Натиҷаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан аз 7 то 9 сентябри соли 2020

Бо мақсади расонидани табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 7 то 9 сентябри соли ҷорӣ ба шаҳри Истаравшан сафари кории Абдулҳафиз Ашурзода – Раиси Суди конститусионӣ доир гардид.

Зимни сафари корӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давла­тии шаҳр бо иштироки фаъолону зиёиён бахшида ба 29-умин солгарди Ис­тиқло­лияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гар­дид, ки дар он табрикоти Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шаҳри Истаравшан қи­роат карда шуд.

Ҳамзамон, дар вазъияти тантанавӣ ба Нуруллозода Ғайратҷон – раиси кумитаи идораи замини шаҳри Истаравшан Ифтихорномаи Ҷумҳурии То­ҷикис­тон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфароз гардонидани кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳ­соли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатӣ” аз 14 июли соли 2020, №1571 сарфароз гардонида шуда буд, супорида шуд.

Инчунин, ба фаъолону соҳибкороне, ки дар корҳои ободониву созан­дагии шаҳр саҳми арзандаи худро гузоштаанд ифтихорнома­ву сипоснома­ҳои Суди конститутсионӣ, раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Истаравшан супорида шуданд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бепарасторон, собиқадорону маъюбон ва оилаҳои кӯмакҳои яквақтаинаи моддӣ расонида шуда, дар шаш адад қисмҳои ҳарбӣ, хонаи кӯдакон, мактаб-интернат, собиқадорони ҷангу меҳнат дастурхони идона ороста шуданд.

 Дар рафти сафари корӣ тибқи «Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷ­роияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан оид ба корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» як қатор объектҳои соҳаи фарҳанг, тандурустӣ, сехи дўзандагӣ ва мум­фаршкунии роҳ, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ, бо шароити хубу замонавӣ ва му­ҷаҳҳаз бо техникаву технологияи муосир сох­та шудаанд, ба истифода дода шуданд. Мардуми шаҳри Истаравшан аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳбаланд гардида, барои дастги­рӣ ва идома додани иқдомҳои наҷибу созандаи Пешвои худ камари ҳиммат бастаанд.

Yandex.Metrica