Истиқлолият ва рушди падидаи назорати конститутсионӣ дар Тоҷикистон

24 августи соли 2021 дар маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Истиќлолият ва рушди падидаи назорати конститутсионӣ дар Тољикистон» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур судяҳо ва  кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ, олимони ҳуқуқшинос, ходимони давлатӣ ва мутахасисони соҳа иштирок намуданд.

         Ба кори мизи мудаввар муовин Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода К.М., ифтитоҳ бахшид ва ҳамагонро бо љашни муқаддаси миллӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрик намуда, иброз дошт, ки Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳиб­ихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати до­хилию хо­риҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро муста­қилона пеш мебарад.

Сипас, судяи Суди конститутсионӣ  Ҷамшедзода Ҷ.Н. дар мавзўи «Истиқлолият ва рушди падидаи назорати конститутсионӣ дар Тољикистон» маърӯза карда, зикр намуд, ки падидаи назорати конститутсионӣ яке аз институтҳои муҳими ҳуқуқии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба шумор меравад, зеро он дар ҳифзи Конститутсия наќши калидӣ дорад.

Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо,  кафили истиқлолияти миллӣ ва пойдориву бардавомии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон вобаста ба мақоми Суди конститутсионӣ, дар суханрониашон иброз намуданд, ки «дар татбиқи меъёрҳои Конститутсия, пеш аз ҳама дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ки ин арзишҳо меҳвари низоми давлати демократӣ мебошанд, ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ нақши бағоят муҳим дорад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷум­лаи дастовард­ҳои даврони истиқлолият ва самараи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститутсия фаъолият мекунад».

Дар чорабинии мазкур  олимони соҳаи ҳуқу ва намоядагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла Пулодӣ М. – судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Азизӣ Ҷ.А. – судяи Суди Олии иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Диноршоҳ А.М.– доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ,  Салимзода А.Ш. – муовини сардори Раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соҳибзода М.М. – муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Салихов З.И – ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода А.А. – сардори шуъбаи қонунгузорӣ, маориф, илм, фарҳанг ва иттилооти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷкистон ва Нодирхонова М.Д. – муовини сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ширкат варзиданд. Номбурдагон дар мавзўҳои «Нақши  назорати конститутсионӣ дар таъмини иҷроиши Конститутсия ва қонунгузории ҷорӣ», «Нақши истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими ҳокимияти судӣ», «Судҳои иқтисодӣ дастоварди даврони истиқлолият», «Истиқлолият ва рушди падидаи конститутсионӣ дар Тоҷикистон»,«Омилҳои рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷкистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ» ва ғайра маърўза ва муҳокимаронӣ карданд.

Кори мизи мудавварро муовин Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода К.М. ҷамъбаст намуд.

Yandex.Metrica