17:05:41 - 16.07.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз924
mod_vvisit_counterДирӯз1290
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2214
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида9249
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ20705
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида48214
mod_vvisit_counterҲамагӣ511701

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

 

 

10–уми июли соли 2018 дар синни 62 солагї баъд аз беморї риш­таи умри Зоирзода Шарофиддин Юнус-судяи Суди консти­тут­си­онии Љумњурии Тољикистон бармањал канда шуд.

Зоирзода Ш. Ю. соли 1982 баъди хатми факултети њуќуќ­ши­но­сии Донишгоњи Давлатии Тољикистон, солњои 1982 –1993 дар вазифањои кор­омўзи шуъбаи њуќуќ, ад­вокат ва мудири шуъбаи њуќуќии ноњияи Кол­хозобод кор карда, моњи марти соли 1987 аъзои Президиуми кол­легияи адвокатњои Љумњурии То­љикистон интихоб гардидааст.

Соњои 1993–1996 дар вази­фа­њои машваратчї - сармутахассиси Кумитаи Шўрои Олии Љумњурии Тољи­кистон оид ба ќонунгузорї, тар­тиботи њуќуќї ва њуќуќи инсон, мушовири калони кумитаи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон оид ба тартиботи њуќуќї, мудофиа ва ам­ният ифои вазифа намудааст.

Аз соли 1996 то соли 2001дар вази­фањои мушовир ва мушовири калони Президенти Љумњурии Тољи­кистон оид ба масъалањои њуќуќї ва аз моњи ноябри соли 2001 то мохи феврали соли 2004 муовини Раиси кумитаи давлатии идораи амволи дав­латии Љумњурии Тољикистон кор кардааст.

Моњи феврали соли 2004 вакили Маљлиси намояндагони Маљ­лиси Олии Љумњурии Тољикистон интихоб гардида, аз соли 2005 то соли 2012 дар вазифањои мудири шуъбаи њуќуќи даст­гохи Маљлиси намо­яндагон ва муовини Роњбари дастгоњи Маљлиси миллї ифои вазифа намудааст.

Аз 13 декабри соли 2012 ба вазифаи судяи Суди консти­тут­сио­нии Љум­њурии Тољикистон интихоб гардида, дар ин вазифа то лањзаи охи­рини њаёташ фаъолияташ намудааст.

Барои мењнати самаранокаш дар маќомоти њокимияти давлатї бо мукофоти давлатї, Ифтихорномаи Маљлиси миллї ва Суди консти­тутсионї ва дигар медалу мукофотњои соњавї ќадрдонї карда шу­дааст.

Номбурда дар кадом сатњи макомоти давлатї кор ва фаъолият на­карда бошад њам, худро њамчун мутахассиси барљаста ва ватандўст, шах­си кордон, хоксор ва тарбиятгари кадрњои љавон дар руњияи худ­ши­носиву худогоњї муарифї намудааст.

Дорои обрў ва эътибори баланд буда, дар рушди ќонунгузории мамлакат наќши арзанда дорад.

Ёди Зоирзода Ш.Ю. ва кору фаъолияти созандаи ў дар ќалби њамкорону дустонаш абадї боќї хоњад монд.

Коллективи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

 

 

 

 

28 майи соли 2018 судяњо ва кормандони Суди Конститутсионї бо маќсади пайдо кардани ошної бо таърихи бойу пурѓановати миллати тољик, бахшида ба «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» эълон гардидани соли 2018 дар доираи наќшаи чорабинињо аз мавзеи таърихии Тољикистон - Ќалъаи Њисор боздид ба амал оварданд.

Њисори Шодмон як пораи Тоҷикистон буда, таърихи ќадима дорад ва ёдгорињои таърихии он нишонае аз кўњанбунёдии ўст. Ҷашни 3000 солагии Њисори Шодмон ба сифати макони таърихї ин гуфтаро собит месозад. Омўзиши сарчашмањои таърихї ва бозёфтњои бостоншиносон шањодат медињанд, ки дар водии Њисор одамон њанўз аз давраи асри санг, тахминан 40-50 њазор сол муќаддам сукунат доштанд. Аз бисёр мањаллањои он маскани одамоне пайдо гардиданд, ки 6-9 њазор сол муќаддам дар онњо истиќомат доштанд.

Дар водии Њисор бостоншиносон бо маданияти моддии ќадимтарини одамон вомехўранд. Дар давраи неолит (ќарни санг) водии Њисор хеле серањолї будааст, ки аз ин бошишгоњњо, маснуоти шикорию рўзгор гувоњї медињад. Тамаддуни ин сарзамин бо номи маданияти Њисор машњур буда, бо тањќиќи он донишманди шўравї А.П. Окладников њанўз соли 1948 оѓоз бахшидааст. Њангоми њафриёт зиёда аз 680 осори давраи санг ёфт шудааст.

Дар натиҷаи ҷустуҷўи бостоншиносї аз соли 1946 то имрўз дар њудуди шањри Њисор ва атрофи он маводњои гуногун пайдо гардидааст. Дар асоси он гуфтан ба маврид аст, ки њудуди шањр аз њазораи II то милод њамчун бошишгоњи ќабилаи чорводорї аз худ карда шуда, аз асри VII то милод њамчун шањр ташаккул ёфтаву ба маркази сиёсиву иќтисодии минтаќаи заминдорї табдил меёбад.

Тибќи нишондодњои таърихї, Њисори бостонї дар гузаштаи дур зери итоати давлатњои гуногун ќарор доштааст. Дар нимаи дуюми асри XV ва аввали асри XVI дар Њисори Шодмон пайвандони шоњзодањои темурї њукмронї мекарданд. Тадриҷан Њисор рушд ёфта, ба яке аз шањрњои калону мустаќили Мовароуннањр табдил меёбад. Ин даврањо дар маданияти Њисор таѓйироти куллї ба амал омада, дењќонї, чорводорї, њунармандї, тангасозї, кулолгарї, бофандагї, шањрсозї ва дигар савдову тиҷорат вусъат пайдо мекунанд.

Номи Њисори Шодмон бори аввал дар асари машњури таърихии Шарофиддин Алї Яздї «Зафарнома» (асри XV) њамчун яке аз мулкњои Империяи Темуриён зикр гардидааст ва ба сифати маркази силоњсозї ёдовар мешавад.

Суди Конститутсионї тасмим гирифтааст, ки ба ин иќдом бо маќсади иљрои наќшаи чорабинињо оид ба «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» эълон гардидани соли 2018 њукми анъанавї дода, аз мавзењои таърихии Тољикистон пайваста боздид ба амал орад.

 

 

 


 

 

 

 

 

 

 

21 июни соли 2018 дар толо­ри маљлисгоњи Суди Кон­сти­тут­сионии Љумњурии Тољи­­кис­тон ба муно­си­бати 21-умин солгради ба имзо расидани Созишномаи умумии истиќ­рори сулњ ва ризоияти миллї, ки њамчун санади таърихї барои тањкими пояњои вањдат ва суботу оромї дар кишвар мусоидат кард, дар мавзўи «Вањдати миллї ва њифзи дастовардњои Истиќлолияти давлатї» њамоиш доир гардид.

Дар кори њамоиш намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Прокуратураи генералї, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, вазоратњои адлия, маоириф ва илм, рушди иќтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї, кумитањои оид ба корњои дин ва танзиму анъана, занон ва оила, забон ва истилоњот, љавонон ва варзиш, рушди сайёњї ва дигар маќомоти давлатї, инчунин олимони соњаи сиёсату њуќуќ иштирок ва бо маърўза баромад намуданд.

Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањ­мудзода ба кори њамоиш њусни оѓоз бахшида, аз љумла иброз дошт, 21 сол ќабл миллати тољик бо паси сар кардани љанги шањрвандї санадеро ќабул намуд, ки сулњи тољиконро оѓоз ва Истиќлолияти давлатиро тањким бахшид ва ин санади таърихї Созишномаи истиќрори сулњи тољикон буд.

Танњо ба шарофати зањматњои пайгирона ва талошњои созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон муаяссар гардид, ки дар як муддати кўтоњ љанги тањмилии шањрвандї хомўш карда шавад ва миллати тољик аз хатари парокандашавї рањо ёфта, муњољирони иљборї ба ватану ман­зили худ баргардонида шуданд ва кишвари мо ба маљрои рушду инкишоф дар њама соњањои њаёти љомеа ворид гардид.

Мавсуф зикр кард, ки пойдории сулњу субот барои њифзи арзишњои миллї, эҳёи давлат­до­рии навини демократию њуќуќбунёд, сарљамъию ит­тиҳоди миллат, амали­созии њадафњои конститутсионии давлати иљтимої, татбиќи вазифањои стратегии давлат мусоидат карда, Љумњурии Тољикистон њамчун субъекти муносибатњои байналмилалї дар арсаи сиёсати љањонї сазовори мавќеи хосса гардид.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки ба ин арзиши муќаддас, яъне Вањдати миллї, ки намунаи ибратбахши љањониён мебошад, расем ва онро њамеша эмин нигоњ дошта, барои тарбияи љавонони ватандўсту ватанпарвар кўшиш намоем.

Баъдан академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон Каро­матулло Олимов баромад намуда, зикр кард, ки Созишномаи умумии ис­тиќрори сулњ ва ризоияти миллї, ки дар як давраи вазъи мураккаби сиёсии мам­лакат бо саъю талошњои Пешвои муаззами миллат ба имзо расонида шуд, дар таљрибаи љаҳони мутамаддин падидаи нодири ба миён овардани сулњу оромї ба шумор рафта, аз нигоњи њуќуќї падидаест, ки омили муњими пешрафту ташаккули давлати адолат­парварро таќвият мебахшад.

Њамзамон, зикр кард, ки маќсад аз љашнгирии Вањдати миллї ва баргузор намудани чорабинињои гуногун, дар шароити мураккаби сиёсии љањони имрўза ин њушдор сохтани мардуми кишвар аз њодисањои мудњиши љанги шањрвандї ва баланд бардоштани њисси ватандориву ватандўстї, садоќат ба ватан, њифзи ватан, расидан ба ќадри сулњу субот, оромї ва таъмини пойдории Истиќлояияти давлатї мебошад.

Дар рафти њамоиш зиёда аз 10 марўзањо шунида шуданд, ки маъ­рўзачиён оид ба наќши вањдати миллї дар рушду такомули соњањои гуногуни њаёти сиёсиву иљтимої ва фарњангї ибрози андеша намуданд.

Њамоиш аз љониби иштирокдорони он муфид арзёбї гардид.

 

 

 

 

СИЁСАТИ ИЉТИМОЇ ДАР ЊОШИЯИ МУЛОЌОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ,

ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН БО НАМОЯНДАГОНИ ЉОМЕАИ КИШВАР

 

«…њадафи асосии роњбарияти давлату Њукумати мамлакат боз њам баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии мардумамон, рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллиамон, таъмин намудани саодати њар хонадони Тољикистон ва тањкими нуфузу обрўи он дар арсаи байналмилалї мебошад».

 

Эмомалї Рањмон


Тољикистон мутобиќи моддаи 1 Конститутсия, давлати иљтимої буда, барои њар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароњам меорад. Дар асоси моддаи 64 Конститутсия, Президент њомии Конститутсия ва ќонунњо, њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, кафили истиќлолияти миллї, ягонагї ва тамомияти арзї, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти маќомоти давлатї ва њамкории онњо, риояи шартномањои байналмилалии Тољикистон мебошад.

Бо ин назардошт, сиёсати иљтимої дар маркази таваљљуњи пайвастаи роњбарияти олии сиёсии Тољикистон ќарор дошта, бо ин маќсад аз тамоми имкониятњо ва захирањои мављуда самаранок истифода бурда мешаванд. Ба сифати далели раднашавандаи ин гуфтањо метавонад он чиз баромад намояд, ки солиёни охир зиёда аз нисфи буљети давлатї мањз ба маќсадњои иљтимої равона гардида, муассисањои зиёди маданию равшаннамої, ба монанди муассисањои тањсилоти томактабї, муассисањои тањсилоти миёнаи умумї, ќасрњои фарњанг дар тарњи замонавї сохта ба истифода дода мешаванд. Њамчунин дар назар дошта шудааст, ки аз моњи сентябри соли 2018 музди мењнати кормандоне, ки аз њисоби буљети давлатї маблаѓгузорї карда мешаванд, ба таври навбатї боло бардошта шавад.

Мулоќоти Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, ки 12 майи соли 2018 бо намояндагони љомеаи кишвар, ки ба муносибати фаро расидани моњи шарифи Рамазон баргузор шуд, аз пайгирї гардидани масъалањои иљтимої ва даќиќона мавриди тањлил ќарор дода шудани он орї набуд. Фазилатњои наљиби ин моњи хайру саховат, аз љониби роњбарияти олии сиёсии Тољикистон дар њамбастагї бо сиёсати иљтимої борикбинона тањлил гардида, аз соњибкорон ва тољирон даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин моњи шариф нарху навои мањсулоти ниёзи мардумро беасос баланд бардошта, њамватанони худро ба азият гирифтор накунанд. Њамчунин ќайд гардид, ки дар аксари кишварњои исломї ва мусулмоннишин тољирон нархро, баръакс, дар ин моњ арзон мекунанд, то ки бо њамин роњ низ со-њиби савоб шаванд. Ин сиёсат ба он нигаронида шудааст, ки манфиатњои ќишри нисбатан камњимоя халалдор нашуда, бо њамин бењбудии вазъи иљтимоии онњо таъмин карда шавад.

Мавриди ќайд аст, ки љињати таќвият бахшидан ба сиёсати иљтимої, дар љаласаи Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки санаи 27 апрели соли љорї баргузор гардид, ба роњбарони њамаи вазорату идорањо, сохтору маќомоти давлатї, раисони вилоятњо, шањру ноњияњо, шањраку дењот ва ташкилоту муассисањо, сарфи назар аз шакли моликияти онњо, супориши ќатъї дода шуд, ки ба ифтихори сисолагии истиќлолияти кишвар, яъне то 9-уми сентябри соли 2021 ва дар сатњи баланди омодагї пешвоз гирифтани ин љашни бузурги миллї корњои созандагиву ободониро дар тамоми ќаламрави кишвар њамаљониба густариш бахшанд.

Дар доираи ин чорабинињо, дар назар дошта шудааст, ки давоми се сол дар њар як мањалли ањолинишин, шањраку дењот ва дењањои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисањои томактабї, мактабњои тањсилоти умумї, марказњои саломатї бо таваллудхонањо барои на камтар аз 10-15 кат ва њуљрањои махсус барои анљом додани хатна, бунгоњњои тиббї, майдончањои варзишї вусъат дода шавад.

Инчунин, дар назар дошта шудааст, ки дар ин муддат, китобхонаву њаммомњо бо сартарошхонаву кошонаи њусн, боѓу гулгаштњо ва љойњои сайру истироњати оммавї, корхонањои истењсолї, аз љумла коргоњњои дўзандагї, истењсоли маснуоти њунарњои мардумї, бо оби босифати ошомиданї таъмин намудани ањолии дењањо, таъмири роњи байни дењањо шинонидани нињолњо ва бунёди боѓњои нав њамчун корњои созандагї ва ободонї анљом дода шаванд, ки ин бешак барои бењтару хубтар гардонидани шароити иљтимоии ањолї нигаронида шудааст.

Баробари ин, сохта ба истифода дода шудани объектњои љашнї, фароњам омадани дањњо љойњои кории доимиро заминагузорї намуда, бо љойи кори доимї таъмин гардидани ањолии дењотро асос мегарданд, ки ин дар раванди болоравии бењбудии зисту зиндагонии ањолї наќши калидї мебозад.

Њамин тавр, сиёсати созандаи роњбарияти олии сиёсї моро водор менамояд, ки нисбати масъалањои мубрами њаёти љамъиятї ва давлатї бетараф набуда, дар ташаккули мамлакат сањми худро гузошта бошем.

Фирдавсова Г.Р.

ёрдамчии судяи Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

 

 


 

 

Аз 23 то 26 майи соли 2018 бо маќсади иштирок дар Конфронси байналмилалї дар мавзўи «Наќши судњои конститут­сионї дар шароити љањонишавии асри XXI» сафари кории судяи Суди Конститутсионї Њошимзода Д.Д. ба шањри Ригаи Љумњурии Латвия доир гардид.

Дар кори ин чорабинии сатњи байналмилалї, ки бо ташаб­буси Суди Конститутсионии Љумњурии Латвия доир гардид, намоян­дагони маќо­моти назорати консти­­тут­­сионии беш аз бисту панљ кишвари љањон ва созмон­њои бону­фузи бай­нал­ми­лалї, аз ќабили Австрия, Белорусия, Белгия, Бул­ѓо­ристон, Венгрия, Гурљистон, Испания, Ќазо­ќис­тон, Ќирѓи­зистон, Молда­вия, Норвегия, Олмон, Полша, Руминия, Словения, Украина, Фаронса, Хорватия, Чехия, Шоњигарии Люксембург, Эстония, Комиссияи венетсиа­нии Шўрои Аврупо, Суди Аврупої оид ба њуќуќи инсон, Суди Иттињоди Аврупо, намояндагони маќомоти њокимияти давлатии Љумњурии Латвия ва дигарон иштирок ва суханронї намуданд.

Конфронс дар сатњи хуби омодагї доир гардида, дар он мавзўњои мухталифи марбут ба конститутсионализм, њамкори байни судњои консти­тутсионї ва Суди Аврупої оид ба њуќуќи инсон, наќши судњои консти­тут­­сионї дар шароити љањониша­вии асри XXI, њимояи њуќуќњои асосии инсон дар шароити љањонишавї, Суди конститутсионї ва мубоњисаи иљти­мої, таъсиррасонии адолати судии конститутсионї ба судњои сало­њияти умумї, стандартњои байналмилалии иљрои ќарорњои суд­њои кон­сти­тутсионї, адолати судии конститутсионї омили муњими рушди консти­тут­сио­­нализми муо­сир, таъмини ќонунияти консти­тут­сионї дар давлатњои алоњида ва дигар мавзўњои мубрами соњаи њуќуќ мавриди муњокимањои доманадор ќарор дода шуданд.

Зимни кори Конфронс судяи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон Њошимзода Д.Д. вобаста ба масъалаи волоияти њуќуќ ва адолати судии консти­тут­­сионї суханронї намуда, наќши адолати судии консти­тут­сиониро омили муњими рушди консти­тут­сио­­нализми муо­сир муњиму назаррас арзёбї намуд.

 

Кормандон ва судяњои Суди конститутсионї, бо маќсади пайдо кардани ошної бо таърихи бойу пурѓановати миллати тољик, бахшида ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон гардидани соли 2018, дар доираи наќшаи чорабинињо, санаи 14 майи соли 2018 аз Осорхонаи миллии Тољикистон боздид ба амал оварданд.

Экспонатњои пурарзише, ки дар Осорхонаи миллии Тољикистон ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ба монанди нусхањои дастнависи китоби муќаддас - Ќуръони карим, мењроби Искодар, амсилаи маќбараи Исмоили Сомонї, ёдгорињои таърихие, ки аз Тахти сангин дарёфт гардидаанд, деворнигорањои Панљакенти ќадим ва монанди инњо, шањодат ба он медињанд, ки дар ватани аљдодии миллати тољик, илм, маданият ва фарњанг њанўз аз замони ќадим рушд карда, дастовардњои назаррасро дар соњањои гуногуни илм, чун сохтмон ва меъморї, катибакорї, нуљум, илми њарбї ва дигарњо ба мерос гузоштааст, ки аксарияти назарраси онњо имрўз низ ањамиятнокии худро гум накарда, дар шакли такмилёфта мавриди истифода ќарор доранд.

Аз Аљинатеппа пайдо гардидани муљассамаи бузурги Буддои хобида, ки амсилаи он дар Осорхонаи миллии Тољикистон нигоњ дошта мешавад, шањодати он аст, ки ватани таърихии аљдодони миллати тољик гањвораи тамаддун буда, пешрафти ин муносибатњоро на танњо дар минтаќа, инчунин дар доираи васеъ асос гузошта, ањамияти љањонї пайдо кардани онњоро боис гардидааст.

Дар Осорхонаи миллии Тољикистон баробари экспонатњои таърихї, инчунин экспонатњои замони муосир ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки дар хусуси дастовардњои замони истиќлол, ки 9 сентябри соли 2021 дар сатњи баланд таљлил гардидани 30-юмин солгарди он ба наќша гирифта шудааст, маълумот медињанд.

Ба маърази тамошо гузошта шудани ќаламе, ки бо он Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон имзо карда шудааст, басо рамзї буда, шахсро барои пеши назар овардани рўзњои таърихи водор менамояд. Аз ин хотир, имрўз њар як фарди соњибхирад ва соњибтамаддуни тољикро зарур аст, ки дастовардњои Вањдати миллиро арљгузорї намуда, дар партави сиёсаи созанда муттањид гарданд.

Суди Конститутсионї таслим гирифт, ки ба ин иќдом бо маќсади иљрои чорабинињо оид ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон гардидани соли 2018 њукми анъанавї дода шуда, аз ёдгорињои таърихии Тољикистон тариќи пайваста боздид ба амал оварда шавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
« ПерваяПредыдущая12345678910СледующаяПоследняя »

Страница 1 из 38