1-2 ноябри соли љорї дар шањри Еревани Љумњурии Арманистон боиштироки намояндагони маќомоти судї Конфронси байналмилалї дар мавзуи «Конститутсиоизми њазораи нав» баргузор гардид. Дар кори ин конфоронс намояндагони Судњои конститутсионии Австрия, Белорусия, Булѓория, Босния, Гурљистон, Ќазоќистон, Канада, Латвия, Муѓулистон, Руминия, Федератсияи Россия, Узбакистон, Тољикистон, Иёлоти Мутањидаи Амрико, Комисссияи венетсиании Шўрои Аврупо иштирок варзиданд.
Суди конституционии Тољикистонро дар ин маљлис судяи Суди конститутсионї Гулзор М.М. ва ёрдамчии Раиси Суди Конститутсионї Ѓаниев Љ.Р. намояндагї карданд. Дар Конфронси марбут ба волоияти њуќуќ, конститутсионализм, меъёрњои конститутсионї дар самти танзими рафтори иљтимоию њуќуќии инсон, шарафи инсонї ва њуќуќ ба њаёт, назари фалсафї дар ташаккули таърихї ва муаммоњои муосир, шарафи инсонї њамчун унсури инсонї, наќши судњои конститутсионї ва институтњои муодил дар самти њифзи њуќуќи конститутсионии шањрванд дар давлатњои алоњида ва дигар мавзўњои мубрами соњаи њуќуќ мавриди муњокимањои доманадор ќарор додашуданд. Конфронси мазкур асосан мавзўъњои њуќуќ ба озодї њамчун муњимтарин ва асоситарин кафолати конститутсионї, ки дар замони печидаи љањони имрўза хусусияти актуалї пайдо карда, ба кафолат, њифз ва амният бенињоят ниёз дорад, инчунин дигар масъалањои рушд ва тањкими њуќуќиинсон, ки ба амалї гаштани њуќуќ ба озодї ва кафолатњои он нигаронида шудаанд, мавриди баррасї ќарор мегиранд.
|
Аз 21 октябр то 1 ноябри соли 2018 дар шањри Сеули Љумњурии Кореяи Љанубї курси омўзишии хизматрасонии судии электронї дар мавзўи «Иттилооти хизматрасонињои њуќуќї» доир гардид. Дар курси омўзишии мазкур намояндагони зиёда аз 15 маќомоти назорати конститутсионї, аз љумла љумњурињои Афѓонистогн, Ангола, Бангладеш, Ветнам, Камбоља, Индонезия, Ќирѓизистон, Лаос, Манголия, Миср, Мянма, Покистон, Тайланд, Танзания, Украина ва дигар давлатњо ширкат намуданд. Дар курси омўзишї мавзўњо оид ба масъалањои љорї намудани системаи судии электронии мубодилаи њуљљатњо, муљањњаз намудани толори мурофиаи судї бо таљњизоти техникї, аз ќабили камерањо, компютерњо, асбобњои шунавої ва мониторњои махсус, тарзи идоракунии технологияи мазкур, нигањдорї ва таъмини бехатарии иттилоот матрањ гардиданд. Зимни боздид аз Суди конститутсионии Љумњурии Кореяи Љанубї ширкаткунандагон бо системаи судии электронї, тартиби кори серверњо, тартиби баќайдгирї, амрхатгузорї ва мубодилаи њуљљатњо, китобхонаи электронї ва барномањои муњофизатии он аз наздик шинос гардиданд. Њамзамон дар курси омўзишии мазкур намояндагон оид ба сатњи њукумати электронї дар маќомоти назорати конститутсионии худ маълумот доданд. Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар чорабинии сатњи байналмилалии зикршуда ёрдамчии муовини Раиси Суди Конститутсионї Хусрав Њусензода намояндагї намуда, вобаста ба амалишавии Њукумати электронї дар Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон баромад намуд. Зимни баромад аз љониби Њусензода Х. ба њозирин иттилоъ оид ба тартиб ва баррасии мурољиатњо маълумот дод. Имрўз Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо Суди конститутсионии Љумњурии Кореяи Љанубї њамкориро хуб ба роњ монда, вобаста ба мубодилаи таљриба дар самти фаъолияти назорати конститутсионї соли 2016 Ёддошти тафоњум ба имзо расонидааст, ки дар самти љорї намудани системаи хизматрасонии судии электронї низ њамкорї дар оянда таќвият хоњад ёфт.
|
11-12 октябри соли љорї дар шањри Истамбули Љумњурии Туркия бо иштироки намояндагони маќомоти судї Саммити 4-уми байналмилалии судяњо љорї гардид. Дар кори ин маљлис намояндагони Судњои конститутсионии Авѓонистон, Австралия, Австрия, Албания, Гурљистон, Озарбойљон, Индонезия, Индустон, Кореяи Љануби, Љумњурњои Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Канада, Нигерия, Малайзия, Муѓулистон, Таиланд, Туркия, Узбакистону Тољикистон, Шри-Ланка. Иёлоти Мутањидаи Амрико иштирок варзиданд. Суди конститутсионии Тољикистонро дар ин маљлис судяи Суди конститутсионї Гулзор М.М. намояндагї кард. Дар Саммити мазкур асосан мавзўъњои фаъолияти судњо, њуќуќ ба озодї њамчун муњимтарин ва асоситарин кафолати конститутсионї, ки дар замони печидаи љањони имрўза хусусияти актуалї пайдо карда, ба кафолат, њифз ва амният бенињоят ниёз дорад, инчунин дигар масъалањои рушд ва тањкими њуќуќи инсон, ки ба амалї гаштани њуќуќ ба озодї ва кафолатњои он нигаронида шудаанд, мавриди баррасї ќарор мегиранд.
|
1-6 августи соли 2018 сафари кории судяњои Суди Конститутсионї Абдуллозода Л., Њошимзода Д. ва ёрдамчии судяи Суди Конститутсионї Темиров В. ба шањри Сеули Љумњурии Кореяи Љанубї бо маќсади иштирок дар Конфронси байналмилалї дар мавзўи Адолати судии конститутсионї ва демократия» доир гардид.
Дар кори ин чорабинии сатњи байналмилалї, ки бо ташаббуси Суди Конститутсионии Корея ба муносибати 30-умин солгарди таъсисаш доир гардид, намояндагони маќомоти назорати конститутсионии беша аз си кишвари мухталифи љањон ва созмонњои бонуфузи байналмилалї, аз ќабили љумњурињои Афѓонистон, Алљазоир, Арманистон, Боливия, Булѓористон, Гурљистон, Зеландияи Нав, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Испания, Латвия, Малайзия, Мексика, Муѓулистон, Озарбойљон, Румыния, Словения, Ўзбекистон, Таиланд, Туркия, Украина, Хорватия, Федератсияи Россия, Штатњои Муттањидаи Америка, Комиссияи венетсиании Шўрои Аврупо, намояндагони њокимияти судии Љумњурии Корея, олимони соњаи њуќуќ ва дигарон иштирок намуданд.
Дар оѓози кори Конфронс роњбарони маќомоти назорати конститутсионии Љумњурии Кореяи Љанубї ва Президенти Комиссияи венетсиании Шўрои Аврупо љаноби Љанни Букиккио баромад намуда, иштирокчиёни чорабиниро хайрамаќдам карданд ва оид ба наќши адолати судии конститутсионї дар љањони муосир, аз љумла дар таъмини волоияти Конститутсия ва њимояи њуќуќу озодињои исон ва шањрванд суханронї намуданд.
Зимни конфронс мавзўњои мухталифи марбут ба конститутсионализм, наќши Суди Конститутсионї дар таъмини волоияти Конститутсия, њимояи њуќуќњои конститутсионии инсон ва шањрванд, наќши адолати судии конститутсионї дар амалишавии арзишњои конститутсионї, принсипи таљзияи њокимияти давлатї, тањкими демократия, таљрибаи назорати судии конститутсионї дар давлатњои мухталиф ва дигар мавзўњои мубрами соњаи њуќуќ мавриди муњокимањои доманадор ќарор дода шуданд.
Судяи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д.Д. зимни кори конфронс бо маърўза дар мавзўи «Маќомоти назорати судии конститутсионї – падидаи муътадил рушдёбандаи давлати демократї» баромад намуда, дар доираи он ба њозирин оид ба наќши Суди Конститутсионї дар таъмини волоияти Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, тањкими падидањои демократї, ањамияти иљрои ќарорњои маќомоти назорати конститутсионї дар рушди конститутсионализм ва татбиќи муќаррароти Конститутсияи кишвар маълумот пешнињод кард.
|
26-29 августи соли 2018 бо маќсади иштирок дар Конфронси байналмилалї дар мавзўи «Конститутсия: таљассумгари арзишњои волоияти њуќуќ, љомеаи шањрвандї ва давлати муосир» сафари кории Раиси Суди Конститутсионї Мањмудзода М., судяи Суди Конститутсионї Њошимзода Д. ва сардори раёсати таъминоти њуќуќии фаълияти судяњо Нурляминзода Г. ба шањри Остонаи Љумњурии Ќазоќистон доир гардид.
Дар кори ин чорабинии сатњи байналмилалї, ки бо ташаббуси Шўрои Конститутсионии Љумњурии Ќазоќистон ба муносибати «Рўзи Конститутсияи Љумњурии Ќазоќистон» доир гардид, намояндагони маќомоти назорати конститутсионии кишварњои мухталифи љањон ва созмонњои бонуфузи байналмилалї, аз ќабили Федератсияи Россия, љумњурињои Алљазоир, Арманистон, Белорусия, Булѓористон, Гурљистон, Ќирѓизистон, Латвия, Муѓулистон, Озарбойљон, Ўзбекистон, Туркия, Украина, Комиссияи венетсиании Шўрои Аврупо, намояндагони маќомоти њокимияти давлатии Љумњурии Ќазоќистон, олимони соњаи њуќуќ ва дигарон иштирок намуданд.
Зимни конфронс мавзўњои мухталифи марбут ба Конститутсия ва конститутсионализм, Конститутсия њамчун асоси рушди давлат, тартиботи њуќуќї ва ташаккули љомеа, наќши Суди Конститутсионї дар њимояи њуќуќњои конститутсионии инсон ва шањрванд, волоияти њуќуќ - кафолати муњими ташаккули љомеаи шањрвандї ва наќши адолати судии конститутсионї дар амалишавии арзишњои конститутсионї, назорати судии конститутсионї дар давлатњои мухталиф ва дигар мавзўњои мубрами соњаи њуќуќ мавриди муњокимањои доманадор ќарор дода шуданд.
Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М. зимни кори конфронс бо маърўза дар мавзўи «Адолати судии конститутсионї дар Љумњурии Тољикистон: кафолати амалишавии арзишњои конститутсионї» баромад намуда, дар доираи он ба њозирин оид ба наќши Суди Конститутсионї дар таъмини волоияти Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, амалишавии арзишњои конститутсионї, таъмини принсипи таљзияи њокимияти давлатї ва тањкими падидањои демократї, ањамияти иљрои ќарорњои маќомоти назорати конститутсионї дар рушди конститутсионализм ва татбиќи муќаррароти Конститутсияи кишвар маълумот пешнињод кард.
Нимаи дуюми 28 август љаласаи кории аъзои Конфронси маќомоти назорати конститутсионии давлатњои демократияи нав, ки Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон низ узви комилњуќуќї он мебошад, баргузор гардида, дар доираи он масъалањои марбут ба фаъолияти ин нињод, аз љумла масъалаи ба фаъолият шурўъ намудани сомонаи интернетии он бо фарогири санадњои маќомоти назорати конститутсионии кишварњои аъзо ва нашри электронии маљалаии конфронс матрањ гардиданд.
Дар рафти љаласаи корї инчунин дархости Суди Конститутсионии Љумњурии Озорбойљон дар хусуси воридшавиаш ба узвияти Конфронси маќомоти назорати конститутсионии давлатњои демократияи нав барраси гардида, якдилона он ба узвияти ин созмон пазируфта шуд.
Дар доираи сафари кории зикршуда њамчунин вохўрии Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М. бо раисони маќомоти назорати конститутсионии љумњурињои Арманистон, Ќазоќистон ва намояндагони маќомоти назорати конститутсионии дигар давлатњо доир гардида, зимни он мавзўњои марбут ба густариши њамкорињои тарафайн матрањ гардиданд.
Њангоми вохўрї бо Раиси Шўрои Конститутсионии Љумњурии Ќазоќистон аз муносибатњои рушдёбандаи байнидавлатї, ки бо шарофати сиёсати созандаи пешгирифтаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ва Президенти Љумњурии Ќазоќистон Нурсултон Назарбоев дар њоли рушду густариш ќарор доранд, изњори ќаноатмандї карда шуд.
Њамчунин бо маќсади таќвияти њамкорињои судманд байни маќомоти назорати конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Ќазоќистон бо дарназардошти риояи расмиёти дохилидавлатї ба имзо расонидани Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї аз љониби тарафњо муњим арзёбї карда шуд.
|
НАТИЉАГИРЇ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНЇ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2018
9 июли соли 2018 дар толори маљлисгоњи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо иштироки Раис, муовини Раис, судяњо ва кормандони дастгоњи Суди Конститутсионї маљлиси љамбастии фаъолияти нимсолаи суд дар соли 2018 доир гардид.
Мањкам Мањумдзода - Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон маљлисро њусни оѓоз бахшида, ќайд намуд, ки соли 2018 барои мардуми сарбаланди кишвар боз як соли шукуфої ва пешрафти соњањои хољагии халќ, боло рафтани эътибори байналмилалии Љумњурии Тољикистон, тањкими ѓояҳои ватандўстї, худогоҳиву худшиносї дар љомеа, эҳтироми анъанаву суннатҳои миллї ва соли баргузории руйдодњои бузурги сиёсиву фарњангї арзёбї мегардад.
Мањкам Мањмудзода њамчунин иброз дошт, ки дар ин давра судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди Конститутсионї низ аз равандњои сиёсию иљтимої ва њуќуќии мамлакат дар канор намонда, тавассути ба амалбарории рисолати касбї, корњои муайянеро ба сомон расониданд.
5 майи соли равон аз љониби кормандони ду суд: Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар шањраки 14 ноњияи Синои ш. Дущанбе ба истифода супорида шудани иншооти варзишию фарњангї дар масофаи 3453 метри мураббаъ иборат аз майдончаи умумї барои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи дилхушии кўдакон, гушаи машќу тамрини бадан бо тамоми дастгоњу лавозимоти зарурї муљањњаз, шинонидани гулу буттањо ва дарахтони сояафкану ороишї боиси ифтихор набуда наметавонад. Ин сањми Суди конститутсионї дар ободонии як гўшаи пойтахти азизи Ватанамон мебошад.
Муњимтарин иде, ки Љумњурии Тољикистон расман ба љаншгирии он њусни оѓоз бахшидааст, – ин љашнгирии 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон мебошад, ки давлат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон ва халќи мамлакт бо тамоми коллективњои мењнатї азм кардаанд, ки онро дар сатњи баланд баргузор намоянд.
Намояндаи Њукумати Љумњурии Тољикистон дар шањри Истаравшани бостонї љињати ташкили фаъолияти ободонию бунёдкорї таъин кардани Раиси Суди конститутсионї низ давоми мантиќи љашнгирии 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон мебошад, ки алакай аз љониби Раиси Суди конститутсионї дар ин самтњо корњо шурўъ гашта, Наќшаи чорабинињои маќомоти иљроия њокимияти давлатии шањри Истаравшан оид ба корњо ободониву созандагї» тањия ва мавриди тасдиќ ќарор дода шуд.
Сафари ба наздикї анљомдодаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба ин шањр ва ифтитоњ ёфтани Нишон ва Парчами давлатї, Маљмааи таърихию фарњангии «Ќалъаи Муѓ» ва дигар иншооти иљтимоию фарњангї натиљаи татбиќи сиёсати созандаи Пешвои миллат мебошад, ки Суди Конститутсионї низ бояд аз ин равандњои муњими сиёсии мамлакат дар канор набошад.
Сипас муовини Раиси Суди Конститутсионї Каримзода К., роњбари дастгоњи суд Гулзода А. оид ба самтњои фаъолияти касбии суд дар нимсолаи аввали соли 2018 ба њозирин иттилоъ доданд.
Баромадкунандагон аз љумла зикр намуданд, ки дар шаш моњи фаъолият аз љониби Суди Конститутсионї дар асоси дархости субъектњои њуќуќ, бо маќсади муайян намудани мувофиќати санадњои меъёрии њуќуќї ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон 2 адад парвандањо баррасї гардида, нисбати онњо таъиноти дахлдори судї ќабул карда шуданд.
Бо назардошти шашмоњаи аввали соли 2018, теъдоди дар 22- соли фаъолияти Суди конститутсионї ќабул шудани санадњои судї ба 39 ќарор ва 92 таъинот расид.
|
Муфасалтар
|
|
|