Муарифии судяи нави Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 декабри соли 2021 дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иш­тироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи он маҷлиси умумӣ  баргузор гадид.

Маҷлисро Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода А.А. ифтитоҳ намуда, Қувватзода Фотеҳ Ҷумъаро, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 декабри соли 2021 дар  иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, муаррифӣ намуд.

Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, қайд кард, ки Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа таҷрибаи кории судягӣ  дошта, зиёда аз 15 сол дар мақомоти судӣ кор кардааст ва пеш аз интихоб шудан ба мансаби судяи Суди конститутсионӣ дар вазифаи судяи суди ноҳияи Тоҷикобод фаъолият менамуд.

Yandex.Metrica