ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ

Имрӯз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иш­тироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи он бахшида ба – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Парчам — рамзи ҳуввият ва иттиҳоди миллати тоҷик” маҷлиси тан­танавӣ доир гардид.  

Маҷлисро Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода Абдулҳафиз ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки 24 ноябр дар саросари кишвари мо Рўзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.  

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатиро дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистон эътироф намудааст ва он чун рукни асосии муқаддасоти  миллӣ таҳти ҳимояи қонун қарор  дорад.

Парчами миллӣ симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин пос  доштан ва ҳимоя кардани  Ватан,  таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст.

Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Парчамро аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтидани парчам нишони шикасту  мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт. Дар таърихи халқи тоҷик афрохтани парчам ҳамчун рамзи барҳам задании  пояи ҷабру бедодӣ, натиҷаи талошу  мубориза баҳрӣ ба даст овардани озодиву  истиқлол ва нишонаи қудрату тавоноӣ  баҳогузорӣ мешавад. Ба ин тасвири уқоб дар парчам ё ливои Куруши Кабир чун  рамзи давлатӣ неруманд ва ливои Коваи оҳангар чун талошу мубориза ва ҷоннисориҳои ниёгони мо барои озодиву истиқлол мисол мешаванд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлоисияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Ба ҳамин хотир, минбаъд ҳамасола дар кишвар  24- ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлтии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, ки чунин иқдом нишона аз арҷгузорӣ ба гузаштаи хеш ва дар рӯҳияи  худшиносӣ тарбия кардани насли наврас аст.

Дар хотимаи суханрониаш А. Ашурзода қайд намуд, ки имрӯз Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ва  дигар кишварҳои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи  Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.

Ҳамзамон, судяи Суди конститутсионӣ Абдураҳимзода Дилором баромад намуда, аввалин Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Ҳамчунин, сардори раёсат таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳои Суди конститутсионӣ Нурляминзода Гулнора дар мавзӯи “Парчами Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ” баромад намуд.

Маҷлиси тантанивиро Раиси Суди конститутсионӣ хотима бахшида, ҳамагонро бори дигар ба ин ҷашини фархунда табрик намуд.

Yandex.Metrica