Рӯзи кормандони мақомоти судӣ

Имрӯз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи он бахшида ба Рӯзи кормандони маќомоти судӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Маҷлисро Раиси Суди конститутсионӣ Абдулҳафиз Ашурзода ифтитоҳ намуда иброз карданд, ки 21 январи соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироти дахлдор ворид гардида, 26 октябр расман ҳамчун – Рӯзи касбии кормандони мақомоти судӣ эълон карда шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ пешбинӣ намудааст. Дар асоси ин принсип шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ба таври мустақил ва дар ҳамкории байниҳамдигарӣ фаъолият мекунанд.

Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар таъмини адолати иҷтимоӣ хеле муҳим мебошад, зеро таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.

Аз ҷумла, барои рушди мақомоти судӣ чор Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ аз ҷумлаи даст­овард­ҳои даврони истиқлол ва самараи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститутсия фаъолият мекунад.

Имрӯз барои пешбурди фаъолияти он ҳамаи заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд.

Бахшида ба Иди касбии кормандони мақомоти судӣ, ҳамаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи Судро хонаободиву сарбаландӣ ва ба кишвари азизамон тинҷиву оромӣ ва фазои сулҳу беғубор таманно намуданд.

Инчунин, судяҳо бо суханони табрикотӣ баромад намуда, баҳри пойдории ҳокимияти судӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таманниётҳои неки худро иброз намуданд.

Yandex.Metrica