Бо иштироки Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Истаравшан, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр ва дигар аъзои гурӯҳи корӣ 21 декабри соли равон ҳамзамон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории шаҳрӣ доир ба омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Зимни ҷаласа оид ба иҷрои саривақтии ҳар як банди нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба омодагиҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар масъалаи бунёди корхонаҳои хурду бузург, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва дигар иншоотҳои ҷашнӣ, инчунин мумфарш намудани роҳҳо, бунёди боғу гулгаштҳо ва дигар мавзуъҳои марбут ба ҷашн аз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар нафарони вобаста маълумоти муфассал шунида ва вазифагузориҳои дахлдор карда шуданд.

Дар охир қайд гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва фаъолони шаҳр бобати иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бурда, барои таҷлили сазовори ин ҷашни миллӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Yandex.Metrica