Бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

         6 сентябри  соли  2022   дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон чамъомади  тантанавӣ бахшида  ба  31-умин солгарди Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

     Ҷамъомади тантанавиро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашурзода Абдулҳафиз  ифтитоҳ намуда, ҳамватанон ва кормандони судро бо ин рўзи фархунда табрик намуданд.

Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашурзода Абдулҳафиз  қайд намуданд, ки  мо имрўз аз он сарфарозем, ки ҳанўз 31 сол қабл дар заминаи Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  9 сентябри соли 1991 расман рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуда, роҳи минбаъдаи пешрафти давлати соҳибихтиёру демократии мо, ки дар ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ ифода меёбад, муайян карда шуд.

      Фалсафа, назариёт ва амалияи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳони муосир эътироф гардид ва мақому манзалати шоистаи худро пайдо намуд, ки ин бузургтарин дастоварди миллати мо дар интиҳои қарни XX ва ибтидои қарни XXI маҳсуб мешавад.       

     Ин дастоварди бузурги халқи тоҷик воқеан барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин фазои мусоид фароҳам овард. 

      Судяҳои Суди конститутсионӣ Абдураҳимзода Д. Р., Шарифзода А.Н., Ҷамшедзода Ҷ.Н., Қувватзода Ф. Ҷ. ва кормандони дастгоҳ доир ба Истиқлолияти милли аҳамият ва арзиши он баромадҳо намуданд.

      Дар фарҷом Раиси Суди конститутсионӣ муҳтарам Ашурзода А., бори дигар мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба муносибати 31-умин солгарди Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз табрику таҳният намуда, ба ҳар яки он саломативу сарбаландӣ ва барои Ватани маҳбубамон пешрафту шукуфоӣ таманно намуданд.        

Yandex.Metrica