21:48:35 - 19.12.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз178
mod_vvisit_counterДирӯз114
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта562
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида2194
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ18033
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида61629
mod_vvisit_counterҲамагӣ757212

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23 ноябри соли 2018 дар толо­ри маљлисгоњи Суди Кон­сти­тут­сионии Љумњурии Тољи­­кис­тон ба муно­си­бати иди умумимиллї – Рўзи Парчами давлатї, ки нишонаи рамзи соњибистиќлоливу давлатдории миллї мебошад, бо иштироки роњбарият, судяњо ва кормандони дастгоњи Суди Конститутсионї њамоиши тантанавї доир гардид.

Њамоишро Раиси Суди Конститутсионї Мањкам Мањмудзода њусни оѓоз бахшида, њозиринро бо ин иди фархунда табрику тањният намуд ва иброз дошт, ки Парчами давлатї чун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамї ва сарбаландии миллату давлати тољикон, маќсаду њадафњои созандаи ин миллати тамаддунофар ифода менамояд ва дар баландтарин минбарњои байналмилаливу дохилї параф­шонї менамояд, ки ин боиси ифтихори њар як тољику тољикистонист.

Ин рамзи олии давлат ифодагари иќболу истиќлол, иттињоду сарљамъї, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастї ва њувияти миллии мар­думи куњанбунёду фарњангии мо буда, волотарин маќсаду мароми тољиконро дар љилои рангњои худ инъикос намудааст.

Тољикистон имрўз бо ифтихор аз рамзњои давлатї тањти роњбарии хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љум­њурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба дасто­вардњои назаррас дар њама соњањои њаёти хољагии халќ ноил гардида, њадафњои стратегиву бунёдии давлат амалї гардиданд.

Шањодати ин гуфтањо тањти раҳбарї, раҳнамої ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами мил­лат, муњтарам Эмомалї Рањмон 16 ноябри соли љорї дар фазои идона ба истифода додани агрегати якуми нерўгоњи барќї-обии «Роѓун» мебошад, ки бо ифтитоњи ин иншооти аср орзуву омоли мардум љомаи амал пўшид.

Сипас дар мавзўи «Парчами давлатї - нишонаи давлатдории миллї» ва «Парчами давлатї – рамзи ватандўстиву ватанпарастї» ёрдамчии Раиси Суди Конститутсионї Ѓаниев Љ. ва ёрдамчии судяи Суди Консти­тутсионї Темиров В. бо маърўзањои пурмуњтаво баромад намуданд.

 

 

Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»

 

ДУШАНБЕ, 16.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмони Роғун Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода истиқбол гирифтанд.

Ҳамчунин барои иштирок дар ин рӯйдоди таърихӣ намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Белорус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Ба кор даровардани агрегати якуми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархати хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ қарор дорад. Маросими тантанавии ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон пахш гардид. Ҳамзамон ин чорабинии муҳимро бештар аз 200 нафар рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Олмон, Россия, Япония, Британияи Кабир, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо васеъ инъикос намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маҳалли сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд.

Хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе- Роғун” дар доираи лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” амалӣ шуда, арзиши умумии тарҳ 650 миллион сомонӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур моҳи сентябри соли 2017 оғоз ёфта, анҷоми тадбиқи лоиҳа тибқи нақша моҳи августи соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Сипас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии Неругоҳи барқи обии Роғун оғози расмӣ бахшиданд.

Корҳои васлгарии таҷҳизоти Дастгоҳи маҷмӯии пӯшидаи тақсимкунии элегазӣ “КРУЭ” ҳанӯз моҳи феврали соли 2018 бо иштироки мутахассисони варзидаи маҳаллӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуда буд.

Дар ин иншооти болопӯшида 19 адад дастгоҳи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элегазии 220 кВ насб гардидааст. Интиқоли неруи барқ аз ин иншоот ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хати барқи ҳавоии 500 кВ сурат мегирад. Ҳамчунин аз таҷҳизоти мазкур тавассути як хати дузанҷираи 220 кВ то Зеристгоҳи барқии шаҳри Роғун неруи барқ интиқол дода хоҳад шуд.

Фаъолияти ин маркази муқтадир дар ҳамкорӣ бо ширкати овозадори олмонии Siemens бо сифати баланд бунёд шуд. Маҳз аз ҳамин толор тавассути дастгоҳҳои истеҳсоли ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ неруи барқи дар НБО Роғун истеҳсолшаванда ба хатҳои баландшиддат интиқол дода мешавад.

Дар дохили бинои КРУЭ 57 полюси васлакҳои элегазии 500 кВ, 99 трансформатори ҷараёнӣ, 30 модули дарозкунанда, 168 адад ҷудокунанда, 48 трансформатори шиддат ва 30 адад маҳдудкунандаи шиддати 500 кВ васл карда шуданд. Дар байни 36 полюс модулҳои мобайнии ҷараёнгузар насб гардидааст. Ҳамаи полюсҳои 500 кВ бо металлоконструксияҳои муҳофизатӣ ҷиҳозонида шудаанд.

16 ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар мусоидат хоҳад кард, оғоз бахшиданд.

Дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» коргарони неругоҳ, фаъолону зиёиёни кишвар, ҷавонон, собиқадорони меҳнат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон иштирок карданд.

Баъди ба кор даровардани агрегати якум неруи барқи «Роғун» ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд. Акнун равшанию гармии кохи нури Тоҷикистон – НБО-и «Роғун» ба хонадони тоҷикистониён ворид гардид. Мардуми шарафманди тоҷик ин рӯзро бесаброна интизор буданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани аввалин агрегати неругоҳ таъкид доштанд, ки “расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан – мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур ва расидан ба ормонҳои миллӣ мебошад”.

Дар толори мошинҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ-мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани аввалин агрегати НБО “Роғун” дар китоби “Роғун-Кохи нур” соядаст гузоштанд.

Дақиқияти кори аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, бо гузоштани танга муайян карда шуд ва ҳамин тавр кори нахустин агрегати неругоҳ ҷавобгӯи талабот арзёбӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гардида буд. Ҳамон рӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси чамбараки булдозер нишаста, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин неругоҳи азим ҳусни оғоз бахшиданд.

Неругоҳи барқи обии «Роғун», пуриқтидортарин иншоотҳои силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш, аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. НБО-и «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад.

Муфасалтар
 

15 ноябри соли 2018 дар Суди Конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон ба муноси­бати таљлили љашни пуршукуњ - Рўзи Президенти Љум­­њурии Тољикистон бо иштироки, роњбарият, судяњо ва кормандони дастгоњи Суди Консти­тут­сионї њамоиши танта­навї доир гардид.

Раиси Суди Консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон, академик Мањкам Мањмудзода зимни оѓози њамоиш оид ба наќши Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњта­рам Эмомалї Рањмон дар таъмини сулњу субот ва ташаккули давлати демократї суханронї намуда, аз љумла ќайд намуд, ки дар њар давру замон шах­сият­њо ва роњбарону сиёсатмадорони хирадманд дар ташаккулу пеш­раф­ти давлат наќши муассир дошта, ба шарофати аќлу заковат, дуранде­шию тањаммулгарої ва пеш­бур­ди сиёсати одилонаю инсондўстонаи онњо, сулњу вањдат ва суботи сиёсї дар давлат пойдор гардида, љомеа рушду инкишоф меёбад.

Асосгузори сулњу Вањ­дати миллї – Пешвои мил­лат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон низ аз љумлаи шахсият­њои таърихие мебошад, ки дар вазъияти нињоят мураккаби сиёсии кишвар масъулияти бузурги ояндаи халќу давлатро бар дўш гирифта, сулњу субот ва вањдату њамдигар­фањмиро дар кишвар ба миён оварда, барои тањкими заминањои Истиќлолияти давлатї, њифзи ягонагї ва тамомияти арзї, ќабули аввалин Конститутсияи Тољикистон соњибистиќлол, таъмини суботи сиёсиву њамгироии мардум ва пойдории њокимияти конститутси­онї хизматњои бена­зирро анљом додааст.

Натиљаи талошњои шабонарўзии муњтарам Пешвои миллат буд, дар як муддати кўтоњи таърихї пояњои Истиќлолияти давлатї тањким ёфта, нуфузу эътибори байналмилалии Тољикистон дар арсаи сиёсати љањон боло гардид ва дар тамоми соњањои њайтии љомеа дастовардњои муназзаму комёбињои назаррас ба даст омаданд, ки онњо ба њазорсолањо бароба­ранд.

Дар њамоиш инчунин ёрдамчии муовини Раиси Суди Конститутси­онии Љумњурии Тољикистон Хусрав Њусензода оид ба «Наќши Асосгузори сулњу Вањ­дати миллї – Пешвои мил­лат, Президенти Љумњурии Тољи­кистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар таъмини сулњу субот ва рушди Тољи­кистон» ва мутахасси-скоргузорї Дастгоњи Суди Конститутсионї Муњайё Раљабекова дар мавзўи «Сиёсати Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар самти љавонон» маърўза намуданд.

 

 

 

Бо маќсади дар сатњи баланд таљлил намудани «Рўзи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» аз љониби Суди Конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон татбирњои зарурї андешида шуда, роњбарият, судяњо ва корман­дони дастгоњи он дар чорабинињои вазоарту идорањои мухталифи давлатї иштирок ва бо маърўзањо баромад намуданд. Дар њамин радиф 5 ноябри соли 2018 дар Суди Конститутсионї дар мавзўи «Наќши Конститутсия ва Суди Конститут­си­онї дар рушди ќонун­гу­зории миллї» маљлиси тантанавї доир гардида, суд­я­њо ва кормандони дастгоњи суд бо маърўзањо баромад намуданд.

Њамчунин, дар арафаи баргузории «Рўзи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» намояндагони Суди Конститутсионї дар чорабинињои вазо­рату идорањои давлатї ва муассисањои олии таълимї, аз љумла: вазоратњои молия, мудофиа, кумитањои љавонон ва варзиш, рушди сайёњї, занон ва оила, оид ба корњои дин, танзими анъ­ана ва љашну маросимњои миллї, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллї, Хадамоти «Муњофиза»-и Вазорати корњои дохи­лии Љумњурии Тољикистон, Донишгоњи миллии Тољикистон ва ѓайра вохў­ри­њои судманд гузаронида, бо маърўза баромад намуданд.

Вохўрї ва маърўзањо дар атрофи мавзўњои наќш ва ањамияти таъри­хї-сиёсии ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, таъмини амнияти консти­тутсионї, наќши Конститутсия дар бунёди давлати демокративу њу­ќуќ­­бунёд, Конститутсия ва рушди давлатдории миллї, Конститутия ва ќонун­гузорї баргузор гардиданд.

Њамзамон аз љониби намояндагони Суди Конститутсионї дар шаба­ка­њои телеви­зионии «Тољикистон», «Љањоннамо», радиоњои Тољикистон ва «Ховар» дар мавзўњои зикргардида мусоњибањо баргузор шуда, дар рўзно­маю маљаллањо доир ба Конститутсия маводњо ба табъ расонида шуданд.

Фаъолияти Суди Конститутсионї, ки барои таъ­ми­ни волоияти меъёрњои Конститутсия, аз љумла њиф­зи асосњои сохтори конститутсионї, таъ­мини ќону­нияти конститут­си­онї, њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд равона гар­дидааст, тавассути корњои тарѓиботиву ташвиќотї дар баланд бар­доштани маъ­ри­­фати њуќуќии љомеа сањми назаррас мегузо­рад.

 

 

5 ноябри соли 2018 дар Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон маљлиси тантанавї бахшида ба Рўзи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон баргузор гардид.

Дар маљлис Каримзода К.М.–муовини Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар мавзўи «Наќши Конститутсия ва Суди Конститутсионї дар рушди ќонунгузории миллї» бо маърўза баромад намуд.

Зимни баромад вобаста ба ањамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз ибрози андеша намуд, ки Консти­тутсияи Љумњурии Тољикистон дар давраи басо њасос, душвор ва печидаи мамлакати мо ќабул шудааст. Аммо новобаста аз айёми душвор ва идомаи љанги шањрвандї аз љониби роњбарияти давлат ва Њукумат, тањти роњ­барии Асосгузори сулњу вањдати миллї–Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон муњокимаи умумихалќии лоиња, омўзишу таклифу хулосаи ба лоиња пешнињодшуда ва ба инобат гирифтани аксари онњо, тавассути раъйпурсї ќабул кардан ва нашри он таъмин карда шуд.

Ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон истиќлолияти давлатии моро мустањкам намуда, барои эъмори давлати демокративу њуќуќбунёд заминаи муњими сиёсию њуќуќї фароњам овард. Асосњои сохтори конс­титутсионї, њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, салоњияти маќомоти олии кишварро бо назардошти арзишњои умумибашарї ва миллї муайян кард. Љумњурии Тољикистонро давлати демократї, хуќуќбунёд ва иљтимої эълон намуд.

Ислоњоти конститутсионї дар мамлакат гузаронидашуда натиљаи демократикунонии минбаъдаи њаёти сиёсиву иљтимоии Тољикистон ва эътибори байналмилалии он мебошад, ки он моро ба њадафи асосии муайяннамудаи Конститутсия – бунёди љомеаи адолатпарвар бурда мерасонад.

Конститутсия барои рушду тањкими давлатдорї ва идоракунии он заминаи њуќуќї фароњам оварда, дар асоси он 17 ќонуни конститутсионї, 22 кодексњо ва 353 ќонунњои соњавї ќабул гардиданд. Онњо ба рушди давлатдорї таъсири мусбии худро расониданд.

Баррасии пањлуњои гуногун ва серљабњаи Конститутсияро мавриди тањлили амиќ ќарор дода, наќши онро дар рушди соњањои гуногуни фаъолияти давлати миллї таъкид намуданд.

Њамзамон зикр гардид, ки Конститутсияи мо аз љониби нозирон ва коршиносони масъалањои сиёсию њуќуќї бањои баланд гирифтааст.

 

 

 

1-2 ноябри соли љорї дар шањри Еревани Љумњурии Арманистон боиштироки намояндагони маќомоти судї Конфронси байналмилалї дар мавзуи «Конститутсиоизми њазораи нав» баргузор гардид. Дар кори ин конфоронс намояндагони Судњои конститутсионии Австрия, Белорусия, Булѓория, Босния, Гурљистон, Ќазоќистон, Канада, Латвия, Муѓулистон, Руминия, Федератсияи Россия, Узбакистон, Тољикистон, Иёлоти Мутањидаи Амрико, Комисссияи венетсиании Шўрои Аврупо иштирок варзиданд.

Суди конституционии Тољикистонро дар ин маљлис судяи Суди конститутсионї Гулзор М.М. ва ёрдамчии Раиси Суди Конститутсионї Ѓаниев Љ.Р. намояндагї карданд. Дар Конфронси марбут ба волоияти њуќуќ, конститутсионализм, меъёрњои конститутсионї дар самти танзими рафтори иљтимоию њуќуќии инсон, шарафи инсонї ва њуќуќ ба њаёт, назари фалсафї дар ташаккули таърихї ва муаммоњои муосир, шарафи инсонї њамчун унсури инсонї, наќши судњои конститутсионї ва институтњои муодил дар самти њифзи њуќуќи конститутсионии шањрванд дар давлатњои алоњида ва дигар мавзўњои мубрами соњаи њуќуќ мавриди муњокимањои доманадор ќарор додашуданд. Конфронси мазкур асосан мавзўъњои њуќуќ ба озодї њамчун муњимтарин ва асоситарин кафолати конститутсионї, ки дар замони печидаи љањони имрўза хусусияти актуалї пайдо карда, ба кафолат, њифз ва амният бенињоят ниёз дорад, инчунин дигар масъалањои рушд ва тањкими њуќуќиинсон, ки ба амалї гаштани њуќуќ ба озодї ва кафолатњои он нигаронида шудаанд, мавриди баррасї ќарор мегиранд.

 

 

 
« ПерваяПредыдущая12345678910СледующаяПоследняя »

Страница 1 из 40