17 июни соли 2016 Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода дар Конфронси илмї-назариявї тањти унвони «Ќонуни Љумњурии Тољикистон дар бораи «Асосгузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат», ки бо ташаббуси Гвардияи миллї ба муносибати Рўзи Вањдати миллї доир гардид, иштирок намуд.
Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода дар кори ин чорабинї бо маърўза дар мавзўи «Созишномаи сулњи Тољикистон – асоси њуќуќии Вањдати миллї» баромад намуда, аз љумла ќайд кард, ки ба шарофати зањмату талошњои Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон муяссар гардид, ки дар кишварамон сулњу субот пойдо гардида, вазъи мураккаби мамлакат ба эътидол оварда шуда, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллї дар Тоҷикистон ба имзор расад.
Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї њамчун њуљљати муњими сиёсї барои таъмини вањдату суботи комил дар кишвар заминаи воќеию њуќуќї гузошта, барои мустањкам намудани андешањои солими давлатдории миллї дар афкори љомеа наќши босазо дордад.
|
15 июни соли 2016 тањти раисии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода баррасии парванда аз рўи дархости директори генералии Љамъияти дорои масъулияти мањдуди «Наљот»-и шањри Исфара Исомадинова Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати сархатњои чорум, чордањум ва њабдањуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воњиди давлатии «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї», ки бо фармоиши Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиќ карда шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид.
Дар кори мурофиаи судии конститутсионї намояндагони ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон дар Суди конститутсионї, намояндагони Суди Олии иќтисодї, Прокуратураи генералї, вазоратњои адлия ва наќлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї, Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия ва дигар маќомоти давлатї иштирок намуданд.
Суди конститутсионї дар мурофиаи ошкорои судї масъалаи мазкурро мавриди баррасї ќарор дода, зимни он њолатњои наверо ошкор намуд, ки барои моњиятан баррасї шудани парванда ањамияти муњим дошта, даќиќ намудани онњо санљиши иловагии конститутсиониро таќозо мекунад. Аз љумла, аниќ муайян намудани вазъи њуќуќии Оинномаи Корхонаи воњиди давлатии «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї», ки бо фармоиши Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиќ карда шудааст ва мавриди татбиќи он, ки њолати мазкур гирифтани хулосаи тахассусии маќомоти ваколатдори давлатиро талаб мекунад.
Бинобар ин, бо таъиноти Суди конститутсионї баррасии парванда аз рўи дархости пешнињодшуда мавќуф гузошта шуд.
|
26 майи соли 2016 Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода ва муовини Раиси Суди конститутсионї Карим Каримзода дар Конфронси илмї-амалии љумњуриявї дар мавзўи «Фаъолияти њуќуќэљодкунї дар Љумњурии Тољикистон: рушд ва проблемањо» иштирок намуданд. Конфронси мазкур ба муносибати 25-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бахшида шуда, бо ташаббуси Маркази миллии ќонунгузории назди Љумњурии Тољикистон доир гардид.
Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода зимни суханронї дар кори конфронс оид ба наќши фаъолияти њуќуќэљодкунї дар рушди низоми њуќуќии кишвар андешаронї намуда, аз љумла ќайд кард, ки барои тањким ва самаранокии раванди њуќуќэљодкунї бояд аз љониби маќомоти салоњиятдори давлатї мунтазам мониторинги санадњои меъёрии њуќуќии кишвар анљом дода шуда, санадњои меъёрии њуќуќї бо дарназардошти пешгўї, банаќшагирї ва зарурият тањия ва ќабул карда шаванд.
Зимни тањия ва ќабули санадњои меъёрии њуќуќї њатман техникаи њуќуќэљодкунї, талаботи экспертизаи њуќуќї, илмї, мантиќї, забонї ва зиддикоррупсионї риоя гардида, баќайдгирии давлатии санадњои меъёрии њуќуќї таъмин карда шаванд, ки ин омил метавонад ба сифати санади меъёрии њуќуќї таъсири мусбї расонад.
Дар кори конфронс инчунин муовини Раиси Суди конститутсионї Карим Каримзода бо маърўза дар мавзўи «Маќомоти назорати конститутсионї ва фаъолияти њуќуќэљодкунї» баромад намуд.
|
21 майи соли 2016 Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода гурўњи мушоњидони байналмилалї аз Ассамблеяи байнипарламентии Иттињоди Давлатњои Мустаќилро, ки љињати мушоњидаи ошкорои рафти баргузории раъйпурсии умумихалќї оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Конститутсия ба Љумњурии Тољикистон ташриф оварда буданд, ба њузур пазируфт.
Зимни вохўрї Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода оид ба муњимияти таѓйиру иловањои ба Конститутсия изњори назар карда, иброз намуд, ки тибќи муќаррароти ќонунњои конститутсионї «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» ва «Дар бораи раъйпурсии Љумњурии Тољикистон» ба салоњияти Суди конститутсионї масъалаи муайян намудани мувофиќати лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон воридшаванда, ба Конститутсия мансуб мебошад.
Бо дарназардошти ин салоњияти муќаррарнамудаи ќонунгузорї то эълон гардидани раъйпурсии умумихалќї аз љониби Суди конститутсионї дар асоси пешнињоди Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон лоињаи таѓйиру иловањо мавриди баррасї ќарор дода шуд ва бо ќарори Суди конститутсионї аз 4 феврали соли љорї лоињаи таѓйиру иловањо ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон воридшаванда, ба Конститутсия мутобиќ дониста шуданд.
Намояндагони Ассамблеяи байнипарламентии Иттињоди Давлатњои Мустаќил аз маќсади ташрифи худ ба Љумњурии Тољикистон ёдовар шуда, ба фаъолияти Суди конститутсионї, ки ба таъмини волоияти ва амали бевоситаи Конститутсия нигаронида шудааст, таваљљуњи хоса зоњир намуданд.
Дар вохўри инчунин муовини Раис Каримзода К.М. ва судяњои Суди конститутсионї Гулзор М.М. ва Њошимзода Д.Д. иштирок намуданд.
|
16-20 майи соли 2016 дар шањри Санкт-Петербург ба муносибати 25-солагии таъсиси Суди конститутсионии Федератсияи Россия Конфронси байналмилалї дар мавзўи «Адлияи муосири конститутсионї: хатарњо ва дурнамо» ва Форуми шашуми байналмилалии њуќуќии Петербург доир гардид.
Дар кори Конфронси байналмилалї намояндагони маќомоти назорати конститутсионии љумњурињои Австрия, Арманистон, Белорусия, Белгия, Индонезия, Исроил, Испания, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Корея, Конфедератсияи Швейтсария, Олмон, Сербия, Узбекистон, Фаронса, Финландия, Њиндустон, Шоњигарии Тайланд, Эстония ва дигар кишварњо, њамчунин намояндагони Суди Аврупо оид ба њуќуќи инсон, Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, Конфронси умумиљањонї оид ба адолати судии конститутсионї, маќомоти њокимияти давлатии Федератсияи Россия, олимони соњаи њуќуќ иштирок ва суханронї намуданд.
Форуми шашуми байналмилалии њуќуќии Петербург низ дар сатњи баланди омодагї бо иштироки беш аз севуним њазор намояндагони њаштод кишвари љањон доир гардида, дар он мавзуњои мухталифи соњаи њуќуќу сиёсат ва иќтисодиёту иљтимоиёт бо дарназардошти вазъи љањони муосир матрањ гардиданд.
Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар ин чорабинињои муњими сатњи байналмилалї судяи Суди конститутсионї Даврон Њошимзода намояндагї намуда, дар кори Конфронси байналмилалї бо маърўза дар мавзўи «Адлияи конститутсионї–кафолати ќонуният дар Тољикистон» суханронї намуд.
|
17 майи соли 2016 вохўрии Раиси Суди конститутсионї – Мањкам Мањмудзода бо роњбари Ситоди Миссияи мушоњидон аз Иттињоди Давлатњои Мустаќил Слобода Евгений Александрович доир гардид.
Зимни вохўрї масъалањои марбут ба фаъолияти густурдаи Суди Конститутсионї, ки ба таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия равона гардидаанд, матрањ гардида, ќайд гардид, ки таѓйиру иловањои пешнињодшуда дар маљмўъ арзишњои волои Конститутсияро тањким бахшида, инъикоси минбаъдаи раванди демократикунонии њаёти сиёсї ва иљтимоии љомеаи Тољикистон, таќвияти њифзи њуќуќии шахс, фарогири идомаи ислоњоти сиёсию иљтимої ва њуќуќию судї дар мамлакат мебошанд.
Љаноби Слобода Евгений Александрович аз таъмини волоияти ќонун дар Љумњурии Тољикистон изњори ќаноатмандї кард ва ба фаъолияти Суди Конститутсионї таваљљўњ зоњир намуда, мављудияти ин маќоми назорати конститутсиониро дар кишвар муфид арзёбї кард.
Зимни вохўрї муовини Раиси Суди Конститутсонї - Каримзода К.М. ва судяи Суди Конститутсионї - Гулзор М.М. иштирок намуданд. |
|
|