Рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳри Истаравшан

Аз 1 то 5 декабри соли 2020 сафари кории Раиси Суди конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Истарав­шан Ашурзода Абдулҳафиз доир гардид.

Зимни сафари корӣ аз рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дидан намуда, барои саривақт ва босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастурҳои мушаххас доданд.

Нимаи дуюми 4 декабри соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории шаҳрӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар гурӯҳи кории мазкур Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ муҳтарам Ашурзода Абдулҳафиз, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, аъзоёни гурӯҳи кории шаҳрӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳр ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Дар ҷаласа иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба бартараф намудани камбудиҳо ва то охири сол иҷро намудани корҳои банақшагирифта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Инчунин, аз масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки ҷињати дастги­рии соҳибкорон ва ҳавасманд гардонидани онҳо, ки дар ободии шаҳр саҳ­ми арзанда мегузоранд тадбирҳо андешида, ҳамкории мутақобилан суд­мандро бо онҳо ба роҳ монанд.

Yandex.Metrica