таҳти назорати карантинӣ қарор дода шуда, 41 нафари онҳо баъди адои муҳлати карантин ҷавоб дода шудаанд. Алҳол дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ 23 нафар таҳти назорати карантинӣ қарор доранд. 



Дар шаҳри Истаравшан барои беморон 143 кати хоб, барои нафарони гумонбар 110 кати хоб ва барои фаро гирифтан ба реҷаи карантин дар маҷмуъ 388 кати хоб омода карда шудааст.



Аз ҷониби кормандони муассисаҳои тиббии шаҳр корҳои фаҳмонда­диҳӣ байни аҳолӣ бобати пешгирии бемории сироятӣ ба таври фаъол ба роҳ монда шуда,  тавассути телевизион ва радиои маҳаллӣ баромадҳо доир гардида, мунтазам роликҳои махсуси омодашуда пахш карда шуда, бо аҳолӣ, коллективҳои меҳнатӣ, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва дига­рон суҳбатҳои доимӣ гузаронида мешаванд. Дар рўзномаву маҷаллаҳои шаҳрӣ мақолаҳо чоп гардида, беш аз 6000 варақаҳои тиббӣ ва брашураҳо ба аҳолӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корхонаву муассисаҳо тақсим ва дар ҷойҳои намоёну серодам низ насб карда шуданд.



Табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои тиббӣ гардишҳои тиббии хонагӣ пурзўр намуда, аз ҷониби онҳо 168904 хоҷагӣ, яъне 905012 нафар аҳолӣ термометрия гузаронида шудааст ва ҳоло дар карантини хонагӣ 112 нафар шаҳрвандон қарор доранд.



Дар гузаргоҳи назди сарҳадӣ низ аз ҷониби масъулин навбатдории доимӣ ва бригадаи зудамали тиббӣ ташкил карда шудааст.  



Дар нуқтаҳои хўроки умумӣ, бозорҳо, марказҳои фарҳангию фаро­ѓатӣ, муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар соҳаҳо мунтазам корҳои безарар­гардонӣ анҷом дода шуда, дар корхонаҳои истеҳсолӣ бобати захираи маҳлулҳои безараргардонӣ корбарӣ шуда истодааст ва ин самт зери таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарият ва сохторҳои дахлдори шаҳр қарор дода шудааст. Аз ҷумла, дар нуқтаҳои савдо ва бозорҳои шаҳр дар асоси шарт­нома ҳамарўза баъд аз соати 1500 аз ҷониби масъулин корҳои безарар­гардонӣ анҷом дода мешаванд. 



Ҳамчунин баҳри пешгирии хатари воридшавӣ ва паҳншавии бемории сироятӣ дар робита ба талаботи моддаи 116 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор ба тасвиб расида, ба роҳбарони идораву муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ дастрас карда шудааст.   



Бо мақсади омода будани муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр барои қабули беморон ва бо лавозимоти аввалиндараҷаи тиббӣ, аз ҷумла либоси махсуси муҳофизатӣ ва маҳлулҳои кимёвии безараркунанда таъмин будани онҳо, аз муассисаҳои тандурустии шаҳр, аз ҷумла беморхона, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дидан намуда, аз масъулин даъват карда шуд, ки ҳамарўза корҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ ҷоннок намоянд.  



Умуман дар шаҳри Истаравшан корҳои ободонию созандагӣ ва чора­бини­ҳои пешгирикунандаи хуруҷ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ мунтазам амалӣ шуда истодаанд.  
Yandex.Metrica