16:00:17 - 22.08.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз907
mod_vvisit_counterДирӯз1035
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта5018
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида8395
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ27078
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида33463
mod_vvisit_counterҲамагӣ889260

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


ПАЁМ ВА ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Мазмуну моҳияти волои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ саршор аз дастовардҳои бузургу созанда дар самти  рушду нумӯи давлат ва таҳкими суботу оромии ҷомеа буда, шаҳодати он аст, ки давлат ва миллати тамаддунсози тоҷик дар ҳалли масъалаҳои калидии ҷомеаи башар ва таъмини амнияту оромии минтақа нақши босазо дорад.
Дар ҳамин радиф омӯзиш ва таҳлили таърихи тамаддуни миллати тоҷик шаҳодат ба он аст, ки ин миллат аз азал солору майл ба офариниши тамаддун дошта, дар ҷодаи давлат ва идоракунии давлатӣ комёбиҳои беназиреро рӯи кор овардааст. Комёбиҳои миллат аҳамияти худро дар замони муосири пешрафт низ коста нагардонда, асоси мустаҳками инъикоси худро дар асноди ҳуқуқии байналмилалӣ пайдо кардаанд.
Фалсафаи тамаддуни миллат пайгири роҳи ҳақ ва адолат буда, устувории ҳокимиятро ба он рабт менамояд. Санъати давлатдории Куруши Кабир бозгӯйи воқеии тамаддун буда, ба он роҳи ҳақ ва адолат, санъати суханварӣ ва истеъдод дар муносибат имкон дод ҳудуди зиёдеро дар империяи худ муттаҳид созад. Озодии виҷдон кафолати давлатиро соҳиб гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои фитрӣ мақоми ҳуқуқиро касб карданд. Озодии мутлақ рӯи кор омада, асоси давлатдориро ислоҳот ташкил дод. Бозгӯйи ин Эъломияи Куруши Кабир буда, таҷассуми худро дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар пайдо кардааст.
Дар ин пайвастагӣ асарҳои намояндагони тамаддуни миллати тоҷик дар низоми сарчашмаҳои илмӣ мақоми муҳим ва марказиро касб карда, дар ҷодаи илмҳои гуногун, алалхусус фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсат мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтанд. Ин сарчашмаҳо дар замони муосир низ мавриди истифодаи васеъ буда, маҳаки омӯзишро ташкил медиҳанд.
Нобиғаи замон Ибни Сино ба дурустӣ таъкид дошта буд, ки «азбаски ҷомеа зодаи ҳамкорӣ ва ҳамраъйӣ аст, ба касе ниёз дорад, ки «қонун ва адолатро муқаррар намояд ва чунин кас бояд имкони тавассути сухан ба мардум муроҷиат карданро дошта бошад ва мардумро барои риояи қонун уҳдадор созад». Нобиға, ҳамчунин, барои ҳимоя шудани ҷомеа аз бенизомӣ ва бесарусомонӣ, сарвари оқилу огоҳеро зарур мешуморад, ки мардумро ба роҳи дуруст раҳнамоӣ кунад ва инсофу адолатро пуштибонӣ намояд.
Фазилатҳои тамаддуни миллат ва дастранҷи он имрӯз низ дар ботини фарзандони бонангу номус ва сарсупурда маскан ихтиёрдорӣ карда, ганҷинаи бузургеро нуҳуфтааст. Ин ганҷина садди бузурги яхинеро, ки тӯли ду даҳсола кишварҳои ҳамҷавор - Тоҷикистону Ӯзбекистонро аз ҳам ҷудо сохта буд, водор ба нестӣ карда, ба ҳам овард.
Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои ҳамсоякишварӣ то ба сатҳи шарикии стратегӣ ташаккул ёфта, мушкилоти мавҷудаи шиддатнок ва ҳалталаб комилан ҳалли худро пайдо карданд.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат дар Паёми хеш иброз доштанд, ки  «… мо баъди мулоқоту музокироти дуҷониба, сафарҳои давлатии роҳбарони ҳар ду давлат ва ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни кишварҳои бо ҳам дӯсту бародар муваффақ гардидем, ки дар натиҷа рафтуомади озодонаи мардум таъмин гардида, дар зарфи нуҳ моҳ беш аз дую ним миллион нафар шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба дидори хешу табори худ муяссар шуданд ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ бамаротиб таҳким ёфтанд».
Дар заминаи таҳкими муносибатҳои дуҷониба, аллакай натиҷаҳои назаррас ба даст омада, оид ба сохтмони як қатор иншоот, аз ҷумла иншооти соҳаи фарҳанг - муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ мувофиқа ҳосил гардид. Шакке нест, ки мавриди истифода қарор гирифтани муассисаҳои мазкур риштаи дӯстиеро, ки ҳанӯз Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ густурда буданд, устувор гардонда, ба олами ҳастӣ омадани Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоии сониро боис мегардад. Аз ин ҷо, воҷиб он аст, ки ин ҳаводис рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум арзёбӣ карда шаванд.
Бо ибтикори бевоситаи сарони ду кишвари дӯсту бародар мавриди истифода қарор гирифтани қитъаи роҳи оҳани Амузанг, кушода шудани шонздаҳ гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон имкон дод, ки Тоҷикистон ба ҳадафи дуюми стратегии худ - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардида, шароити мусоидро бобати табдил ёфтан ба кишвари транзитӣ ба миён орад.
Таърих  фаромӯш нахоҳад кард, ки фарзанди бонангу номус ва сарсупурдаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири наҷоти миллати тоҷик ва роҳи ҳаққу адолат, барқарории қонун ва қонунияти ҳуқуқӣ ҷон ба каф гирифта, кори худро аз сулҳ оғоз карданд.
Пешвои муаззами миллат ба дурустӣ таъкид доштанд, ки «Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам». Ин суханон на танҳо миллатро аз вартаи парокандашавӣ ва нестӣ наҷот доданд, ҳамчунин, ояндаи кишварро барои даҳсолаҳо муайян карда, дар замири ислоҳоти конститутсиониву ҳуқуқӣ қарор гирифтанд.
Барои кишвари азизу маҳбуб муҳим будани ислоҳоти конститутсиониву ҳуқуқиро Сарвари кишвар ҳанӯз 30 апрели соли 2001 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, таъкид доштанд: «Мо ҳоло дар марҳилаи махсуси таърихии худ - давраи гузариш қарор дорем. Яке аз талаботи давраи гузариш ин аст, ки бо мақсади таъмини кафолатҳои ҳуқуқи инсон, адолати иҷтимоӣ, ҳамчунин, бо дарназардошти шароити марҳилаи гузариш ва давраҳои минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳои саривақтию ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ва муносибатҳои нави иқтисодиро ворид намоем».
Пешвои муаззами миллат дар ин Паём, ҳамчунин, иброз намуданд: «Қобили зикр аст, ки бо мақсади идомаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ беҳбудии фаъолияти судҳо, таъмини мустақилият ва дахлнопазирии судяҳо мо зарур шуморидем, ки дар бораи судҳои Тоҷикистон қонуни ягона қабул намоем».


Дар ин партав, бо ташаббусҳои созанда ва дурбинонаи Президенти маҳбуб ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои минбаъда як қатор қонунҳои муҳим ва калидии мамлакат, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, иқтисодӣ, гумрук, андоз, гражданӣ (қисми III), расмиёти маъмурӣ, меҳнатӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигарҳо дар таҳрири нав таҳия ва қабул шуданд.
Бо таҳия ва қабулгардидани қонунҳои зикршуда маҷрои идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ комилан симои нав гирифта, ташаккули кафолати давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мутобиқшавии санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ заминагузорӣ гардид.
Дар робита ба ин ва бобати рушди низоми ҳуқуқӣ Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд: «Рушди минбаъдаи ҷомеа тақозо менамояд, ки бо мақсади танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунҳои амалкунанда мунтазам такмил дода шаванд. Чунин тарзи танзими ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки мақомоти ҳокимияти иҷроия фаъолияти худро асосан ба идоракунии давлатӣ равона созанд».
Амри воқеӣ гардидани танзимсозии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар доираи чаҳорчӯбаи қонун доираи васеи субъектони ҳуқуқэҷодкунӣ, бахусус вакилони парламентро водор менамояд, ки дар самти болоравии сифати қонун ва мутобиқ будани онҳо ба муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди кишвар чораҳои мушаххасро пиёда гардонда, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро таҳия намоянд, ки фарогири муносибатҳои воқеӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи рӯз бошанд.
Мутафаккири Шарқ Абунасри Форобӣ дар асоси таҳлили пайдоиши ҷамъият хулоса кардааст, ки «Сабаби муттаҳид гаштани одамонро ба ҷамъият баъзеҳо дар савганд, иттифоқ бастан ва шартнома мебинанд: меъёрҳои шартнома ҳар як аъзои ҷамъиятро вазифадор менамояд, ки бо аъзои дигари ҷамъият мубориза набарад ва онҳоро аз мудохилаи тарафи сеюм муҳофизат намояд».
Андешаҳои ӯ дар замони муосир дар шакли қонун рӯи кор омада, доираеро муайян менамоянд, ки дар он аъзои ҷомеа озодии комили худро эҳсос менамоянд, оид ба дахлнопазирӣ ва муқаддас будани ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони дигар доираи уҳдадориҳоро муқаррар мекунанд.
Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дарки масъулияти худ бобати некрӯзии ҷомеаи мутамаддин имрӯз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ рӯи кор овардааст, ки метавонанд муносибатҳои ҷамъиятиро аз диди нав мавриди танзимнамоӣ қарор дода, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро мутобиқ ба некуаҳволии мардум замина гузоранд.
Маъхазҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки кишвари таърихии тоҷикон дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим мустақар буда, шуҳрат ба хизматрасониҳои босифат ва соҳибкорони боадлу хирад доштанд. Пешвои муаззами миллат бобати ин масъала дар Паёми навбатӣ ёдовар гардида, ба соҳибкорон фароҳам овардани шароити созгорро вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карданд. Илова ба ин, Прокуратураи генералӣ якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатӣ муваззаф шуданд, ки нисбат ба масъулони мақомоти давлатие, ки ба фаъолияти соҳибкорон беасос дахолат карда, садди роҳи рушди соҳибкорӣ мешаванд, чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар чунин шакл матраҳ гардидани дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ имконияти иқтисодии кишварро тақвият дода, беҳтаршавии сатҳу сифати зисту зиндагонии арзандаро барои ҳар як шахс таъмин менамояд ва рӯи кор омадани ҳадафи чоруми стратегии миллиро асос мегузорад.
Мавриди зикр аст, ки дар замони муосир фаъолияти соҳибкорӣ танҳо бо тиҷорат рабт надошта, фарҳанги худро куллан дигаргун гардондааст. Дар ин фаъолият санъати суханварӣ аз худ дарак дода, маҳорати пешбурди музокирот чун маҳаки рушд ва муваффақият арзёбӣ мегардад. Санъати суханварӣ ва маҳорати пешбурди музокирот, бешубҳа чун калиди муваффақият мавҷудияти донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии кофиро дар соҳибкорон талаб менамояд. Ҳамзамон, барои ноил шудан ба ҳадафҳои бузург моро зарур аст, ки ду панди арзишманди Пешвои миллатро доимо ба роҳбарӣ гирем: «Ҳар кас бояд вазифаи ҷонии худро иҷро  намояд» ва «Мо бояд ба зиёдаравӣ роҳ надиҳем».
Пешвои миллат бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорон, расондани кумак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон супориш доданд, ки ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, чораҳои зарурӣ андешад.
Дар заминаи амалисозии ислоҳоти ҳуқуқӣ ва бо мақсади танзими раванди хизматрасонии давлатӣ дар кишвар, Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» масъалагузорӣ карданд. Ба тасвиб расидани қонуни зикршуда, бешубҳа, барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, таъмини самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ мусоидат менамояд.
Таҷриба собитгари он аст, ки ҷузъи таркибии амалишавии вазифаҳои давлати демократӣ ва ислоҳоти ҳуқуқию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлатро маърифати баланди ҳуқуқии аҳолӣ ташкил мекунад. Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат дар Паём бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2009-2019, дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардидани онро барои даҳсоли минбаъда зарур шумориданд.
Қобили зикр аст, ки таълиму тарбияи ҳуқуқӣ дар болоравии маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон унсури калидӣ маҳсуб ёфта, дар шароите, ки ҷомеаи башариро ҳар чи бештар омилҳои гуногуни номатлуб чун терроризму ифротгароӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ фаро гирифта, боиси нигаронӣ низ гардидааст, басо муҳим арзёбӣ карда мешавад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат дар Паёми худ аз вазъи ифротгароӣ ва терроризм дар ҷаҳон ва минтақа бори дигар изҳори нигаронӣ карда, иброз доштанд: «Дар паёмҳои қаблӣ ва дигар суханрониҳо ман андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам. Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост».
Таҳия ва қабули Барномаи нави таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бо назардошти дар шароити минтақаи буферӣ қарор доштани Тоҷикистон, аҳамияти стратегӣ дошта, барои паст гардидани шиддати ифротгароӣ, терроризм ва умуман, ҷинояту ҷинояткорӣ замина мегузорад.
Татбиқи амалии ҳадафҳои пайгиришаванда ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ислоҳоти ҳуқуқӣ, бо ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ робитаи зич дошта, самаранокии худро зимни дар як вақт амалӣ гардидан собит менамоянд.
Ҳокимияти судӣ муҳофизи падидае мебошад, ки онро адолат ном мебаранд ва он пояи марказӣ ва устувори давлатдорӣ буда, қарор доштани ин падида дар таҷрибаи давлатдории тамаддуни миллати тоҷик имкон дод, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври зарурӣ ҳифз карда шаванд. Дар Паём оид ба ин масъала зикр гардид: «Пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дар пешистода кафолати ҳамаҷонибаи адолати судиро талаб менамояд. Зарур аст, ки барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳия карда, дар доираи он сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ такмил дода шавад ва ҷиҳати баррасии босифату саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои қабулнамудаи мақомоти судӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд».
Пешвои миллат бо ин назардошт Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия ва Хадамоти иҷроро муваззаф карданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқиро барои солҳои 2019-2021 таҳия ва пешниҳод созанд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ташаббус оид ба ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти судӣ идомаи мантиқии ислоҳоте мебошад, ки онро Пешвои миллат ҳанӯз 20 апрели соли 2006 зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошта буданд. Сарвари давлат дар ин Паём вазъи мақомоти судӣ ва аҳамияти ислоҳоти онро дар пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ, бахусус дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ матраҳ карда, зарур шуморида буданд, ки бо мақсади пурра ва самаранок истифода бурдани имконияти назорати конститутсионӣ салоҳият ва ваколатҳои Суди конститутсионӣ такмил дода шуда, аз ҷониби Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ ба хотири рушду такомули минбаъдаи ҳокимияти судии кишвар барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти шароити имрӯзаи кишвар таҳия ва пешниҳод намоянд.
Аз он вақт то инҷониб гарчанде давраи начандон тӯлонии таърих варақгардон гардид, мақомоти судии кишвар симои худро ба таври ҷиддӣ тағйир дода, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти хешро ба талаботи пешниҳодшаванда мутобиқ намуд. Нақши ҳокимияти судӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ ба сифати манбаи адолати иҷтимоӣ ва кафолати устувории ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавқеи калидӣ ба даст овард. Зеро тамаддуни миллат аз азал тарғибгари адолат буда, андешаҳои фалсафавиро чун «инсондӯстӣ» ё худ «гуманизм» ҳанӯз дар замонҳои қадим рӯи кор оварда буд. Осори гаронбаҳои илмии он замон то ба имрӯз пойбарҷо буда, арзиши худро чун ганҷинаи нуҳуфта нигоҳ доштааст.
Аз ин ҷо, дар доираи ислоҳоти гузарондашаванда, ҳокимияти судӣ низ дахл гардида, бо ҳамин тартиб тақвияти минбаъдаи ҳокимияти судӣ кафолат дода мешавад. Зеро, тавре ки Сарвари давлат таъкид доштанд, пешрафти ҷомеа, татбиқи амалии ҳадафу вазифаҳои дар назди он истодаро талаб менамояд.
Ҳамин тавр, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваи асосии такондиҳандаи арзишҳои давлати демократӣ ва пешрафти ҷомеа буда, на танҳо ҳокимияти судӣ ва ё ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин, равандҳои муосири ватаниро дар маҷмӯъ, матраҳ карда, рӯи кор омадани иқдомотеро асос мегузоранд, ки ба насли оянда Ватани азизу обод ва зиндагии шоистаро мерос мегузоранд.


Маҳкам МАҲМУДЗОДА, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
доктори илмҳои ҳуқуқ,  профессор