Ба истифода додани бинои азнавсозикардашудаи Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Истаравшан”

Вобаста ба иҷрои дастуру супоришњое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 январи соли 2021 ва амри Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021, №АП-52 дар хусуси мусоидат барои бартараф намудани камбудињои ҷойдошта ва рушди муассисањои ибтидої ва миёнаи касбї дар зарфи ду соли оянда, ки тибќи он Раиси Суди конститутсионии Ҷумњурии Тоҷикистон сарпарасти Литсейи касбии техникии шањри Истаравшан муайян гардидааст, корњои муайян анҷом дода шуданд.

Аз ҷумла бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёи рушд бинои асосии муассисаи мазкур бо тарҳи миллӣ ва муосир азнавсозӣ шуда, бо технологияҳои иттилоотӣ ва техникаҳои муосир муҷаҳ­ҳаз гардид ва ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.

Инчунин ҷињати иҷрои амри мазкур ва бартараф намудани баъзе аз камбудињои дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Истаравшан” ҷойдошта аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумњурии Тоҷикистон ба маблаѓи 21 њазору 649 сомонї таҷњизот, аз ҷумла курсии нарм 36 адад, мизи аудиторї 18 адад, ќандил 8 адад, 1 адад компютер, обгармкунаки барќи 1 адад ва 1 адад плитаи барќї супорида шуд.

Бинои асосии муассисаи мазкур аз 2 ошёна ва 24 синфхона иборат буда, дар курсҳои кӯтоҳмуддат 465 нафар хонанда аз рӯи 16 ихтисос таҳсил намуда истодаанд. Пас аз ба истифода додани бинои азнавсозикардашуда фарогирии 600 нафар хонанда ба таълиму касбомӯзӣ ба нақша гирифта шудааст. Муассисаи мазкур дорои майдончаи барҳавои варзишӣ, устохонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, гармхона, намоишгоҳ, хобгоҳ ва ошхона мебошад.

Зимни баистифода додани бинои азнавсозикардашудаи Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Истаравшан” 24 июли соли ҷорї Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии То­ҷикистон Умаров Абдуҷаббор, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулин ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба касбомӯзӣ муваззаф гардиданд.

Бояд гуфт, ки ба истифода додани бинои азнавсозикардашудаи Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Истарав­шан” пас ба имзо расидани амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин буда, дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва соли хониши 2021-2022 барои омўзгорону хонандагони муассисаи мазкур ҳамчун туҳфаи замони соҳибистиқлолии кишвар аз номи давлату Ҳукумат такдим гардид.

Yandex.Metrica