Ваҳдати миллӣ Андешаҳое, ки бояд гуфт

Аҳамияти сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бояд аз хурд то бузург ҳама ба хубӣ эҳсос, қадр ва ҳифз намоем.

                                                                                                 Эмомалӣ РАҲМОН

Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки давлат ва ҷомеаи тоҷикро ба самти музаффарият ва дастовардҳои беназири таърихӣ раҳнамун кард, 23 сол сипарӣ мегардад. Ин ҳуҷҷати таърихиву сарнавиштсоз, ки дар таърих бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабт аст, ба иттиҳоду ҳамбастагӣ, таҳкими амният ва фатҳи уфуқҳои рушди давлатдорӣ асос гузошт.

Ҳамаи тадбирҳое, ки бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат дар роҳи созишу ваҳдати миллӣ, дар самти навсозии низоми қонунгузорӣ ва ҳокимияти давлатӣ бар пояи барномаҳои Ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, ҳадафи онро доштанд, ки кишвари мо ба шоҳроҳи тамаддуни ҷаҳони имрӯза ворид ва мардум соҳиби зиндагии осудаву обод гардад. Шаклгирии низоми ҳуқуқии имрӯза нишон медиҳад, ки барномаҳои давлатӣ дар ин самт босамару натиҷабахшанд. Яке аз рӯйдоди муҳими таърихи бо Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ рабтдошта, ин ислоҳоти конститутсионии соли 1999 мебошад, ки дар таърихи сиёсии Тоҷикистон тағйиоти мусбатеро ба миён овард.

Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парламенти касбии иборат аз ду палата таъсис ёфта, ба яке аз шохаҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ мубаддал шуд. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат дар даврони фаъолияти худ садҳо қонуну санадҳо таҳия ва қабул карданд, ки онҳо дар рушди ҷомеаи навини мо нақши арзанда бозиданд ва минбаъд низ ҳамчун воситаи таҳкими давлати ҳуқуқбунёд хизмат хоҳанд кард.

Тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд меъёри асосии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ эълон шуд, дар асоси таҷзияи ҳокимият тартиби ташкил, салоият ва ҳамкории байни мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дақиқ танзим гардид. Конститутсия бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро ҳадафи асосии худ қарор дода, дар ин раванд Суди конститутсиониро ҳамчун рукни ногузири чунин давлат дар низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ муайян намуд. Ҳоло Суди констиутсионӣ, ки ба амал баровардани адолати констиутсионӣ меҳвари фаъолияти он аст, мавқеи намоёни худро дар миёни дигар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ соҳиб гардида, бо санадҳои қабулнамудаи худ дар таҳкими асосҳои сохтори конститутсионӣ, қонуният ва тартиботи конститутсионӣ нақши муҳим мебозад.

Воқеан, ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ дар кишвари соҳибистиқлоли мо баъд аз истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ба марҳилаи нави рушду тавсеа ворид шуданд. Аз ин хотир, метавон гуфт, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳақиқат дастоварди бузургтарин ва таърихии тоҷикон дар замони нав мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки вазифаи муқаддаси кулли ҷомеаи кишвар ҳифзи ҳамешагии сулҳу субот ва тарбия намудани мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавонон, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ маҳсуб меёбад.

Бинобар ин, дар ҷаҳони ҳассоси имрӯз бисёр зарур аст, ки мо – ҷавонон сулҳу ваҳдатро ҳамчун шарти асосии амнияту оромӣ, бақои давлату миллат шиносем ва аҳамияти онро дар ҷомеа ба таври васеъ тарғиб намоем.

Мутахассис – коргузори

шуъбаи корҳои умумӣ

ва хизмати давлатии

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Шоҳин ВАЛИЗОДА

Yandex.Metrica