18:25:05 - 07.12.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1296
mod_vvisit_counterДирӯз1289
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта10882
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида11446
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ10882
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида41997
mod_vvisit_counterҲамагӣ1028552

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

8 майи соли 2015 ба муносибати 70-умин солгарди љашни фархундаи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанї Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода ва судяи Суди Конститутсионї Гулзорова М.М. бо маќсади аёдати иштирокчии Љанги Бузургї Ватанї Розиќов Ш. ба манзили истиќоматии ў ташриф оварданд.

Раиси Суди конститутсионї Мањкам Мањмудзода аз номи коллективи Суди Конститутсионї собиќадори Љанги Бузургї Ватаниро тањният намуда, иброз дошт, ки боиси шукргузорист, ки ин љанги дањштанок њамчун њаводиси мудњиши инсоният танњо дар сањифањои таърихї боќї монда, имрўз аз файзу баракати сулњу суботи комил ва њамдигарфањмиву дўстї сатњи худшиносї ва худогоњии њар фарди љомеаи муосир ќадру манзалати воло касб намуда, ѓояи инсондўстї ба њайси ѓояи пешбарандаи давлату миллат дар мењвари сиёсати љањонї пазируфта шудааст.

Аз љониби намояндагони Суди Конститутсионї инчунин ба иштирок­чии Љанги Бузургї Ватанї Розиќов Ш. кўмаки моддї расонида шуд.

 

 

 

 

 

5 майи соли 2015 бо фармони Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Гулзода А.А. роњбари Дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон таъин гардид.

Гулзода Абдумаљид Абдуњамид 20 августи соли 1981 дар шањри Душанбе таваллуд шудааст. Миллаташ тољик. Тањсилоташ олї. Соли 2003 факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистонро бо ихтисоси њуќуќшиноси байналхалќї хатм намудааст.

Солњои 2003-2009 дар Корхонаи воњиди давлатии њавопаймоии «Тољик Эйр» дар вазифањои муњандис-декларант, муњандиси маљмааи техникї ва муњандис оид ба тартиб даровардани борњои гумрукї фаъолият намудааст.

Солњои 2009-2010 дар вазифаи њуќуќшинос-машваратчии ташкилоти љамъиятии «Њуќуќ ва Парастор» кор кардааст.

Аз соли 2010 то соли 2015 дар Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон мансабњои мутахассиси пешбар оид ба робитањои беруна ва сардори шуъбаи умумї ва хизмати давлатиро ба уњда дошт.

Мушовири адлияи дараљаи сеюм.

 

 

 

 

 

17 апрели соли 2015 дар иҷлосияи якуми даъвати панҷуми Маҷлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар асоси пешнињоди Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар њайати Суди конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таѓйироти кадрї сурат гирифт.

Њамин тавр, бо ќарорњои Маҷлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Каримзода Карим Мазиё аз вазифаи судяи Суди конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд ва ба вазифаи муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Абдуллоев Абдуллоҷон Абдурањмонович бинобар сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бозхонд карда шуд.

Њошимзода Даврон Додољон ба вазифаи судяи Суди конститутсио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Маълумот: Њошимзода Даврон Додољон 20 ноябри соли 1981 дар ноҳияи А.Љомии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилоташ олӣ. Соли 2003 факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон ва соли 2010 магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Љумњурии Тољикистонро хатм намудааст. Ихтисосаш ҳуқуқшинос, идоракунии давлатї. Солњои 2004-2009 дар вазифањои сармутахассиси шуъбаи њуќуќ ва сармутахассиси шуъбаи таъмини асосњои конститутсионї, њуќуќу озодињои инсон, шањрванд ва ќонунияти Дастгоњи Маљлиси миллии Олии Љумњурии Тољикистон кор кардааст. Солњои 2009-2010 магистранти Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Љумњурии Тољикистон. Солњои 2010-205 ба њайси роњбари Дастгоњи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон фаъолият намудааст.

Номзади илмњои њуќуќ. Мушовири адлияи дараљаи якум.

 

 

20 марти соли 2015 дар толори маљлисгоњи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо иштироки судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон бахшида ба таљлили иди байналмилалии Наврўз маљлиси тантанавї доир гардид.

Дар оѓози маљлис Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикис­тон Мањкам Мањмудзода њамагонро бо иди фасли зебои бањор Наврўзи аљам тањният намуда, иброз дошт, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон анъана ва суннатҳои неки љашни фархундаи Наврӯзї, ки маънавиёту фарҳанги миллии мо аз он маншаъ мегирад, шуњрати байналмилалї касб намуда, ба Тољикистони офтобрў њамчун башорати рўзи нав ва эҳёи табиату замин файзу баракот ва фаровонӣ ато карда, мардуми сарбаланди кишварро ба дўстиву њамдигарфањмї ва эњтироми арзишњои волои инсонї даъват мекунад.

Боиси тањсин аст, ки мардуми худшиносу мењнатпарасти кишвар Наврўзро њамчун муждаи эҳёи табиат, бедории замин ва оғози киштукор дар фазои идона бо як руњияи баланд ва ифтихори волои миллї истиқбол менамоянд ва онро азизу гиромӣ медоранд.

 

 

 

 

7 марти соли 2015 дар толори маљлисгоњи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо иштироки судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон бахшида ба таљлили иди умумимилї- Рўзи Модар маљлиси тантанавї доир гардид.

Дар оѓози маљлис Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикис­тон Мањкам Мањмудзода бонувони Суди Конститутсиониро бо иди олињаи њусну зебої ва манбаи мењру муњаббат – Рўзи Модар шодбош гуфта, аз љумла иброз дошт, ки бо ташаббуси хирадмандонаи Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар кишвари куњанбунёдамон бо шукуњу шањомати хоса таљлил намудани Рўзи Модар шањодати эњтиром гузоштан ба ќадру манзалати зан – модар мањсуб меёбад.

Таърих гувоњ аст, ки модарон бо хиради азалии худ дар инкишофи тамаддун ва фарњанги миллї наќши равшану барљаста дошта, дар њар давру замон њурмату эњтироми онњо воло буда, арљ гузоштан ба маќому манзалати занону модарон ќарзи фарзандии њар як инсон мебошад.

 

 

12 феврали соли 2015 дар толори маљлисгоњи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо иштироки судяњо, кормандони Дастгоњи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва хатмкунандагони факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон оид ба шарњи нуктањои Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олї аз 23 январи соли 2015 њамоиш доир гардид.

Дар оѓози маљлис Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода бо сухани ифтитоњи баромад намуда, аз љумла иброз дошт, ки Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон њамчун њуљљати барно­мавї ва санади стратегии њадафманд бо тарзи масъалагузорї ва шарњи зарурии он, тањлили мушаххас ва хулосабарорињо санади муњимтарини њар як сол аст ва дар амал татбиќ гаштани вазифањои дар он гузошташуда, кулли масъалањои муњими љомеа роњи њаллї худро пайдо намуда, аз љумла рушди муътадили низоми иќтисоди миллї таъмин карда мешавад.

Бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31 январи соли 2015, №35 «Наќшаи чорабинињо оид ба иљрои вазифањое, ки дар Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 23 январи соли 2015 зикр гардидаанд» тасдиќ гардидааст, ки он аз 74 банд иборат буда, андешидани тадбирњои заруриро пешбинї намудааст.

Бо маќсади амалї намудани дастуру супоришњои дар Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олї баёнгардида, Наќшаи чорабинињои Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон низ тањия ва тасдиќ карда шудааст ва коллективи Суди Конститутсионї тасмим гирифтааст, ки дар доираи он як зумра тадбирњоро роњандозї намояд.

Оид ба мазмуну муњтавои Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олї инчунин судя-котиби Суди Конститутсионї Каримов К.М. ва роњбари Дастгоњи Суди Конститутсионї Њошимзода Д.Д. баромад намуданд.

 
« ПерваяПредыдущая11121314151617181920СледующаяПоследняя »

Страница 18 из 41