Онлайн-конфронси илмӣ

23-25 сентябри соли 2020 бо ташаббуси Котиботи тадқиқот ва рушди Ассотсиатсияи судҳои конститут­си­онии давлатҳои Осиё ва институтҳои муодил, ки дар Суди конститутсионии Ҷум­ҳу­рии Кореяи Ҷанубӣ ҷойгир аст, 2-юмин онлайн-конфронси илмӣ дар мавзўи «Озодии баён: таҷрибаи аъзои Ассотсиатсияи судҳои консти­тутсионии давлатҳои Осиё ва институтҳои муодил» баргузор гардид.

Дар кори конфронс намояндагони зиёда аз 17 мақомоти назорати конс­ти­тутсионӣ, аз ҷумла ҷумҳурихои Афғонистон, Индонезия, Корея, ҚазоҚистон, Қирғизистон, Малайзия, Малдивия, Манголия, Мянма, Озорбойҷон, Тайланд, Тоҷикистон, Туркия, Ўзбекистон, Фаронсия, Филиппин, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Федералии Германия, Федератсияи Россия, инчунин муовини Директори генералии Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии давлатҳои Осиё ва институтҳои муодил, намояндагони Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо ва Барномаи волоияти қонун дар Осиё ва ди­гар давлатњо ширкат намуданд.

Дар кори конфронси дуюми Ассотсиатсияи судҳои кишварҳои Осиё ва институтҳои муодил, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ёрдамчии муовини Раиси Суди конститутсионї – Ҳусейнзода Хусрав намояндагӣ намуда, дар мавзўи “Озодии баён дар Ҷумҳурии Тољикистон” баромад намуд ва вобаста ба кафолатҳои конститутсионии озодии баён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.

Имрўз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Суди консти­тутсионии Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориро хуб ба роҳ монда, вобаста ба мубодилаи таҳриба дар самти фаъолияти назорати конститутсионӣ соли 2016 Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст, ки рушди муносибатҳои дуҷонибаро тақвият мебахшад.

 Маводҳои онлайн-конфронси илмии дуюми Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии давлатҳои Осиё ва институтҳои муодил ҷамъоварӣ гардида, дар шакли китоб чоп ва ба иштирокчиён дастрас карда мешавад.

Yandex.Metrica