Ҳамоиши тантанавӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 23 феврал дар  маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷум­ҳу­­рии Тоҷи­кистон бо иштироки Раис, судяҳо, хизматчиёни давлатӣ ва  кор­мандони техни­кию хизматрасон бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Қув­ваҳои Мус­ал­ла­ҳи Ҷумҳу­рии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гар­­­дид.

А. Ашурзода – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишро ҳусфни ифтитоҳ бахшида, кормандони Суд ва аъзои оилаи онҳоро ба фарорасии ин иди муҳими давлатӣ табрик намуд.

Номбурда ба таърихи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат назар карда, зикр намуданд, ки ташкили артиши миллӣ ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии То­­ҷи­кистон вобастагии амиқ дошта, он дар рӯзҳои басо ваз­нини таъ­рихи навини давлатдории Тоҷикон ташкил карда шудааст. Ташкили ин ниҳоди муҳимро, ки имрӯз ба қувваи  пуриқтидор ва бо­эътимоди давлату миллат дар ҳифзи музаффариятҳои Истиқ­лолияти давлатӣ, марзу буми кишвар, амнияти шаҳрвандон, ҷомеа ва давлат табдил ёфтааст, ки бе заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳ­дати мил­лӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гене­рали ар­тиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан мумкин нест.

Қувваҳои Мусаллаҳ аз санҷиши мудҳиши давраи вазнини аввали со­ҳиб­­ис­тиқ­лолии мамлакат гузашта, бо шуҷоату  мардонагии афсарону сар­бозони худ дар дилу дидаи мардум ҷой гирифт.

Имрӯзҳо ин ниҳоди давлатӣ рамзи ватандӯстиву ватан­парварӣ бу­да, ба  садоқату эҳтиром ва боварии ҷавонон ноил гардидааст, ки ҳама­сола ҳазорон ҷавонон сафи онро пурра намуда, дар ҳифзи марзу буми кишвар ва ҳаёти осоиштаи халқамон саҳми босазои худро мегузоранд.

Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мардонагӣ ва шарафу номуси миллии ҳар як Тоҷикистонӣ мебошад.

Дар ҳамоиш Абдуллозода Л.И., Абдурахимзхода Д.Р., Сангова Г. ва дигарон баромад намуда, ҳозиринро ба  ин ҷашн табрику таҳният гуфта, ҷавононро барои хизмати садоқатмандона ба халқу Ватан даъват намуданд.

Yandex.Metrica