Суди конститутсионӣ – кафили таъмини волоияти Конститутсия


      Имрӯз дар Суди конститутсионӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия ва 25 солагии таъсисёбии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Суди конститутсионӣ – кафили таъмини волоияти Конститутсия» мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабиниро Раиси Суди конститутсионӣ А. Ашурзода кушода, иштирокчиёнро ба муносибати ин рӯзҳои таърихӣ табрик намуд ва иброз дошт, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз зумраи рӯй­додҳои муҳим ва тақдирсози миллати тоҷик ба шумор рафта, дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон нақши калидӣ дорад.

Раиси Суди конститутсионӣ ҳамчунин қайд намуд, ки Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати барномавии ҳаёти давлат ва ҷомеа дурнамои пешрафти кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистонро барои солҳои тӯлонӣ пешбинӣ намуда, барои халқи мо бардавому поянда хизмат мекунад ва дар навбати худ мардуми шарифи Тоҷикистон мин­баъд низ ба хотири амалӣ гаштани ин орзую ор­монҳои нек, пеш аз ҳама тавассути эҳтиром ва риояи дақиқи меъёрҳои он қарзи шаҳр­ван­дии худро сарбаландона адо хоҳанд кард.

Таъкид гардид, ки дар шароити вазъи сиёсиву иҷтимоии зудтағйирёбанда ва ташвишовари ҷаҳони муосир бинобар сарфи назар гардидани арзишҳову меъёрҳои Конститутсия  ва риоя накардани қонунгузорӣ, давлату ҷомеа ба хатарҳои вазнин ва мушкилоти сангин рӯбарӯ гашта,  ҳатто хатари парокандагӣ ва тақсимшавии онҳо ба миён омадааст.

Ҳамчунин хотиррасон гардид, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва ташаккули падидаҳои мухталифе, ки метавонанд ба истиқлолияти миллӣ ва амнияти конститутсионии мо халал ворид созанд, эҳтиром ва риояи ҳатмии меъёрҳои Конститутсия, ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар аҳаммияти аввалиндараҷа касб менамояд.

 Раиси Суди конститутсионӣ А. Ашурзода нақши Суди конститусиониро дар ҳифзи Конститутсия ва арзиш ҳои он муҳим арзёбӣ намуда қайд кард, ки дар давоми фаъолияти биступанҷсола Суди конститутсионӣ аз ҷумлаи дастовардҳои даврони истиқло­лият дар таъмини волоияти Конститутсия саҳми назаррас дорад ва ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ барои пеш­бурди фаъолияти он тамоми заминаҳои ташки­ливу ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд.

Дар кори мизи мудаввар ҳамчунин муовини Раиси Суди конститутсионӣ К. Каримзода ва судяи Суди конститутсионӣ Ҷ. Ҷамшедзода дар мавзӯҳои «Пайдоиш ва инкишофи конститутсияҳои Тоҷикистон» ва «Ҳифзи конститутсия ва арзишҳои он – кафолати таъсмини амният ва суботи давлат ва ҷомеа» баромад намуда, ба саволҳои иштирокчиён посух гардониданд.

Кормандони дастгоҳи Суди конститусионӣ Х. Ҳусейнзода ва Ҷ. Равшанзода низ дар бораи нақши Конститутсия дар таҳкими сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ин санади сарнавиштсоз  роҳнамои ояндаи дурахшони насли ҷавон мебошад.  

Кори мизи мудавварро Раиси Суди Конститутсионӣ А. Ашурзода ҷамъбаст намуд.

Yandex.Metrica