МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР СОЛИ 2020

8 январи соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Суди конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раис, муовини Раис, судяҳо, ва кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ маљлиси ҷамъбастии фаъо­лия­ти Суд дар соли 2020 доир гардид.

Дар ҷаласаи ҳисоботӣ муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Фирдавс иштирок намуд.

Абдулҳафиз Ашурзода – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон маҷлисро ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки соли 2020 новобаста аз пандемияи (СOVID – 19) ба сари инсоният омада, барои Тоҷикистон боз як соли пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ, таҳкими ғоя­ҳои ва­тандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ дар ҷомеа ва соли баргузории рӯӣдод­ҳои бузурги сиёсиву фарҳангӣ арзёбӣ мегардад.

Раиси Суди конститутсионӣ ҳамчунин иброз дошт, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ниҳоди низоми ҳокимияти судӣ дар соли 2020 баҳри таъмини волоияти меъёрҳои Конститутсия ва иҷрои дастуру супоришу Асосгузори сулҳу ваҳдати мил­лӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ваколатҳои конститутсионии худ, чораҳои муаасир андешида, корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.  

Сипас, муовини Раиси Суди конститутсионӣ К. Каримзода ва роҳ­бари дастгоҳи Суди конститутсионӣ А. Гулзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти Суд ва дастгоҳи он дар соли 2020 ҳисобот доданд.

Дар фарҷоми маҷлис камбудиҳои ҷойдоштаро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба натиҷаи фаъолияти Суди конститутсионӣ дар соли 2020 қарори дахлдор қабул гардида, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва таҳкими минбаъдаи фаъолияти Суд дар соли 2021 вазифагузорӣ карда шуд.

Yandex.Metrica