Абдураҳимзода Дилором Рустам

Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 1970 дар шаҳри Кулоби  Вилояти Кулоб ба дунё омадааст.

 Солҳои 1987-1988 ҳамчун котиб чопкунанда ва котиби маҷлиси судӣ дар Суди вилояти Кулоб фаьолият намуда, дар ин давра ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил  шуда, соли 1993 донишгоҳи мазкурро  хатм кардааст.

 Соли 1993  тибқи роҳхати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Прокуратураи ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе (ҳозира ноҳияи Шоҳмансур), дар вазифаи коромўзи ёрдамчии калони прокурор фаьолият намудааст.

Аз соли 1993 то соли 1995 дар вазифаи мушовир оид ба арзу шикоятҳо дар Суди вилояти Хатлон (минтакаи Кулоб) фаьолият намудааст,

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1995 то соли 2000   дар мансаби судяи Суди шаҳри Кулоб фаьолият намудааст.

Бо  фармони Прездинети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли  2000 то соли 2007 дар мансаби  судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фаьлоият намудааст.

 Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2007, №167 ба мансаби муовини Раиси Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин гардида, то соли 2011 фаьолият намудааст.

 Бо Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2011 ва  Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаби судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, фаьолият намудааст.

Саннаи 28 августи соли 2014 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофти давлатии медали Хизмати шоиста  сарфароз гардонида шудааст.

Бо Пешниходи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли 2018 судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, фаьолият доранд.

Аз 07 декабри соли 2018 унвончуи Донишгохи (Славяни)-и Россия ва Тоҷикистон буда, мавзуъи Ҳолати ҳуқуқии иншооти сохтмонашон нотамом вобаста ба манзили истиқоматӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Правовой режим обьектов незавершенного строительства жилищных помешений по законодательству Республиеки Таджикистан) кори илмӣ карда истодааст.

Судяи дараҷаи якуми тахассусӣ  мебошанд .

Yandex.Metrica