ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ МУҲИМИ ПОЙДОРИВУ БАҚОИ ДАВЛАТ МЕБОШАД

Ваҳдати миллӣ дар ҳар давру замон новобаста ба давраҳои таърихӣ ҳамеша мазҳари идеалу ормонҳои волои инсон буда, кафили муттаҳидию ягонагии мардуми мубориз, фидокору ватандӯст ва василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳувияти мо ба шумор мерафт.   

Ин падидаи бемислу хуҷастаи замони Истиқ­лолият, ҳамчун муқаддас­тарину азизта­рин неъмат, тантанаи адолат, рамзи саодат ва шинохти асо­лати таърихии миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва пой­дориву бақои давлат буда, дар сиришти миллати тољик ғояҳои ватандӯстӣ ва ҳадафҳои наҷиби созандагиро тақвият мебахшад.   

Фаромӯш набояд сохт, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар­ро буҳрони шадиди сиёсӣ ва љанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифта буд ва дар натиља талафоти зиёди љонӣ ба миён омада, давлат аз рушду нумӯъ бозмонд ва марудми ваҳдатофари мо, ки акнун зимоми мустақилиятро ба даст оварда буд, орзу мекард, ки давлат орому осуда бошад ва он лаҳзаҳо танҳо ормони пади­даи муаззами ваҳдат ба қалби онҳо нерӯю тавоноӣ мебахшид.

Бо ҳукми тақдир дар он давраи ниҳоят вазнини таърихӣ, ки ҳастии миллат ва якпорчагии давлат зери суол гузошта шуда буд, ба мо насиб гардид, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи саҳнаи сиёсат омада, роҳбарии давлату миллатро ба дӯши худ гирад.

Ин абармарди дунёи сиёсат тавонист, ки бо такя ба ҳувият ва суннат­ҳои мардуми дорои хиради азалӣ, ваҳдат ва амну суботи миллиро дар сарзамини ниёгонамон пойдор гардонад ва дар сиришти миллати фарҳанг­дӯсту сулҳпарвари тољик маъно ва асолати ватандӯстиро тарбия намояд.

Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ, ки маҳз ба шарофати талошҳои қаҳрамо­но­наи фар­зан­ди баруманди милати тољик Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба даст омад, ба мардуми тољик қувваи тавоное бахшида, барои таҳкими суботу оромӣ, ташаккули ғояҳои инсондӯстона ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқии мардум дар шароити ташаккули давлатдории навин замина гузошт ва барои рушди муназзами ҳамаи соҳахои ҳаётии кишвар шароити заруриро фароҳам овард.

Имрӯз бо гузашти 23 сол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамчун санади ҳамгироиву ҳамдигарбахшӣ, ки назири худро дар љаҳон надорад, мебинем, ки ғояи муқаддаси ваҳдату инсондӯстӣ ҷузъи тарки­бии хиради сулҳљӯёнаву таҳаммулга­роёнаи мар­думи кишвар ва таҳкимбахши раванд­ҳои демократии ҷомеа гардидааст.

 Ба шарофати Ваҳдати миллӣ, ки беҳтарин неъмат ва волотарин дастовард дар даврони истиқлол мебошад, ҳифзи арзишҳои миллӣ  таъмин карда шуда, сатҳи маъри­фату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ифтихори мил­лии љомеа таҳким ёфт ва дар заминаи диплома­тияи ҳамкорӣ давлати демокра­тию ҳуқуқбунёдамон мақоми шоистаро дар низоми сиёсати љаҳонӣ ва арсаи байналмилалӣ ба даст овард.

Шаҳодати ин гуфтаҳо, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иљти­моӣ ва байналмилалии мамлакат ба вуқӯъ пайвас­танни рӯйдодҳои бузурги таъри­хӣ мебошанд, ки кишвари моро ба шоҳроҳи рушд ворид намуданд.

Баъд аз ба даст омадани сулҳу субот дар кишвар Тоҷикистон маркази баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ гардида, соли 1999 мардуми сарбаланди Тољикистон 1100 – солагии давлатдории Сомониён ва 90 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, муаллифи шоҳасари китоби «Тоҷикон» академик Бобоҷон Ғафуровро бо як шукуҳу шаҳомати хосса ва дар руҳияи ифтхор аз давлату давлатдории миллӣ таљлил намуд.  

Бо мақсади арҷ гузоштан ба санаҳои таърихии таъсиси воҳидҳои марзию маъмурӣ, ки дар шинохти давлатдории миллӣ аҳамияти бузург доранд, бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат соли 2002 дар фазои идона бо иштироки доираи васеи меҳмон аз хориљи кишвар 2500 – солагии шаҳри таърихии Истаравшан, соли 2006 ҷашни 2700 – солагии Кӯлоби бостонӣ ва соли 2015 ҷашни 3000 – солагии Ҳисори шодмон таҷлил гардиданд ва соли 2020 дар назар аст, ки 5500 солагии Саразм дар як фазои тантанавӣ љашн гирифта мешавад.

 Ба шарофати Ваҳдати миллӣ ва таҳкими заминаҳои соҳибистиқлолӣ Тољикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи мунсоибатҳои байналмилалӣ дар арсаи сиёсати љаҳонӣ мавқеи шоистаро пайдо намуда, ташаббусҳои наљиби Пешвои миллат аз љониби љомеаи љаҳонӣ пазируфта шуд ва аз љониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 – «Соли байналмилалии оби тоза», соли 2013 – «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2005 – 2015 – «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт барои об» ва солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардид.

Имрӯз давлати мо бо беш аз 176 давлати дунё муносибатҳои дип­ло­ма­тиашро ба роҳ монда, узви зиёда аз 80 созмонҳои бонуфузи минақа­вию байнал­миллӣ мебошад ва ҳамсола бо беш аз 100 кишвари дунё мубодилаи молро анљом медҳад.   

Дар ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра, аз љумла пешгирии љиноят­ҳои терроризму ифротгароии байналмилалӣ, муомилоти ғайриқо­нунии яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир Љумҳурии Тољикистон нақши созгор дошта, аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ давлатҳои љаҳонро барои мубо­ризаи муштарак бо ин ваъбои аср даъват мекунад.

Дар идома ба гиромидошти чеҳраҳои таърихию мондагори илму адаб ва сиёсати тоҷик, инчунин санаҳои таърихиву фарҳангӣ, ки барои шинохти таърих ва баланд гардидани ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ мусоидат мекунанд,  соли 2008 дар кишвар љашни 1150 – солагии сардаф­тари адабиёти классикии тоҷику форс, маликушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таљлил гардида, соли 2009 – Соли бузургдошти пешвои муаззами мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит эълон гардид ва дар доираи он чорабиниҳои мухталифи сатҳи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ доир карда шуданд.  

Ҳамчунин чандин санаҳои таърихӣ ва сунатҳои миллӣ таљлил гар­дида, гиромӣ дошта шуданд ва дар ин замина бо ташаббуси Пешвои миллат ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид иди миллии тољикон «Наврӯз» мақоми байналмилалӣ касб намуда, ҳамасола дар саросари дунё таљлил карда мешавад.

Ба шарофати  сулҳу субот, ваҳдату оромӣ ва ҳамгироиву ҳамдигар­фаҳмӣ миллат сарҷамъ гардид, давлат рушд кард, аҳолӣ анқариб ба 10 миллион нафар расид, кишварро тамоми љаҳон шинохт ва эҳтиром кард, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ таъмин шуд, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф шуданд, Консти­тутсия ва санадҳои қонунгузории зиёд қабул шуданд, ислоҳоти конститутсионӣ, ичунин судию ҳуқуқӣ гузаронида шуда, адолати иљтимоӣ пойдор шуд.

Ҳамчунин соҳаҳои иқтисодию иљтимоӣ рушд ёфтаанд ва сатҳу сифати зиндагии мардум боло гардид ва ҳадафҳои бузургу созанда амалӣ шуданд, аз љумла бобати таъмини истиқ­ло­лияти энерге­тикӣ ду агрегати  неругоҳи бар­қии обии «Роғун» ба истифода дода шуд ва бо иф­ти­тоҳи ин Кохи нур орзуву ормонҳои деринаи миллати мо амалӣ гардид. 

Ба кор андохтани иншооти бузурги аср, ки сарчашмаи ифти­хори миллии ҳар як фарзанди барӯманди Тоҷикистон ба шумор меравад, рӯйдоди муҳими таърихӣ буда, шаҳодати он аст, ки ба шарофати ҷаҳду талош­ҳои бесоби­қаи Пешвои муаззами миллат мушки­лиҳои сиёсию иқти­содӣ ва масъалаи нора­соии барқ паси сар карда шуд.

Ҳамаи ин шаҳодати он аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот пойдор буда, дар асоси ислоҳотҳои роҳандозӣ гардида, тамоми соҳаҳои ҳаётии љомеа дар ҳоли рушди нумуи бонизом қарор доранд ва заминаҳои падидаҳои чомеаи демократӣ таҳким меёбанд ва ин боиси шукронаю қаноатмандист.    

Тавре, ки имрӯз мебинем дар гӯшаҳои мухталифи дунё вазъият но­ором буда, аз љониби созмонҳои террористӣ амалҳои нангини ҷиноят­корона содир мешаванд, ки боиси қур­бонии одамони зиёди бегуноҳ гар­дида истода­анд. Гурӯҳу созмонҳои ҷиноятпеша бино­бар дарёфти сарчаш­маҳои ғайри­қонунии маблағгузорӣ, аз қабили аз ҳисоби гардиши ғайри­қонунии маводи мухаддир, ба амну суботи давлатҳо хатар эљод мекунанд ва ҳамчун занљираии печ дар печ дар харитаи љуғрофии љаҳон хислати паҳнашавиро касб кардаанд, ки ин боиси ташвишу нигаронии аҳли башар гардидааст.

Таърих борҳо собит сохтааст, ки аз ҷониби давлатҳо дар танҳои мубориза бурдан бо чинояту чинояткорӣ, аз чумла чиноят­ҳои хусусияти минтақавию байналмила­ли­дошта начандон натиљаи дилхоҳ ба бор оварда метавонад ва танҳо мубо­ризаи дастчамъонаю муштарак дар доираи узвияти созмонҳои мухталиф ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мумкин аст, ки садди роҳи чинояткорон гирифта шавад.

Ноором гардидани вазъият дар як давлат ва ё минтақаи алоҳида, метавонад, суботи оромии дигар давлатҳоро халалдор сохта, заминаҳои ваҳадти миллии дилхоҳ давлатро, ки асоси пойдориву рушди онро ташкил мекунад, коста гардонад ва хатаровар аз ҳама давлату миллати алоҳидаро ба нестӣ биёрад.

Имрӯз барои мутаъдил нигоҳ доштани вазъи геосиёсии чаҳону минтақаҳои алоҳида ва пешгирии содиршавии љиноятҳои мудҳиш ба мисли терроризму ифротгароии байналмилалӣ, созмонҳои бонуфузи бай­нал­­милалӣ, аз қабилӣ Созмони Миллати Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастачамъӣ, Созмони давлатҳои исломӣ ва дигар созмонҳои бонуфуз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли онҳо мебошад, нақши калидӣ доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, давраҳои мудҳиши љанги таҳмилии шаҳрван­диро паси сар карда, чи гуна фољиа­воару даҳшатнок будани оқибатҳои нангини онро медонад ва ҳамеша хос­тори сулҳу субот дар тамоми минтақаю ҷаҳон, риояву эҳтироми принсип­ҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва арзишҳои волои инсонӣ, инчунин ба роҳ мондани муносибатҳои байналмилалии ҳамҷавор дар заминаи эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад.

Чуноне, ки Роҳбари давлат 15 июни соли 2019 зимни суханрониашон дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои бовари дар Осиё иброз доштанд «Баъди аз сар гузаронидани ҷангӣ шаҳрвандӣ солҳои 90-уми қарни гузашта Тољикистон қадру қимати сулҳу суботу оромиро ва зарурати мутлақи ҳифзу таҳкими онҳоро дарк намуда, гиромӣ медорад».   

Ҳамагон бояд дарк кунанд, ки ба даст омадани ваҳдату суботи комил дар сарнавишти куҳан ва тақдири миллат пирӯзии бузургу бемисл маҳсуб меёбад ва ба шарофати он, давлати миллиамон ҳифз гардид, осори гарон­баҳои моддӣ ва маънавии ниёгонамон, ки кафили пешрафт ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд, ҳифзу эъмин нигоҳ дошта шуд.  

Имрӯз аз ҷониби аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон омӯзишу дарк наму­дани аҳамияти фалсафию иҷтимоӣ ва сиёсию ҳуқуқии падидаи ваҳдати миллӣ аҳамияти муҳиму авалиндараҷа дошта, бояд ба ваҳдату озодӣ чун шаҳсутуни ҳастии миллат эҳтиром гузошта шавад. 

Даврон Ҳошимзода

Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Точикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқ

Yandex.Metrica