Истиқлолияти давлатӣ – таҳкимбахши ҳокимияти судӣ

Истиқлолияти давлатӣ волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад.

 Эълони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи муста­қилонаи минбаъдаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои амиқро ба вуҷуд овард.

Дар замони соҳибистиқлолӣ барои мустаҳкам намудани пояҳои ҳу­қуқии истиқлолияти давлатӣ ва шохаҳои хокимияти давлати тамоми чо­раҳои зарурӣ роҳандози шуда, барои амалигардии онҳо тадбирҳои му­шаххас андешида шуданд.

Дар замина, дар нахуст санаде, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистон эъ­лон гардид, ҳокимияти судӣ ҳмчун як шохаи мустакили ҳокимияти давла­тӣ эътироф шуд.

Баъдан, зимни қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар моддаи 9-и он ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ гашта, ба ҳокимияти судӣ боби алоҳида бахшида шуд. Аз ин ҷо, ҳокимияти судӣ баробари дигар муносибатҳои калидии асосҳои сохтори конститут­сионӣ на танҳо дар Тоҷикистон, ҳамчунин дар дигар мамлакатҳо низ дар сатҳи Конститутсия бо бахшида шудани фасл ё боби алоҳида мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор дода мешавад. Чунончи, Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳокимияти судиро дар боби 12, Конститутсияи Ҷумҳурии Қирѓизистон дар фасли 6, Конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистон дар фас­ли VII мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додаанд. Ин тартиб бидуни шубҳа асосҳои кофии худро дошта, бо қувваи олии ҳуқуқӣ доштани Конститут­сия ва мустақиман амал кардани меъёрҳои он алоқаманд дониста меша­вад.

Ҳокимияти судӣ дар манзари фаъолияти Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисо­дии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ гардида, барои ҳимояи ҳуқуқ, озодии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилот ва муассисаҳо, қонуният ва адолат нигаронида шудааст (моддаи 84 Конститутсия).

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар раванди амалигардонӣ ва татбиқи сиёсати ҳуқуқии мамлакат ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт.

Дар заминаи боби 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба таври дахлдор ба роҳ мондани фаъолияти ҳокимиятӣ судӣ 3 ноябри соли 1995 як қатор қонунҳои конститутсионӣ қабул карда шуданд, аз ҷумла:

– Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоxикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Xумҳурии Тоxикистон»;

– Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоxикистон «Дар бораи маrоми судяҳо дар Xумҳурии Тоxикистон»;

– Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоxикистон «Дар бораи сохтори судӣ»;

– Rонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоxикистон «Дар бораи судҳои [арбӣ»;

– Rонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоxикистон «Дар бораи Суди Олии Xумҳурии Тоxикистон»;

– Rонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоxикистон «Дар бораи судҳои иrтисодии Xумҳурии Тоxикистон».

Дар ин асно, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар самти ба амал баровардани адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлату муассисаҳо ва таъмини тартиботу қонуният фаъолияти муназзами худро ба роҳ мондааст.

Бо дарназардошти муҳим будани нақши мақоми судӣ дар бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон фармони Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1997 «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин санад дар рушди ҳокимияти судӣ нақши босазои худро гузошт.

Ҳамзамон, Президенти кишвар ҳанӯз 31 майи соли 2002 зимни су­ханрониашон дар машварат бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низо­мӣ ва судҳо иброз доштанд, ки: «Имрӯз барои ҷамъият ҳимояи судии пур­қувват ва боэътимод беш аз пеш зарур мебошад ва онро суде таъмин карда метавонад, ки воқеан нерӯманд ва дахлнопазир бошад».

Ҷиҳати ба танзим даровардани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, муто­биқ намудани санадҳои ҳуқуқи ба талаботи муосири ҷомеа ва эътирофи як қатор санадҳои байналмилалӣ 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таѓйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо аз ҷумла, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани мустақилияти судҳо, таъмини адолати судӣ, баррасии саривақтии парвандаҳо нигаронида шуда буданд.

Аз ҷумла, қисми 1 моддаи 84 дар таҳрири нав, яъне «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳоки­мияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.» ифода карда шуда, мус­тақилият ва аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ гардидани он му­шаххасан омадааст.

Дар қисми 2 моддаи мазкур дар ҳайати. Суди Олии иқтисодӣ судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе таъсис дод шуданд. Дар қисми 4 моддаи 84 муҳлати ваколати судяҳо аз 5 ба 10 сол боло кардашуд.

Ислоҳоти болозикр барои таҳким ва рушди минбаъдаи ҳокимияти судӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, дар таъмин адолати судӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши босазо гузоштанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ идома дода шу­да, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии киш­вар аз 20 апрели соли 2006 дар бораи зарурияти ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ мах­сус зикр карданд, ки «Ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ бе мавҷудияти низоми дақиқан муайяншудаи мустақилу беға­рази судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии содиқ ба халқу Ватан, омодаи ҳифзи амнияти миллату давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъминкунандаи қонунияту тартибот дар ҷомеа аз имкон берун аст».

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, №271 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид, ки он дар такмили қонунҳои амалкунанда, қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохторҳои нави судӣ ба монанди коллегияҳои маъ­мурӣ ва оилавӣ, амалӣ намудани дигар чораҳои соҳавӣ дар таҳкими ҳоки­мияти судӣ нақши назаррас дорад.

Вобаста ба татбиқи принсипи конститутсионии таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва бо дарназардошти он, ки ҳокимияти судӣ дар ташаккули дав­латдорӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим до­рад, бо мақсади рушду таҳкими ҳокимияти судӣ бо фармонҳои Прези­ден­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъдан боз се барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013, 2015-2017, 2019-2021 қабул гардиданд.

Дар зиминаи гуфтаҳо боло имрӯз мо шоҳиди онем, ки бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ низоми судии кишвар рушду такомул ёфта, дар ин замина барои таъмини амалишавии ҳуқуқи конститутсионии ҳар шахс ба кафолати ҳифзи судӣ чораҳои муас­сир андешида шуданд.

Дар шароити имрӯза ҳадафи стратегии ҷомеаи навини тоҷикон эъ­мори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ, таъмини волои­яти қонун ва амнияти ҷомеа, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар ин замина Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро ҳам­чун рукни мустақили давлат эътироф намудааст, ки он бояд баҳри таҳки­ми қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ, сохтмони ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд нақши сазовор дошта бошад.

Бояд зикр кард, ки дар системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қа­були Конститутсия ба ташаккули падидаҳои нави демократӣ, аз ҷумла ба таъсиси мақоми нави махсуси назорати конститутсионӣ – Суди конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти судӣ, мақоми махсус дода шуда, моддаи 89 он ба Суди конститутсионӣ бахшида шуд.

Қонуни асосии кишвар дар пайдоиш ва ташаккули як қатор падида ва ниҳодҳои давлатдорӣ ва ҷомеаи демократӣ, аз қабили таъсиси Суди конститутсинии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамчун мақоми махсуси назора­ти конститутсионӣ, ки ба низоми судӣ шомил мебошад имконияти воқеӣ фароҳам овард.

Падидаи назорати конститутсионӣ яке аз институтҳои муҳимми ҳу-қуқии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба шумор меравад, зеро он дар ҳифзи Қонуни асосии кишвар, яъне Конститутсия, ки муаррификунандаи ҳар як давлат дар арсаи байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, қарор дорад.

Вобаста ба мақоми Суди конститутсионӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониашон ба муносибати 15-умин солгарди таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «дар татбиқи меъёрҳои Конститутсия, пеш аз ҳама дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ки ин арзишҳо меҳвари низоми давлати демократӣ мебошанд, ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ нақши баѓоят муҳим дорад.

 Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовард­ҳои даврони истиқлолият ва самараи Конститутсияи Тоҷикистони соҳиб­истиқлол ба ҳисоб рафта, ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститутсия фаъолият мекунад».

 Ҳамзамон, вобаста ба рушди минбаъда ва аҳамияти Суди консти­тутсионӣ дар банди якуми Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 январи соли 2011 тасдиқ гардид, чунин омадааст: «Бо назардошти инкишофу пешрафт ва рушду нумӯи босуръати соҳаҳои мух­талифи ҳаёти ҷомеа зарурияти такмилу тақвияти фаъолияти Суди консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ҳифзкунандаи меъёр­ҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарт ва зарур аст. Зеро дар пойдории давлату таъмини истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиати давлату ҷамъият Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон нақши муҳимму муассир дорад».

Агар ба таърихи пайдоши падидаи назорати конститутсионӣ назар афканем, зикр кардан ба маврид аст, ки мақомоти мазкур, ки дар шакли муосир арзи ҳастӣ менамояд таърихан сараввал дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, ки ҳанӯз соли 1803 Суди Олии федералӣ дар хусуси доштани ҳуқуқ оид ба номутобиқ эътироф намудани дилхоҳ қонунҳо ба Конститут­сияи ШМА, ки аз ҷониби мақомоти қонунгузории кишвар қабул карда мешаванд, эълон намуд, ба миён омадааст. Чунин эътироф намудани қо­нун, яъне ба Конститутсия номутобиқ шуморидани он дар ҳамон давра ва ҳоло низ маънои онро дорад, ки чунин қонун бояд дар амал татбиқ нагар­дад. Чунин навъ назорати конститутсионӣ баъдан навъи амрикоӣ ном ги­рифт. Аввалин мақомоти махсуси назорати конститутсионӣ ба ном Суди конститутсионӣ бошад, дар Австрия дар асоси Конститутсияи соли 1920 ташкил карда шуд, ки барои зуҳур ёфтани навъи аврупоии назорати конс­титутсионӣ асос гардид.

Мақсади асосии назорати конститутсионӣ ин таъмин намудани мутобиқати ҳамаи санадҳои ҳуқуқӣ ба Конститутсия ҳамчун қонуни асо­сии давлат мебошад. Маҳз тавассути ин назорат дар кишвар асосҳои сох­тори конститутсионӣ устувор гаштаву қонунияти конститутсионӣ ва ҳиф­зи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрванд таъмин карда мешавад. Гузашта аз ин, тавассути он фаъолияти мақомоти судӣ (дар кишварҳое, ки судҳо ваколати назорати конститутсиониро доранд) ба фаъолияти парлумон ва ҳокимияти иҷроия таъсир расонида, принсипи боздошт ва мувозинат таъ­мин карда мешавад.

Дар давраҳои қабули аввалин конститутсияҳо тарзи махсуси ҳифзи Конститутсия пешбинӣ нагашта буданд. Аз ибтидо дар назария ва амали­яи ҳуқуқӣ чунин шуморида мешуд, ки парлумон бояд назорати конститут­сиониро ба амал барорад. Зеро маҳз парлумон қонунҳоро қабул менамояд ва мутобиқатии онҳоро ба Конститутсия бояд худаш ба амал барорад.

Чунин мавқеъ то ҳол дар баъзе давлатҳо боқӣ мондааст. Масалан, дар Люксембург, Ҳолланд, Финландия, Шветсия ва дигар давлатҳо чунин ақида ҳукмрон аст, ки агар парлумон дар низоми мақомоти давлатӣ дар мадди аввал бошад, пас назорати конститутсионӣ низ бояд аз ҷониби ин мақомот ба амал бароварда шавад ва дигар мақомот набояд аз болои ма­қомоти қонунгузор назорат кунад. Вазифаи судҳо бошад, танҳо назорати қонунӣ будани санадҳои мақомоти ҳокимияти иҷроия мебошад.

Дар як қатор давлатҳо бо мақсади назорати конститутсионӣ мақо­моти махсуси назорати конститутсионӣ таъсис ёфтааст, ки мақомоти судӣ намебошад. Масалан, дар Фаронса назорати конститутсиониро Шӯрои конститутсионӣ ба амал мебарорад, ки он ба мақомоти судӣ мансуб нест. Аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ чунин мақомот таъсис ёфтааст, ки назорати конститутсиониро ба амал мебарорад.

Вобаста ба ин, Суди конститутсионӣ дар баробари зиёда аз 160 ма­қомоти назорати конститутсионии давлатҳои ҷаҳон тариқи мурофиаи су­дии конститутсионӣ пайи ҳифзи Конститутсия, ки он инъикосгари Истиқ­лолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, фаъолият дорад ва мавҷуди­яти он дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ яке аз нишонаҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд арзёбӣ мегардад.

Суди конститутсионӣ вобаста ба салоҳияти касбии худ масъалаи ҳуқуқро баррасӣ намуда, дар асоси дархосту пешниҳоди субъектони муро­ҷиат ба он, дар тӯли фаъолияти хеш масъалаҳои зиёдеро оид ба муайян намудани номутобиқатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия бар­расӣ намуда, қарору таъинотҳои дахлдор қабул намудааст, ки онҳо дар таҳкими адолати конститутсионӣ дар кишвар саҳми назаррас доранд.

Аз ҷумла зимни дар мурофиаи судии конститутсионӣ баррасӣ на­мудани чандин дархосту пешниҳодҳои субъектони ба Суди конститутсио­нӣ муроҷиаткунанда номутобиқатии сандаҳои мавриди баҳс қарор додаи онҳо ба Конститутсия муайян карда шуда, онҳо ба Конститутсияи кишвар номутобиқ арзёбӣ карда шуданд.

Қарорҳои Суди конститутсионӣ барои тамоми мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдори онҳо ҳатмӣ буда, онҳо барои бартараф намудани номувофиқии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия равона гардида, барои татбиқи дурусти қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат менамоянд. Вобаста ба ин вақти мавриди амал қарор додани санадҳои Суди конститутсионӣ дар худи онҳо нишон дода шуда, нисбат ба Қарори Суди конститутсионӣ шикоят овардан мумкин нест, ки чунин таҷриба дар судҳои конститутсионии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон қобили дастгирӣ мебошад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи нави давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва мақоми махсуси назорати консти­тутсионӣ, дар тӯли фаъолияти начандон тӯлонии таърихиаш зарурат ва аҳамияти худро дар бунёди давлатдории навини Тоҷикистон борҳо собит сохта, нишон дод, ки нақш ва мақоми ин ниҳоди адолат ҳамчун падидаи нодири ҷомеаи муосир дар таҷрибаи байналмилалӣ пазируфта шудааст.

Имрӯз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 130 мақомоти назорати конститутсионии дигар давлатҳо ҳамкориҳои байнал­милалиро ба роҳ мондааст, ки сол аз сол таҳким ёфта, вусъати тоза пайдо мекунад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Ассотсатсияи суд­ҳои конститутсионии Осиё ва Иститутҳои муодил, Конгреси умумиҷаҳо­нии мақомоти назорати конститутсионӣ ва Конференсияҳои мақомоти на­зорати конститутсионии кишварҳои демократияи нав мебошад.

Инчунин, Суди конститутсионӣ бо ҳафт мақомоти назорати консти­тутсионии хориҷи кишвар оид ба ҳамкориҳои дуҷониба Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст.

Дар робита ба ин ҳамкориҳо намояндагони Суди конститутсионӣ дар тамоми конференсияву чорабиниҳои сатҳи байналмилалии мақомоти назорати конститутсионии хориҷи кишвар иштирок ва бо маърӯзаҳо баромад менамоянд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 4-5 ноябри соли 2010 ва 17-19 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 15 ва 20-солагии таъсисёбии Суд Конференсияи илмию амалии байналмилалӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 25 судҳои конститутсионии давлатҳои хо­риҷа ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат варзиданд, ки ин ша­ҳодати дар дохил ва хориҷи кишвар мақом ва манзалати хасса доштани Суди конститутсиониро бори дигар собит намуд.

Имрӯз, фаъолияти 25 солаи он нишон дод, ки масъалаҳои баррасӣ намудаи он дар таъмини волоияти Конститутсия, таҳкими қонунияти конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши му­ҳим бозиданд.

Суди конститутсионӣ дар давраи фаъолияти худ 140 дархосту пеш­ниҳодҳои субъектҳои ҳуқуқи муроҷиат ба Суди конститутсионӣ доштаро баррасӣ намуда, тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбати онҳо 39 қарор ва 101 таъинот қабул кардааст.

Суди конститутсионӣ дар таъмини волоияти Конститутсия, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, конунияти конститутсионӣ дар дои­раи муроҷиатҳои субъектони ҳуқуқи муроҷиат ба Суди конститутсионӣ дошта ва парвандаҳои баррасӣ гардида маҳдуд нашуда, ҳамасола ба Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намоянда­гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нома ирсол менамояд.

Дар даҳ соли охир ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии То­ҷикистон зиёда аз 120 пешниҳодҳо дар хусуси таҳкими қонунияти консти­тутсионӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, қабули санадҳои қонунгузорӣ, барномаҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, таѓйири таҷрибаи мавҷуда бо назардошти амалияи ҷаҳонӣ ва ѓ. ирсол карда шу­данд, ки аксари онҳо аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқэҷодкунӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мавриди татбиқ қарор дода шуданд.

Дастгирӣ ва ѓамхории пайвастаи ҳокимияти судӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза, бо маром идома ёфтани ислоҳоти низоми судӣ ва беҳтар гардида­ни шароти иҷтимоии кормандони мақомоти судӣ боиси он гардид, ки ҳо­кимияти судӣ дар кишвар ташаккул ёфта, боварии аҳолӣ ба ин ниҳоди ҳо­кимияти давлатӣ рӯз аз рӯз меафзояд.

Имрӯз нақши ҳокимияти судӣ дар рушди давлати демокративу ҳу­қуқбунёд, таъмини амалишавӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсио­нии ҳар шахс ва ҳимояи манфиатҳои давлат босазо буда, ҳокимияти судӣ рисолати аслии худро баҳри таъмини адолати иҷтимоӣ ва таҳкими адола­ти судӣ иҷро менамояд.

Умуман, фаъолияти бомарому густурдаи Суди конститутсионӣ ба он мусоидат кард, ки дар муддати кӯтоҳ ин мақомот барои таҳкими қонуни­яти конститутсионӣ дар кишвар, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ дода, роҳу усул­ҳои самарабахши ҳамкории байналмилалиро бо мақомоти ҳамшабеҳи хо­риҷи кишвар муайян намуд.

Аз ин рӯ, Суди конститутсионӣ, ки дар ҳифзи Конститутсия қарор дорад, минбаъд низ бо такя бо салоҳияти худ дар таъмини суботи конститутсионӣ ва рушди таҳкими қонунияти конститутсионӣ дар мамлакат ва бо ҳамин васила дар таъмини ҳамаҷонибаи кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки Конститутсия пешбинӣ намуда­аст, саҳми арзандаи худро мегузорад.

    Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдулҳафиз Ашурзода

Yandex.Metrica