Аз таърихи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин рўй­до­ди сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангии таърихи навини халқи то­ҷик маҳсуб меёбад, ки он ҳам­чун рамзи саодати миллат барои давлат­созиву давлатдории миллӣ, ташаккули ҷо­меаи шаҳрвандӣ, таъмини ам­нияту оромии ҷомеа, суботи сиёсию иҷтимоии киш­вар ва таҳкими ху­догоҳиву худшиносии ҳар як фарди ҷомеа заминаи воқеӣ гузошт.

Истиқлолияти давлатӣ бо Эъломияи Истиқ­лолияти Ҷум­­ҳурии То­ҷи­­­кистон аз 24 августи соли 1990 ва Изҳороти Шўрои Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» алоқамандии ногусастанӣ дошта, ин ду санади таъ­­рихӣ ба истиқлолияти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ҳусни сиёсӣ ва ҳу­­қуқӣ бах­шида, барои рушд ва пеш­рафти тамоми соҳа­ҳои ҳаёти сиёсию ичти­моии ҷомеаи Тоҷикистон фазои мусоиди бунёдкориву созандагиро фаро­ҳам овар­данд.

Аз ҷумла дар Эъломия зикр гардидааст, ки Шўрои Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кистон:

бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ барои тақдири халқи То­ҷикистон ва давлати миллии он,

….ба хотири таъмини ҳаққи зиндагии шоиста барои ҳар як инсон иродаи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода намуда, истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷи­кистонро бо тантана эълон мекунад ва изҳор медорад, ки давлати де­мократии ҳуқуқ­бунёд барпо хоҳад кард.

Дар Эъломияи мазкур бори аввал дар қатори дигар масъ­ала­ҳои муҳими дав­лату давлатдорӣ принсипи таҷзияи ҳо­кимияти давлатӣ эълон гардид, ки тибқи банди 3-и ин санад: «Њо­кимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мақо­моти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ба амал бароварда мешавад».

Татбиқи назария ва амалияи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, ки дар фаъо­­лияти давлатдорӣ ва таърихи ташаккул ва рушди ҳокимияти дав­латӣ мавқеи хосаро ишѓол менамояд, бе гузаронидани ислоҳоти амиқи конститутсионӣ ва қабули Конс­титутсия ѓайриимкон буд.

Њамин аст, ки 6 ноябри соли 1994 бори нахуст дар ҳаёти сиё­сию иҷти­моии халқи тоҷик тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конс­титут­сияи давлати соҳиб­истиқ­лоли Тоҷикистон қабул гар­дид, ки он дар саҳи­фаи таърихи халқи тоҷик бо хати зар­рин ҳамчун «Рўзи Кон­ститутсияи (Сарқонуни) Ҷум­ҳурии То­ҷикистон» сабт гардид.

Конститутсия аз ѓояи ҳокимияти халқ, ки моҳияти со­ҳиб­ихтиёрии халқро дар бар мегирад, сарчашма гирифта, дар он асосҳои давлати ҳуқуқ­­бунёд, дунявӣ, иҷти­моӣ, ягона, кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ин­сон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти озоди иқти­содӣ, гуногунандешии сиёсӣ, демократияи намояндагӣ бо истифода аз унсурҳои демократияи бевосита ҳамчун арзишҳои дар сатҳи байнал­милалӣ пазируфташуда, ки бунёди амалияи конститутсионии ҷаҳони им­рўзаро ташкил менамоянд, мавриди танзим қарор гирифтанд.

Дар Конститутсия эълон гардид, ки Тоҷикистон давлати демок­ра­тию ҳуқуқ­бунёд ва иҷтимоӣ буда, он барои ҳар як инсон шароити зин­дагии ар­занда ва инки­шофи озодонаро фароҳам меорад. Њамчунин ин­сон, ҳуқуқ ва озо­диҳои он арзи­ши олӣ эътироф гардида, ҳаёт, қадр, но­мус ва дигар ҳу­қуқ­ҳои фитрии ў дахлнопазир эълон карда шуданд.

Бо қабули Конститутсия му­носибатҳои муҳими давлатию ҷамъи­ятӣ танзими ҳуқуқии худро ёфта, ба­рои таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дав­лати соҳиб­ихтиёр заминаи воқеӣ гу­зошта шуд.

Конститутсия ба давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки дар муддати хеле кўтоҳ ба комёбиҳои назаррас ноил гарданд. Халқи тоҷик бо такя ба мероси фарҳангӣ ва маънавии миллат, ба киш­­варе табдил ёфт, ки дар он ҳуввияти миллӣ боло рафта, мардуми ша­раф­­манди он аз захираи маънавии хеш баҳра гирифта, по­барҷо ва усту­вортар гардид.

Дар мамлакат институтҳои демократӣ ба фаъолият шурўъ намуда, рушди бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва маориф таъмин карда шуданд.

Баҳри шаффофу самаранок ва дар фазои боздориву мувозинат иҷро гардидани салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ бори нахуст дар Конститутсия ѓояи ҳоки­миятдорӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонун­гузор, иҷроия ва судӣ муқаррар гардид.

Дар баробари танзими ҳуқуқӣ, вазъ ва фаъолияти дигар мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, дар боби алоҳида: -боби 8- Конститутсия мав­қеъ ва моҳияти ҳокимияти судӣ бо номи «Суд» мавриди танзим қарор дода шуд.

Дар моддаи 84-и Конститутсия эълон гардид, ки «Њоки­ми­яти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судя­ҳо амалӣ мегардад. Њоки­мияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳр­ванд, манфиати давлат, ташкилоту муас­сисаҳо, қо­нунияту адолатро ҳифз менамояд».

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам­чунин дар пайдоиш ва ташаккули як қатор падида ва ниҳодҳои нави ҷомеаи демок­ратӣ, аз қабили таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳам­чун мақоми махсуси назорати конститутсионӣ шароити мусоиди ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Дар моддаи 89-и боби зикрёфтаи Конститутсия моҳият ва са­лоҳияти Суди конститутсионӣ пешбинӣ гардид, ки тибқи он Суди конс­титутсионӣ аз 7 нафар: раис, муовини раис ва 5 судяи Суди консти­тутсионӣ иборат буда, яке аз судяҳои он аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мебошад.

Конститутсия вазъи ҳуқуқӣ ва сатҳи баланди масъулияти судяи Суди конститутсиониро ба эътибор гирифта, якчанд талаботро нисбат ба шахсоне, ки ба ин мансаб интихоб мешаванд, пешбинӣ кард.Чунончи, номзаде, ки ба мансаби судяи Суди конститутсионӣ пешбарӣ мешавад, бояд таҳсилоти олии ҳуқуқӣ дошта, синну солаш аз 30 кам ва аз 65 боло набошад ва беш аз 10 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад.

Конститутсия салоҳияти Суди конститутсиониро аз ҳаллу фасл ва баррасии масъалаҳои зерин арзёбӣ кард:

1) муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии як­ҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Њукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқти­содӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳои ба қувваи қо­нун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия;

2) ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба сало­ҳияти онҳо;

3) иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Дар Конститутсия санадҳои Суди конститутсионӣ қатъӣ эълон карда шуданд, ки ин аз эътибори олии ин мақоми ваколатдор дар ни­зоми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ дарак медиҳад.

Чунин муқаррароти Конститутсия та­қозо менамояд, ки санадҳои меъ­ё­рии ҳуқуқии қабулкардаи ма­қомоти қонунгузор, иҷроия, судӣ, дигар мақо­моти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба Конститутсия мутобиқ бошанд.

Њамин тариқ, таърихи Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон бо таърихи навини давлатдории халқи тоҷик алоқаи ногусастанӣ дошта, таъсиси он аз истиқ­лолияти давлатӣ ва қабули Конститутсияи (Сар­қонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо мегирад.

Лозим ба ёдоварист, ки падидаи назорати консти­тутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1990 бо таъсис гаштани Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўи кор омад, ки таъсиси он аз талаботи ҷомеа ва давлат ба мавҷудияти чунин падида ва ниҳод дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ шаҳодат медод. Кумитаи мазкур назорат, риоя ва татбиқи меъёрҳои Сарқонунро амалӣ менамуд ва баъдан дар таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим бозид.

Барои оѓоз бахшидан ба фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1995 № 238 «Дар бораи фаъолияти ташкилии Суди консти­тутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» ва қабули Ќонуни конс­ти­тутси­онии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 № 84 «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳусни оѓоз бахшида, барои фаъ­олияти минбаъдаи он шароити зарурӣ фароҳам оварданд.

Баъдан, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, аз қабили: қарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 1997 № 234 «Дар бораи тасдиқ намудани тасвир ва намунаи либоси махсус ва муқаррар намудани намунаи нишони сарисинагӣ барои судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ќонуни консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 № 30 «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Низомномаи тартиби додани дара­ҷаҳои тахассусӣ ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармо­ни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 октябри соли 2008 № 551 тасдиқ шудааст, қабул гардиданд, ки дар ташкили фаъолияти Суди конститутсионӣ ва таъминоти иҷтимоию маишии судяҳои он муҳим арзёбӣ мегарданд.

Дар ин замина, бо қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аз 7 апрели соли 1995 бори нахуст Шарипов Х.Њ. – Раис ва Алиев З.М.- муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Минбаъд бо қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 ва аз 3 феврали соли 1996 Назаров М.Н., Абдуллоев А.А., Сафарова Н.Д., Муқбилшоев Б.М. ва Эмомов Н.Ю. судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Дар солҳои минбаъда як қатор ҳуқуқшиносони шинохтаи мам­лакат Абдуллоев Ф.А. (1996-2000), Солеҳов М.С. (2000-2003), Ализода З. (2003-2006), Хоҷаев И. (2006-2009) вазифаи Раиси Суди конститутсионӣ, Мустафоқулов Ш.М. (2000-2005), Фатҳиллоев С. (2005-2006) ва Назаров М.Н. (2006-2012) вазифаи муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда доштанд.

Аз 17 майи соли 2015 К.Каримзода ба вазифаи муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Абдуллоев Ф.А. солҳои тўлонӣ намояндагии Ҷумҳурии То­ҷи­кис­тонро дар Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мус­та­қил (ИДМ) ба уҳда дошта, Зариф Ализода дар вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа дорад.

Бояд зикр намуд, ки дар давоми фаъолияти Суди конс­титутсионӣ чан­дин нафар судяҳо, ба монанди: Хоҷаев И.Њ. (2006-2009), Муста­фоқулов Ш.М. (2000-2005), Эмомов Н.Э. (1996-2001), Сафарова Н.Д. (1995-2000), Смеянова Л.А. (2000-2003), Комилова Х.Р. (2003-2007), Муқбилшоев Б.М. (1995-2009) ва Абдуллоев А.А. (1996-2003, 2005-2015) аз вазифа боифтихор ба истеъфо баромаданд.

Айни ҳол Шарипов Х.Њ., Солеҳов М.С., Сменянова Л.А., Фатҳиллоев С. ва Назаров М.Н. дар қайди ҳаёт нестанд.

Аксари судяҳои дар истеъфодабуда аъзои Шўрои илмӣ-маш­варатӣ дар назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҷрибаи кории онҳо барои таъмини волоияти Конститутсия ва қону­нияти консти­тутсионӣ дар фаъолияти амалии Суди конститутсионӣ васеъ истифода бурда мешавад.

Аз 18 майи соли 2009 инҷониб вазифаи Раиси Суди конс­ти­тут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Њуқуқшиноси шоис­таи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, академики Академияи илмҳои Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, док­тори илмҳои ҳуқуқ, профессор Маҳ­муд­зода М. А. ба уҳда дорад.

Бо дарназардошти моддаи 89-и Конститутсия, дар моддаи 1 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳияти ин мақоми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ инъи­коси худро ёфтаст, ки тибқи он:

«Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми мус­та­қили ҳокимияти судӣ оид ба назорати конститутсионӣ буда, бо мақсади таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷум­ҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст».

Чунин муқаррарот аз талаботи моддаи 10 Конститутсияи (Сар­қонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки тибқи он «Консти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал менамоянд, қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд».

Њифзи Конститутсия, таъмини волоияти он дар қаламрави давлат, инчунин ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тақозо намуданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсуси босалоҳият, мустақил ва беѓарази назорати конститутсионӣ таъсис дода шуда, вазифаи муҳим ва муқаддас ба уҳдааш вогузор карда шавад.

Дар баробари ин, дар Конститутсия муҳимтарин масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа, ҳуқуқ, озодӣ ва вази­фаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби таъсис ва салоҳияти мақомоти олии давлатӣ, сохтори маъмурӣ-ҳудудии давлат, салоҳияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда шуданд. Бо ин хусусияти худ Конститутсия дорои эътибори олии ҳуқуқӣ буда, қонуну дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар асоси меъёрҳои он ва баҳри амалишавии онҳо қабул карда шаванд.

Принсипи мазкур имкон медиҳад, ки дар ҷомеа фазои ягонаи ба ҳам алоқаманд ва ихтилофнопазири ҳуқуқӣ арзи вуҷуд дошта бошад, ки он дар навбати худ барои пешрафти босуръати ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шароити заруриро муҳайё месозад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи му­ҳими давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва мақоми махсуси назорати конс­ти­­тутсионӣ дар давраи фаъолияти начандон тўлониаш зарурат ва аҳа­мияти худро собит намуда, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши намоёни худро гузошт.

Чунончи, Суди конститутсионӣ ба навтаъсис будани худ нигоҳ на­карда, бо нахустин қарори худ аз 26 марти соли 1996 Фар­мони Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 ноябри соли 1993 рақами 134 «Дар бораи боздоштани амали моддаҳои 6, 28, 48, 49, 53, 531, 85, 90, 92, 97, 2211 ва 2212 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки онҳо шикоят карданро аз болои асоснокии ҳабс ё дароз намудани муҳлати нигаҳдорӣ дар ҳабс ба суд манъ мекарданд, ѓайри­конс­титутсионӣ дониста, онро беэътибор эътироф намуд.

Ин қарори Суди конститутсионӣ ба шаҳрвандон имконият фа­роҳам овард, ки ҳуқуқҳои конститутсионии худро оид ба ҳифзи судӣ амалӣ намуда, аз рўи масъалаҳои номбурда ба суд бемамониат муроҷиат намоянд.

Њамчунин, бо қарори Суди конститутсионӣ аз 16-уми октяб­ри со­ли 2001 «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 1 моддаи 303 ва қисми 1 моддаи 337 Кодекси мурофи­авӣ-граждании Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» моддаҳои зикршудаи Кодекс, ки ба тарафҳо ва дигар ишти­рокчиёни парванда ҳу­қуқи овардани шикоя­ту эътирозро нисбати таъи­ноту ҳалномаҳои зинаи аввали Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда буданд, ба Конс­ти­тутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухо­лиф дониста шуда, беэътибор гардиданд.

Ќарори номбурда ба тарафҳо ва дигар иштирокчиёни парванда ҳуқуқ дод, ки онҳо аз болои таъиноту ҳал­номаҳои зинаи аввали Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи кассатсионӣ шикояту эътироз пеш­ниҳод намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳ­мон ҳанўз 31 майи соли 2002 ба масъалаҳои вобаста ба рушд ва таҳкими ҳокимияти судӣ дахл карда, дар машварат бо кор­мандони ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва судҳо иброз дош­танд, ки: «Имрўз барои ҷамъият ҳимояи судии пурқувват ва беэътимод беш аз пеш зарур мебошад ва онро суде таъмин карда метавонад, ки воқеан нерў­манд ва дахлнопазир бошад».

Рафти минбаъдаи ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон дурустии ан­де­шаҳои роҳбари давлатро собит намуданд.

Фаъолияти 20 солаи Суди конс­титут­сионӣ оид ба таъ­мини воло­ияти Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳр­ванд шаҳо­дати онанд, ки ташаккули институти назорати конститутсионӣ ба инки­шофи давлатдории миллии Тоҷикистони соҳиб­истиқлол ирти­боти ногу­сас­танӣ дошта, фаъо­лияташ ба мақсаду вазифаҳои афзали­ятноки ҷомеа тавъам мебошад.

Президенти Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сухан­рониаш ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсия, ба мақоми Суди конститутсионӣ дахл карда, иброз доштанд, ки «Дар ни­зо­ми су­дии кишвар Суди конститутсионӣ мақоми махсус дорад ва яке аз вази­фаҳои аввалиндараҷаи он таъмини волоияти Конститутсия дар ни­зоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад».

Масъалаҳои вобаста ба рушди ҳокимияти судӣ дар Паёми Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ап­рели соли 2006 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар тақвияти худро ёфтанд.

Аз ҷумла роҳбари давлат қайд намуданд, ки «… бо мақсади так­мили минбаъдаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ иҷрои корҳои зеринро зарур мешуморам:

Якум. Барои боз ҳам пурра ва самаранок истифода бурдани имконияти назорати конститутсионӣ салоҳият ва ваколатҳои Суди конс­титутсионӣ такмил дода шавад.

Дуюм. Ба хотири рушду такомули минбаъдаи ҳокимияти судии мамлакат Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ бар­номаи ислоҳоти судиву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарна­зардошти шароити имрўзаи кишвар таҳия ва пешниҳод намоянд…».

Дар заминаи Паёми мазкури роҳбари давлат, Барномаи исло­ҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷум­­ҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо Фармони Прези­денти Ҷумҳурии То­ҷи­кистон аз 23 июни соли 2007 № 271 мавриди тасдиқ қарор дода шуд.

Аз ҷумла дар Барнома омадааст, ки «яке аз арзиши муҳими Конс­титутсияи Тоҷикистони со­ҳибистиқлол волоият ва амали мустақими меъёрҳои он мебошад. Бо мақсади таъмини арзишҳо ва ҳифзи Кон­сти­тутсия Суди конститутсионӣ таъсис ёфт ва фаъолияти беш аз 10 солаи ин мақом зарурат ва аҳамияти онро дар давлатдории навини Тоҷикистон собит сохта, инчунин нишон дод, ки вобаста ба инкишофу пешрафти ҷомеа нақш ва мақоми Суди конститутсионӣ бояд таҳким ёбад.

Бо дарназардошти таҷриба ва амалияи фаъолияти Суди конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таѓйи­роти сифатан куллие, ки тайи солҳои охир дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар рух доданд, зарур аст, ки салоҳияти Суди конститутсионӣ бо додани хулоса оид ба лоиҳаи таѓйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин лоиҳаи қо­нунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, мукаммал карда шавад.

Зарурати додани хулосаи Суди конститутсионӣ оид ба лоиҳаи таѓй­­иру иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид мегарданд ва масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод мешаванд ба он вобаста аст, ки ин пешниҳодҳо ба принсипҳо ва арзишҳои асосии Конститутсия мувофиқ бошанд»

Дар асоси Барномаи мазкур, бобати амалӣ намудани исло­ҳоти судӣ – ҳуқуқӣ як қатор чорабиниҳо амалӣ карда шуданд, ки онҳо дар руш­ду таҳкими ҳоки­мияти судӣ нақши арзанда гузоштанд.

Чунончи, барои ноил шудан ба ҳадафҳои зикршуда, пурра ва са­маранок ба амал баро­вардани назорати конститутсионӣ дар мамлакат, 20 марти соли 2008 ба Ќонуни консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конс­ти­тутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» таѓйиру ило­ваҳои дахлдор ворид карда шуданд.

Тибқи таѓйиру иловаҳои зикршуда салоҳияти Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ва доираи субъектони муро­ҷиат ба Суди конститутсионӣ васеъ гардид. Аз ҷумла, ба доираи салоҳияти Суди конс­титутсионӣ масъалаи ба Конститутсия мутобиқ будани лоиҳаи таѓй­иру ило­­ваҳои ба он воридшаванда, лои­ҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, вогузор карда шуд.

Шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо намуданд, ки оид ба вайронкунии ҳуқу­қу озодиҳои конститутсиониашон вобаста ба қонун ва дигар санади ҳуқу­қии нисбаташон татбиқшуда ё татбиқшаванда, инчунин бобати муай­ян намудани мувофиқати қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии пле­нумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ба Конститутсия, ки аз тарафи судҳо ва дигар мақомот нисбаташон татбиқ шудааст, ба Суди конститутсионӣ муроҷиат на­моянд.

Ба судҳо ва судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқ дода шуд, ки дар хусуси ба Конститутсия мувофиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, ки онҳо дар парвандаи мушаххас татбиқ намудаанд, ба Суди консти­тут­сионӣ муроҷиат кунанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба сифати субъекти му­роҷиат ба Суди конститутсионӣ пазируфта шуд.

Таѓйиру иловаҳои ба Ќонуни конститутсионӣ воридкардашуда, аз мав­қеи намоёни Суди конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ, садоқати давлати Тоҷикистон ба арзишҳои эътирофшудаи умуми­башарӣ, инчунин рушду нумўи институтҳои демократӣ дар Ҷум­ҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.

Бо даровардани таѓйиру иловаҳо ба Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­­кистон», шумораи арзу шикоят ва пешниҳоду дархостҳои мақомот ва шаҳрвандон ба Суди конститутсионӣ рў ба аф­зоиш ниҳод. Дар даво­ми 7 сол (2008- се моҳи аввали соли 2015) теъдоди қа­рорҳо 21 адад ва таъинотҳо 53 ададро ташкил медиҳанд, ки ин омор дар 11 соли пеш (1996-2007) 14 қарор ва 22 таъинотро ташкил медиҳад.

Санадҳои Суди конститутсионӣ дар таъмини волоияти Консти­тут­сия, таҳкими қонунияти конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим бозиданд.

Чунончи, бо қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аз 20 январи соли 2005 «Дар бораи муайян кардани мувофиқати моддаи 181 Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 17, 19 ва қисми 2 моддаи 88 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» моддаи 181 Кодекси мазкур, ки ҳуқуқи тарафҳо ва дигар иштирокчиёни муро­фиаро оид ба овардани шикоят нисбати халнома ва қарорҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои иқтисодӣ маҳдуд мекард, ба Конститутсия номувофиқ дониста шуд.

Минбаъд тарафҳо ва дигар иштирокчиёни мурофиа ҳуқуқ пайдо наму­данд, ки аз болои ҳалномаю қарорҳои эътибори қонунӣ пайдо­кардаи судҳои иқтисодӣ шикоят намуда, ҳуқуқҳои конститутсионии худро ҳифз намоянд.

Суди конститутсионӣ дархости шаҳрванд Бобоев Ҷ.-ро дар бораи муайян намудани мутобиқати сархати ҳаштуми қисми 2 моддаи 42 Кодекси муро­фиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 17 ва 21 Конститут­сияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дида баромада, дар қарори худ аз 15 майи соли 2012 диққати Вазорати корҳои дохилии Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба риояи бечу­нучарои талаботи моддаи 18 Конститутсия, ки тибқи он «Ба ҳеҷ кас ши­канҷа, ҷазо ва муносибати ѓайриинсонӣ раво дида намешавад» ҷалб намуд.

Њамчунин мақомоти зикршуда вазифадор карда шуд, ки ҷинояти содир­шу­даи ши­канҷаро ошкор карда, нисбати шахсони онро содир­наму­да чора­ҳои дахлдор, то ба дараҷаи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ка­шидан, андешида шавад.

Бояд тазаккур дод, ки гузоришгари махсуси СММ оид ба шиканҷа, ҷазо ва навъҳои дигари рафтори бераҳмона, ѓайри­инсонӣ ё таҳқиркунанда ҷаноби Хуан Е. Мендез зимни сафари кории худ ба Ҷум­­ҳурии Тоҷикистон ва вохўрӣ бо роҳ­барияти Суди конститутсионӣ, ки 11 майи соли 2012 доир гардид, ба шиканҷа, ҷазо ва навъҳои дигари рафтори бераҳмона, ѓайриинсонӣ ё таҳқиркунанда дахл карда, ба саҳми Суди конститутсионӣ ва қарори зикршудаи он дар пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои зикршуда баҳои баланд дод.

Њамчунин дигар санадҳои судӣ қабул карда шуданд, ки онҳо дар қа­були қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳу­қуқии мувофиқ ба меъёр­ҳои Ќонуни асоcии кишвар ва ба ин васила таъмини кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши му­ҳим бозиданд.

Чунонки, Суди конститутсионӣ парвандаро аз рўи дар­хости шаҳр­­ванд Тураев М.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати банди 4 Ќоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии на­мо­яндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2009, № 25 ба қисми дуюми моддаи 12, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ на­муда, бо қарори худ аз 28 марти соли 2013 банди 4 Ќоидаҳоро ҳамчун омили маҳдудкунандаи ҳуқуқи конститутсионии шахс ба фаъо­лияти озоди соҳибкорӣ, меҳнат ва интихоби касбу кор ба модда­ҳои зикршудаи Конститутсия номутобиқ ҳисоб намуд.

Суди конститутсионӣ, инчунин парвандаро аз рўи дархости шаҳр­ванд Саидова Н.А. «Дар бораи муайян намудани муто­биқати қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чораҳои пеш­гирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қайд кард, ки ҳама гуна тартибе, ки ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятиро оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои мурофиавии онҳо маҳдуд карда, монеаи ба амал баровардани онҳо, аз ҷумла ҳуқуқи шикоят намудани санадҳои судӣ мегардад, он ҳамчун маҳдуд кардани кафолати ҳифзи судӣ ва ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳо ва қонун­гузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷиикистон ба ҳисоб меравад.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионӣ бо қарори худ аз 27 сент­ябри соли 2013 қисми 2 мод­даи 363 Кодексро ба моддаҳои зикршудаи Конс­ти­­тутсия номутобиқ ҳисоб намуд.

Бояд зикр кард, ки таъиноти Суди конститутсионӣ низ дар таҳ­кими қонунияти конс­­титутсионӣ муҳим арзёбӣ мегарданд. Таъиноти судҳои консти­тутсионӣ оид ба рад намудани оѓози мурофиаи судии конс­титутсионӣ аз зумраи зиёдтарин ва фаъолтарин санадҳои судии мақо­моти назорати конститутсионии мамла­катҳои гуногун, аз ҷумла Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Онҳо дар баробари рад наму­дани оѓози мурофиаи судии конс­титутсионӣ, яъне ифода намудани мавқеи ҳуқуқии судҳо, инчунин аз дас­туру супоришҳои мушаххаси суд­ҳои консти­тут­сионӣ иборат мебошанд, ки иҷрои ин дастуру супоришҳо низ ба­рои тамоми мақомоти дахлдор ҳатмӣ мебошад. Њамчунин онҳо муҳимтарин василаи ба муроҷи­атку­нан­дагон ни­шон додани роҳи ҳалли баҳсҳо ва мусо­идат дар ҳалли онҳо ба шумор мераванд.

Масалан, Суди конститутсионӣ дар таъинот аз 7 январи соли 2013 дар хусуси рад намудани оѓози мурофиаи судии кон­с­ти­­тутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Ҷураев Н.Њ. ва на­мояндаи ваколатдори ў-адвокат Воҳидова Ф.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 47 ва қисми 1 моддаи 89 Кодекси муро­фиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14 ва 20 Конс­титутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» ба дар­хост­диҳанда тартиби бартараф намудани мухо­лифати байни санад­ҳои ҳуқуқиро фаҳмонида, қайд кард, ки ягон моддаи КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қисми 1 моддаи 89 Кодекси мазкур набояд бар зарари принсипи таф­тиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи кор пешбининамудаи моддаи 21 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда шавад. Дар акси ҳол, иштирокчиёни муро­фиаи ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд, ки чунин амалҳои мақомоти ваколатдорро тибқи тартиби муқар­рар­кар­дашуда мавриди баҳс қарор диҳанд.

Дар таъинот аз 4 марти соли 2013 дар хусуси рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости раиси Раёсати ҶСК «Соҳибкорбонк» «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 332 Кодекси муро­фиавии граждании Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 19 ва 88 Конс­титутсияи (Сарқо­нуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муроҷи­аткунанда тартиби таф­сири расмии қонунҳо фаҳмонида шуда, роҳҳои ҳаллу фасли баҳси ў нишон дода шудааст.

Њамин тариқ, Суди конститутсионӣ дар инкишоф ва такмили низоми ҳуқуқии мамлакат бевосита иштирок намуда, дар қарору таъи­ноти худ меъёрҳои ҳуқуқи моддиро баҳо дода, ба таҳкими меъёрҳои мурофиавӣ низ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва қайд менамояд, ки набудани тартиби татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ барои иҷро накардани муқаррароти Конститутсия, ки меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд, асос ва сабаб шуда наметавонад. Бо ин роҳ принсипҳои умумӣ ва соҳавии ҳуқуқ, волоияти Конститутсия ва амали бевоситаи меъёрҳои он, ки ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла ҳуқуқи шахс ба ҳифзи судӣ равона карда шудаанд, татбиқи воқеӣ ва таъиноти аслии худро меёбанд.

Зеро дар Тоҷикистон танҳо суд ҳуқуқи баррасии парвандаҳо ва ҳал­лу фасли баҳсҳои гуно­гунро дошта, аз но­ми давлат ҳукм, ҳалнома ва қарор мебарорад. Дар доираи адлу инсоф ҳақ­ро ба ҳақдор мерасонад, кафолати ҳифзи судӣ доштани ҳар як шахс, адолату баробариро беѓа­разона таъмин месозад, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳр­вандро самаранок ҳифз менамояд. Мувофиқати қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқиро ба Конс­титутсия муайян карда, ба ин васила волоияти Конс­ти­тутсия ва қонун­ҳоро таъмин месозад ва ба рушди босубот ва бонизоми ҷомеа мусо­идат менамояд.

Бо мақсади идома бахшидан ба ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар кишвар, дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ба Маҷ­лиси Олӣ аз 15 апрели соли 2009 ва 24 апрели соли 2010 Барномаи нави ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 таҳия гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011, № 976 тасдиқ карда шуд.

Дар Барнома қайд гардид, ки «мақсад аз таҳияи Барномаи мазкур таҳкими минбаъдаи ҳокимияити судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қону­нии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сох­торҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо мебошад»

Вазифаҳои асосии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ вобаста аз мақсад­ҳои он аз так­милу тавсеаи сохтори мақомоти судӣ ва салоҳияти онҳо, му­шаххас ва шаф­фоф гардонидани вазифаҳои онҳо, баланд бардоштани талаботи тахассусӣ ҳан­гоми таъин ва интихоби судяҳо, маърифати ҳуқу­қии онҳо, поквиҷдонӣ, ҳисси эҳтиром ба халқу ватан, инчунин баланд бардоштани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи онҳо арзёбӣ гардид.

Суди конститутсионии Ҷумҳуриии Тоҷикистон низ қисми ҷу­до­на­­шавандаи ҳокимияти давлатӣ ва судӣ маҳсуб меёбад ва табиист, ки фаъолияти он вобаста ба пешрафти давлат ва ҷомеа, таҳким ёф­та­ни асосҳои демократии сохтори конститутсионӣ, боло рафтани аҳа­ми­яти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дастрасии шаҳр­ван­дон ба суд беҳбудӣ ва таҳким бахшиданро тақозо менамояд.

Аввалин Ќонуни конститутсионии Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1995, № 21, м.223) қабул гардид, ки он ба сатҳи донишҳои назариявӣ, консептуалӣ ва амалию ҳуқу­қии замони қабулаш пурра мувофиқат дошт.

Баъд аз қабули Ќо­нуни мазкур, бо қонунҳои конститутсионӣ ба он 12 маротиба 132 таѓй­ироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо инъ­и­­­коси демокра­ти­кунонии минбаъдаи ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон, ра­ванди ислоҳоти конс­ти­тутсионӣ дар мамлакат, рушду таҳкими инс­титутҳои демок­ратӣ ва ҳокимияти давлатӣ, танзими фаъолияти муро­фиавии Суди конститутсионӣ, вазъи иҷтимоии судяҳо, таҳкими са­­ло­ҳияти Суди конститутсионӣ, инчунин боло рафтани сатҳи до­нишҳои назариявӣ, консептуалӣ ва амалии мутахассисони соҳаи ҳу­қу­қи конститутсионии мамлакат ва судяҳои Суди конститутсионӣ ба шумор мераванд.

Бинобар ин, дар Барнома таҳияи Ќонуни конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии То­ҷи­кистон» дар таҳрири нав пешбинӣ гардид.

Суди конститутсионӣ дар баробари ба амал баровардани сало­ҳияти конститутсионии худ тавассути мурофиаи судии конститутсионӣ, инчунин дар боло рафтани фарҳанги конс­титутсионӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷомеаи Тоҷикистон, таҳкими қонунияти конститутсоинӣ ва тар­тиботи ҳуқуқӣ саҳми намоёнии худро мегузорад.

Суди конститутсионӣ соли 2009-ро ҳамчун соли бузургдошти фар­занди барўманди миллати тоҷик ва олами ислом ва фақеҳи бузург Абўҳа­нифа-Имоми Аъзам бо­тантана истиқбол намуд. Олимони Суди конститутсионӣ оид ба нақши Имоми Аъ­зам ҳам­чун асос­гузору мураттиби илми фиқҳ, аввалин мута­каллим, тат­биқкунандаи усули фиқҳи ис­ломӣ дар асоси Ќуръон, суннати набавӣ ва иҷмову қиёс бо мақолаву маърўзаҳо баромад намуда, одобу рафтори ҳа­мидаи инсонии ўро қобили дастгириву пайравӣ эътироф намуданд.

Суди конститутсионӣ ҷашнвораҳои вобаста ба солҳои қа­були Конс­­титутсияи мамлакатро ҳамчун ҷашнвораи касбии худ эҳсос намуда, ҷиҳати тарѓибу ташвиқи нуқтаҳои асосии ин санади муҳими сиёсию ҳу­қуқӣ ва иҷтимоӣ заҳмати худро дареѓ намедорад.

Чунончи, Суди конститутсионӣ ҷиҳати иҷрои Нақшаи чора­би­ниҳои ҷум­ҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 15-солагии қабули Конститутсия чора­би­ниҳои зиёди нақшавӣ тарҳрезӣ ва ба амал баровард.

20 октябри соли 2009 дар мавзўи «Конститутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон ва нақши он дар эъмори давлати со­ҳиб­истиқлоли Тоҷикистон» дар Суди конститутсионӣ мизи мудаввар доир гардид, ки дар рафти он маърўзаҳо шунида ва мав­риди муҳокима қарор дода шуданд. Маводи кон­ференсия иборат аз суханронию мақолаҳои илмии иштирокчиёни он дар шакли китоби алоҳида даст­раси алоқамандони илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардонда шуд.

Рўзи 26 октябри соли 2009 дар Суди конститутсионӣ бо иштироки судяҳо ва кормандони Дастгоҳи он, судяҳои суди маъ­мурӣ ва молиявии Ҷумҳурии Федералии Олмон Р. Крис­ти­ан, В. Франсеска ва Роҳбари Бар­номаи Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои техникӣ Й. Пуделька дар мавзўи «Масъа­лаҳои мубрами ҳуқуқи конститутсионӣ ва мурофиаи су­дии конститутсионӣ» семинари байналмилалӣ баргузор гашт, ки аз тарафи иштирокчиёни он муфид арзёбӣ шуд.

Судяҳо ва кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ дар конф­ронсу семинар, мизҳои мудаввари бахшида ба 15-солагии қабули Конс­титутсия гузаронидаи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва илмӣ-таълимӣ фаъолона иштирок ва маърўзаҳо намуда, ба паҳлўҳои гуногуни волоияти Конститутсия ва таъмини меъёрҳои он равшанӣ андохтанд.

Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сар­қонуни) Ҷум­ҳурии Тоҷикистон дар шакли китоби алоҳида дар зери таҳрири Раиси Суди конс­титутсионӣ академик М.Маҳмудзода рўи кор омад, ки он аз ҷониби алоқа­мандони ҳуқуқ ва қонун­гузорӣ амали саривақтӣ ва муфид арзёбӣ гардид.

Дар ҳамин сол, вобаста ба ҷашнгири 15-солагии Конститутсияи кишвар, бори аввал Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон нашр гардид, ки мундариҷаи он аз суханронии Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи истиқлолияти давлатӣ, мақо­лаҳои судяҳои Суди конститутсионӣ ва дигар мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, олимону мутахассисон ва ҳуқуқшиносони мамлакат, инчунин аз санадҳои Суди конститутсионӣ ва инъикоси фаъолияти касбии он иборат аст.

Маҷаллаи мазкур дар таҳкими фарҳанги ҳуқуқии ҷомеаи То­ҷи­кис­тон ва ҳокимияти судӣ нақши муҳим мебозад.

Њамчунин 4-уми ноябри 2009 муаррифии Сомонаи интернетии Суди конститутсионӣ баргузор гардид, ки аввалин сомона дар низоми мақо­моти ҳокимияти судии мамлакат ба ҳисоб меравад. Сомонаи мазкур бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия ва пеш бурда шуда, он ба хотири дастрас намудани санадҳои Суди конститутсионӣ ва фаъолияти он ба ҷомеаи Тоҷикистон ва дигар алоқамандони ҳуқуқ ва қонунгузорӣ, инчунин баҳри таъмини шаффофияти фаъолияти Суди конститутсионӣ равона карда шудааст.

То ба санаи 1 марти соли 2015 зиёда аз 130000 нафар шаҳр­ван­дон бо сомонаи Суди конститутсионӣ ши­носоӣ пайдо намуда, аз маълумоти дар он гирдовардашуда истифода бур­даанд, ки ин барои муаррифии Суди конститутсионӣ дар дохил ва хориҷи кишвар нишондиҳандаи хуб ба шумор меравад.

Ба мақсади таҳия ва омода намудани тавсияҳои илман асос­ноки масъалаҳои ҳуқуқӣ 2 июли соли 2009 дар назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби судяҳои дар истеъфобудаи Суди конс­титутсионӣ­, факултаи ҳуқуқи До­нишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва Академияи Вазорати кор­ҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои илмӣ-машваратӣ таъсис дода шуд.

Аз 14-24 ноябри соли 2009 судяҳои Суди консти­тутсионӣ дар асоси Созишнома миёни Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Њукумати Ҷум­ҳурии Федеролии Олмон оид ба ҳамкориҳои техникӣ аз 27 марти соли 2003, дар доираи Лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти ҳуқуқӣ ва судӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ», ҳамчунин тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба роҳ мондани такмили ихтисоси судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар, ки рўзи 13-сентябри соли 2009 зимни ба вазифаҳои судягӣ таъин намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ таъкид ёфта буд, аз Ҷумҳурии Федеролии Олмон сафари хизматӣ анҷом доданд.

Зимни сафар бо фаъолияти Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи ин­сон, Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути ҳуқуқ, Идораи мар­казии Маркази техникии Олмон, Суди федералии конститутсионӣ, Суди федералии маъмурӣ ва Суди конститутсионии замини шаҳри Берлин шиносоӣ пайдо намуданд.

Дар мизҳои мудавваре, ки дар судҳои зикршуда бо иштироки судяҳои Суди Аврупо, коршиносони Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, судяҳои Олмон ва судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ќир­ѓизистон баргузор гардиданд, аз ҷониби судяҳои Суди консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд, самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва дигар сохторҳои муҳими давлатдорӣ, аз қабили Суди конститутсионии дорои салоҳияти муосир мавриди муаррифӣ қарор гирифтанд.

Судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо Котиби генералии Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути ҳуқуқ (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо) ҷаноби Джиани Букикио вохўрӣ анҷом доданд.

Дар соли 2010 ва баъдан соли 2012 китоби «Маҷмўаи қарорҳои Суди конс­­титутсионӣ» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия ва нашр гар­дид. Ин маҷмўа барои доираи васеи хонандагон – олимон, аспи­рантҳо, донишҷўёни мактабҳои олӣ, кормандони мақомоти давлатӣ ва дигарон аз аҳамият холӣ нест.

Дар фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзўи «Мақомоти назо­рати конститутсионӣ дар шароити ҳам­гироии низомҳои ҳуқуқӣ: таҷ­рибаи байналмилалӣ ва амалияи Тоҷикистон», ки 4-5-уми ноябри соли 2010 дар пойтахти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе бахшида ба 15-солагии таъсис­ёбии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, нақши калидӣ бозид.

Иштирокчиёни Конференсияро Президенти Ҷум­ҳурии То­ҷи­кис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрику таҳният гуфта, дар мавзўи «Конс­­ти­тутсия давлати навини тоҷиконро ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ намуд» су­ханронӣ намуд.

Зимни суханронии худ Прези­денти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон муҳ­тарам Эмомалӣ Раҳ­мон қайд намуданд, ки: «Конститутсияи Тоҷикистон ҳам­чун ҳуҷ­ҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳиб­тамаддуни мо оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тўли таърихи чандин­ҳазор­солаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, ҳамчунин кўшишу тало­шҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пўшонид.

Ѓояҳои башардўстонаи он инъикоскунан­даи суннатҳои пурѓа­но­вати халқи тоҷик буда, аз барҷастатарин намунаҳои фарҳангии ниё­гони ори­ёии мо, анъанаҳои давлатдории Сосониёну Сомониён ва мероси бузур­гони таъриху адабиёти аз ҷониби умум эътирофгардидаи мо сар­чашма мегиранд».

Бо сухани табрикӣ, инчунин Президенти Комиссияи Венетсианӣ Джи­анни Букикио, Раиси Конфронси ма­қомоти назо­рати консти­тутсионии мамлакатҳои демократияи нав – Раиси Суди конститут­сио­нии Арманис­тон Г. Г. Арутюнян баро­мад намуда, ҳайати Суди конс­титутсионӣ ва дигар иштирок­чиёни он, инчунин тамоми мардуми Тоҷи­кистонро ба ҷашни Рўзи Конститутсия ва 15 солагии Суди консти­тут­сионӣ табрик намуданд.

Дар кори Конфронс раисони Судҳои конститутсионии Латвия, Лит­­ва, Молдова, Муѓулистон, Раиси Шўрои конститутсионии Ќазо­қистон, Раиси Суди иқтисодии Итттиҳоди Дав­латҳои Мустақил, ҳайати судяҳо аз Олмон, Федератсияи Россия, Эстония, Туркия, Украина, Озарбойҷон, коршиносони Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, инчунин аъзои Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирони давлатӣ ва дигар кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони парлумони мамлакат, роҳбарон ва судяҳои Суди конс­титутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокуратураи гене­ралӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳ­барони мақомоти адлия, Маркази миллии қонунгузорӣ, мактабҳои олӣ, олимони варзидаи илми ҳуқуқ, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои бай­налмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар рафти Конференсия фаъолияти мақомоти назорати консти­тутсионӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии сис­темаҳои ҳуқуқи муосир, наздикшавии қонунгузории миллии давлатҳо ва ташаккули фазои ягонаи ҳуқуқии байналмилалию минтақавӣ, нақши ин раванд дар таъмини волоияти Конститутсия, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба мурофиаи судии конститутсионӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаи мутахассисону олимони ватанию хориҷии соҳаи ҳуқуқи конститутсионӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқ қарор дода шуд.

Аз натиҷаи Конференсияи мазкур нашрияи махсуси Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010 № 4) рўи чоп омад, ки дар он тамоми маърўзаву баромадҳои иштирокчиён гирд оварда шуд. Њам­чунин соли 2011 як нашри Ах­бори Конфронси мақомоти назорати конс­титутсионии мамлакатҳои демократияи нав пурра ба Конфронси ил­мию амалии байнал­милалӣ дар ш.Душанбе бахшида шуд. Ахбори мазкур бо ду забон, русӣ ва англисӣ нашр гардида, он ба давлатҳои аъзои Конфрон­си ма­қомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи нав фиристода мешавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муноси­батҳои мутақобилаи худро бо Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ, Шўрои адлия, Вазорати адлия ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода, бо мақсади ҳифз ва таъмини волоияти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии То­ҷикистон ва мус­таҳкам намудани қонунияти конститут­сионӣ дар мам­лакат ҳам­кориҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.

Намояндагони ваколатдори Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намо­яндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон дар маҷлисҳои Суди конститутсионӣ вобаста ба масъа­­лаҳои гуногуни ҳуқуқӣ иштирок мекунанд. Барои иштирок дар маҷлисҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ даъват карда мешаванд.

Маҷлисҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавас­сути шабакаҳои телевизиони давлатӣ намоиш дода шуда, қарорҳо ва дигар санадҳои қабулнамудаи он дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзномаҳои расмии давлатии «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» нашр гардида, дастраси омма гардонида мешаванд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи қонунияти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нома ирсол менамояд.

Дар нома аз таҳлили фаъолияти солонаи Суди конститут­сионӣ ва натиҷаи омўзиши асноди ҳуқуқии қабулнамудаи тамоми мақомоти ҳокимияти давлатии ваколатдор оид ба таъмини волоияти Конститутсия ва қонунияти конститутсионӣ дар мамлакат ибрози ақида гардида, диққати мақомоти мазкур ба ҳаллу фасли проблемаю масъалаҳои ҷойдошта равона карда мешавад. Пешниҳодҳои Суди конститутсионӣ минбаъд дар фаъолияти мақомоти қонунгузор ва иҷроияи мамлакат татбиқи амалии худро меёбанд ва дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамоянд.

Њамкориҳои байналмилалӣ қисмати ҷудонашавандаи фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­­кистон гардидааст.

Ин ҳамкориҳо бо судҳои конститутсионии дигар давлатҳо, аз ҷумла дав­латҳои аъзои ИДМ сол аз сол руш ва тавсеа меёбанд. Онҳо майдонеро мемонанд, ки дар рафти онҳо оид ба таҷрибаи фаъолияти судҳои конститутсионӣ, қабули санадҳои судӣ ва ди­гар масъалаҳои вобаста ба мурофиаи назо­рати конс­ти­тутсионӣ мубодилаи афкор сурат мегирад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2011 узви Конфронси уму­ми­ҷаҳонии адолати конститутсионӣ мебошад.

Муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон М.Назаров аз 22 то 24 январи соли 2009 дар Конфронси 1-уми уму­ми­ҷаҳонии ма­қомоти назорати конститутсионӣ, ки дар шаҳри Кейп­тауни Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ доир гардид ва А.Абдуллоев дар Конфронси 3- уми уму­миҷаҳонии ма­қомоти назорати конститутсионӣ, ки дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея (28 сентябр–1 октябри соли 2014) баргузор шуд, иштирок, суханронӣ ва дар муҳокимаи лоиҳаи Оинномаи Конфронси мазкур фаъолона ширкат варзиданд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон уз­ви Конфронси мақо­моти назорати конститутсионии давлатҳои демократияи нав мебо­шад. Санадҳои судӣ, ма­қолаҳои судяҳо ва дигар маводи иттилоотии он дар ма­ҷаллаи Конфронси мазкур, ки дар шаҳри Еревани Ҷум­ҳурии Арманистон ба чоп мерасад, инчунин дар ма­ҷал­лаи даврии «Дайджест», ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба табъ мерасад, низ нашр мегарданд.

Раиси Суди конститутсионӣ М. Маҳмудзода, муовини Раис К.Каримзода ва судяҳои Суди конститутсионӣ Л. Абдуллозода, Ш.Зоирзода, М. Гулзор ва Д.Њошимзода сол­ҳои охир дар як қатор конф­ронсҳои байналмиллалӣ дар мавзўи «Ар­зишҳои конститутсионӣ-омил­ҳои асосии таҳкимбахши сохти демократӣ» бах­шида ба 15-солагии рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Молдова (Ки­шинёв, 22-23 июли соли 2009); Конфронси XIV-и мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои демократияи ҷавон дар мавзўи «Таҷрибаи байналмилалии ҳамкории судҳои конститутсионӣ ва парлумонҳо дар таъмини волоияти Конститутсия» (Ереван, 1-3 октябри соли 2009); Конг­ресси Ассотсиатсияи судҳои конститутсионӣ ва муассисаҳои ҳам­шабеҳи Осиё дар мавзўи «Имрўз ва ояндаи адолати судии конститутсионӣ дар Осиё» (Сеул,Ҷумҳурии Корея, 20-22 майи соли 2012); Конфронси илмӣ-амалии байнал­милалӣ бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Ќазо­қистон дар мавзўи «Конститутсия-асоси дурнамои рушди ҷомеа ва дав­лат» (Остона, Ҷумҳурии Ќазоқистон, 29-30 августа 2013); конф­ронси илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзўи «Иҷрои қарорҳои Суди консти­тутсионӣ ҳамчун кафолати самаранокии адолати судии конс­титутсионӣ» (Бишкек, Ҷумҳурии Ќирѓизистон, 21-23 майи соли 2014); Конф­ронси мин­та­қавӣ дар мавзўи «Њуқуқи конститутсионӣ», дар дои­раи Ташаббуси волоияти ҳуқуқ дар ИА барои Осиёи Марказӣ. (Хел­синки, Финляндия, 17-18 сентябри соли 2014) ва ѓ. иштирок ва бо маъ­рўзаҳо баромад намуда, оид ба проблемаю масъалаҳои мубрами назо­рати конститут­сионӣ ибрози назар намуданд.

Дар рафти конференсияҳои мазкур вохўриҳои ду­ҷонибаи намоян­дагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дж. Букикио – Президенти Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, Арут­юнян Г.Г.- Раиси Конфронси мақомоти назорати конститутсионии мам­лакатҳои демокра­тияи ҷавон – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арма­нистон, бо ҳайати намояндагии суд­ҳои конститутсионии Ал­ҷазоир, Арманистон, Беларус, Олмон, Италия, Ќазоқистон, Ќир­ѓизистон, Лат­вия, Литва, Молдова, Фаронса, Федератсияи Россия ва Чехия баргузор гар­диданд.

Дар рафти ин вохўриҳо оид ба доираи васеи масъа­лаҳо ва таҷрибаи адолати суди конститутсионӣ табодули назар карда шуд.

12 январи соли 2010 зимни вохўрии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода ва Сафири фавқуллода ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Анри Зиппер де Фабиани тарафҳо оид ба мавқеъ ва нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва рушди минбаъдаи ин ниҳоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ибрози андеша намуданд.

Бо вазифа, салоҳият ва фаъолияти Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ҷаноби сафир дар бораи Шўрои конс­титутсионии Фаронса маъ­лумоти муфасал дод.

Мавсуф қайд намуд, ки чунин ниҳоде, ки он ҳифзи Кон­сти­тутсия ва таъмини волоияти онро ба уҳда дорад, дар низоми давлатҳои демократӣ, аз ҷумла дар Фаронса ҷойи махсусро ишѓол менамояд ва онро «дили демократия» номид.

Сафарҳои кории ҳайати Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон ба як қатор давлатҳои пешраф­та бо мақсади табодули таҷриба оид ба назорати конс­ти­тутсионӣ, аз қабили Ќазоқистон (2007), Полша (2008) Мол­дова, Арманистон, Олмон, Страсбург (2009), Италия, Ҷакарта, Остона (2010), Кореяи Ҷанубӣ (2012), Франсия, Туркия, Хелсинки (2014) ва омўзиши таҷрибаи пешқадами давлатҳои зикршуда, табо­­дули иттилоот оид ба стан­дартҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсир намемонанд.

Табодули андеша бо ҳамкасбони худ дар таҳияи Ќонуни консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳуриии Тоҷикистон» дар таҳрири нав (2014) ва Дастури Суди консти­тутсионии Ҷумҳуриии Тоҷикистон (2015) нақши арзанда бозиданд.

Њамкориҳои пайвастаи Суди конститутсионӣ бо мақомоти назо­рати конститутсионӣ боиси он гардид, ки эътибори ин мақомоти мус­тақили ҳокимияти судӣ ҳамчун падидаи нодири давлати де­мократӣ дар таъмини волоияти Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд на танҳо дар дохили кишвар, ҳамчунин берун аз он низ боло гардида истодааст.

Баҳри тақвият бахшидани муносибаҳои байналмилалии Суди конс­­ти­тутсионии Ҷумҳуриии Тоҷикистон, Конфронси ҳафтуми раисо­ни судҳои конс­титутсионии давлатҳои Осиё, ки моҳи июли соли 2010 дар шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия баргузор гардид, аҳамияти хоса касб кард. Дар кори он М. Маҳмудзода ширкат варзида, бо маърўза баромад намуд.

Дар ин Конфронс бо мақсади мустаҳкам намудани ҳам­кориҳои мутақобила байни судҳои конститутсионии дав­латҳои Осиё ва Инсти­тутҳои муодил, ки назорати конститутсиониро ба амал меба­роранд, Ассотсиатсияи судҳои конс­титутсионии давлатҳои Осиё ва Институтҳои муодил таъсис дода шуд.

Вазифаҳои асосии Ассотсиатсия аз густариши ҳам­кориҳои бай­нал­­милалии аъзои судҳои конститутсионии давлатҳои Осиё дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти меъёрҳои Конститутсия, мустақилияти ҳокимияти судӣ, мубодилаи таҷ­риба ва иттилоот байни аъзои он иборат мебошад.

Соли 2011 дар асоси даъвати раиси Ассотсиатсияи судҳои конс­титутсионии давлатҳои Осиё ва Институтҳои муодил – раиси Суди конс­ти­тутсионии Корея, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ассотсиатсияи судҳои конс­ти­тут­сионии давлатҳои Осиё ва Институтҳои муодил ба сифати аъзои комилҳуқуқ пазируфта шуд.

Судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конгрес­си Ассотсиатсияи судҳои конститутсионӣ ва Инсти­тутҳои муодил дар Ҷакарта, Индонезия (2011), дар Сеул (2012); дар Ҷумҳурии Туркия (2014) дар мавзўҳои гуногун оид ба конститутсионализм, конститутсия ва нақши он дар давлат, низоми сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва амалияи назорати конститутсионӣ иш­тирок ва бо маърўзаҳо баромад намуда, диққати онро ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқи конститутсионӣ ҷалб намуданд.

Њамчунин, иштирокдорони конгрессҳои Асотсиатсияро бо наза­рия ва амалияи давлатдорӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии дав­лат, масъалаҳои вобаста ба конститутсионализм, асосҳои сохтори консти­тутсионӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоии давлат, нақши инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия ва дар амалияи давлатдорӣ дар То­ҷикистон шинос намуданд.

Дар таҷрибаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам­кориҳои дуҷониба бо мақомоти ҳамшабеҳи худ ва дар ин замина дар санадҳои ҳуқуқи байналмилалии дуҷониба мавриди танзим қарор до­дани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо нақши муҳим касб кардааст. Ин шаҳодати муҳим будани ҳамкории байналмилалӣ дар фаъолияти мақо­моти назорати конститутсионӣ ва ба сатҳи сифатан нав баровардани чунин ҳамкориҳо мебошад.

Дар ин замина, аз 4 то 10-ум апрели соли 2011 ҳайати Суди конс­титутсионӣ аз шаҳри Санкт-Петербурги Феде­ратсияи Россия боздид ба амал оварда, ба фаъолияти касбии Суди конс­ти­тутсионии Федератсияи Россия аз наздик шиносоӣ пайдо наму­данд.

Зимни вохўриҳо бо Раиси Суди конститутсионии Федератсияи Россия В.Зоркин, муовинон, судяҳо ва кормандони мас­ъули Дастгоҳи Суди конститутсионии Федератсияи Россия ба доираи салоҳият, масъалаҳо оид ба танзим ва раванди мурофиаи судии конс­титутсионӣ, вазъи ҳуқуқии субъектони муроҷиат ба суд, рушди ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавии фаъ­олияти мақомоти назорати конститутсионӣ аҳамияти хоса зоҳир карда шуд.

Дар рафти боздид Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Феде­ратсияи Россия ба имзо расид, ки он аввалин санади байналмилалие мебошад, ки байни мақомоти назорати конститутсионии ду кишвар ба тасвиб расидааст.

Тарафҳо зимни ба имзо расонидани санади мазкур му­ҳимияти онро қайд карда, изҳор доштанд, ки он барои боз ҳам инкишоф ёфтани муносибатҳои байни мақомоти назорати конститутсионӣ мусоидат мекунад.

Њуҷҷати мазкур ба тарафҳо имконият медиҳад, ки му­тобиқи қонун­­гузории миллии давлати худ ҳамкориро тавассути мубодилаи таҷ­риба, маълумот дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои судӣ, ки ба фаъолияти судҳои конститутсионӣ вобаста мебошад, ба роҳ монанд.

15-16 декабри соли 2011 зимни сафари расмии Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Украина, ки ба ҳайати намояндагии сафари мазкур Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Маҳмудзода низ шомил буд, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Украина ба имзо расид.

Њуҷҷати мазкур ба тарафҳо имконият медиҳад, ки му­тобиқи қонун­­гузории миллии давлати худ ҳамкориро тавассути мубодилаи таҷ­риба, маълумот дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои судӣ, ки ба фаъолияти судҳои конститутсионӣ вобаста мебошад, ба роҳ монанд.

Аз 23 то 29 апрели соли 2012 ҷиҳати иштирок дар кори Сим­по­зиуми байналмилалӣ бахшида ба 50-солагии таъсиси Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Туркия сафари ҳайати Суди консти­тутсионӣ ба Тур­кия доир гардид.

Ба ҳайати Суди конститутсионӣ М. Маҳмудзода роҳбарӣ мекард, ки дар доираи кори конфронс Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Туркия ба тасвиб расид.

Ёддошти тафоҳум ба принсипҳои истиқлолияти давлатӣ, масъулияти тарафайн дар бобати ҳифз, таъмини волоият, амали бевоситаи Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос ёфта, бо мақсади рушди ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба тавассути андешидани чораҳо ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳо ва мусоидат кардан ба ҳалли саривақтии масъалаҳои ҳамкории ба ҳамдигар муфид, равона гардидааст.

Ҷонибҳо зимни ба имзо расонидани санади мазкур муҳи­мияти қабули онро қайд карда, изҳор доштанд, ки он барои боз ҳам мустаҳ­кам ва рушд ёфтани муносибатҳои байни мақомоти адолати конс­титут­сионии давлатҳо мусоидат мекунад.

14 майи соли 2013 дар заминаи семинари байналмилалӣ оид ба му­ҳо­кимаи лоиҳаи нави Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ишти­ро­ки Г.Г.Арутюнян Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арма­нис­тон – Раиси Конференсияи мақомоти назорати конститутсионии киш­варҳои демократияи нав баргузор гардид, Ёддошти та­фоҳум оид ба ҳам­корӣ байни судҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷум­ҳурии Арма­нистон ба имзо расид.

Аз 4 то 7 декабри соли 2014 ҳайати Суди конститутсионӣ, ки ба он Ёр­дам­чии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Давлатов Ҷ.М. низ шомил буд, бо мақсади табодули таҷриба ва шиносоӣ бо фаъолияти Суди конститутсионии Руминия аз шаҳри Бухарест дидан ба амал овард. Зимни сафари кории мазкур, ҳайати корӣ бо фаъолияти мақомоти назо­рати конститутсионии Руминия шиносоӣ пайдо намуда, ба намоян­дагони ин ниҳоди судӣ оид ба фаъолияти густурдаи Суди конститут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар доираи сафари корӣ бобати густариши муносибатҳои бай­нал­­­милалӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд Ёд­дошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни судҳои конститутсионии дав­латҳои зикршуда ба имзо расонида шуд.

Њамкориҳои байналмилалии Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии То­­ҷи­­­кистон бо Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути ҳуқуқ (Ко­мис­сияи Венетсиании Шўрои Аврупо), махсусан робитаҳои кории суд­­­манд бо Президент ва корманони он назаррас ва дар ҳоли густариш қарор доранд.

Саҳми Комиссияи мазкур дар гузаронидани Конференсияи ил­мӣ-амалии байналмилалӣ, ки 4-5-уми ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 15-солагии таъсис­ёбии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­­­кистон баргузор гардид, калон мебошад.

Коршиносони Комиссия, алалхусус профессори Донишгоҳи Гамбурги Республикаи Федеролии Олмон Отто Лухтерхандт лои­ҳаи Ќонуни консти­тут­сионии Ҷум­ҳу­­­рии Тоҷикистон «Дар бораи Су­ди конститутсионии Ҷум­ҳурии То­ҷи­­кистон» дар таҳ­рири навро аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида, нисбати он хулосаи муфид пешниҳод на­муд.

Судяҳо ва кормандони Дастгоҳ дар конференсия ва семи­нар­ҳое, ки аз тарафи Комиссия гузаронида мешаванд, иштирок ва бо маърў­заҳо баромад намуда, бо ҳуқуқи Аврупо, ниҳодҳои аврупоӣ ба монанди Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон ва дигарҳо шиносоӣ пайдо мекунанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар заминаи ҳамкориҳои Суди конс­ти­тутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон бо созмонҳои байнал­милалӣ, аз қабили Институти «Ҷомеаи кушо­да» – Бунёди мадад ва GIZ (Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ) дар бобати таъминоти техникии Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ва таъмини китобхонаи Суди конс­ти­тутсионӣ бо адабиётҳои зарурӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шу­данд.

Дар натиҷаи ҳамин ҳамкорӣ, теъдоди китобҳо ва дигар нашрҳои китобхона то ба 5000 дона расонида шудааст.

Њодисаи муҳими таърихие, ки алакай дар хусуси он сухан рондем ва таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе он тасаввур кардан мум­кин нест, ин қабули нахустин Конститутсияи дав­лати соҳибихтиёри Тоҷикистон ба шумор меравад. Зеро Конститутсия – ин ифодаи иродаи халқи тоҷик буда, орзуву омоли ҳазорсолаҳои гузаштагони халқи мо дар роҳи расидан ба ис­тиқ­­­ло­ли­яти комили давлатдорӣ, бо андеша ва арзишҳои миллӣ ва ар­зишҳои пазируфташудаи байналмилалӣ бунёд намудани давлати демок­ративу ҳу­қуқ­бунёд мебошад.

Конститутсия халқи тоҷикро қисми ҷудонашавадаи ҷомеаи ҷа­ҳонӣ ва дар пеши наслҳои гузаштаву ҳо­зира ва оянда масъул ва вази­фадор эътироф намуда, мақсад ва вазифаҳои таърихии халқи тоҷикро бун­­­­­ёди ҷомеаи адолат­парвар эълон намуд.

Бе сабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳ­тарам Эмо­малӣ Раҳмон Паёми соли 2014 худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аз нақ­ши созанда ва офарандаи Консти­тут­сияи мамлакат, оѓоз намуда, иброз доштанд, ки:

«Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқ­лолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқ­лоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақ­дирсозу ҳалкунанда бозид.»

Бинобар ин, 20-умин сол­гарди қабули на­хустин Конститутсияи Тоҷи­кис­тони соҳибис­тиқ­лол низ дар соли 2014 бо шукўҳу шаҳ­омати хоса таҷлил гардид.

Суди конститутсионӣ низ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷаш­ни 20-солагии қа­були Консти­тутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон корҳои назаррасеро ба сомон расонида, фаъолияти худро чун ҳар­вақта ба таҳкими заминаҳои адолати конститутсионӣ дар кишвар ра­вона намуд.

Аз ин рў, барои Суди конститутсионӣ, ки он баҳри таъ­мини во­лоият ва амали бевоситаи Ќонуни асосии кишвар ва ҳиф­зи ҳуқуқу озо­диҳои инсон ва шаҳрванд таъсис ёфтааст, соли 2014 соли таърихӣ ва пешрафт арзёбӣ мегардад.

Китоби «Кон­с­титутсия заминаи ташаккули низоми ҳу­қуқи миллӣ» ва дигар мақолаҳои илмӣ-оммавии Раиси Суди консти­тутсионӣ М.Маҳ­мудзода барои хонандагон ва ҳаводорони ил­ми ҳуқуқ ва сиё­сати мам­лакат маълумоти арзишмандро пешкаш намуда, дар таъмини фар­ҳанги конститутсионии ҷомеа нақши муҳим хоҳанд бозид.

Њамчунин дар ин сол зиёда аз 25 мақолаҳои илмӣ-оммавии судяҳо ва кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ нашр гардиданд, ки онҳо ба паҳлўҳои гуногуни Конститутсия ва нақши он дар таҳкими давлат­дорӣ бахшида шудаанд.

Дар ин сол, мақолаи судя-котиби Суди конститут­сионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Каримзода К.М. бо номи «Конститутсия маҷмўи аф­кори сиёсӣ ва ҳу­қуқии инсоният аст», дар озмуни ҷум­ҳуриявии мақола ва ри­солаи беҳтарин бахшида ба 20-сола­гии Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои сеюмро ишѓол на­муда, бо диплом қадрдонӣ карда шуд.

Бо мақсади тар­­ѓибу ташвиқи меъёрҳои Конститутсия миё­ни аҳолии кишвар, ки иқдоми ҳамешагии Суди консти­тутсионӣ мебошад, Раис, судяҳо ва кормандони Дастгоҳи Суди конс­титутсионӣ дар ҷа­ласаи Шўрои ҷамъи­­ятии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, конф­ронсҳои зиёди илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, дар мачмўъ дар чора­биниҳои 53 вазорату идораҳо ишти­­рок ва суханронӣ на­муданд.

Њамчунин ба муносибати таҷлили 20-солагии Конс­ти­тут­сия дар наш­­рияҳои даврии рўзномаи «Ҷумҳурият» зери таҳрири Раиси Суди кон­сти­тутсионӣ тафсири ил­мию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии То­ҷи­кистон мунта­зам чоп карда шуд, ки нақши он дар баланд бар­доштани маъ­­рифати ҳуқуқии аҳолӣ муфид арзёбӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки қабули Ќонуни конститут­сионии Ҷум­ҳу­­рии Тоҷи­кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» низ ба ҷашнгирии 20-солагии қабули Конститутсияи мамлакат рост омад.

26 июни соли 2014 ҷиҳати татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар мамлакат Ќонуни конститут­сионии зикршуда дар таҳрири нав қабул ва мавриди амал қарор дода шуд.

Ќонуни конститутсионии мазкур аз 15 боб ва 86 модда иборат бу­да, сох­­тори он нисбат ба Ќону­ни конститутсионии пешина, ки аз 11 боб ва 63 модда иборат аст, 4 боб ва 23 модда зиёд мебошад.

Ќабули он аз раванди мин­баъдаи демокра­тикунонии ҳаёти сиёсию иҷти­моии ҷомеаи Тоҷикистон дарак дода, давоми ман­­тиқии татбиқи принсипи конститутсионии таҷзияи ҳоки­мияти дав­латӣ дар Тоҷикистон, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва табдил додани ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ ба механизми эъти­модноки ҳиф­зи ҳуқуқу озодиҳои кон­с­титутсионии инсон ва шаҳрванд ва дигар суб­ъек­тони ҳуқуқ арзёбӣ мегардад.

Ин ба Суди конститутсионӣ ва судя­ҳои он барои боз ҳам самаранок ба амал баровардани салоҳияти консти­тут­сиониашон ша­роити за­рурии ҳу­қуқиро фароҳам овард.

Новобаста аз дастовардҳои дар сатҳи рушду таҳкими хокимияти су­дӣ бадастомада, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ бо маром идома дорад.

Бо ин мақсад 5-уми январи соли 2015 бо Фармони Прези­денти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017 тасдиқ гардид, ки он барои боз ҳам устувор шудани ҳокимияти судӣ ва пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти сохтори он, таҳкими ҳамкории мақомоти судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин ҷиҳати иҷрои санадҳои судӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Њамин тариқ, Суди конститутсионӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, Ќонуни консти­тут­сионии Ҷумҳурии То­ҷи­­­кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷум­ҳу­рии То­ҷи­кистон» ва дигар санадҳои меъё­рии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, чун дигар ниҳодҳои муҳими давлатдории демократӣ нақши худро дар таъ­мини адолати судии конститутсионӣ, рушди асосҳои сохтори конс­титутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мегузорад. Зеро дар давлати демократию ҳуқуқбунёд суботи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии давлат ва фаъолияти бонизом ва муназзами ҳоки­мияти дав­латиро бе таҳкими қонунияти консти­тутсионӣ, фарҳанги конститутсионӣ ва тар­тиботи ҳуқуқӣ тасаввур кардан ѓайриимкон аст.

Дар ин раванд, мавқеи Суди конститутсионӣ рўз аз рўз аҳа­мияти хоса пайдо карда, он дар амалӣ намудани мақ­саду вазифаҳои давлат ва ҷо­меаи Тоҷикистон, таҳкими давлату давлатдорӣ, бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва адо­латпарвар нақши арзандаи худро мегу­зорад.