Ашурзода Абдулҳафиз Абду

Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдулҳафиз Ашурзода 29 марти соли 2019 бо пешниҳоди Прези­ден­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­­ҳу­рии Тоҷикистон ба вазифаи Раиси Суди конститутсионии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Абдулҳафиз Ашурзода 11 майи соли 1964 дар шаҳри Панҷакенти Ҷум­­ҳу­рии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Дорои маълумоти олӣ бу­да, соли 1991 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқ­шинос хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1981 дар вазифаҳои гуногун оғоз шуда, аз соли 1992 ба кор ба мақомоти су­дӣ гузаштааст ва дар вазифаҳои гу­­но­гуни мақомоти ҳокимияти судӣ кор намуда­аст, аз ҷумла:

аз моҳи декабри 1988 то моҳи майи соли 1992 – иҷрочии суди ноҳи­яи Фрунзе (ҳозира ноҳияи Сино);

аз моҳи майи соли 1992 то моҳи январи соли 1994 – иҷрокунандаи вазифаи судяи суди ноҳияи Фрун­зе (ҳозира ноҳияи Сино);

аз моҳи январи соли 1996 то моҳи ноябри соли 2003 – судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе;

аз моҳи ноябри соли 2003 то моҳи апрели соли 2010 – судяи Суди Оли иқтисо­дии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

аз моҳи апрели соли 2010 то моҳи майи соли 2012 – муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии То­ҷи­кис­тон;

аз моҳи майи соли 2012 то моҳи апрели соли 2015 – муовини якуми Раиси суди шаҳри Душанбе;

аз моҳи апрели соли 2015 то моҳи марти соли 2019 – муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дорои рутбаи судяи дараҷаи олии тахассус мебошад.

Соли 2011 бо мукофоти давлатии Ордени «Шараф дараҷаи 1» ва дигар мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст. Оиладор, соҳиби 8 фарзанд мебошад

Yandex.Metrica