Ҳисобот оид ба фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021

Сарсухан

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асо­сии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки 26 январи соли 2021 ба Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидааст, дар роҳи усту­воргардонии пояҳои давлатдории мо нақши созанда дорад. Махсусан вазъи иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъала ва чорабиниҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии дар он пешбинигардида ва татбиқи ҳадафҳои стратегии дар назди давлат ва Ҳукумат гузошташуда, аз ҷумла ҳадафи чоруми стратегии давлат дар хусуси саноатикунонии киш­вар, дар рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишварамон нақши муҳими худ­ро мерасонад.

Ташрифи роҳбарони давлатҳои Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбе­кистон ва Қирғизистон ва баргузории гуфтушунидҳои сатҳи баланд дар ҳамкориҳои судманди байнидавлатӣ, тавсеаи муносибатҳои сиёсӣ, иқти­содӣ ва фарҳангӣ, рушди иқтисодиёти миллӣ ва амнияти минтақа ва ҷаҳон муфид арзёбӣ мегарданд.

Баргузории чорабиниҳои зиёди сатҳои гуногун оид ба масъалаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри  Душанбе, ки имсол раисии онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад, дар ташаккули амнияти давлатҳои аъзо ва ҳамкориҳои тиҷоративу савдоии онҳо аҳамияти хоса касб менамояд.

Ҳамаи инҳо бори дигар аз шарики боэътимоди байналмилалӣ ва минтақавӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътибору нуфузи кишвари мо дар муносибатҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ шаҳодат медиҳад.

Равандҳои бомаром ва муназзами сиёсии мамлакат, дар фазои со­зандагиву бунёдкорӣ  барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқло­лияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори шаҳру ноҳияҳои мамлакат судяҳо ва кормандони дастгоҳи онро водор месозанд, ки ҳамқадами замон буда, барои дар сатҳи баланди касбӣ ба амал баро­вардани салоҳияти Суди конститутсионӣ, дастгоҳи он ва ӯҳдадориҳои ман­сабии худ ҷиҳати ҳифзи Конститутсия, таъмини қонунияти конститутсионӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ нақши муассири худро бозанд.

  1. Муқаррароти умумӣ

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, амру фармонҳои Раиси Суди конститутсио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирифта, ҳамчун мақоми муста­қили ҳокимияти судӣ дар ҳифзи Конститутсия, таъмини волоияти он, ҳиф­зи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин рушду таҳкими қонун­гузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми сазовори худро мегузорад.

Қобили қайд аст, ки судяҳои Суди конститутсионӣ, салоҳияти кон­ститутсионии худро оид ба таъмини волоияти Конститутсия тавассути бар­расии муроҷиатҳои субъектҳои ҳуқуқ амалӣ менамоянд, дастгоҳи он бошад, корҳои ахборотию маълумотдиҳӣ, ташкилию хизматрасонии фаъо­лияти муназзами Суди конститутсионӣ, раис, муовин ва судяҳои онро ама­лӣ менамояд.

Аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон 16 июни соли равон қабул шудани лоиҳаи Қонуни консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйиру ило­ваҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иборат аз 19 банд дар таҳкими мин­баъдаи қонунияти конститутсионӣ ва фаъолияти Суди конститутсионӣ му­ҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳамчунин, кормандони дастгоҳ дар омӯзиш ва ҷамъбасти амали­яи Суди конститутсионӣ, гузаронидани маҷлисҳои судӣ, нигаҳдорӣ, батан­зимдарории қонунгузории амалкунанда, таъмини алоқа бо судҳо ва ма­қомоти назорати конститутсионии дигар давлатҳо ва созмонҳои байнал­милалӣ иштирок намуда, фаъолияти муътадили Судро таъмин менамоянд.

2. Фаъолият аз рӯйи нақшаҳои кории Суд

Дар дар нимсолаи якуми соли 2021 судяҳо, дастгоҳи он фаъолияти худро аз рӯи зиёда аз 19 адад нақша-чорабиниҳои ба тасвибрасонидаи роҳ­барияти Суди конститутсионӣ барои соли 2021, ки ба фаъолияти он ва равандҳои сиёсии мамлакат алоқаманд мебошад, пеш бурда истодаанд, аз ҷумла:

1.Нақшаи чорабиниҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон вобаста ба иҷрои тавсияҳои  Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2020-2025 аз 1 июни  2020;

2.Нақша чорабиниҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои  Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(мактуб) аз 2 октябри соли  2020, №21/11-3  оид ба назорати ҷараёни таҳия, қабул, бақайдгирӣ ва иҷрои са-надҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Суди конститутсионӣ аз 8 октябри 2020;

3.Нақшаи чорабиниҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 28 ноябри соли  2020, №647  «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои сол­ҳои 2020-2030»,  аз 15 декабри  2021;

4.Нақшаи чорабиниҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маросими сав­гандёдкунииПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 октябри соли 2020 баён доштанд, аз 25 декабри 2021

5.Нақшаи чорабиниҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии То-ҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 11 декабри соли 2020 зимни боздид аз иншооти «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе баён доштанд, аз 25 декабри 2021;

6.Нақшаи кори Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2021 аз 6 январи 2021;

7.Нақшаи чорабиниҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (мактуб) аз 26 ноябри соли 2020, №30-/10-52 оид ба назорат дар самти риоя ва иҷрои санадҳои ҳуқуқии соҳавӣ, пешбурди коргузорӣ, баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  дар Суди конститутсионӣ, аз 14 январи соли 2021;

8.Нақшаи кори дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистоноид баиҷрои дастуру супоришҳои  Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(мактуб) аз 3 январи соли 2021, №21-/10-12вобаста ба натиҷаи санҷиши фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  соли 2020, аз 16 январи соли 2021;    

 9.Нақшаи кории Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон барои нимсолаи якуми соли 2021, аз моҳи январи соли 2021;

10.Нақшаи кории дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2021, аз моҳи январи соли 2021;

11.Нақшаи машғулиятҳои идоравӣ барои хизматчиёни маъмурии давлатии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021, аз моҳи январи соли 2021;

12.Нақшаи чорабиниҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон оид ба иҷрои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» барои соли 2021, аз 3 феврали соли 2021;                   

13.Нақшаи чорабиниҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон барои солҳои 2018-2021, аз моҳи феврали соли 2019;       

14.Нақшаи чорабиниҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон барои соли 2021 оид ба иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аз 1 феврали соли 2021 №АП-39 «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 25 январи соли 2021 зикр гардидаанд, аз моҳи фев-рали соли 2021;

15.Нақшаичорабиниҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели со­ли 2017, №158 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷоба­ҷо­гузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби за­нону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» аз 3 феврали соли 2021;   

16.Нақшаи чорабиниҳои зидди эпидемикии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) барои соли 2021, аз 25 феврали соли 2021;      

   17.Нақшаи чорабиниҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии То­ҷикистон оид ба сари вақт омода намудани бинои маъмурӣ ва бахши хо­ҷагӣ-нақлиётии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъ­мини фаъолияти мунтазам ва самарабахши он дар давраи тирамоҳу зимис­тони солҳои 2021-2022 аз 15 апрели соли 2021;   

18.Нақшаи чорабиниҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон оид ба татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз моҳи июни соли 2021;   

19.Нақшаи чорабиниҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон оид ба татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соҳаи дин барои солҳои 2021-2025, аз 18 майи соли 2021.

3. Фаъолияти касбӣ ва санадҳои судӣ

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ, як дархостро мавриди баррасӣ қарор дода, санади судии дахлдор (таъинот) ба тасвиб расонид.

4. Омори судӣ

Суди конститутсионӣ дар давраи фаъолияти зиёда аз 26 солаи худ (марти соли 1996 – 1 июли соли 2021) 39 қарор ва 101 таъинот (санадҳои судӣ) қабул кардааст.

5. Воридоту содироти маводу мактубҳо ва муроҷиатҳои

хаттӣ ва шифоӣ (дар маҷмӯъ) ба Суд нимсолаи якуми соли 2021

1) Воридот

Дар нимсолаи якуми соли 2021 дар Суди конститутсионӣ 748 – адад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мавод, мактубҳо (ба ғайр аз муроҷиатҳои шахсо­ни воқеӣ ва ҳуқуқӣ) ба қайд гирифта шуданд, аз ҷумла:

а) 463– санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки  иборат аз:

  -оид ба қабул ва ворид намудани тағйиру илова ба қонунҳои Ҷумҳу­рии Тоҷикистон 33 – адад ворид шудааст, ки аз ин шумора: 8 адад оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодексҳо ва 25 адад оид ба қабул ва ворид намудани тағйиру илова ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

– фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 67 адад;

– амрҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон       – 21 адад;

– қарорҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон     – 280 адад;

– фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 45 адад;

– қарорҳои раисон ва маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вило­ят­ҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ   – 17 адад.

б) 85 – адад мактубҳо аз Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла:

-аз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – 8 адад;

-аз муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – 3 адад;

-нусха аз Протоколи маҷлиси Раёсат ва Ҳукумати Ҷумҳурии То­ҷикистон – 12 адад;

-аз Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 49 адад;

-барқияҳои Ҳукуматӣ – 13 адад.

в) 63 – адад аз дигар вазорату идораҳо.

г)  21 – адад (4 адади он тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ворид шуддаст)мактубҳо аз мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои хо­риҷӣ.

ғ) 116 – адад китобҳо аз мақомоти давлатии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ:

– 115 – адад аз мақомоти дохилӣ;

– 1 адад аз мақомоти хориҷӣ.

2) Содирот

Дар ин давра аз ҷониби Суди конститутсионӣ ба мақомоти қонун­гузор, иҷроия, судӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ 299 адад мактуб оид ба масъалаҳои гуногун ирсол гардидаанд, аз ҷумла:

-ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 7 адад;

-ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 25 адад;

-ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон – 5 адад;

-ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 адад;

-ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 адад;

-ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 76 адад;

-ба дигар вазорату идораҳо – 173  адад;

-ба мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои хориҷӣ – 11 адад.

3) Воридоти муроҷиатҳо хаттӣ

а)Муроҷиатҳои хаттӣ

Дар нимсолаи якуми соли 2021 ба Суди конститутсионӣ 26 муроҷи­ати хаттӣ ва (электронӣ)-и шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла 22 адад аз шахсони воқеӣ, 1 адад муроҷиати хаттии шахси ҳуқуқӣ ва 3 адад муроҷиатҳои электронӣ аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (2 адад аз шахси ҳуқуқӣ ва 1 адад шахси воқеӣ) ворид гардидааст.

Аз муроҷиатҳои воридшуда 4 – адади он муроҷиатҳои такрорӣ мебошанд.

1. Муроҷиати электронии (почтаи электронӣ Fayzulloa@mail.ru) Ка­римов Р. ва Абдуллоев Ф.– роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии “Карим ва Боғи Пулодҷон”, сокинони вилояти Суғд, ноҳияи Ашт, Ҷамоати деҳоти Ошоба оид ба бекор кардани ҳалномаи Суди иқтисодӣ 2 маротиба муроҷиат карданд. Маротибаи якум 25 январи соли ҷорӣ ва маротибаи дуюм 15 феврали соли 2021.

2. Муроҷиати шаҳрванд Маҳмадалиева Лола Абдувалиевна– исти­қоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи 40 солагии Ғалаба, хонаи 1/4, ҳуҷ­раи 19 оид ба рӯёнидани маблағ 2 маротиба муроҷиат кард, якум маротиба 3 майи соли 2021, маротибаи дуюм 11 июни 2021.

3. Муроҷиати шаҳрванд Ганҷалов Сафаралӣ Сайдалиевич– исти­қоматкунандаи Вилояти Хатлон, ноҳияи Панҷ, Ҷамоати шаҳраки Панҷ, кӯчаи Ҷалол Икромӣ оид ба кӯмак кардан барои гирифтани замини назди ҳавлигӣ 2 маротиба муроҷиат кард, маротибаи якум 5 феврали соли 2021, маротибаи дуюм 15 июни соли 2021.

     4.Муроҷиати шаҳрванд Иброҳимов Ҷумахон – истиқоматкунан­даи вилояти Хатлон, ноҳияи Восеъ, Ҷамоати деҳоти Гулистон, деҳаи Гулис­тон оид ба норозигӣ аз санадҳои судӣ ва амалҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 2 маротиба муроҷиат кард. Маротибаи якум 18 июни соли 2021, маротибаи дуюм 24 июни соли 2021.

Муроҷиатҳои хаттӣ асосан  аз ҷониби сокинони:

-шаҳри Душанбе (11 нафар);

-вилояти Хатлон (7нафар);

-вилояти Суғд (5 нафар);

-тобеи ҷумҳурӣ (1 нафар) ворид гардида, масъалаҳои зеринро дар бар мегиранд;

-аз шаҳрванде, ки айни ҳол ҷойи зист надорад (1 нафар);

-аз маҳкумшуда аз муассисаи ислоҳии ЯС 3/7 СРИҶҶ ВА ҶТ дар шаҳри Душанбе (1 адад).

Муроҷиатҳо оид ба масъалаҳои зерин мебошанд:

-9 адад оид ба норозигӣ аз санадҳои судӣ ва кормандони мақо-моти судӣ;

-4 адад оид ба норозигӣ аз кирдорҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

-4 адад оид ба рӯёнидани нафақа ва маблағи зарари расонидашуда;

-2 адад оид ба баҳси замин ва манзили истиқоматӣ;

-2 адад оид ба кӯмак кардан барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ ва сохтмони хона;

-1 адад оид ба норозигӣ аз фаъолияти бонкӣ;

-1 адад оид ба кӯмаки молиявӣ;

-1 адад оид ба норозигӣ аз кирдорҳои кормандони комисарияти ҳар­бӣ ва мусоидат кардан дар гирифтани билети ҳарбӣ;

-1 адад оид ба дастрас намудани санадҳои Суди конститутсионӣ ба­рои навиштани рисолаи дипломӣ.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ 1 адад дархост оид ба мувофиқати моддаи 346 қисми 3 банди ”а”-и боби 22 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ба моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда, нис­бати он таъиноти дахлдор қабул карда шуд.

Муроҷиаткунандагон 21 нафар мард ва 5 нафар занон мебошанд.

Аз  26 адад муроҷиатҳо:

 16- адад ариза;

 6- адад шикоят;

 2- адад дархост;

                 1-адад муроҷиат мебошанд.

  1. адад муроҷиати шаҳрванд бе нишон додани шакли муроҷиат ворид гардидааст.

б) Муроҷиати шифоҳӣ

Дапр давраи ҳисоботӣ 98 адад муроҷиатҳои шифоҳӣ, аз ҷумла 97 адад азшахсони воқеӣ ва 1 адад азшахсони ҳуқуқӣ  ворид гардидаанд, ки онҳо дар натиҷаи қабули шахсӣ аз ҷониби Раис, муовини  Раис, судяҳо ва дигар кормандони масъули дастгоҳи Суди конститутсионӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Аз муроҷиаткунандагон ба Суд 60 нафарашон мардон ва 38 нафара­шон занон мебошанд.

Муроҷиатҳо аз ҷониби сокинони шаҳри Душанбе -63 нафар;

-шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12 нафар;

-вилояти Хатлон 9 нафар;

-Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 7 нафар;

вилояти Суғд 6 нафар;

-муваққатан бе ҷойи зист 1 нафар шахси воқеӣ  ворид гардидаанд.

 Аз 95 нафар муроҷиаткунанда 1 нафар маъюби гурӯҳи 3-юм ва 3 нафар нафақахӯр мебошанд.

Муроҷиаткунандагон асосан оид ба масъалаҳои зерин муроҷиат карданд:

-баҳсҳои гражданӣ (бартараф кардани монеа оид ба қабули мерос, баҳси манзили истиқоматӣ, рӯёнидани қарз) – 35 нафар;

-норозигӣ аз санадҳои судӣ ва амалҳои судяҳо – 15 нафар;

-баҳсҳои оилавӣ (бекор кардани ақди никоҳ, тартиби кам кар­дани али­мент) – 8 нафар;

 -расонидани кӯмаки моддӣ – 6 нафар;

 -масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудан – 4 нафар;

 -норозигӣ аз иҷро нагардидани санадҳои судӣ– 4 нафар

 -оид ба гирифтани шиносномаи миллӣ – 3 нафар;

 -тартиби пешбурди корҳои илмӣ – тадқиқотӣ – 3 нафар;

 -тартиби навиштани ариза– 3 нафар;

-шарҳи баъзе аз моддаҳои Кодекси андоз ва Кодекси оилаи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон – 2 нафар;

 -вобаста ба ҳуқуқҳои шахсони дар ҳифзи сохтори конститутсионӣ иштирок карда – 2 нафар;

 -шикоят аз болои мақомоти давлатӣ ва кормандони он (ШВКД -2 ноҳияи Сино, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷум­ҳурии Тоҷикистон) – 2 нафар;

 -оид ба беасос кам кардани музди меҳнат ва нафақа – 2 нафар;

 -оид ба даъвати магистрантҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳу­рии Тоҷикистон – 2 нафар;

 -тартиби бардоштани доғи судӣ– 2 нафар;

 -оид ба тартиби ташкили ширкати сайёҳӣ – 1 нафар;

-оид ба таъмин намудан ба хобгоҳ – 1 нафар;

-ба таври ройгон тамдид намудани раводид – 1 нафар;

-дуруст татбиқ нагардидани фармони Презиенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон аз 4 августи соли 2020, №1580 – 1 нафар;

 -тартиби пардохти кӯмакпулиҳо ба шахсони бепарастор – 1 нафар.

Муроҷиатҳои шифоҳии воридшудаи шахсони воқеӣ, аксаран ба салоҳияти судҳои умумӣ ва мақомоти дигари ҳокимияти давлатӣ мансуб буда, мақсад аз муроҷиат гирифтани маслиҳати дахлдор ва баландпояи ҳу­қуқӣ мебошад.

Ба муроҷиаткунандагон дар асоси қонунгузории амалкунанда мас­лиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуда, барои муроҷиати минбаъда ва ҳалли масъа­лаҳо ба онҳо тавсияҳои зарурӣ дар хусуси сари вақт муроҷиат кардан ба мақомоти дахлдори судӣ, мақомоти давлатӣ ва маҳаллии ҳокимияти дав­латӣ дода шуданд, аз ҷумла:

-ба Суди Олӣ, судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон – 52 нафар;

-ба вазоратҳои корҳои дохилӣ, мудофиа, молия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 8 нафар;

-ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 4 нафар;      

-ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ҳисор – 3 нафар;

-ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2 нафар;  

-ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 нафар;      

-ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷум­ҳурии Тоҷикистон – 1 нафар.      

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Суди конститутсионӣ ба 4 нафар муроҷиаткунанда кӯмаки моддӣ расонида шудааст.

Ба боқимонда 35 нафар муроҷиаткунанда дар доираи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодексҳои ҷиноятӣ, меҳнат, манзил, оила, андоз, меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва ғайра маслиҳати пурраи ҳуқуқиву асоснок дода шу­даанд.

в) Қабули шаҳрвандон ва муроҷиатҳои шифоҳии онҳо аз ҷониби:

1) Ашурзода М.А. – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон – 33 нафар;

2) Каримзода  К.М. – муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон – 23 нафар;

3) Ҷамшедзода Ҷ.Н – судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳу-рии Тоҷикистон – 23 нафар;

4)Абдураҳимзода Дилором Рустам – судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 10 нафар;

5) Шарифзода А.Н – судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии То-ҷикистон – 8 нафар;

6) Абдуллозода Л.И. – судяи Суди конститутсионии  Ҷумҳурии То­ҷикистон – 1 нафар қабул карда шудаанд.

в) Сабаби муроҷиатҳо

Сабаби  асосии  муроҷиатҳи хаттӣ ва шифоҳии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Суди конститутсионӣ – ин дар мақомоти зинаҳои поёнии  давла­тӣ ҳалли худро наёфтани масъалаҳои номбурда ё ба таври дахлдор баррасӣ нагардидани онҳо, норозигӣ аз санаду ҳуҷҷати мақомоти давлатӣ ва амалҳои шахсони мансабдор, паст будани шуури ҳуқуқии шаҳрвандон ва сарфаҳм нарафтан ё нафаҳмидани салоҳияти судҳо, аз ҷумла салоҳияти Суди конститутсионӣ  арзёбӣ мегардад.

Муҳимаш он аст, ки муроҷиатҳои зикршуда вобаста ба салоҳият ва тобеияташон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба муроҷиаткунандагон маслиҳат ва ҷавобҳои дахлдор дода мешавад.

Имрӯз баҳри дар сатҳи баланд қабул намудани муроҷиатҳои шах­сони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Суди конститутсионӣ тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба ин самт дахлдор ба роҳбарӣ гирифта шудааст.

Оид ба қабули шаҳрвандон ҳар моҳ дар аввали моҳ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол карда мешавад.

Минбаъд низ қабул ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Суди конститутсионӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳим ва аввалиндараҷа боқӣ мемонад.

6.Фаъолияти китобхонаи соҳавии Суд

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати дар сатҳи касбӣ таъмин намудани фаъ­олияти китобхонаи Суди конститутсионӣ аз ҷониби маъмурияти Суд корҳои назаррас анҷом дода шуд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми худ, мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла хизматчиёни давлатиро барои хондани на камтар аз 5 китоби бадеӣ дар як сол ҳидоят намудааст,  маъмурияти Суди конститутсионӣ 96 адад китобҳои бадеиро барои мутолиаи кормандони Суди конститутсионӣ ба китобхонаи соҳавии Суд супорид.

Китобҳои бадеӣ тибқи талаботи  ҷойдошта  аз ҷониби шахси му­тасаддӣ ба қайди дафтари китобхона ворид карда шуда, аллакай хизмат­чиёни давлатии Суди конститутсионӣ китобҳоро мавриди мутолиа қарор дода истодаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 1 (№1-2) нашри шуморавии маҷаллаи илмӣ-иттилоотии Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромада, инчунин ба китобхона  рӯзномаҳои зерини ҷумҳуриявӣ ворид гардиданд:

1.Садои мардум 81 шумора аз 1 январ то 22 июни соли 2021;

2.Ҷумҳурият       231 шумора аз 2 январ то 19 июни соли 2021;

3.Народная газета 23 шумора аз 8 январ то 16 июни соли 2021. 

                 Дар маҷмӯъ  335 адад.

Ба ҳолати то 1 июли соли 2021 теъдоди умумии китобҳо ва маводҳои китобхонаи Суди конститутсионӣ 3 416 ададро ташкил медиҳанд. Китобхонаи Суди конститутсионӣ ба талаботҳои меъёрҳои соҳаи китоб­дорӣ дар Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, аз он натанҳо кормандони Суди конс­титутсионӣ, балки донишҷуён – таҷрибаомӯзони Донишгоҳи Славянии То­ҷикистону Россия ва Донишгоҳи миллии Точикистон, ки ба Суди консти­тутсионӣ барои таҷрибаомӯзӣ ҷалб карда мешаванд, истифода менамоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ 36 нафар кормандони Суд 57 китоби бадеиро мутолиа намуданд.

7. Маълумот оид ба  сомонаи Суди конститутсионӣ

Мувофиқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, №344 сомонаи Суди конститутсионӣ пурра азнавсозӣ карда шудааст. Мувофиқи қоидаҳои пешниҳодкардаи ҳукумати мамлакат он бо дизайни нав дар сайтҳои иҷтимоии интернетӣ ютубканали Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷой дода шудааст.

Дар ин давраи ҳисоботӣ дар сомонаи Суд 16 ахбор оид ба фаъолияти Суд ворид гардид. 

Теъдоди шахсони ба сомонаи Суди конститутсионӣ дар ин давра шиносоӣ пайдонамуда 125 154 нафар мебошанд. 

Маводҳои гирдовардаи сайти Суди конститутсионӣ бо се забон то­ҷикӣ, русӣ ва англисӣ) истифода бурда мешавад. Айни замон маводҳои тарҷумашаванда дар таҳияи тарҷумонҳо қарор доранд.

Зеро, чунин омили пешниҳоди маводҳои сомона бо забонҳои мух­талиф (рӯсӣ ва англисӣ) кафолати фаъолияти шаффоф ва муаррифгари Суди конститутсионӣ байни аҳолӣ ва хориҷи кишвар мебошад. Мавод, санадҳо ва ҳуҷҷатҳои хусусиятҳои иҷроӣ дошта сари вақт мавриди иҷро қарор гирифтаанд.

8. Фаъолият  оид ба корҳои кадрӣ

Асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти сармутахассис оид ба кор бо кадрҳо ва корҳои махсуси дастгоҳи Суди конститутсионӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008, №233 «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва санадҳои зерқонунии ин соҳа ба роҳ монда шудааст.

а) Фаъолияти иҷроия ва амрдиҳӣ

Дар нимсолаи якуми соли 2021 аз ҷониби Раиси Суди конститутси­онӣ 41 фармон ва 23 амр оид ба масъалаҳои гуногуни фаъолияти Суд ва кормандони он қабул карда шуданд.

Аз ҷумла 41 фар­­мон­ҳо дар хусуси ба кор қабул кардан, ба рухсати­ҳои меҳнатӣ ҷавоб додан ва дигар масъалаҳо ба тасвиб расонида шудаанд, чунончи:

-дар хусуси рухсатии навбатии меҳнатӣ – 18 адад;

-дар хусуси ба кор қабул кардан – 8 адад;

-оид ба вогузоркунии вазифаҳо – 7 адад;

-дар хусуси аз кор озод намудан – 4 адад;

-дар хусуси бозхонд аз рухсатии меҳнатӣ – 2 адад;

-дар хусуси рухсатии барои нигоҳубини кӯдак – 1 адад;

-оид ба дигар масъалаҳо– 1 адад.

23 амри Раиси Суди конститутсионӣ оид ба масъалаҳои зерин қабул карда шуданд, аз ҷумла:

– оид ба сафари хизматӣ (дохилӣ) – 9 адад;

– оид ба навбатдории шабонарӯзӣ – 5 адад;

– оид ба дигар масъалаҳо – 8 адад.

– оид ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён – 1 адад;

б) Фаъолият оид ба табодули мактубҳо

Дар нимсолаи якуми соли 2021 ба унвони Суди конститутсионӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идо­раҳо зиёда аз 10 мактубҳо оид ба масъалаҳои кадрӣ ворид гардиданд, ки ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гардонида шуданд.

в) Ҳайати сифатии кадрҳо

Мутобиқи басти вазифаҳо дар Суди конститутсионӣ ба 1 июли соли 2021, шумораи кормандон 41 нафарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо 7 нафар судя, 19 нафар хизматчии давлатӣ ва 15 нафар ҳайати техникӣ ва хизматра­сон мебошанд.

Ба 1 июли соли 2021 дар Суди конститутсионӣ аз 41 нафар корманд 37 нафар фаъолият дорад, аз ҷумла:

Судя – 5 нафар (1 зан, 4 мард);

Хизматчиёни давлатӣ – 17 нафар (9 зан, 8 мард);

Ҳайати техникӣ ва хизматрасон – 15 нафар (5 зан, 10 мард).

Шумораи умумии занон дар Суди конститутсионӣ 15 нафар ва мар­дон 22 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳайати роҳбарикунанда 7 нафар (Раис, муовин, роҳбари дастгоҳ, сардори раёсат, 2 нафар сардори шуъба ва 1 нафар мудири бахш), аз ин шумора занон 2 нафар ва мардон 5 нафарро ташкил медиҳанд.

Инчунин, ҳайати ғайриштатӣ 3 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, ба 1 июли соли 2021 дар Суди конститутсионӣ 2 ҷойи холӣ (вакансия) мавҷуд мебошад, аз ҷумла:

1.Сармутахассис оид ба кор бо кадрҳо ва корҳои махсус – 1 нафар;

2.Сармутахассис – сармуҳосиби шуъбаи банақшагирӣ ва муҳо-сибавӣ – 1 нафар.

г) Баргузории озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

Дар Суди конститутсионӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 як маротиба озмун гузаронида шуд.

Тибқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизма­ти давлатӣ» ва Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ карда шудааст, бо амри Раиси Суди конститутсионӣ аз 26 апрели соли 2021, №14-СК «Дар бораи эълон кардани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъурии хизмати давлатӣ» барои ишғоли мансабҳои холии маъму­рии хизмати давлатӣ зерин озмун эълон карда шудааст:

-сармутахассис оид ба кор бо кадрҳо ва корҳои махсуси шуъбаи корҳои умумӣ ва хизмати давлатӣ;

-сармутахассис-сармуҳосиби шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосибавӣ;

-мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалӣ;

-мутахассис-коргузорӣ шуъбаи корҳои умумӣ ва хизмати давлатӣ.

Дар ин муддат, ёздаҳ нафар довталабон ҳуҷҷатҳои худро тибқи та­лаботи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ барои иштирок дар озмун пешниҳод намуданд.

2 июни соли 2021 ҷаласаи Комиссияи озмун дар хусуси муайян на­мудани мувофиқати довталабон ба талаботи тахассусӣ барои ишғоли ман­сабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, роҳ додани онҳо ба суҳбати Комиссия ва муайян намудани холҳои гузариш доир гардид. (Протоколи №1, аз 2 июни соли 2021 мавҷуд аст).

Бинобар ба талабот ҷавобгӯ будани ҳуҷҷатҳои 9 нафар довталабон, онҳо ба санҷиши пешакии хаттӣ (диктант) роҳ дода шуданд. 15 июни соли 2021 тибқи банди 36 Низомнома санҷиши пешакии хаттӣ гузаронида шуд, ки дар асоси натиҷаи санҷиши хаттӣ 7 нафар довталабон ба суҳбати Комиссия роҳ ёфта, 2 нафар довталабон бинобар иштирок накардан дар санҷиши пешакӣ ба даври дуюми озмун роҳ дода нашуданд.

17 июни соли 2021 бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун баргузор гардид.

Тибқи муқаррароти банди 39 Низомнома озмун ҷамъбаст карда шу­да, Комиссияи озмунӣ бо назардошти натиҷаи озмун ва холҳои соҳибгар­дидаи довталабон чунин натиҷагирӣ кард:

 1. Довталабон Қодирова С.Т. барои ишғоли мансаби холии маъму­рии хизмати давлатӣ – мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалӣ ва Исроилов Ф.О. – барои ишғоли мансаби холии мутахас­сис-коргузорӣ шуъбаи корҳои умумӣ ва хизмати давлатӣ аз озмун гузашта ҳисобида шуданд.

2. Шоназарова З.Х., Шодиев У.С., Хайруллоев А.М. ва Ашуров С.С. бинобар соҳиб нагардидан ба холҳои гузариш барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии дастгоҳи Суди конститутсионӣ аз озмун нагузашта ҳисобида шуданд.

Довталабон Қодирова С.Т. ва Исроилов Ф.О. бо тавсиаи Комиссияи озмун бо фармони Раиси Суди конститутсионӣ ба мансабҳои холии маъмурии зикргардида таъин гардиданд.

ғ) Таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳо ба мақоми ваколатдор

Сармутахассис оид ба кор бо кадрҳо ва корҳои махсус дар нимсолаи якуми соли 2021 тибқи Феҳристи мансабҳои хизмати давлатӣ оид ба теъдод ва ҳайати сифатии хизматчиёни давлатии дастгоҳи Суди конститутсионӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Преиденти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.

Инчунин, ҳисоботи омори давлатии шаклии №1-ХД ҳисобот дар бо­раи теъдод ва ҳайати сифатии хизматчиёни давлатӣ оид ба ивазшавии ҳайати хизматчиёни давлатӣ дар семоҳа ва нимсолаи якум дар шакли хаттӣ ва электронӣ ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии То­ҷикистон пешниҳод карда шуд.

Илова ба ин, тибқи муқаррароти банди 3 моддаи 31 Қонуни Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (моддаи 8), хизматчиё­ни давлатӣ то ба 1 апрели соли 2021 эъломияҳои худро оид ба андоз аз да­ромад ва вазъи амволии хизматчиёни давлатӣ супориданд. Аз натиҷаи ҷамъбасти пешниҳоди эъломияҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон ва  Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон то 1 апрели соли ҷорӣ маълумот пешниҳод карда шуд.

д) Иштирок дар курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос

Масъалаи муҳими дигари хадамоти кадрӣ ва хизмати давлатӣ ин ба­ланд бардоштани савия дониши касбӣ ва бозомӯзии касбии хизматчиёни давлатӣ мебошад. Дар нимсолаи якуми соли 2021 6 нафар хизматчиёни давлатии дастгоҳи Суди конститутсионӣ ҳам аз ҳисоби бонувон (1 нафар) ва ҳам аз ҳисоби кормандони ҷавон дар курсҳои бозомӯзӣ (2 нафар) ва такмили ихтисос (3 нафар) дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар курсҳо иштирок намуда, савияи дониши худро сайқал доданд, чунончи:

– Нурляминзода Г.А. – сардори раёсати таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳо аз 25 то 30 январи соли 2021 дар курси такмили ихтисос аз рӯйи барномаи «Менеҷменти нави давлатӣ ва сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии То­ҷикистон»;

– Муҳаббатов Ҷ.Х. – сардори шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосибавӣ аз 25 то 29 январи соли 2021 дар курси бозомӯзӣ аз рӯйи барномаи «Низоми ит­тилоотии идоракунии молияи давлатӣ дар қисмҳои идораи дороиҳо, уҳда­дориҳо ва воситаҳои пулӣ»;

– Сангзода Г.Р. – ёрдамчии судяи Суди конститутсионӣ аз 1 то 6 марти соли 2021 дар курси такмили ихтисос аз рӯйи барномаи «Роҳҳои пешгирии сироятӣ ва дигар ҳолатҳои садамавӣ»;

– Вализода Ш.О. – ёрдамчии судяи Суди конститутсионӣ аз 18 то 23 ян­вари соли 2021 дар курси такмили ихтисос аз рӯйи барномаи «Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ»;

– Амиров Ш.Д. аз 25 то 29 январи соли 2021 дар курси бозомӯзӣ аз рӯйи барномаи «Низоми иттилоотии идоракунии молияи давла­тӣ дар қисмҳои идораи дороиҳо, уҳдадориҳо ва воситаҳои пулӣ»;

– инчунин Амиров Ш.Д. – мутахассиси пешбари шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосибавӣ аз 1 то 20 феврали соли 2021 дар курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

9.Ташвиқу тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмоназ 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати мил-лӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26 январи соли 2021, 11 феврали соли 2021 дар маҷлисгоҳи Суди конститутсионӣ бо иштироки Раис, муовин, судяҳо ва дигар кормандони дастгоҳи Суди конститутсио-нии Ҷумҳурии Тоҷикистон, паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ҷаласаи мазкур Раиси Суди конститутсионӣ – А. Ашурзода, судяҳо Абдураҳимзода Д., Ҷ. Ҷамшедзода, ёрдамчии муовин Ҳусензода Х. оид ба мавзӯҳои гуногуни паёми Пешвои миллат сухан карданд.

Дар маҷлиси мазкур паёми Пешвои миллат ба пуррагӣ шарҳу тавзеҳ дода шуда, моҳияти самтҳои он фаҳмонида шуданд. Аз ҷумла кайд карда шуд, ки Суди конститутсионӣ ҳамчун мақоми тарғибу ташвиқкунандаи волоияти Конститутсия дар қаламрави кишвар ва нақши паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи адолатпарвар, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ созгор аст ва тавонистааст, ки  барои  беҳтар гаштани сатҳи иҷтимоии шаҳрвандони кишвар саҳм гузорад.

Дар ин маврид протоколи №2 аз санаи 27 январи соли 2021, мавҷуд мебошад.

Дар ин замина Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳои худро оид ба иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2021, №АП-39 «Дар бораи нақшаи чораби-ниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии То-ҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷи Ҷумҳу-рии Тоҷикистон» 11 феврали соли 2021 тасдиқ намуд, нақшаи мазкур аз 16 банд иборат буда, он аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суд амалӣ карда мешавад.

Вобаста ба иҷрои нақшаи мазкур дар асоси амри Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2021, №5-СК 2-5 марти соли 2021, гурӯҳи таблиғотӣ оид ба шарҳу эзоҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат А. Ашурзода Раиси Суди конститутсионӣ, Ҷамшедзода Ҷ. – судя-котиби Суди конститутсионӣ, Ғоибов П. – сардори шуъбаи корҳои умумӣ ва хизмати давлатӣ ва ёрдамчии муовини Раиси Суди конститутсионӣ – Ҳусензода Х.Ҳ. ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд сафари хизматӣ анҷом доданд.

Гурӯҳи таблиғотӣ зимни сафари кории худ дар шаҳри Истаравшан бо сокинони шаҳр,аз ҷумла сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Гули сурх, Қаълачаи калон, Ниҷонӣ, Нофароч, Сабристон, устодон ва таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ гузарониданд.

Вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотӣ дар маҷмӯъ 13 вохӯриро ташкил дода, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, беморхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот анҷом дода шудаанд, ки дар он тамоми ҷамоатҳои ноҳия, аз ҷумла кормандон ва намояндагони маҳаллии шаҳр ва сохторҳои он, ходимони дин, занони фаъол, дар алоҳидагӣ ҷавонони фаъол, омӯзгорон ва табибон иштирок доштанд.

Зимни вохӯрӣ фаҳмонида шуд, ки паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як санади стратегии давлат баҳри ҳимояи манфи­атҳои ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии мардум ва ҳифзи рукн­ҳои фарҳанги миллӣ, таъмини амният ва сохти конститутсионии Тоҷи­кистон мебошад.

Таъкид гардид, ки дар паёми навбатии худ ба мақоми Олии қо-нунгузор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму ма-ориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои му-шаххас ба миён гузоштанд.

Ба ғайр аз ин, намояндагони Суди конститутсионӣ дар давраи ҳисоботӣ 6 сафари хизматӣ ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд анҷом додаанд, ки онҳо ҷиҳати иштирок дар маҷлиси ҷамбастии натиҷаҳои руш­ди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2020, бо мақсади назорати рафти корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-мин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар чорабиниҳои фарҳангии ин шаҳри таърихӣ бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз ва Ваҳдати миллӣ мебошад.

Зимни сафарҳои корӣ ба шаҳри Истаравшан, аз ҷониби намоян-дагони Суди конститутсионӣ якҷо бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва Ҳизби Халқии Демократии То­ҷикистон, бо фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон, кол­лективҳои меҳнатии соҳаҳои маорифу тандурустӣ, сокинони ҷамоат-ҳои шаҳрак ва деҳот дар сатҳи баланди омодагӣ вохӯриҳо карда, бори дигар нуқтаҳои паёми Сарвари давлат мавриди тарғибу ташвиқ қарор дода шудаанд.

Ҷиҳати ба аҳолӣ фаҳмонида додани нуқтаҳои асосии паёми Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри мақолаҳои оммавӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби судяҳо ва кормандони Суд мақолаву хабар дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 адад ба нашр расонида шуданд. Аз ҷумла:

 1.Ашурзода А.А. -Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон дар Ахбори Суди конститутсионӣ мақола бо номи: «Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон»;

2.Каримзода К.М. –муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақола бо номи: «Глобализатсия, давлати миллӣ ва истиқ-лолияти давлатӣ»;

3. Каримзода К.М. -муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақола дар бораи Паём ва КОВИД-19 Ҳукумат кафолати конститутсионии ҳифзи саломатиро таъмин кард. Рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз 8 феврали соли 2021 №28 (24-135) ;

4. Ҷамшедзода Ҷ. – судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон мақола «Конститутсия дастоварди арзишмандтарини давлати со-ҳибистиқлоли Тоҷикистон»;

5. Холиқзода Ш.С. – ёрдамчии судяи Суди конститутсионӣ:

Рӯзноми Паёми Душанбе аз 12 феврали соли 2021, №11-12(2612-2613  мақола бо номи «Дастури роҳнамо»;

Рӯзноми Имрӯз Newsаз 15 феврали соли 2021, №18(2238) мақола бо номи «Ганҷе, ки баҳо надорад».

8.Шоназарова З. мутахассис-котиби маҷлиси судии Суди конститут-сионӣ:

Рӯзноми Ҷумҳурият аз 15 феврали соли 2021, №33 (24140) мақола бо номи: «Паём Фардоро аз имрӯз бояд сохт»; 

Рӯзномаи Самак аз 3 марти соли 2021, №10 (487) «Ваҳдати миллӣ ганҷинаи бебаҳост».

9. Нурляминзода Г.А. -сардори раёсати таъминоти ҳуқуқии фаъоли-яти судяҳои Суди конститутсионӣ:

Рӯзномаи Имрӯз News аз 1 марти соли 2021, 26 (22 46) дар мавзӯи : «Ҷавонон – қувваи пешбарандаи ҷомеа»;

 Рӯзномаи Паёми Душанбе аз 12 марти соли 2021, №19-20(2620-2621) мақола бо номи: «Чароғафрӯзони зиндагонӣ».

Вобаста ба Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳем, ки он дар нимсолаи якуми соли 2021 нашри №1-2 аз чоп мебарояд.

Иҷрои Нақшаи ташвиқу тарғиби паёми Президенти Ҷумҳурии То­ҷикистон зимни сафарҳои хизматӣ ва иҷрои нақшаҳои корӣ оид ба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолӣ минбаъд низ дар маркази диққати судяҳо ва кормандони дастгоҳи он боқӣ мемонад.

10)Чорабиниҳои дигари ташвиқотӣ ва тарғиботӣ

Дар нимсолаи аввали соли 2021 судяҳо ва хизматчиёни давлатии дастгоҳи Суди конститутсионӣ оид ба дигар масъалаҳо ва идҳои давлатӣ мақолаҳо ба нашр расонида, дар шабакаҳои телевионӣ ва радиоӣ баромад намуда, бо маърӯзаҳои дар конфронсҳо ва мизҳои мудаввар иштирок ва суханронӣ намуданд, аз ҷумла:

а) Нашрияҳо дар рӯзномаҳо

1. Абдураҳимзода Д.Р. «Башарият ба Ваҳдат ниёз дорад». Рӯзномаи «Садои Мардум» аз 26.06.2021, №83-84 (4345-4346);

2. Ҳусензода Х.Ҳ. – “Единств и независимость – факторы прочности государства”, дар рӯзномаи “Народная газета” 1 июли соли 2021, №25;

3. Холиқзода Ш.С. «Эй дилу ҷонам Душанбе». Рӯзномаи «Паёми Душанбе» аз 16.04.2021, №27-28 (2628-2629);

2. Равшанзода Ҷ. «Ваҳдат – омили пешрафти давлат». Рӯзномаи «Паёми Душанбе» аз 25.06.2021, №45-46 (2646-2647);

3. Сангзода Г.Р. «Давлат ҳама з-иттифоқ хезад». Рӯзномаи «Паёми Душанбе» аз 25.06.2021, №45-46 (2646-2647);

 б )Баромадҳо дар телевизион

1.Ҷамшедзода Ҷ.Н. телевизиони Тоҷикистон «Сохтори конс­титутсионии давлат», апрели соли 2021;

2.Каримзода К.М. телевизиони Сафина «Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар бунёди давлати миллӣ», 17.06.2021;

3.Каримзода К.М. телевизиони Ҷаҳоннамо «Ваҳдати миллӣ – масъалаҳо ва проблемаҳои он», 27-28.06.2021;

4. Ҳусензода Х.Ҳ. телевизиони Сафина «Барои рушди сайёҳии дохилӣ чӣ бояд кард?» 16-17.06.2021;

5. Ҳусензода Х.Ҳ. телевизиони Баҳористон «Аҳамияти сайёҳии дохилӣ барои ҷавонону наврасон», 16-17.06.2021.

в) Баромадҳо дар радио  

1.Каримзода К.М. Радиои Тоҷикистон «Ваҳдати миллӣ асоси бун­ёди давлати миллӣ». 12.06.2021;

2.Каримзода К.М. Радиои Ховар, Барномаи Ҷаҳони андеша «Ваҳ­дати миллӣ  ва дастовардҳо». 25.06.2021;

3.Ҳусензода Х.Ҳ. Радиои Фарҳанг, барномаи  «Маросими мар­думӣ» «14-соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тан­зими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

4.Ҳусензода Х.Ҳ. Радиои Тоҷикистон, барномаи «Ду кишвари ба ҳам дӯст», «Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон». 11.06.2021;

5.Ҳусензода Х.Ҳ. Радиои Тоҷикистон, барномаи Ҷавонон ва ҷо­меа «Таассуроти сафар». 20.06.2021;

6.Ҳусензода Х.Ҳ. Радиои Тоҷикистон, барномаи Мизон ва мас­ъулият «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд». 26.06.2021;

7.Ҳусензода Х.Ҳ. Радиои Тоҷикистон, барномаи Самараи Ваҳдат «Нақши ваҳдати миллӣ дар рушди муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон». 27.06.2021.

8.Вализода Ш.О. Радиои Тоҷикистон «Дастовардҳои Ваҳдати миллӣ». 09.06.2021;

9.Муҳаббатов Ҷ.Х. радиои Фарҳанг «Қонуни Ҷумҳурии То­ҷикистон Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд». 12.06.2021.

г)Маърӯзаҳо дар сафарҳои корӣ, конференсияву мизҳои мудаввар

 1.Каримзода К.М. Кумитаи амнияти озуқавории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ «Нақши созандаи Пешвои миллат дар раванди сулҳи тоҷикон», 26.06.2021;

2.Ҳусензода Х.Ҳ. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рушди соҳаи иҷтимоиёт яке аз ҳадафҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон». 13.02.2021;

3.Ҳусензода Х.Ҳ. шаҳри Истаравшан вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ». 1-5.03.2021;

4.Ҳусензода Х.Ҳ. шаҳри Душанбе (ноҳияи Шоҳмансур) вобаста ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазоворӣ ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ». 24-28.05.2021;

5.Семинар барои кормандони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи Ёрии ҳуқуқӣ ба давлатҳои Осиёи Марказӣ «Актуальные тематики в деятельности органов конституционного кон­троля». 11.06.2021;

5.Ҳусензода Х.Ҳ. шаҳри Панҷакент. Конфронси миллии сайёҳӣ, сайёҳии дохилӣ омили рушди иқтисодӣ «Нақши сайёҳии дохилӣ дар ҷалби сайёҳони хориҷӣ» 17.06.2021;

7.Ҳусензода Х.Ҳ. Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Проб­лемаҳои танзими муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ дар замони соҳиб­истиқлолии Тоҷикистон». 22.06.2021;

8.Ҳусензода Х.Ҳ. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Вазифаи ҷавонон дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва Ваҳдати миллӣ». 25.06.2021.

Ҳамин тариқ, дар нимсолаи якуми соли 2021 аз ҷониби судяҳо ва хизматчиёни давлатӣ 16 мақолаву хабарҳо дар маҷаллаву рӯзномаҳо нашр гардида, 40 вохӯриҳо, аз ҷумла 33 вохӯрии мукаммал оид ба тарғибу ташвиқи Паём бо коллективҳои меҳнатии баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Истаравшан ва 7 вохӯриҳо бо коллективҳои меҳнатии дигар мақомоти давлатӣ оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи қонунҳо ва Ваҳдати миллӣ доир гардиданд. 14 баромаду маърӯзаҳо, аз ҷумла 5 баромадҳо дар шабакаҳои телевизионӣ ва 9 маърӯзаҳои дар шабакаҳои радиоӣ сурат гирифтанд.

Саҳми Хусензода Х.Ҳ.- ёрдамчии муовини Раиси Суди консти­тутсионӣ бо 12 баромад, аз ҷумла 2 маърӯза дар телевизион ва 5 маърӯза дар радио ва 5 баромаду маърӯзаҳо дар семинару мизҳои мудавваар боиси қаноатмандӣ набуда наметавонад.

11. Фаъолияти байналмилалии Суд

Дар нимсолаи якуми соли 2021бахши муносибатҳои байналмилалии Суди конститутсионӣ корҳои зеринро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла тавассути почтаи электронӣ ба унвони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти назорати конститутсиониии давлатҳои хориҷа 44адад мактубҳои расмӣ оид ба иштирок дар конфронсҳои байнал­милалӣ ва дигар масъалаҳо ворид гардиданд ва онҳо аз ҷониби бахш дар дафтари махсус ба қайд гирифта шудаанд, аз ҷумла:

  • аз Ассотсиатсияи судҳои консттитутсионии Осиё – 12 адад;
  • аз Конвенсияи Орхус – 9 адад;
  • аз Комиссияи Венетсиании Шӯрои Аврупо – 8 адад;
  • аз Шӯрои конститутсионии Ҷумҳуриии Қазоқистон – 7 адад;
  • аз Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Германия (GIZ)  – 4 адад;
  • аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 2 адад;
  • аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Индонезия – 1 адад;
  • аз Суди конститутсионии Молдова – 1 адад;

Инчунин, аз ҷониби Суди конститутсионӣ ба мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои хориҷӣ 20 адад мактубҳои расмӣ ирсол гардиданд:

  • ба Шӯрои конститутсионии Ҷумҳуриии Қазоқистон – 8 адад;
  • ба Ассотсиатсияи судҳои консттитутсионии Осиё – 4 адад;
  • ба Комиссияи Винетсиании Шӯрои Аврупо – 2 адад;
  • ба Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Германия (GIZ)  – 2 адад.
  • ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 2 адад;
  • ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Қирғизистон – 1 адад;
  • ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Индонезия – 1 адад.

Дар шашмоҳаи якуми соли 2021 5 конфронси байналмилалӣ аз ҷо­ниби мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои хориҷа ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар шакли маҷозӣ ва ҳузурӣ баргузор гар­диданд, ки дар кори онҳо судяҳо ва кормандони Суди конститутсионӣ иштирок намуда, бо маърӯза баромад карданд, аз ҷумла:

 8 апрели соли 2021 дар доираи «Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2020-2023» бо ташаббуси Комиссияи Венет­сиании Шӯрои Аврупо вохӯрии намояндагони Комиссияи Венетсиании Шӯрои Аврупо бо намояндагони моқомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар формати онлайн баргузор гардид.

Дар кори конфронс намояндагони Комиссияи Венетсиании Шӯрои Аврупо, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, оид ба амалӣ намудани Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ суханронӣ намуданд.

Дар онлайн-конфронси мазкур намояндагони Суди конститутсио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷ.Н. – судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҷабекова М.Х. – мудири бахши муносибатҳои байналмилалии Суди конститутсионӣ иштирок намуданд.

 Инчунин, Ҷамшедзода Ҷ.Н. – судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон дар конфронси мазкур бо маърӯза баромад намуда, масъ­алаҳои муҳими дуҷониба, аз ҷумла  масъалаҳои амалӣ на­мудани «Бар­номаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2020-2023» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифз ва кафолатҳои ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд ва масъалаҳои дигарро мавриди баррасӣ қарор дод.

 4 июни соли 2021 бо ташаббуси Комиссияи Венетсианӣ дар доираи «Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2020-2023» конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Барномаи волоияти қонун дар Осиё Марказӣ ҳамчун воситаи ислоҳот дар кишварҳои мин­тақа» (Прог­рамма по верховенству права в Центральной Азии как инструмент реформ в странах региона) дар шакли онлайн баргузор гардид, ки дар кори он Ҷамшедзода Ҷ.Н. – судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҷабекова М.Х. – мудири бахши муносибатҳои бай­налмилалии Суди конститутсионӣ иштирок намуданд.

11 июни соли 2021 бо ташаббуси Ҷамъияти ҳамкориҳои байналми­лалии Германия (GIZ) ва бо ҷалби коршиносони Комиссияи Венетсионӣ семинар аз рӯи барномаи «Масъалаҳои актуалӣ дар фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ» (Актуальные тематики в деятельности органов конституционного контроля) баргузор гардид, ки дар он ҳамаи корман­дони Суди конститутсионӣ иштирок намуданд.

 25 июни соли 2021 бо ташаббуси Шӯрои конститутсионии Ҷумҳу­рии Қазоқистон ва Комиссияи Венетсиании Шӯрои Аврупо семинари бай­налмилалӣ дар мавзӯи «Иҷрои қарорҳои Суди конститутсионӣ ва мақомо­ти муодил – назария ва амалия» дар шакли видеоконфересия баргузор гардид.

Дар онлайн-семинари мазкур намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷ.Н. – судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҷабекова М.Х. – мудири бахши муносибатҳои байналмилалии Суди конститутсионӣ иштирок намуданд.

Ҷамшедзода Ҷ.Н. дар мавзӯи «Таъмини конститутсионӣ-ҳуқуқии иҷрои қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд.

30 июни соли 2021 бо ташаббуси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Заминаҳои консти­тутсионӣ-ҳуқуқии интихоботи президент: таҷрибаи Ӯзбекистон ва мам­­лакатҳои хориҷа” дар шакли онлайн баргузор гардид. 
Дар кори конфронси мазкур Абдураҳимзода Д.Р. – судяи Суди конс­титутсионӣ ва Раҷабекова М.Х. – мудири бахши муносибатҳои байнал­милалии Суди конститутсионӣ иштирок намуданд.

Кормандони бахши муносибатҳои байналмилалӣ минбаъд низ дар доираи ваколатҳои мансабӣ ва нақшаҳои кории тасдиқшуда, бобати гус­тариши ҳамкориҳо бо мақомоти ҳамшабеҳи давлатҳои хориҷа татбирҳои зарурӣ меандешанд.

12. Фаъолияти котиби маҷлиси судӣ

Дар нимсолаи якуми соли 2021 оид ба фаъолияти Суд ва ҷиҳати иҷрои нақшаҳои дар боло зикршуда 66 протокол таҳия карда шудаанд, аз ҷумла 10 протокол дар мавзӯҳои зерин таҳия шудаанд:

протокол аз 7 январи соли 2021 оид ба машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2020,  №1К/30-5;

-протокол аз 8 январи соли 2021 оид ба ҷамъбасти фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020;

протокол аз 11 январи соли 2021 баррасии супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи санҷиши вазъи кор бо муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақо-моти давлатӣ аз 26 ноябри соли 2020, №30/10-52;

протокол аз 15 январи соли 2021 оид ба баррасии мактуби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2021 таҳти №21/10-12 оид ба гузориш аз натиҷаи санҷиши фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020;

протокол аз 27 январи соли 2021 оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

протокол аз 15 феврали соли 2021 оид ба мактуб (пешниҳод) аз 14 январи соли 2021, №18.5-106.

протокол аз 23 феврали соли 2021 оид ба таҷлили Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

протокол аз 5 марти соли 2021 оид ба таҷлили Рӯзи 8 – март ҳамчун санаи арҷгузорӣ ва эҳтиром ба  Модар;

протокол аз 19 марти соли 2021 бахшида ба Рӯзи Наврӯзи бай-налмилалӣ;

протокол аз 7 июни соли 2021 дар бораи рад намудани оғози му­рофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Садридинзода С.С. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати банди «а», қисми сеюми моддаи 346 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

12.Омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мақомоти марказӣ ва

                  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Масъалаи омӯзиши қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқу-қии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо бо мақсади муайян намудани мутобиқати онҳо ба Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда дар Нақшаи кори Суди конститутсионии Ҷумҳу-рии Тоҷикистон барои соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Кормандони раёсати таъминоти ҳуқуқӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 1865 адад маводи ирсол намудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (моҳҳои июн ва августи соли 2019), Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ва қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳои Хатлону Суғдро таҳти омӯзиш ва таҳлил қарор доданд.

Аз 1865 санад, 40- тои он санади меъёрии ҳуқуқӣ ва боқимонда са­нади ҳуқуқӣ буда, мавриди омӯзиш қарор дода шуда, нисбати онҳо ху­лосаҳои дахдлор (гузориш) таҳия гардиданд.

Айни замон 2 мавод, аз ҷумла:

1 дафтар Қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон;

1 дафтар санадҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар омӯзиши кормандони Раёсат қарор доранд.

14.Фаъолияти молиявӣ – хоҷагӣ

Дар самти корҳои молиявию хоҷагӣ шуъбаи ба нақшагирӣ ва муҳосибавии Дастгоҳ бобати саривақт пардохт намудани музди меҳнат, нафақаи судяҳои дар истеъфо буда, омода намудани ҳисоботи оморӣ, андоз ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, барқарор намудани воситаҳои техникӣ, алоқа, барқию гармидиҳӣ ва автомашинаҳои хизматӣ уҳдадориҳои худро дар доираи сметаи ягонаи даромад ва хароҷот дар давраи ҳисоботӣ пурра иҷро намудааст.

Мувофиқи сметаи ягонаи даромад ва хароҷот дар нимсолаи якуми соли 2021 ба Суди конститутсионӣ дар ҳаҷми 1169226,00 сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст, ки аз ин мувофиқи гурӯҳбандии хароҷот ба маблағи 919934,75 сомонӣ самаранок ва мақсаднок барои пешбурди кори идора хароҷот карда шудаанд. Чунончӣ:

-маблағи – 370425,86 сомонӣ барои музди меҳнат;

-маблағи – 92606,48 сомонӣ маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷ­тимоӣ (аъзоҳақии 25%);

-маблағи – 4540,00 сомонӣ суғуртаи тиббӣ (суғуртаи ҳатмии суд­яҳо ва хизматчиёни давлатӣ);

-маблағи – 4998,50 сомонӣ захираҳои моддию молӣ (1000 со-монӣ маводи гипохлориди натрий, 2788, 50 маводҳои конселярӣ, 1210 молҳои хоҷагӣ);

-маблағи – 17222,85 сомонӣ хароҷотҳои ҷорӣ ба ғайр аз таъмир (сафарҳои хизматӣ  10095 сомонӣ, хароҷоти намояндагӣ 3000,00 сомонӣ ва хизматрасонии бонкӣ 4127,85 сомонӣ):

-маблағи – 27653,86 сомонӣ таъмири ҷорӣ (андози воситаҳои нақлиёт 4212,50 сомонӣ ва муоинаи ҳатмии техникии воситаҳои нақ-лиёт 3139,36 сомонӣ, таъмири ҷории бино 20262,00 сомонӣ);

-маблағи – 74229,00 сомонӣ пардохти хизмати мутахассисон (хизмати муҳофиза 45821,76 сомонӣ ва музди маоши коркунони шарт-номавӣ 28408,24 сомонӣ);

-маблағи – 46553,35 сомонӣ хизматрасонии коммуналӣ (нерӯи барқ 6905,66 сомонӣ, энергияи гармӣ 34112,99 сомонӣ, партовбарӣ 1199,09, об ва обхироҷ  4335,61 сомонӣ);

-маблағи – 8789,82 сомонӣ хизматрасонии алоқа (Интернет ва телефонҳо);

-маблағи – 67907,49 сомонӣ музди меҳнати кормандони ҳайати гражданӣ (техникӣ) ва хизматрасон;

 маблағи – 16976,88 сомонӣ маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷ­тимоӣ (аъзоҳақии 25%);

-маблағи – 168864,66 сомонӣ таъминотпулӣ:

-маблағи – 14316,00 сомонӣ кӯмакпулии яквақтаина;

-маблағи – 4850,00 сомонӣ фондҳои асосии ғайримоддӣ.

 Дар маҷмӯъ хароҷотҳои сметавӣ 78,68%-ро ташкил медиҳанд.

Дар ин давра ҳисоботҳои оморӣ, андозҳо ва ҳифзи иҷтимоӣ сари­вақт ва бенуқсон ба идораҳои дахлдор супорида шудаанд. Ҳамзамон ба мактубҳои аз Вазорату идораҳои ба шуъба воридшударо баррасӣ намуда, ҷавобҳои дахлдор гардонида шуд. Ҳамаи судяҳо ва кормандони дастгоҳ дар давраи ҳисоботӣ бо маводҳои зарурии конселярӣ ва дафтару китобҳои бақайдгирӣ таъмин карда шудаанд.

Фаъолияти судяҳо ва хизматчиёни давлатии дастгоҳи Суд дар маҷ­мӯъ қаноатбахш арзёбӣ гардида, он ба таъмини салоҳиятҳои кон­ститутсионии Суд равона гардида, ба он мусоидат намуданд.

Роҳбарият ва коллективи Суди конститутсионӣ минбаъд низ барои дар сатҳи баланд таъмин намудани волоияти Конститутсияи Ҷумҳурии То­ҷикистон тамоми саъю кӯшиши худро равона месозад.

Yandex.Metrica