05:28:22 - 22.10.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз603
mod_vvisit_counterДирӯз1782
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2385
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида13471
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ38526
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида40672
mod_vvisit_counterҲамагӣ658536

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

1-6 августи соли 2018 сафари кории судяњои Суди Конститут­сионї Абдул­лозода Л., Њошимзода Д. ва ёрдамчии судяи Суди Конститутсионї Темиров В. ба шањри Сеули Љумњурии Кореяи Љанубї бо маќсади иштирок дар Конфронси байнал­милалї дар мавзўи Адолати судии конститут­сионї ва демократия» доир гардид.

Дар кори ин чорабинии сатњи байналмилалї, ки бо ташаб­буси Суди Конститутсионии Корея ба муносибати 30-умин солгарди таъсисаш доир гардид, намоян­дагони маќомоти назо­рати консти­­тут­­сионии беша аз си киш­вари мухталифи љањон ва созмон­њои бону­фузи бай­нал­ми­лалї, аз ќабили љумњурињои Афѓонистон, Алљазоир, Арманис­тон, Боливия, Бул­ѓо­ристон, Гурљистон, Зеландияи Нав, Ќазоќистон, Ќирѓи­зистон, Испания, Латвия, Малайзия, Мексика, Муѓу­листон, Озарбойљон, Румыния, Слове­ния, Ўзбекистон, Таиланд, Туркия, Украина, Хорватия, Федератсияи Россия, Штатњои Муттањи­даи Америка, Комис­сияи венет­сиа­нии Шўрои Аврупо, намояндагони њокимияти судии Љум­њу­рии Корея, олимони соњаи њуќуќ ва дигарон иштирок намуданд.

Дар оѓози кори Конфронс роњбарони маќомоти назорати конститут­сио­нии Љумњурии Кореяи Љанубї ва Президенти Комиссияи венетсиа­нии Шўрои Аврупо љаноби Љанни Букиккио баромад намуда, иштирокчиёни чорабиниро хайрамаќдам кар­данд ва оид ба наќши адолати судии консти­тут­­сионї дар љањони муосир, аз љумла дар таъмини волоияти Консти­тутсия ва њимояи њуќуќу озодињои исон ва шањрванд суханронї намуданд.

Зимни конфронс мавзўњои мухта­лифи марбут ба конститутсионализм, наќши Суди Конститут­сионї дар таъмини волоияти Конститутсия, њимояи њуќуќњои конститут­сионии инсон ва шањрванд, наќши адолати судии консти­тут­сионї дар амали­шавии арзишњои конститутсионї, принсипи таљзияи њокимияти давлатї, тањкими демок­ра­тия, таљрибаи назорати судии консти­тут­сио­нї дар давлатњои мухталиф ва дигар мавзўњои мубрами соњаи њуќуќ мавриди муњо­кимањои доманадор ќарор дода шуданд.

Судяи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д.Д. зимни кори конфронс бо маърўза дар мавзўи «Маќомоти назорати судии конститутсионї – падидаи муътадил рушдёбандаи давлати демократї» баромад намуда, дар доираи он ба њозирин оид ба наќши Суди Консти­тутсионї дар таъмини волоияти Конститутсияи Љумњурии Тољи­кис­тон, њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, тањкими падидањои демок­ратї, ањамияти иљрои ќарорњои маќомоти назорати конститутсионї дар рушди конститут­сио­нализм ва татбиќи муќаррароти Конститутсияи кишвар маълумот пеш­нињод кард.

 

 

 

26-29 августи соли 2018 бо маќсади иштирок дар Конфронси байналмилалї дар мавзўи «Кон­сти­тутсия: таљас­сумгари арзиш­њои волоияти њуќуќ, љомеаи шањр­вандї ва давлати муосир» сафари кории Раиси Суди Конститутсионї Мањмудзода М., судяи Суди Конститут­сионї Њошимзода Д. ва сар­дори раёсати таъминоти њуќуќии фаълияти судяњо Нурляминзода Г. ба шањри Остонаи Љумњурии Ќазо­ќистон доир гардид.

Дар кори ин чорабинии сатњи байналмилалї, ки бо ташаб­буси Шўрои Конститутсионии Љумњурии Ќазоќистон ба муносибати «Рўзи Конститут­сияи Љумњурии Ќазоќистон» доир гардид, намоян­дагони маќомоти назо­рати консти­­тут­­сионии кишварњои мухталифи љањон ва созмон­њои бону­фузи бай­нал­ми­лалї, аз ќабили Федератсияи Россия, љумњурињои Алљазоир, Арманис­тон, Белорусия, Бул­ѓо­ристон, Гурљистон, Ќирѓи­зистон, Латвия, Муѓу­листон, Озарбойљон, Ўзбекистон, Туркия, Украина, Комис­сияи венет­сиа­­нии Шўрои Аврупо, намояндагони маќомоти њокимияти давлатии Љум­њурии Ќазо­ќистон, олимони соњаи њуќуќ ва дигарон иштирок намуданд.

Зимни конфронс мавзўњои мухта­лифи марбут ба Консти­тутсия ва конститутсионализм, Конститутсия њамчун асоси рушди давлат, тартиботи њуќуќї ва ташаккули љомеа, наќши Суди Конститут­сионї дар њимояи њуќуќњои конститут­сионии инсон ва шањрванд, волоияти њуќуќ - кафолати муњими ташаккули љомеаи шањрвандї ва наќши адолати судии конститут­сионї дар амали­шавии арзишњои конститутсионї, назорати судии консти­тут­сио­нї дар давлатњои мухталиф ва дигар мавзўњои мубрами соњаи њуќуќ мавриди муњо­кимањои доманадор ќарор дода шуданд.

Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М. зимни кори конфронс бо маърўза дар мавзўи «Адо­лати судии консти­тут­сио­нї дар Љумњурии Тољикистон: кафолати ама­ли­шавии арзиш­њои консти­тут­сионї» баромад намуда, дар доираи он ба њозирин оид ба наќши Суди Конститутсионї дар таъмини волоияти Конститутсияи Љумњурии Тољи­кис­тон, амалишавии арзишњои конститутсионї, таъмини принсипи таљзияи њоки­мияти давлатї ва тањкими падидањои демократї, ањамияти иљрои ќарорњои маќомоти назорати конститутсионї дар рушди конститут­сио­нализм ва татбиќи муќаррароти Конститутсияи кишвар маълумот пеш­нињод кард.

Нимаи дуюми 28 август љаласаи кории аъзои Конфронси маќомоти назорати кон­сти­тут­сионии давлат­­њои демократияи нав, ки Суди Кон­сти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон низ узви комилњуќуќї он мебошад, баргузор гардида, дар доираи он масъалањои марбут ба фаъолияти ин нињод, аз љумла масъалаи ба фаъолият шурўъ намудани сомонаи интер­не­тии он бо фарогири санадњои маќомоти назорати конститутсионии киш­варњои аъзо ва нашри электронии маљалаии конфронс матрањ гарди­данд.

Дар рафти љаласаи корї инчунин дархости Суди Кон­сти­тут­сионии Љум­њу­рии Озорбойљон дар хусуси воридшавиаш ба узвияти Конфронси маќо­моти назорати кон­сти­тут­сионии давлат­­њои демократияи нав барраси гар­ди­да, якдилона он ба узвияти ин созмон пазируфта шуд.

Дар доираи сафари кории зикршуда њамчунин вохўрии Раиси Суди Конститут­сио­нии Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М. бо раисони маќо­мо­ти назо­рати консти­тутсионии љумњурињои Арманистон, Ќазоќистон ва намояндагони маќомоти назорати конститутсионии дигар давлатњо доир гарди­да, зимни он мавзўњои марбут ба густариши њамкорињои тара­файн матрањ гарди­данд.

Њангоми вохўрї бо Раиси Шўрои Конститут­сио­нии Љумњурии Ќазо­ќистон аз муносибатњои рушдёбандаи байнидавлатї, ки бо шарофати сиёсати созандаи пешгирифтаи Асосгузори сулњу вањ­дати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњта­рам Эмомалї Рањмон ва Президенти Љумњурии Ќазоќистон Нурсултон Назарбоев дар њоли рушду густариш ќарор доранд, изњори ќаноатмандї карда шуд.

Њамчунин бо маќсади таќвияти њамкорињои судманд байни маќомоти назорати конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон ва Љумњурии Ќазоќистон бо дар­на­зардошти риояи расмиёти дохили­­давлатї ба имзо расонидани Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї аз љониби тарафњо муњим арзёбї карда шуд.

 

 

 

 

НАТИЉАГИРЇ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНЇ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2018

9 июли соли 2018 дар толори маљлисгоњи Суди Конститут­сионии Љумњурии Тољикистон бо иштироки Раис, муовини Раис, судяњо ва кормандони дастгоњи Суди Конститутсионї маљлиси љамбастии фаъо­лия­ти нимсолаи суд дар соли 2018 доир гардид.

Мањкам Мањумдзода - Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон маљлисро њусни оѓоз бахшида, ќайд намуд, ки соли 2018 барои мардуми сарбаланди кишвар боз як соли шу­­куфої ва пешрафти соњањои хољагии халќ, боло рафтани эъти­бори байнал­милалии Љумњурии Тољи­кис­тон, тањкими ѓоя­ҳои ва­тандўстї, худогоҳиву худшиносї дар љомеа, эҳти­роми анъанаву сун­нат­ҳои миллї ва соли баргузории руйдод­њои бузурги сиёсиву фарњангї арзёбї мегардад.

Мањкам Мањмудзода њамчунин иброз дошт, ки дар ин давра судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди Консти­тутсионї низ аз ра­ванд­њои сиёсию иљтимої ва њуќуќии мамлакат дар канор на­монда, тавас­сути ба амал­барории ри­со­лати касбї, корњои муайянеро ба сомон расониданд.

5 майи соли равон аз љониби кормандони ду суд: Суди консти­тутсионии Љум­њурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар шањраки 14 ноњияи Синои ш. Дущанбе ба истифода супорида шудани иншооти варзишию фар­њангї дар масофаи 3453 метри мураббаъ иборат аз майдончаи умумї барои футбол, волейбол ва бас­кетбол, майдончаи дилхушии кўдакон, гушаи машќу тамрини бадан бо та­моми дастгоњу лавозимоти зарурї муљањњаз, шинонидани гулу буттањо ва дарах­тони сояафкану ороишї боиси ифтихор набуда наме­тавонад. Ин сањми Суди конститутсионї дар ободонии як гўшаи пой­тахти азизи Ватанамон мебошад.

Муњимтарин иде, ки Љумњурии Тољикистон расман ба љанш­гирии он њусни оѓоз бахшидааст, – ин љашнгирии 30-солагии Исти­ќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон мебошад, ки давлат ва Њуку­мати Љумњурии Тољикистон ва халќи мамлакт бо тамоми коллективњои мењнатї азм кардаанд, ки онро дар сатњи баланд баргузор намоянд.

Намояндаи Њукумати Љумњурии Тољикистон дар шањри Иста­равшани бостонї љињати ташкили фаъолияти ободонию бунёдкорї таъ­ин кардани Раиси Суди конститутсионї низ давоми мантиќи љашнгирии 30-солагии Исти­ќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон мебошад, ки алакай аз љониби Раиси Суди конститутсионї дар ин самтњо корњо шурўъ гашта, Наќшаи чорабинињои маќомоти иљроия њокимияти дав­латии шањри Истаравшан оид ба корњо ободониву созандагї» тањия ва мавриди тасдиќ ќарор дода шуд.

Сафари ба наздикї анљомдодаи Асосгузори сулњу вањдати мил­лї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба ин шањр ва ифтитоњ ёф­тани Нишон ва Парчами давлатї, Маљмааи таърихию фарњангии «Ќалъ­аи Муѓ» ва дигар иншооти иљтимоию фарњангї натиљаи татбиќи сиёсати созандаи Пешвои миллат мебошад, ки Суди Консти­тутсионї низ бояд аз ин равандњои муњими сиёсии мамлакат дар канор набошад.

Сипас муовини Раиси Суди Конститутсионї Каримзода К., роњ­бари дастгоњи суд Гулзода А. оид ба самтњои фаъолияти касбии суд дар нимсолаи аввали соли 2018 ба њозирин иттилоъ доданд.

Баромадкунандагон аз љумла зикр намуданд, ки дар шаш моњи фаъолият аз љониби Суди Конститутсионї дар асоси дар­хости суб­ъ­­ек­т­­­­­­­­­­­­­њои њуќуќ, бо маќсади муайян намудани муво­фи­ќати са­надњои меъёрии њуќу­ќї ба Конститутсияи Љумњурии Тољи­кис­­тон 2 адад пар­вандањо баррасї гар­ди­да, нисбати онњо таъи­нот­и дахл­дори судї ќабул карда шуданд.

Бо назардошти шашмоњаи аввали соли 2018, теъдоди дар 22- соли фаъолияти Суди консти­тут­сионї ќабул шудани санадњои судї ба 39 ќарор ва 92 таъинот расид.

Муфасалтар
 

 

 

 

 

10–уми июли соли 2018 дар синни 62 солагї баъд аз беморї риш­таи умри Зоирзода Шарофиддин Юнус-судяи Суди консти­тут­си­онии Љумњурии Тољикистон бармањал канда шуд.

Зоирзода Ш. Ю. соли 1982 баъди хатми факултети њуќуќ­ши­но­сии Донишгоњи Давлатии Тољикистон, солњои 1982 –1993 дар вазифањои кор­омўзи шуъбаи њуќуќ, ад­вокат ва мудири шуъбаи њуќуќии ноњияи Кол­хозобод кор карда, моњи марти соли 1987 аъзои Президиуми кол­легияи адвокатњои Љумњурии То­љикистон интихоб гардидааст.

Соњои 1993–1996 дар вази­фа­њои машваратчї - сармутахассиси Кумитаи Шўрои Олии Љумњурии Тољи­кистон оид ба ќонунгузорї, тар­тиботи њуќуќї ва њуќуќи инсон, мушовири калони кумитаи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон оид ба тартиботи њуќуќї, мудофиа ва ам­ният ифои вазифа намудааст.

Аз соли 1996 то соли 2001дар вази­фањои мушовир ва мушовири калони Президенти Љумњурии Тољи­кистон оид ба масъалањои њуќуќї ва аз моњи ноябри соли 2001 то мохи феврали соли 2004 муовини Раиси кумитаи давлатии идораи амволи дав­латии Љумњурии Тољикистон кор кардааст.

Моњи феврали соли 2004 вакили Маљлиси намояндагони Маљ­лиси Олии Љумњурии Тољикистон интихоб гардида, аз соли 2005 то соли 2012 дар вазифањои мудири шуъбаи њуќуќи даст­гохи Маљлиси намо­яндагон ва муовини Роњбари дастгоњи Маљлиси миллї ифои вазифа намудааст.

Аз 13 декабри соли 2012 ба вазифаи судяи Суди консти­тут­сио­нии Љум­њурии Тољикистон интихоб гардида, дар ин вазифа то лањзаи охи­рини њаёташ фаъолияташ намудааст.

Барои мењнати самаранокаш дар маќомоти њокимияти давлатї бо мукофоти давлатї, Ифтихорномаи Маљлиси миллї ва Суди консти­тутсионї ва дигар медалу мукофотњои соњавї ќадрдонї карда шу­дааст.

Номбурда дар кадом сатњи макомоти давлатї кор ва фаъолият на­карда бошад њам, худро њамчун мутахассиси барљаста ва ватандўст, шах­си кордон, хоксор ва тарбиятгари кадрњои љавон дар руњияи худ­ши­носиву худогоњї муарифї намудааст.

Дорои обрў ва эътибори баланд буда, дар рушди ќонунгузории мамлакат наќши арзанда дорад.

Ёди Зоирзода Ш.Ю. ва кору фаъолияти созандаи ў дар ќалби њамкорону дустонаш абадї боќї хоњад монд.

Коллективи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

 

 

 

 

28 майи соли 2018 судяњо ва кормандони Суди Конститутсионї бо маќсади пайдо кардани ошної бо таърихи бойу пурѓановати миллати тољик, бахшида ба «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» эълон гардидани соли 2018 дар доираи наќшаи чорабинињо аз мавзеи таърихии Тољикистон - Ќалъаи Њисор боздид ба амал оварданд.

Њисори Шодмон як пораи Тоҷикистон буда, таърихи ќадима дорад ва ёдгорињои таърихии он нишонае аз кўњанбунёдии ўст. Ҷашни 3000 солагии Њисори Шодмон ба сифати макони таърихї ин гуфтаро собит месозад. Омўзиши сарчашмањои таърихї ва бозёфтњои бостоншиносон шањодат медињанд, ки дар водии Њисор одамон њанўз аз давраи асри санг, тахминан 40-50 њазор сол муќаддам сукунат доштанд. Аз бисёр мањаллањои он маскани одамоне пайдо гардиданд, ки 6-9 њазор сол муќаддам дар онњо истиќомат доштанд.

Дар водии Њисор бостоншиносон бо маданияти моддии ќадимтарини одамон вомехўранд. Дар давраи неолит (ќарни санг) водии Њисор хеле серањолї будааст, ки аз ин бошишгоњњо, маснуоти шикорию рўзгор гувоњї медињад. Тамаддуни ин сарзамин бо номи маданияти Њисор машњур буда, бо тањќиќи он донишманди шўравї А.П. Окладников њанўз соли 1948 оѓоз бахшидааст. Њангоми њафриёт зиёда аз 680 осори давраи санг ёфт шудааст.

Дар натиҷаи ҷустуҷўи бостоншиносї аз соли 1946 то имрўз дар њудуди шањри Њисор ва атрофи он маводњои гуногун пайдо гардидааст. Дар асоси он гуфтан ба маврид аст, ки њудуди шањр аз њазораи II то милод њамчун бошишгоњи ќабилаи чорводорї аз худ карда шуда, аз асри VII то милод њамчун шањр ташаккул ёфтаву ба маркази сиёсиву иќтисодии минтаќаи заминдорї табдил меёбад.

Тибќи нишондодњои таърихї, Њисори бостонї дар гузаштаи дур зери итоати давлатњои гуногун ќарор доштааст. Дар нимаи дуюми асри XV ва аввали асри XVI дар Њисори Шодмон пайвандони шоњзодањои темурї њукмронї мекарданд. Тадриҷан Њисор рушд ёфта, ба яке аз шањрњои калону мустаќили Мовароуннањр табдил меёбад. Ин даврањо дар маданияти Њисор таѓйироти куллї ба амал омада, дењќонї, чорводорї, њунармандї, тангасозї, кулолгарї, бофандагї, шањрсозї ва дигар савдову тиҷорат вусъат пайдо мекунанд.

Номи Њисори Шодмон бори аввал дар асари машњури таърихии Шарофиддин Алї Яздї «Зафарнома» (асри XV) њамчун яке аз мулкњои Империяи Темуриён зикр гардидааст ва ба сифати маркази силоњсозї ёдовар мешавад.

Суди Конститутсионї тасмим гирифтааст, ки ба ин иќдом бо маќсади иљрои наќшаи чорабинињо оид ба «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» эълон гардидани соли 2018 њукми анъанавї дода, аз мавзењои таърихии Тољикистон пайваста боздид ба амал орад.

 

 

 


 

 

 

 

 

 

 

21 июни соли 2018 дар толо­ри маљлисгоњи Суди Кон­сти­тут­сионии Љумњурии Тољи­­кис­тон ба муно­си­бати 21-умин солгради ба имзо расидани Созишномаи умумии истиќ­рори сулњ ва ризоияти миллї, ки њамчун санади таърихї барои тањкими пояњои вањдат ва суботу оромї дар кишвар мусоидат кард, дар мавзўи «Вањдати миллї ва њифзи дастовардњои Истиќлолияти давлатї» њамоиш доир гардид.

Дар кори њамоиш намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Прокуратураи генералї, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, вазоратњои адлия, маоириф ва илм, рушди иќтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї, кумитањои оид ба корњои дин ва танзиму анъана, занон ва оила, забон ва истилоњот, љавонон ва варзиш, рушди сайёњї ва дигар маќомоти давлатї, инчунин олимони соњаи сиёсату њуќуќ иштирок ва бо маърўза баромад намуданд.

Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањ­мудзода ба кори њамоиш њусни оѓоз бахшида, аз љумла иброз дошт, 21 сол ќабл миллати тољик бо паси сар кардани љанги шањрвандї санадеро ќабул намуд, ки сулњи тољиконро оѓоз ва Истиќлолияти давлатиро тањким бахшид ва ин санади таърихї Созишномаи истиќрори сулњи тољикон буд.

Танњо ба шарофати зањматњои пайгирона ва талошњои созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон муаяссар гардид, ки дар як муддати кўтоњ љанги тањмилии шањрвандї хомўш карда шавад ва миллати тољик аз хатари парокандашавї рањо ёфта, муњољирони иљборї ба ватану ман­зили худ баргардонида шуданд ва кишвари мо ба маљрои рушду инкишоф дар њама соњањои њаёти љомеа ворид гардид.

Мавсуф зикр кард, ки пойдории сулњу субот барои њифзи арзишњои миллї, эҳёи давлат­до­рии навини демократию њуќуќбунёд, сарљамъию ит­тиҳоди миллат, амали­созии њадафњои конститутсионии давлати иљтимої, татбиќи вазифањои стратегии давлат мусоидат карда, Љумњурии Тољикистон њамчун субъекти муносибатњои байналмилалї дар арсаи сиёсати љањонї сазовори мавќеи хосса гардид.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки ба ин арзиши муќаддас, яъне Вањдати миллї, ки намунаи ибратбахши љањониён мебошад, расем ва онро њамеша эмин нигоњ дошта, барои тарбияи љавонони ватандўсту ватанпарвар кўшиш намоем.

Баъдан академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон Каро­матулло Олимов баромад намуда, зикр кард, ки Созишномаи умумии ис­тиќрори сулњ ва ризоияти миллї, ки дар як давраи вазъи мураккаби сиёсии мам­лакат бо саъю талошњои Пешвои муаззами миллат ба имзо расонида шуд, дар таљрибаи љаҳони мутамаддин падидаи нодири ба миён овардани сулњу оромї ба шумор рафта, аз нигоњи њуќуќї падидаест, ки омили муњими пешрафту ташаккули давлати адолат­парварро таќвият мебахшад.

Њамзамон, зикр кард, ки маќсад аз љашнгирии Вањдати миллї ва баргузор намудани чорабинињои гуногун, дар шароити мураккаби сиёсии љањони имрўза ин њушдор сохтани мардуми кишвар аз њодисањои мудњиши љанги шањрвандї ва баланд бардоштани њисси ватандориву ватандўстї, садоќат ба ватан, њифзи ватан, расидан ба ќадри сулњу субот, оромї ва таъмини пойдории Истиќлояияти давлатї мебошад.

Дар рафти њамоиш зиёда аз 10 марўзањо шунида шуданд, ки маъ­рўзачиён оид ба наќши вањдати миллї дар рушду такомули соњањои гуногуни њаёти сиёсиву иљтимої ва фарњангї ибрози андеша намуданд.

Њамоиш аз љониби иштирокдорони он муфид арзёбї гардид.

 

 
« ПерваяПредыдущая12345678910СледующаяПоследняя »

Страница 1 из 39