РАИСИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО МЕДАЛИ ҶАШНИИ «25 – СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН» САРФАРОЗ ГАРДИД

Дар арафаи таҷлили 25 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистон, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо байни мақомоти назорати конститутсионии Тоҷикистону Қазоқистон, ҳимояи ҳуқуқҳои  конститутсионии шаҳрвандон ва саҳми арзанда дар ташаккули конститутсионализм, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон бо медали ҷашнии «25 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистон»  сарфароз гардид.

 Имрӯз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Тажибаев  ба Суди конститутсионӣ ташриф оварда дар вазъияти тантанавӣ медали ҷашниро ба Раиси Суди конститутсионӣ тақдим намуд. Ҷаноби Сафир  Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Ашурзодаро бо мукофоти фахрӣ табрик намуда, омодагии хешро барои андешидани чораҳои воқеӣ баҳри амалӣ гардидани сиёсати пешгирифтаи Сарони давлатҳо дар густариши муносибатҳои гуногунҷабҳа, аз ҷумла дар соҳаи фаъолияти  назорати конститутсионӣ, изҳор намуд. 

Раиси Суди конститутсионӣ А. Ашурзода барои сарфароз гардидан бо чунин мукофоти олӣва эҳтиром ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва Раиси Шӯрои Конститутсионии Қазоқистон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки ин мукофоти  Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва ҷиҳати тахким бахшидан ба хамкорихои тарафайни  минбаъда бо мақомоти назорати конститутсионии Қазоқистон чорабиниҳои воқеӣ роҳандозӣ хоҳанд намуд.

Yandex.Metrica