21:44:54 - 19.12.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз178
mod_vvisit_counterДирӯз114
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта562
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида2194
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ18033
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида61629
mod_vvisit_counterҲамагӣ757212

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Иншооти варзишию фароғатӣ туҳфаи Суди конститутсионӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ба сокинони шаҳраки 14-и ноҳияи Синои пойтахт



ДУШАНБЕ, 05.05.2018 /АМИТ «Ховар». Имрӯз аз субҳ шодиву сурури сокинон, хусусан кӯдакону наврасони шаҳраки 14-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳадду канор надошт. Дар ин ҷо аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ сохта ба истифода дода шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар маросими ифтитоҳи иншооти варзишию фарҳангӣ кормандони масъули Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди Олии иқтисодӣ Мавлуда Қаландарзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва сокинони шаҳраки 14-и пойтахт иштирок намуда, бунёди иншооти варзиширо идомаи пайгирӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод намуданд.

Иншооти мазкур, ки дар масоҳати 3453,7 метри мураббаъ бунёд гардидааст, аз майдончаи умумӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхушии кӯдакон, гӯшаи машқу тамрини бадан, ки бо тамоми дастгоҳу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, инчунин аз таваққуфгоҳ иборат мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳудуд ва атрофи майдонча сабзу хуррам гардонида шуда, дар ду ҷониб ва ҳудуди иншоот нишасткурсиҳо ва ду адад айвон-суҳбатгоҳҳо насб гардидаанд. Ҳамзамон дар доираи корҳои кабудизоркунӣ дар атрофи иншоот ва ҳудуди он дарахтони сояафкан, гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудаанд, ки ин мавзеъро боз ҳам назарработар гардонидаанд.

Сокинони  шаҳраки 14, ки дар он биноҳои истиқоматии 6/2, 6/3, 36 ва 38 воқеъ мебошанд, иқдоми Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии кишварро дар мавриди бунёди иншооти варзишию фарҳангӣ самараи неки таваҷҷуҳу ғамхориҳои Роҳбарияти олии мамлакат ба кӯдакону наврасон ва ҷавонон, ки ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста, арзёбӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки  имрӯзҳо дар дигар маҳаллаҳои пойтахт бунёди чунин майдончаҳои варзишию фароғатӣ идома дошта, он ифодагари сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе унвон мегардад.

 

 

 

 

Иќдоми хирадмандона ва њаётбахши байналмилалии

Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон

30 апрели соли 2018 дар Суди Конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон бо маќсади фањмондадињии ањамияти таърихї, сиёсї ва ичтимоии Ќатъномаи Маљмааи Созмони Милали Муттањид аз 21 декабри соли 2016 оид ба Дањсолаи байнал­милалии амал «Об барои рушди устувор барои солњои 2018-2028» ва оѓози Дањсолаи байнал­милалии мазкур ња­моиш доир гардид.

Дар кори њамоиши коллективи Суди Конститутсионї, дирек­тори Инс­ти­­­­­тути масъалањои об, гидроэнергетика ва экологияи Ака­де­мияи илм­њои Љум­њурии Тољикистон Кобулиев З.В. иштирок ва атрофи та­моми ташаббусњои созандаи Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољи­кистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар масъалаи об бо маърўза баро­мад намуд.

Номбурда аз љумла зикр кард, ки Пешвои миллат 22 марти соли равон ба шањри Нь-Йорк сафари корї анљом дода, дар чорабинии сатњи баланд ба муносибати оѓози Дањсолаи бай­нал­милалии амал «Об барои рушди устувор барои солњои 2018-2028» иштирок ва дар мавзўи «Об мењвари асосии рушди устувор аст», маърўза намуд.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббусњои созандаи Роњбари дав­лати мо, соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳ­солаи байналмилалии ама­лиёт «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байнал­милалии ҳамкорї дар соҳаи об» эълон ва мавриди амал ќарор гирифта, чорабинињои сершумори он то андозае дар масъалаи дастрасї ба об таъсири назарраси худро расониданд.

Дар маърўзаи худ, Пешвои миллат бори дигар таваљљуњи љомеаи љањонро бо масъалаи об, дастрасї ба он љалб намуда, зикр кард, ки им­рўзњо дар љањон 276 њавзаи дарёњои байналмимилалї мављуд аст, ки он­њо њудуди 148 кишварро дар бар гирифта, дар он љо 40% ањолии кўраи замин зиндагонї доранд.

Љумњурии Тољикистон тайи понздањ соли охир барои њалли ма­соили дастрасї ба обу бењдошт ќариб як миллиард доллари амрикої сарф кардааст. Танњо дар зарфи панљ соли охир 1, 2 миллион нафар бо оби ошомидании босифат ва 600 000 нафар бо оби ошомидани бехатар таъмин гардид.

Дар кори њамоиш иштирокдорони он изњор доштанд, ки татбиќи ташаббусњои Пешвоми миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон дар соњаи обу бењдошт барои амалї кар­дани њадафњои конститут­сионии давлат дар масъалаи давлати иљ­тимої будани Тољикистон, ба њар шањрванд таъмин намудани шароити ар­зандаи зиндагї ва тањкими заминањои љомеаи адолатпарвар нигаронида шуда, барои пешрафти љомеаи демокративу њуќуќ­бунёд, ки дар он инсон ва њуќуќу озодињои ў арзиши олї эътироф шудаанд, њамчунин таќвияти ман­фиат­ҳои миллї, тањкими сулњу субот ва якпорчагию ваҳдати миллї мусоидат мекунад.

 

 

 

Аз 26 феврал то 1 марти соли 2018 бо маќсади иштирок дар љаласаи ёздањуми Гурўњи маќсаднок оид ба дастраси ба адолати судї тибќи Конвенсияи Орхус ва љаласаи махсус барои намояндагони маќомоти судї сафари кории судяи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д. ба шањри Женева доир гардид.

Дар кори ин чорабинињои сатњи байналмилалї, ки бо ташаб­буси Комис­сияи Аврупоии иќтисодии Созмони Милали Муттањид доир гардид, намоян­дагони маќомоти судии давлатњои љањон ва созмон­њои бонуфузи бай­нал­ми­лалї, аз ќабили Арманистон, Албания, Бело­русия, Босния-Гертсо­говиния, Гурљистон, Ирландия, Испания, Италия, Латвия, Румыния, Ќазо­ќис­тон, Ќирѓи­зистон, Македония, Малта, Молдавия, Монтенегро, Нидерландия, Норвегия, Озарбойљон, Олмон, Румыния, Сербия, Словения, Словакия, Украина, Чехия, Шветсия, Ховартия, Эстония, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Аврупо, котиботи Конвенсияи Орхус ва дигарон иштирок ва суханронї намуданд.

Чорабинињо дар сатњи хуби омодагї доир гардида, дар он мавзўњои мухталифи марбут ба мустањкамгардонии механизми њалли судии парван­дањои марбут ба дастрасї ба иттилои экологї, дархост оид ба гирифтани иттилоот оид ба парвандањои судї марбут ба муњити зист, талабот оид ба мустањкамгардонии имконияти судњо вобаста ба баррасии парвандањое, ки аз љониби маќомоти судї ва дигар маќомоти назорати дар соњаи муњити зист баррасї мешаванд, њамкории глобалї ва минтаќавї дар самти мусои­дат бањри бењтар намудани дастарсї ба адолати судї, ќонунгузории кишварњои алоњида дар масаъалњои экологї ва дастарсї ба иттилои экологї, таљрибаи судї дар давлатњои алоњида ва дигар мавзўњои мубрами соњаи њуќуќ мавриди муњокимањои доманадор ќарор дода шуданд.

Зимни кори чорабинї бо иштироки намояндагони маќомоти судї, судяи Суди Конститутсионї Њошимзода Д. вобаста ба наќши Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон дар таъмини волоияти Консти­тутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, амалишавии њуќуќњои конститутсионии шањрванд, татбиќи муќаррароти Конвенсияи Орхус дар ќонунгузории миллї, амалишавї ва ташаккули ќонунгузории соњаи дастрасї ба иттилоот ва муњити зист суханронї намуда, мављудияти ќонунгузории муосирро дар ин самт муњиму назаррас арзёбї намуд.

 

 

 

12 феврали соли 2018 нашри шуморавии маљаллаи илмї – иттилоотии Ахбори Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон №3-4, 2017 ки дар он Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ба парлумон, инчунин фаъолияти Суди Конститутсионї инъикос гардида, ќарору таъи­ноти судї, маќолањои Раис ва судяњои Суди Конститут­сио­нии киш­вар ва давлатњои хориљ, инчунин олимони соњаи њуќуќ гирд оварда шудаанд, бо забонњои давлатї ва русї аз чоп баромад.

Дар ин шумораи маљаллаи илмї-иттилоотї Ќарори Суди конститут­сионї аз рўи дархости шањрвандон Хурамов З.Н. ва Њасанов Љ.К. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати сархати чоруми ќисми 4 моддаи 59 Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон аз 12 январи соли 2010, № 595 «Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї» ва сархати якуми фармоиши Агентии суѓуртаи иљти­мої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 январи соли 2017, №6 «Дар бораи гузариши пурра ба низоми нави таъминоти нафаќаи шањрвандон ва тартиби таъини нафаќањо аз 1 январи соли 2017» ба моддаи 39 Конститут­сияи Љумњурии Тољикистон» ва се таъиноти судї бо забонњои давлатї ва русї нашр карда шуда­анд.

Ќисмати алоњидаи маљалла ба навидњои Суди Конститутсионї бах­шида шуда, дар он иттилоот оид ба маљлисњои судии доиргардида, иштироки намояндагони Суди Конститутсионї дар чорабинињои мухта­лифи дохил ва хориљи кишвар, дастовардњои суд, иттилоот оид ба љала­са­њои идоравї марбут ба мавзў­њои мухталиф ва дигар ахбороти муњим гирд оварда шудааст.

Хоњишмандон метавонанд ин маљаллаи илмї-иттилоотиро аз китоб­хонаи Суди Конститутсионї дастрас намоянд ё тавассути сомонаи идоравї аз иттилооти дар он гирдовардашуда истифода баранд.

 

 

 

 

 

 

Паёми Пешвои миллат ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва заминаҳои давлати

ҳуқуқбунёд таҳким мебахшад

ДУШАНБЕ, 5.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳта­рам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти давлатиро водор месозад, ки баҳри амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, ки ба хотири таҳкими муносибатҳои байналмилалии мамлакат, ҳифзи суботу оромӣ, рушди муназзами соҳаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва таъмини шароити боз ҳам арзандаи зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат нигаронида шудааст, фаъолияти хешро тақвият бахшанд.

Ҳамин аст, ки ҳамасола мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳар фарди бонангу номуси кишвар мекӯшад, ки фаъолияти бомароми хешро баҳри  амалисозии вазифаҳои Паёми созандаи Пешвои миллат ба Парлумон ва иҷрои барномаву стратегияҳои мухталиф, ки ба хотири ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва таҳкими заминаҳои ваҳдати миллӣ нигаронида шудаанд, равона созад.

Мусаллам аст, ки дар ҳар як Паём ба рушди низоми ҳуқуқӣ, таҳкими арзишҳои демократию фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ, ки омили муҳими кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи адолатпарвар ва таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ мебошанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад, инчунин  эҳтиром, риоя ва иҷрои қонун мақсаду мазмуни фаъолияти мақомоти давлатӣ маънидод мегардад.

Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат ба сиёсати ҳуқуқӣ ва аҳамияти падидаҳои давлати ҳуқуқбунёд барои пешрафти ҷомеа аҳамияти махсус зоҳир намуда, зикр карданд, ки «Ҷумҳурии мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намуда­аст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Принсипи мазкур тақозо менамояд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошанд».

Зимнан, бо шарофати иродаи сиёсӣ ва сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дар солҳои аввали соҳибистиқ­лолӣ новобаста ба вазъи мураккаби ҷумҳурӣ ислоҳоти бомароми ҳуқуқӣ дар мамлакат оғоз гардид, рукнҳои давлатӣ барқарор шуданд ва Консти­тут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ва иродаи якдилонаи мардуми сарбаланди мамлакат қабул гардид.

Аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаю иҷтимоӣ муаррифӣ намуда, халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон дошт ва барои расидан ба сулҳи комил дар мамлакат заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Имрӯз дар заминаи меъёрҳои Конститутсия сиёсати ҳуқуқии давлат, дар ҳолати рушду такомул қарор дорад, бинобар таҳкими парламентаризми миллӣ муҳимтарин қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд ва дар онҳо арзишҳои эътирофнамудаи санадҳои байналмилалии универсалӣ инъикоси худро пайдо намуданд.

Муҳим аз ҳама, унсурҳои давлати ҳуқуқбунёду демократӣ рушд ёфтанд ва дар заминаи онҳо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардид,  кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон меҳвари асосии сиёсати давлатӣ дониста шуд, падидаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд ва барои амалишавии принсипи гуногунандешии сиёсӣ, озодии сухан ва виҷдон заминаи муосид фароҳам омад.

Пешвои миллат дар Паём аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёдовар гар­дида, зикр намуданд, ки «фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад».

Қонуни миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии мардуми мамлакат қабул гардид, суннатҳои мардумиро ҳамчун омили инъикоску­нан­даи фарҳанги волои инсонӣ маънидод кард ва онҳоро аз дахолати ноҷои ҳар гуна андеша­ҳои номатлуб ва ифротӣ эмин нигоҳ дошта, омили муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ гардид.

Дар як муддати кӯтоҳ қонун ниҳоят натиҷаи муфид ба бор овард ва барои бартараф намудани исрофкорию хароҷоти беҳуда дар тӯю маърака ва маросимҳои азодорӣ, паст кардани унсурҳои манфии худнамоӣ, тақлид­корӣ ва инчунин барои нигоҳ доштани нарху наво дар бозори истеъмолӣ мусоидат кард ва ба буҷаи ҳар як оила сабукӣ овард.

Бинобар зарурати ба миёномада ва таклифу пешниҳодҳои сершумори аҳолӣ бо ташаббуси Роҳбари давлат ба Қонуни зикршуда соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо ба такмили қонун, пешгирии хурофоту зоҳирпарастӣ ва хароҷоти нолозим зимни баргузории ҷашну маросимҳо нигаронида шуда буданд.

Имрӯз кишвари мо бинобар амалишавии сиёсати созандаи Пешвои миллат бомаром дар ҳоли рушд қарор дошта, дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ дастовардҳои азим ба назар мерасанд. Ин омил ҳар як шахси худогоҳу худшиноси мамлакатро водор месозад, ки ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои дар Паём гузошташуда дучанд фаъолият намуда, бо дарки амиқи қарзи шаҳрвандии худ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгирифтаи давлати ҳуқуқбунёду демократиамон саҳмгузор бошад.

Даврон ҲОШИМЗОДА,

Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқ

 

 

 

 

 

Мањкам Мањмудзода «Фароҳам овардани фазои ҳуқуқї дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад» ќайд гардидааст,

дар Паёми Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон.


27 декабр дар Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо ишти­роки Раис, судяњо ва кормандони Суди Конститутсионї дар мавзўи «Паёми Пешвои миллат ва тањкими арзишњои демократї» њамоиш доир гардид.

Мањкам Мањмудзода - Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон зимни баромад дар њамоиш ќайд намуд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба парлу­мон њамчун барномаи мукаммали сиёсиву њуќуќї рушди соњањои мухта­лифи њаёти љомеаи навини моро дар як давраи муайян мавриди тањлилу натиљагирї ќарор дода, бобати ноил шудан ба дастовардњои боз њам назаррас дар соњањои иќтисодиву иљтимої ва фарњангї, инчунин тањкими суботу оромии љомеа, таъмини волоияти ќонун тартиботи њуќуќї дар назди маќомоти давлатї ва умуман љомеаи Тољикистон вазифањои мушаххас гузошт.

Роњбари давлат дар Паём ғояҳои асосии эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро ташкил кардани таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маънидод намуда, зикр карданд, ки муносибатҳои ҷамъиятї дар ҳамаи соҳаҳо бояд тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгўйи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондўстї бошанд.

Пешвои миллат њамчунин фароҳам овардани фазои ҳуқуқиро дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд дониста, ќайд карданд, ки барои амалї намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама, ҳифзи амният ва тарти­боти ҳуқуқї зарур аст, зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад.

Мањкам Мањмудзода инчунин зикр кард, ки дар асоси амалишавии њадафњои дар Паём гузошташуда њамасола дар њаёти љомеа дигаргунињои куллї рўи кор меоянд, низоми њуќуќии кишвар тањким меёбад, соњаи иќтисодиву иљтимої рушд мекунад ва дар њамина замина сатњу сифати зиндагии мардум боло мегардад, љойњои нави корї таъсис дода шуда, мардум ба шуѓли доимї фаро гирифта мешавад ва дар маљмуъ њадафњои конститутсионии давлат роњандозї карда мешаванд.

 

Сипас Даврон Њошимзода - судяи Суди Конститутсионї оид ба пањлуњои мухталифи Паёми Пешвои миллат суханронї намуда, ќайд кард, ки бинобар татбиќи бомароми вазифањои дар Паём зикршуда, љомеаи Тољикистон сарбаландона ба марњилаи сифатан нави рушд ворид гардида, шароити арзандаи зиндагї ба њар як сокини кишвар таъмин мегардад ва кафолати инкишофи озодонаи шахс таъмин мешавад.

Роњбари давлат дар Паём пешравиҳои ба дастомадаро натиљаи саъю кўшиши ҳар як сокини мамлакат дониста, ќайд намуданд, ки ин омил бори дигар аз иродаи қавї, заҳматпешагї ва ҳисси баланди ватандўстона доштани кулли шаҳрвандони Тоҷикистони муқаддасу маҳбубамон дарак медиҳанд. Минбаъд низ хурду бузурги мамлакат бояд дар навбати аввал ба хотири ҳифзи сулҳу оромї, суботи сиёсї ва ваҳдати миллї дар кишвари азизамон саъю кўшиши худро сафарбар созанд, зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд, зикр карданд Пешвои миллат.

 

 

 
« ПерваяПредыдущая12345678910СледующаяПоследняя »

Страница 4 из 40