Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон







![]() | Имрӯз | 1295 |
![]() | Дирӯз | 1289 |
![]() | Дар ин ҳафта | 10881 |
![]() | Ҳафтаи сипаригардида | 11446 |
![]() | Дар ҳамин моҳ | 10881 |
![]() | Моҳи сипаригардида | 41997 |
![]() | Ҳамагӣ | 1028551 |
НИШОНАИ МО
734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48
тел: 221-61-96,
факс:(÷992 37) 221-29-28
E-mail: constcourt.tj@mail.tj
Аз 26 феврал то 2 марти соли 2019 бо маќсади иштирок дар Коллоквиуми байналмилалї дар мавзўи: «Наќши њокимияти судї дар таъмини волоияти њуќуќ оид ба масъалањои муњити зист» ва «Љаласаи дувоздањуми Гурўњи маќсаднок оид ба дастраси ба адолати судї тибќи Конвенсияи Орхус барои намояндагони маќомоти судї» сафари хизматии судяи Суди Конститутсионї Њошимзода Д. ба шањри Женева доир гардид.
Дар кори ин чорабинињои сатњи байналмилалї, ки бо ташаббуси Комиссияи Аврупоии иќтисодии Созмони Милали Муттањид доир гардид, намояндагони маќомоти судии давлатњои љањон ва созмонњои бонуфузи байналмилалї, аз ќабили Арманистон, Албания, Белорусия, Венгрия, Гвинея-Биссао, Гурљистон, Исландия, Ирландия, Испания, Италия, Латвия, Люксембург, Румыния, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Македония, Малта, Молдавия, Монтенегро, Нидерландия, Норвегия, Озарбойљон, Олмон, Руминия, Сербия, Словения, Словакия, Украина, Фаронса, Чехия, Шветсия, Хорватия, Эстония, роњбари шуъбаи муњити зисти Комиссияи Аврупоии иќтисодии Созмони Милали Муттањид, намояндаи минтаќавии Барномаи СММ оид ба муњити зист, Роњбари Форуми судяњои Иттињоди Аврупо оид ба масълањои муњити зист, котиботи Конвенсияи Орхус ва дигарон иштирок ва суханронї намуданд.
Њадаф аз баргузории чорабинињо таќвият додани имкониятњои маќомоти судї дар самти баррасии парвандањои марбут ба муњити зист, амалишавии њуќуќњои конститутсионии инсон ба муњити зист ва ба ин васила мусоидат намудан ба амалишавии вазифањои Њадафњои Рушди Устувор, таъмини волоияти њуќуќ дар сатњи милливу байналмилалї, инчунин таъмини дастарсии баробари адолати судї ба њамагон иборат буд.
Дар чорабинињо мавзўњои мухталифи марбут ба таъмини адолатнокї дар масъалаи муњити зист ва Маќсадњои Рушди Устувор, истифодаи њуќуќи байналмилалї зимни мурофиањои судї марбут ба парвандањо оид ба муњити зист, мустањкамгардонии механизми њалли судии парвандањои марбут ба дастрасї ба иттилои экологї, талабот оид ба мустањкамгардонии имконияти судњо вобаста ба баррасии парвандањое, ки аз љониби маќомоти судї ва дигар маќомоти назоратї дар соњаи муњити зист баррасї мешаванд, њамкории глобалї ва минтаќавї дар самти мусоидат бањри бењтар намудани дастарсї ба адолати судї вобаста ба мавзўи муњити зист, ќонунгузории кишварњои алоњида дар масъалањои экологї ва дастарсї ба иттилои экологї, таљрибаи судї оид ба парвандањои марбут ба соњаи муњити зист дар давлатњои алоњида ва дигар мавзўњои мубрами соњаи њуќуќ мавриди муњокимањои доманадор ќарор дода шуданд.
Њамчунин зимни чорабинињо масъалаи марбут ба алоќамандии Конвенсияи Комиссияи Аврупоии иќтисодии Созмони Милали Муттањид (Конвенсияи Орхус) дар бораи дастрасї ба иттилоот, иштироки љомеа дар раванди ќабули ќарор ва дастрасї ба адолати судї оид ба масъалањои муњити зист бо дигар созишномањо дар самти муњити зист, сифати њавои атмосфера ва таќвияти њамкорињои минтаќавию байналмилалї дар ин самт мавриди баррасї ќарор шуданд.
|