09:16:04 - 20.08.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 2) 2018

 

Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї

дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон)

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Маљаллаи илмию иттилоотї

Сармуњаррир:

Мањмудзода М.А. Раиси Суди Конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, академики Академияи илмњои

Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Њайати тањририя:

Каримзода К.М. муовини Раиси Суди Конститутсионии Љум­њу­­рии То­љикистон, номзади илмњои сиёсї

Њошимзода Д.Д. судяи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољи­­­­кис­­тон, номзади илмњои њуќуќ

Сативалдыев Р.Ш. раиси Шўрои илмї - машваратии назди Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикис­тон, док­тори илмњои њуќуќ, профессор

Искандаров З.Њ. узви Шўрои илмї - машваратии назди Суди Конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон, док­тори илмњои њуќуќ, про­фес­­сор

© Нашрияи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон, 2018.


Мундариља

Рањимзода М.З. Асосҳои конститутсионии њуќуќи машѓул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ.......................................................................

Собирзода И.С. Масоили шаклњои њифзи њуќуќњои падару модар дар ќонунгузории оилаи Тољикистон..................................................

Орипова М. Маќоми њуќуќии њамсарон дар низоми муносибатњои шахсии ѓайримолумулкї ……………………………………………….

Таъиноти Суди Конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дар­хости шањрванд Мањмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани муто­биќати моддањои 42 ва 51 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тољикистон» ба моддањои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Љумњу­рии Тољикистон»..................................................................................

Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дар­хости намояндаи ваколатдори шањрванд Исроилов П.Р. – Ќодиров Ш.С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати њалномаи суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон».................................

Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии консти­тут­­сионї оид ба дархости намояндаи ваколат­дори шањрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян намудани мувофиќати њалномаи суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон»

Навидњои Суди Конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Навидњои Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон.............


Раҳимзода М.З.

Доктори илмњои ҳуқуқ,

профессор

АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҲУҚУҚИ

МАШҒУЛ ШУДАН БА ФАЪОЛИЯТИ

СОҲИБКОРӢ

Дар низоми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳуқуқ ба фаъолияти соњиб­корӣ, ҷои мустақилро ишғол менамояд. Машѓул шудан ба он ифодаи озодии фаъолияти соҳибкорӣ буда, ҳамчун яке аз ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои бунёдии инсон ва шаҳрванд мебошад. Албатта, соњибкорӣ бе мењнат анҷом дода намешавад. Аз ин ҷо вай натиљаи амалӣ шудани ҳуқуқи ҳар кас ба меҳнат ва интихоби касбу кор низ мебошад (м. 35 Конститутсияи ҶТ).

Агарчанде, ки ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун яке аз намуди ҳуқуқҳои иқтисодӣ дар моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита мустаҳакам карда нашуда бошад ҳам, вале вай аз моҳияти қисми 2 моддаи мазкур ба миён меояд, ки тибқи он давлат озодии фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкориро кафолат медиҳад. Ҳамчун ҳуқуқи субъективии конститутсионӣ ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ чораи имкони рафтори шахс мебошад, ки бо санади меъёрии ҳуқуқӣ таъмин буда, барои ноил шудан ба мақсади дарназардошта равона карда шудааст. Мутаасифона, мазмуни ҳуқуқи мазкур дар фарқият ба ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқ ба меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мушаххас, на ин ки дар Консти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар Кодекси гражданӣ ба ҳайси қисми таркибии мазмуни қобилияти ҳуқуқдории шаҳрвандон нишон дода нашудааст.

Озодона амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ бошад, унсури принсипи конститутсионии озодии фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки ҳар як шаҳрванд ҳақ дорад ҳамагуна тарзи амалї намудани фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкориро интихоб намояд. Чунончи, шаҳрванд метавонад корманди кироя бошад, қувваи кории худро барои истифода ба соҳибкор пешниҳод намояд, барои натиҷаи ниҳоии меҳнати худ таваккал ва ҷавобгариро ба зимма гирад. Ҳамзамон, бо ба даст овардани вазъи соҳибкори инфиродӣ ё бо иштирок дар ташкилоти тиҷоратӣ фаъолияти соҳиб­кориро амалӣ намояд. Қонунгузории амалкунанда ба ҳайси корманди кироя кор кардани шаҳрванд ва яку якбора анҷом додани фаъолияти соҳибкориро манъ накардааст. Вале дар асоси шартнома ва бо мақ­са­ди аз байн бурдани бархурди манфиатҳо дар байни субъектҳои соҳиб­кории рақобаткунанда мумкин аст дар асоси шартнома ишти­рок ва кори шаҳрванд дар фаъолияти онҳо маҳдуд карда шавад. Ҳамзамон шаҳрванд ҳангоми таъсис додани ташкилоти тиҷоратӣ ҳақ дорад мустақилона ва ё бо иштироки дигар шаҳрвандон ҳамон шакли ташкилии ҳуқуқии шахси ҳуқуқиеро интихоб намояд, ки дар қонун нишон дода шудааст ва барои анҷом додани намуди муайяни соҳибкорӣ ва мақсади дилхоҳи муассис мувофиқ аст.

Ҳуќуќи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳамаи шахсон тааллуқ дошта, қисми муҳими қобилияти ҳуқуқдории шахс мебошад. Қобилияти ҳуқуқдорӣ аз тарафи давлат ба ҳамаи инсонҳо қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молумулк эътироф карда мешавад (м. 17 Конститутсия). Ҳамин тавр, ҳама дар ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ баробаранд.

Ќобилияти њуќуќдории субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ умумї, маҳдуд, махсус ва истисноӣ мешавад. Ќобилияти њуќуќдории умумї ба субъект имконият медињад, ки аз рӯи принсипи «Њар чи ки қонун манъ накардааст, равост» амал намояд. Чунин тартибот бо маќсади минбаъд ривољ додани мустаќилияти хољагии онњо, яъне гузариш аз ќобилияти њуќуќдории махсус ба умумї пешгирифта мешавад. Дар асоси қ.1 м. 49 КГ ва м. 7 Қонуни ҶТ аз 26 июли соли 2014 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ»[1] субъект­ҳои соҳибкорӣ - шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои тиҷоратии резидент ва ғайрирезидент, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ), ки ба соҳибкорӣ машғуланд ба ѓайр аз корхонањои воњиди давлатї ва намудњои дигари ташкилотњои дар ќонун пешбинишуда метавонанд њама гуна фаъолятеро амалӣ намоянд, ки ќонун манъ накардааст. Ҳамзамон, субъекти дорандаи қобилияти умумӣ дар ҳуҷҷатҳои таъсиснамоияш метавонад қоби­лияти ҳуқуқдорияшро маҳдуд (қобилияти ҳуқуқдории маҳдуд) намояд. Аз ин ҷо, аҳдеро, ки шахси ҳуқуқӣ хилофи ҳуҷҷатҳои таъсисии худ, ки онро аниқ маҳдуд кардааст, бастааст, суд метавонад беэътибор эътироф намояд(м.198 КГ).

Ќобилияти њуќуќдории махсус бошад, ба субъект имконият медињад, ки фаќат њамон намудњои фаъолиятро амалї намояд ё њамон њуќуќњоеро доро шавад, ки ба предмети фаъолияти ў муво­фиќанд. Дорои ќобилияти њуќуќдории махсус, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд.

Дорои қобилияти ҳуқуқдории истисноӣ он субъектҳое мебо­шанд, ки фаъолияти интихобнамудаи онҳо тибќи ќонунгузорї ба онњо барои машғул шудан ба дигар намуди фаъолият ба онҳо тибқи қонунгузорӣ имконият намедиҳад.

Чунончи, тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти бонкӣ машғул шудани ташкилоти қарзӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ, савдо ва бевосита ба фаъолияти суғурта манъ мебошад (м. 3), яъне ташкилоти ќарзї дорои қобилияти истисноӣ мебошад. Дорои қобилияти ҳуқуқ­дории истис­ноӣ, инчунин ташкилотҳои суғуртавӣ мебошанд.

Қобилияти ҳуқуқдории субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ бо сабаби зарурияти гирифтани иҷозат барои машғул шудан ба баъзе намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ маҳдуд карда мешавад. Татбиқ намудани иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳиб­кории ташкилотҳои тиҷоратӣ маъноӣ ба реҷаи қобилияти махсуси ҳуқуқдорӣ наздик будани фаъолияти онҳо мебошад. Вале ин ҳолат дар оинномаи субъектҳои хоҷагӣ дарҷ карда нашуда, аз ҷониби мақомоте, ки масъалаи мазкурро ҳал менамояд, амалӣ карда мешавад. Ҳангоми бе иҷозатнома анҷом додани фаъолияте, ки бояд иҷозатнома дошта бошад ташкилоти тиҷоратӣ бо тартиби маҷбурӣ бо ҳалномаи суд барҳам дода шавад(м. 62 КГ).

Ваколати қисмҳои таркибии ташкилотҳои хоҷагӣ маҳдуд мебошад. Онҳо дорои ваколати дохилихоҷагӣ мебошанд, ки ба онҳо имконият медиҳад дар муносибатҳои байни худи онҳо дар дохили ташкилот, инчунин байни онҳо ва умуман ташкилот иштирок намоянд. Ваколати дохилихоҷагӣ тибқи санадҳои меъёрии локалие, ки аз ҷониби ташкилот қабул карда мешаванд, муқаррар карда мешавад.

Бояд қайд намоем, ки барои пурра машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, шахс на танҳо бояд дорои қобилияти ҳуқуқдорӣ, балки дорои қобилияти амалкунӣ, яъне субъекти ҳуқуқ (соҳибҳуқуқ) низ бошад. Яъне, вай бояд амали аҳамияти ҳуқуқидоштаро содир намояд ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома имконияти ба зимма гирифтани ҷавоб­гариро дошта бошад. Қобилияти амал­кунӣ бо фаро расидани балоғат, яъне пас аз расидан ба синни ҳаждаҳ, ба миён меояд (қ. 1 м. 18 КГ). Вале бо дарназардошти ҳолатҳои истисноӣ ва ҳуқуқи озодона интихоб намудани намуди фаъолият, аз ҷумла соҳиб­корӣ, аз ҷониби ҳар як шахс, қонунгузор имконияти чунин интихобро вобаста ба сифати худи субъект медонад. Ќонунгузор барои ин ин­сти­тути ҳуқуқии махсуси эмансипатсияро муқаррар кардааст. Қоби­лияти пурраи амалкунии гражданӣ тибқи қисми 1 моддаи 28 КГ ҶТ мумкин аст ба шаҳрванде дода шавад, ки ба синни 16 расидааст ва дар асоси шартномаи меҳнатӣ (қарордод) кор кунад ё бо розигии падару модар, фарзандхондагон ё парастор ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад. Дорои қобилияти пурраи амал (эмансипатсия) эълон кардани ноболиғ бо розигии падару модар, фарзандхондагон ё парас­тор бо қарори мақомоти васояту парасторӣ ё дар сурати набудани чунин розигӣ бо қарори суд сурат мегирад. Ҳамин тавр, барои он, ки ноболиғ тибқи қонунгузории Тоҷикистон соҳиби эмансипатсия гар­дад, шартҳои зерин зарур аст: аввало, хоҳиши ноболиғ оид ба машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, сониян, розигии падару модар, фарзандхондагон ё парастор бо қарори мақомоти васояту парасторӣ, солисан, дар сурати набудани чунин розигӣ қарори (ҳалномаи) суд. Баъдан, ҳангоми мавҷуд будани шартҳои зикршуда онҳо бояд ба қайд гирифта шаванд. Аз лаҳзаи ба қайд гирифтан онҳо метавонанд ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд. Тибқи моддаи 51 КГ, шахси ҳуқуқӣ барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ бояд ба қайди давлатӣ гирифта шуда, маълумот дар бораи бақайдгирӣ, аз ҷумла бақайдгирии ташкилотҳои тиҷоратӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкоронӣ инфиродӣ дохил карда мешавад. Шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш, ки ҳамзамон дохил намудан ба Феҳристи ягонаи давлатиро дар бар мегирад, таъсисгардида дониста мешавад.

Мазмуни ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкориро ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои онҳо ташкил медиҳад. Онҳо аз рӯи табиати худ гуногун буда, дар соҳаи манфиатҳои оммавӣ ва ҳам хусусӣ қарор доранд. Маҷмӯи ҳуқуқ ва уҳдадорӣ вазъи ҳуқуқии соҳибкоро ташкил медиҳанд. Мазмуни ҳуқуқи субъективии соҳибкор­ро маҷмӯи салоҳиятҳои зерин ташкил медиҳад: 1). ҳуқуқи аз ҷониби худ содир намудани амал; 2). ҳуқуқи аз дигар кас талаб кардани иҷрои уҳдадорӣ ба манфиати соҳибкор; 3). имконияти аз ҷониби соҳибкор ҳимоя кардани манфиатҳои худ. Ҳамчун дорандаи қоби­лияти ҳуқуқдорӣ субъектҳои соҳибкорӣ ҳуқуқ доранд ҳамаи намуди фаъолияти соҳибкориеро, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ намоянд;   молу мулки корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро бо  тар­ти­би муқаррарнамудаи қонунгузорӣ истифода намояд; дар фаъолияти хоҷагидории дигар субъектҳои соҳибкорӣ иштирок намояд; дар асоcи шартнома аз молу мулки шаҳрвандон истифода барад; барномаи фаъолияти хоҷагидориро тартиб диҳад, таҳвилди­ҳан­дагони мол (кор, хизматрасонӣ)-ро интихоб намояд; барои эҳтиёҷоти давлат истеҳсоли мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ)-ро дар асоси шартнома ба анҷом расонад; суратҳисобҳои бонкӣ кушояд, амалиёти муҳосибӣ ва дигар амалиёти молиявиро анҷом диҳад; фоидаи  аз фаъолияти соҳибкорӣ бадастовардаро ихтиёрдорӣ ва истифода намояд; бо тартиби муқар­рар­намудаи қонунгузорӣ аз низоми таъминоти давлатии иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ истифода намояд; бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ иштирокчии робитаҳои хориҷии иқтисодӣ бошад, бо амалиёти асъорӣ машғул гардад; нархи моли истеҳсолнамуда  (кору хизматрасонии анҷомдо­да)-ро дар доираи талаботи қонунгузорӣ мустақилона муайян намояд; якҷоя бо дигар субъектҳои соҳибкорӣ ассотсиатсияҳои (иттифоқҳои) субъектҳои сҳибкориро таъсис диҳанд ё ба онҳо шомил шаванд; дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намояд; дар фаъолияти шӯроҳо оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоя­гузорӣ иштирок намояд; ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатии назоратӣ барои  ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки дар риоя накардани ҳуқуқи субъекти соҳибкорӣ гунаҳкоранд, муроҷиат намояд; оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ ба мақо­моти судӣ муроҷиат намояд; ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолия­ти субъекти соҳибкорӣ, ки аз ҷониби мақомоти давлатии санҷишӣ ва назоратӣ анҷом дода мешавад, иштирок намояд ва бо маводи санҷишӣ бевосита ва ё тавассути намояндаи ваколатдори худ шинос шавад; дар хариди давлатии мол (кор, хизматрасонӣ) бо шартҳои баробар бо дигар иштирокчиён мутобиқи қонунгузорӣ иштирок намояд ва ғ. (м. 7 Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ”).

Субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дорои уҳдадориҳои муайян мебошанд. Онҳо уҳдадоранд, қонунгузорӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро риоя намоянд; мутобиқати моли истеҳсолшуда (кору хизматрасонии анҷомдода)-ро ба талаботи қонунгузорӣ таъмин намоянд; дар асоси қонунгузорӣ оид ба меҳнат бо шаҳрвандоне, ки онҳоро ба сифати коргари кироя ба кор мегиранд, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва ҳамчунин бо талаби коллективӣ меҳнатӣ шартномаи коллективӣ банданд; барои муттаҳидшавии коргарони кироя ба иттифоқҳои касаба ва мақомоти дигари намояндагии онҳо бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии худ монеъ нашаванд; ба коргарони кироя на кам аз андо­заи ҳадди ақалли музди меҳнати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ музди меҳнат пардохт намояд; оид ба таъмини ҳифзи меҳнат, бехатарии экологӣ, санитарию эпидемиологӣ ва техникаи бехатарӣ дар асоси меъёрҳои муқарраргардида тадбирҳо андешанд; андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ сари вақт ва пурра пардохт намоянд; ҳангоми муфлисшавӣ иҷрои ӯҳдадориҳои худро дар назди қарздиҳандагон тибқи қонунгузорӣ таъмин намоянд; ба рақобати носолим ва фаъолияти инҳисорӣ роҳ надиҳанд; пешбурди дафтари бақайдгирии санҷиши фаъолияти субъекти соҳибкориро таъмин намоянд; барои амалигардонии намуди фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ё иҷозатномаро талаб менамояд, мутобиқи қонунгузорӣ ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ё иҷозатнома гиранд ва ғ.(м. 8.Қонуни ҶТ “Да бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии фаъолияти соњибкорї”).



[1] Ниг.: Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 2, мод. 404; с. 2015, 3, мод. 216; Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 с., 1436

 

 

Собирзода И.С.

Ректори Донишкадаи такмили

ихтисоси Вазорати адлияи

Љумњурии Тољикистон,

унвонљўи Институти

сиёсатшиносї, фалсафа ва

њуќуќи ба номи А. Бањоваддинов

МАСоили ШАКЛЊОИ ЊИФЗИ ЊУЌУЌЊоИ

ПАДАРУ МОДАР дар ќонунгузории оилаи тољикистон

Тибќи талаботи ќисми 1 моддаи 7 Конвенсияи њуќуќи кўдак, кўдак фавран пас аз таваллуд ба ќайд гирифта мешавад ва аз лањзаи таваллуд ба ном ва гирифтани шањрвандї њаќ дорад. Њамчунин, ба ќадри имкон њаќ дорад падару модари худро донад ва ба ѓамхории онњо њуќуќ дорад.

Њуќуќи ба ин монандро Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њифзи њуќуќњои кўдак» аз 18 марти соли 2015, №1196 пешбинї менамояд. Мутобиќи ќисми 1 моддаи 21 ќонуни мазкур, кўдак њуќуќ дорад дар оила зиндагї кунад ва тарбия гирад, падару модарашро шиносад, аз ѓамхорї ва тарбияи онњо, ба истиснои њолатњое, ки бар хилофи манфиатњои ў мебошанд, бањраманд шавад.

Барои пайдоиши чунин њуќуќу уњдадорињо мављудияти асоси комили њуќуќї талаб карда мешавад. Тибќи моддаи 48 КО Тољикис­тон, њуќуќ ва уњдадорињои падару модар ва фарзандон ба аслу насаби фарзандон, ки мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи ќонун тасдиќ шудааст, асос меёбад. Ин аслу насаб бо тартибе муќаррар карда меша­вад, ки онро Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 29 апрели соли 2006, №188 «Дар бораи баќайд­гирии давлатии асноди њолати шањр­вандї» пешбинї кардааст.

Тибќи муќаррароти ќонунгузории Тољикистон дар бораи баќайдгирии давлатии асноди њолати шањрвандї, воќеияти модарї њангоми дар муассисаи тиббї таваллуд шудани кўдак бо маълумот­номаи тиббии шаклаш муќарраршуда ва њангоми берун аз муассисаи тиббї таваллуд шудани кўдак бо нишондоди (аризаи) шахсе, ки бево­сита њангоми таваллуди кўдак иштирок кардааст, муќаррар карда мешавад. Воќеияти падарї дар асоси шањодатномаи баќайдгирии давлатии аќди никоњ (агар падару модари кўдак дар аќди никоњ ќарор дошта бошанд) ё дар асоси аризаи шахсе, ки худро падари кўдак эътироф менамояд ва ё дар асоси њалномаи суд дар бораи муќаррар кардани падарї муайян карда мешавад (моддаи 16, 19).

Тањлили таљриба, бахусус таљрибаи судї далолат медињад, ки тартиби мазкур на њама ваќт роњи њалли масъала буда, дар њолатњои муайян бањсњои алоњидаро оид ба муќаррар кардани воќеияти падарї ва модарї ва мушкилоти алоќаманд ба ин масъаларо заминагузорї менамояд. Бинобар ин, дар илми њуќуќи оилавї њифзи њуќуќњои падару модар мушкилоти раќами аввал буда, дар маркази таваљљуњи муњаќќиќони сершумори ватаниву хориљї ќарор дорад. Ин бахусус дар шароити рушди назарраси илми тиб ва технологияњои тиббї, аз равандњои технологї ќафо мондани ќонунгузории оилавї возењ ба назар мерасад. Дар ин робита ќайд кардан мумкин аст, ки њифзи њуќуќ­њои падару модар яке аз падидањои нисбатан бањснок ва мубрами њуќуќи оилавї ба шумор меравад.

Он чиз ќобили ќабул гардидааст, ки њифзи њуќуќњои падару модар бо маќсади њимояи њуќуќњои кўдак[1], ки дар санадњои њуќуќии байналмилалї ва дохилидавлатї инъикос гардидаанд, иљозат дода мешавад. Тартиби мазкур бо он асоснок карда мешавад, ки њуќуќњои кўдак ва њимояи он соњиби афзалият буда, зарурияти њимоя карда шудани њуќуќњои падару модарро ба миён меорад.

Вобаста намудани њифзи њуќуќњои падару модар бо њимояи њуќуќу манфиатњои кўдак масоили худро дошта, наметавонад моњияти аслии масъаларо ифода намояд. Омўзиши муќаррароти боби 12 КО Тољикистон ва тањлили муќоисавии он бо муќаррароти боби 11 КО Тољикистон барои дар он хусус хулоса кардан асос мегардад, ки падару модар дар амалї қҳҳTG/span / lang=кардани њуќуќњои худ мустаќил буда, онро тибќи салоњдидашон татбиќ менамоянд. Чунин њуќуќ нисбати падару модари ноболиѓ низ муќаррар гардидааст, ки онњо дар амалї намудани њуќуќњои худ озод буда, њангоми ба миён омадани зарурат метавонанд њимоя карда шудани њуќуќњои худро тариќи судї талаб намоянд. Чунончи, мавриди бањс ќарор додани далели эътирофи падару модарї ва ё бо тартиби судї муќаррар кардани воќеияти падарї ва модарї нисбати фарзанд.

Дар асоси моддањои 134-135 КМГ Тољикистон, барои оѓоз намудани истењсолоти судї аризаи даъвогие асос мегардад, ки тибќи муќаррароти ќонунгузории мурофиавї пешнињод шудааст. Ин маънои онро дорад, ки агар падару модаре, ки њуќуќашон аз љониби иштирокчиёни дигари муносибатњои њуќуќї поймол карда шудааст, бо аризаи даъвогї ба суд мурољиат накунанд, маќомоти мазкур имконияти њимоя кардани њуќуќњои онњоро надорад. Чунончї, Миљгонаи М. ба Суди ноњияи Њисор бо аризаи даъвогї нисбати Назиров Ф. ва шахси сеюм Комиссия оид ба њуќуќи кўдаки назди маќомоти иљроияspan style=quot;Times New Roman Tjspan style=TG lang=TGи мањаллии њокимияти давлатии ноњияи Њисор дар бораи муайян намудани мањалли зисти кўдак мурољиат намуда, аз суд хоњиш кардааст, ки мањалли зисти фарзанди умумии ноболиѓи онњо Назиров А., санаи таваллуд 10 апрели соли 2012 мањалли зисти модараш муайян карда шавад. Суди ноњияи Њисор дар асоси бар­расии аризаи даъвогї ва ба инобат гирифтани хурдсолии фарзанди умумии ноболиѓи даъвогар ва љавобгар, оилаи дигар барпо намудани љавобгар, бо њалнома аз 21 июли соли 2014 аризаи даъвогиро ќонеъ кард[2].

Бо ба инобатгирии ваљњои овардашуда ва тањлили муќоисавии онњо бо муќаррароти ќонунгузории оилаи Тољикистон хулоса кардан мумкин аст, ки њуќуќњои падару модар хислати субъективї дошта, вобаста намудани онњо ба њуќуќ ва манфиатњои кўдак ба маќсад мувофиќ нест, чигунае, ки инро намояндагони алоњидаи њуќуќи оилавї пешнињод менамоянд. Лекин, бо ин яке аз хусусиятњои муњим ва калидии меъёрњои њуќуќи оилавї - робитаи устувори њуќуќ ва уњдадорињои шањрвандон дар муносибатњои оилавї инкор намегар­дад. Ин муќаррарот, - чи хеле ки А.В. Феоктистов ќайд менамояд, - дар он зоњир мегардад, ки меъёрњои њуќуќи оилавї истифодаи тањримотро на танњо барои иљрои номатлуби уњдадорињо, инчунин дар бештари њолат барои ба амал набаровардани њуќуќњо низ пешбинї менамояд[3]. Чунончи, Комиссия оид ба њуќуќи кўдаки назди маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии шањри Хуљанд ва Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии «Хонаи кўдакон»-и шањри Хуљанд ба Суди шањри Конибодом бо аризаи даъвогї нисбати Рањимова Ф. дар бораи мањрум кардан аз њуќуќи модарї мурољиат намуда, аз суд хоњиш кардаанд, ки Рањимова Ф. аз њуќуќи модариаш мањрум карда шавад. Суди шањри Конибодом бо баррасии аризаи даъвогї ва ба инобат гирифтани воќеияти фурўши кўдаки ноболиѓ Рањимов Х., санаи таваллуд 6 июни соли 2012 ба маблаѓи 300 сомонї, иштирок накардани модар дар таълим ва тарбияи фарзанд, бо њалнома аз 5 марти соли 2015 Рањимова Ф.-ро аз њуќуќи модариаш мањрум кард[4].

Дар илми њуќуќи оилавї андешањое низ ба назар мерасанд, ки онњо фаро расидани масъулиятро барои амалї накардани њуќуќњои оилавї ба сифати тањримот эътироф намекунанд. Масалан, С. Таѓое­ва бо мавриди тањлил ќарор додани оќибатњои номусоид њамчун шакли љавобгарии оилавї-њуќуќї, ќайд менамояд, ки «фаро расидани масъулияти оилавї барои иљро ё ба таври дахлдор иљро накардани уњдадорињои худ аз љониби аъзоёни оила ё шахсоне, ки хоњиши аъзои оила шуданро доранд, мумкин аст дар шакли оќибатњои номусоид ифода карда шаванд, ки онњоро њамчун мањрум кардан аз њуќуќ ё мањдуд кардан дар њуќуќ ё оќибатњои номусоиди иловагї «банду баст кардан» ѓайриимкон аст»[5].

Бо ин нуќтаи назар танњо дар њамон ќисме розї шудан мумкин аст, ки мањрум ё мањдуд карда шудан дар њуќуќ барои фаро расидани њамон оќибатњои номусоиди њуќуќї боис гардида метавонад, ки бо ќонунгузории амалкунанда пешбинї гардидаанд. Масалан, муоши­рат карда натавонистани падар ё модар бо кўдак њангоми мањрум гардидан аз њуќуќи падарї ё модарї. Лекин, банду баст накардани ин њамчун мањрум гардидан аз њуќуќ ё мањдуд гардидан дар он ѓайриимкон аст.

Дуруст аст, ки «аз ќонунгузории оила даъват ба амал оварда шудааст, ки аз љониби аъзои оила амалишавии бемонеаи њуќуќњо ва њангоми зарурият њимояи судии ин њуќуќњоро таъмин намуда, пой­мол­шавии њуќуќњои шањрвандонро ба дахлнопазирии њаёти хусусї, сири шахсї ва оилавї … роњ надињад»[6]. Лекин, ќонунгузории оила бо муќаррар кардани меъёрњои аксаран хислати диспозитивї, мавќеи «бетарафї»-ро ишѓол кардааст, ки ин зимни танзим ва њимояи њуќуќњои оилавии иштирокчиёни муносибатњои њуќуќи оилавї, аз љумла падару модар мушкилоти муайяни назаррасеро эљод менамояд. Чунончи, бо ќонунгузории амалкунандаи оила пешбинї нагардидани чорањои мушаххаси њуќуќњимоявии оилавї-њуќуќї, иштирокчиёни муносибатњои њуќуќи оилавиро водор менамояд, ки барои њимояи њуќуќњои худ аз муќаррароти дигар ќонунгузорињо истифода намоянд. Истифода шудан аз муќаррароти дигар ќонунгузорињо на њама ваќт хусусиятњои муносибатњои њуќуќи оилавиро фаро гирифта, сатњи дахлдори њимояи манфиати онњоро кафолат медињад. Он чиз ба маќсад мувофиќ дониста мешавад, ки агар чорањои њуќуќњимоявї дар боби алоњидаи КО Тољикистон мавриди танзим ќарор гирифта, тарз ва шаклњои онњо мушаххас нишон дода шаванд.

Конститутсияи Тољикистон тањти њимояи давлат ќарор доштани оиларо њамчун асоси љамъият муќаррар карда, њуќуќи њар касро ба ташкили оила эътироф мекунад. Мардон ва занон њуќуќ доранд њангоми расидан ба синни никоњї озодона аќди никоњ баста, муноси­бат­њои оиладорї ва бекор кардани аќди никоњро тибќи принсипњои баробарии мардон ва занон њаллу фасл намоянд (моддаи 33). Модар ва кўдак тањти њимоя ва ѓамхории махсуси давлат ќарор дошта, падару модар барои таълим ва тарбияи фарзандон масъул мебошанд (моддаи 34). Њамин тавр, Конститутсия падарї ва модариро ба сифати арзиши марказии ањамияти иљтимої эътироф менамояд, ки бояд тањти њимоя ва ѓамхории махсуси давлат ќарор гирад[7].

Конститутсия гарчанде њуќуќи мардон ва занонро њангоми расидан ба синни никоњї барои бастани аќди никоњ ва ташкили оила муќаррар намуда, тањти њимоя ва ѓамхории махсуси давлат ќарор доштани оиларо њамчун асоси љомеа пешбинї менамояд, лекин њолатњои алоќаманд ба масоили падарї ва модариро мавриди танзим ќарор намедињад, гарчанде ин њуќуќ њуќуќи конститутсионї ба шумор меравад.

П. Рагойша дуруст ќайд менамояд, ки њуќуќи падар ё модар будан ё њуќуќ ба падарї ё модарї ба љумлаи њуќуќњои шахсии ѓайримолумулкї дохил шуда, њуќуќи табиї ба шумор меравад ва мансуб ба њар кас мебошад[8]. Ин маънои онро дорад, ки инсон дар њалли масъалаи соњиби фарзанд шудан комилан озод буда, онро бо назардошти салоњдиди худ њаллу фасл менамояд. Дар ин самт ду њолати калидї: њуќуќї ва тиббї ба инобат гирифта мешавад.

Мутобиќи њолати якум, пайдоиши њуќуќи падару модарї ё падарї ва модарї ба таваллуди кўдак, ки воќеияти он бо тартиби муќарраркардаи ќонун аз љониби маќомоти салоњиятдори давлатї - сабти асноди њолати шањрвандї, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот, муассисањои консулии Тољикистон дар хориљи мамлакат ба ќайди давлатї гирифта шудааст, алоќамандии зич дорад. Ба ќайди давлатї гирифта нашудани воќеияти таваллуди кўдак наметавонад воќеияти падарї ё модариро аз нигоњи њуќуќ тасдиќ намояд.

Вобаста ба њолати дуюми ба ќайди давлатї гирифта шудани воќеияти таваллуди кўдак ањамияти назаррас надошта, омили марказї ин расидан ба синни репродуктивї, рушди физиологї, ќоби­лияти љинсї ва дигар нишондињандањои тиббї ба шумор меравад. Вобаста ба ин, њуќуќи падарї ва модарї аз ќобилияти амалкунии шахс алоќаманд набуда, наметавонад бо шартњои расмї ва ѓайрирасмї мањдуд гардад.

Дар баамалбарории њуќуќњои падару модар мавридњои зикргар­дида ањамият надошта, онњо метавонанд њангоми татбиќи њуќуќи падару модар омили калидї бошанд. Чунончи, барои тањти таъ­миноти худ ќарор додани фарзанд аз љониби падару модар ба ќайди давлатї гирифтани воќеияти таваллуди кўдак муњим нест. Њангоми татбиќи њуќуќи падару модар барои интихоби муассисаи тањсилоти томактабї ё миёнаи умумї мављудияти шањодатномаи таваллуд муњим буда, асоси њуќуќиро талаб менамояд, ки дар намуди баќайд­гирии давлатии воќеияти таваллуд ба амал бароварда мешавад. Вобаста ба ин, мутобиќи моддаи 48 КО њуќуќу уњдадорињои падару модар ва фарзандон, ки мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи ќонун тасдиќ шудааст, асос меёбад.

Дар доираи тадќиќоти илмї сухан мањз дар бораи њамон њуќуќњои падару модар меравад, ки воќеияти онњо бо тартиби моддаи 48 КО ва дигар ќонунгузории амалкунанда, аз љумла баќайдгирии давлатии асноди њолати шањрвандї муќаррар карда шудааст.

Њуќуќњои падару модар нисбати фарзанд ба таври заминавї дар КО (фасли IV) танзим гардидааст. Њуќуќњои падару модар, ки бо ќонунгузории дигар, аз љумла њифзи давлатии њуќуќњои кўдак, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд пешбинї гардидаанд, давоми мантиќии њуќуќњои мазкур буда, аз он сарчашма мегиранд.

Тамоми њуќуќњои падару модарро, ки бо ќонунгузории Тољикис­тон пешбинї гардидаанд, ба ду гурўњи калон тасниф кардан мумкин аст:

1. Њуќуќњои моддии падару модар. Ин гурўњи њуќуќњое эътироф мегарданд, ки нисбати падару модар имконияти бевосита ба амал баровардани њуќуќњои худро медињанд. Масалан, мурољиат ба бахши сабти асноди њолати шањрвандї њангоми таваллуди фарзанд. Ингуна њуќуќњо бештар хислати заминавї дошта, барои амалишавии њуќуќњои падару модар муосидат менамоянд.

2. Њуќуќњои мурофиавии падару модар. Ин гурўњи њуќуќњое эътироф мегарданд, ки бо ќонунгузории мурофиавї пешбинї гардида, ба падару модар имконияти намояндагї кардани њуќуќу манфиатњои фарзандро дар муносибатњои мурофиавї медињанд. Масалан, эътироф гардидани падару модар ба сифати намояндаи ќонунї аз љониби ќонунгузории мурофиавии гражданї (моддаи 54 КМГ). Дар доираи ин гуруњи њуќуќњо падару модар иштирокчии мурофиавї буда, аз номи фарзанд баромад менамоянд.

Новобаста аз оне, ки њуќуќњои мављудаи падару модар кадоме аз ин гурўњи њуќуќњоро ташкил медињанд, бо омилњои субъективию объективї алоќамандии зич дошта, дар пайвастагї бо онњо ба амал бароварда мешаванд. Яъне њуќуќњои падару модар дар амалишавї ва татбиќи худ бо омилњои субъективї ва объективї асоси заминавии худро пайдо карда, мутобиќ ба онњо ба амал бароварда мешаванд. Масалан, падару модар њуќуќ доранд, ки тибќи салоњдид ва бо назардошти манфиатњои кўдак муассисаи таълимии томактабиро интихоб кунанд. Субъектони раванди таълим ва тарбияи томактабї уњдадоранд, ки дар амалишавии ин њуќуќ мусоидат намоянд.

Нисбати ин ду гурўњи асосии њуќуќњои падару модар ду шакли асосии умумиќабулшудаи њифзи њуќуќу манфиатњои падару модар вогузор карда мешавад:

1. Шакли њуќуќии њифзи њуќуќњои падару модар. Фаъолияти њамагуна маќомоти давлатии бо тартиби муќарраркардаи ќонун ваколатдоршуда - суд, прокуратура, васоят ва парасторї, корњои дохилї, сабти асноди њолати шањрвандї ва дигарњо, ки дар доираи салоњияташон њифзи њуќуќ ва манфиатњои падару модарро њангоми халалдоршавї ба амал мебароранд. Масалан, дар асоси аризаи прокурор мањрум карда шудан аз њуќуќи падарї ё модарї.

2. Шакли ѓайрињуќуќии њифзи њуќуќњои падару модар. Фаъо­лияти шањрвандон ва ташкилоти ѓайридавлатї оид ба њифзи њуќуќ­њои субъективї, ки бо тартиби муќарраркардаи ќонун аз љониби шахсони манфиатдор мустаќилона ба амал бароварда мешавад. Масалан, ба расмият даровардани созишнома дар бораи таълим ва тарбияи фарзанд аз љониби падару модаре, ки дар алоњидагї истиќомат менамоянд ё аќди никоњашонро бекор кардаанд.

Дар таљриба он чиз ќобили ќабул гардидааст, ки шакли дуюми њифзи њуќуќњои падару модар бештар дар намуди худмуњофизат­кунии њуќуќ роиљ дониста мешавад. Яъне намояндагони илми њуќуќи оилавї ин шакли њифзи њуќуќњои падару модарро ба сифати фаъолияти худмуњофизаткунии њуќуќњо муайян менамоянд[9].

Ќонунгузории оила гарчанде дар тафовут аз ќонунгузории граж­данї падидаи худмуњофизаткунии њуќуќњоро пешбинї намена­мояд, бо вуљуди ин зимин њифзи њуќуќу манфиатњо истифода шудани унсурњои алоњидаи онро истисно намекунад. Масалан, аз љониби њамсарон ба расмият даровардани ањдномаи никоњ, созишнома дар бораи таълим ва тарбияи фарзанд, созишнома дар бораи уњдадории алиментї ва монанди инњо.

Мушкилот на он ќадар дар пешбинї нагардидани падидаи худмуњофизаткунии њуќуќњо бо ќонунгузории оила аст, чи хеле ки дар то чї андоза самаранок будани ин падида дар танзими муносибатњои њуќуќи оилавї, бахусус њуќуќ ва манфиатњои падару модар зоњир мегардад.

Бо тањлил ва омўзиши таљрибаи судї дар самти парвандањои оилавї ба хулоса омадан мумкин аст, ки самаранокии падидаи худмуњофизаткунии њуќуќњо дар муносибатњои њуќуќи оилавї зери шубња буда, на њама ваќт барои фаро расидани оќибатњои њуќуќии ќонеъкунандаи талаботи тарафњо оварда мерасонад. Чунончи, омўзи­ши парвандаи оилавии №2-1062/0 бо аризаи даъвогии Миљгонаи М. нисбати Назиров Ф. дар Суди шањри Њисор муайян намуд, ки онњо дар давоми њамзистии якљоя соњиби ду фарзанд - Назирова Б., санаи таваллуд 15 сентябри соли 2010 ва Назиров А., санаи таваллуд 10 апрели соли 2012 мегарданд. Аз моњи майи соли 2012 бинобар сабаби ба миён омадани сардї дар муносибатњои оилавиашон дар алоњидагї зиндагї мекунанд. Њамсарони собиќ ба мувофиќа мерасанд, ки фарзандони умумї дар як моњ понздањ рўз дар назди модар ва понздањ рўз дар назди падар якнафарї меистанд. Бо сипарї гардидани понздањ рўз онњо љойи истиќомати фарзандони умумиро иваз мекунанд. Новобаста аз мувофиќаи њосилшуда, нисбати модар аз љониби падар дар муошират бо фарзанд монеъа эљод карда мешавад, ки ин барои бо аризаи даъвогї дар бораи муайян намудани мањалли зисти кўдак мурољиат кардан ба суд ва ќонеъ гардидани он бо њалномаи Суди ноњияи Њисор аз 21 июли соли 2014 асос мешавад.

В. Синайский нисбати шакли ѓайрисудии њифзи њуќуќњо дар доираи њуќуќи гражданї таваљљуњ зоњир карда, мављудияти онро ба сатњи маданияти љомеа вобаста менамояд. Ба андешаи муњаќќиќ «истифодаи васеъ ва назарраси шакли њифзи ѓайрисудї ба матлаб мувофиќ дониста мешавад, аммо шарти муњим халалдор нагардидани олами иљтимої ба шумор меравад, ки љињати њимояи он њифзи судї таъсис дода шудааст. Муњити маданї чї андоза баланд бошад, њифзи ѓайрисудї њамон ќадар васеъ бояд бошад»[10].

Барномаи ислоњоти суддї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2015-2017, ки бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 5 январи соли 2015, №327 тасдиќ шуда буд, муайян намуд, ки дар натиљаи рушди босуръати соњањои мухталифи њаёти љомеа шумораи парвандањои гражданї, оилавї, иќтисодї, љиноятї ва њуќуќвайронкунии маъмурї сол то сол зиёд шуда истодаанд. Чунин њолат боиси афзоиши сарбории судяњо шуда, барои босифат ва дар муњлатњои муќарраршуда баррасї гардидани парвандањо метавонад таъсири манфї расонад.

Ба ин маъно, муносибатњои њуќуќи оилавї њарчи бештар ба тарзњои ѓайрисудии њифзи њуќуќ ва манфиатњо эњтиёљ пайдо карда, зарурияти ба таври њуќуќї мустањкам карда шудани худро ба миён овардаанд. Љараёни рушди муносибатњои њуќуќї падидањои нави њалли бањсњои пайдошуда, чун медиатсия, нињодњои љомеаи шањр­вандї ва ѓ.-ро пешнињод менамояд. Лекин, ќонунгузории оилаи Тољикистон дар ин самт ба талаботи пешнињодшаванда љавобгў набуда, илми њуќуќи оилавї ба ин раванд ба таври бояду шояд таваљљуњ зоњир намекунад, гарчанде сол аз сол шумораи корњои илмї-тадќиќотї майл ба болоравї доранд. Розї бояд шуд, ки «муддати дањсолањо муносибати доктриналї таѓйир ёфт ва ба падидањои ѓайрињуќуќии њимоя таваљљуњи дахлдор дода нашудааст»[11].

Бо ин падидањои алоњидаи худмуњофизаткунии њуќуќ, ки бо ќонунгузории оила пешбинї гардидаанд, ба монанди бастани ањдно­маи никоњ, бастани созишномањо дар бораи уњдадории алиментї, дар бораи иштирок дар таълим ва тарбияи фарзанд ва дигарњо инкор карда намешавад. Лекин, он чиз зери шубња ќарор дода мешавад, ки падидањои худмуњофизаткунии бо ќонунгузории оила пешбинишуда то чї андоза метавонанд њуќуќњои падару модарро кафолат дињанд. Чунончи, мутобиќи моддаи 24 КО Тољи­кистон, агар њангоми бекор кардани аќди никоњ муайян карда шавад, ки яке аз тарафњо шањрванди хориљї ё шахси бешањрванд мебошад, суд вазифадор аст масъалаи таъмини иљрои ањдномаи никоњро бар­расї намояд. Тибќи ќисми 3 моддаи 198 КМГ Тољикистон, њалнома дар доираи талаботи пешнињоднамудаи даъвогар ќабул карда меша­вад. Ин дар њолатест, ки ќонунгузории оила аз љониби суд баррасї шудани ин масъаларо новобаста аз талаботи даъво пешбинї менамояд.

Боиси инкор нест, ки «њимояи њуќуќии оила дар маљмуъ бо соњањои гуногуни њуќуќ ба танзим дароварда мешаванд, зеро оила тањти њимояи давлат ќарор дорад»[12]. Баробари ин, бояд ба инобат гирифта шавад, ки «њар як соњаи њуќуќ њангоми таъсиррасонї ба муносибатњо бо иштироки оила усули таъсиррасонии худро дорад»[13]. Ин дар навбати дигар ањамиятнокии андешаи муњаќќиќонеро, ки истифода шудани талаботи ќонунгузории дигар, бахусус ќонунгузо­рии гражданиро нисбати муносибатњои оилавї мутобиќ ба муќар­рароти ќонунгузории оила дуруст мешуморанд, то андозае коста мегардонад[14]. Масалан, А. Григоров дар асоси тањлили тарзњои худмуњофизатї дар њуќуќи оилавї ќайд менамояд, ки «моддаи 14 КГ Федератсияи Россия дар мавриди татбиќи худмуњофизатї муќар­рароти умумиро пешбинї менамояд, ки онро аз нуќтаи назари мо мумкин аст њангоми истифодаи худмуњофизатї дар аксар соњањои њуќуќи хусусї истифода кард»[15].

Ќонунгузории гражданї дар мавриди муќаррар намудани воси­тањои худмуњофизатї хусусиятњои муносибатњои њуќуќи гражданиро ба инобат гирифта, онњоро мутобиќ ба ин хусусиятњо пешбинї мена­мояд. Муносибатњои њуќуќи оилавї дар фарќият аз муносибатњои њуќуќи гражданї хислати муносибатњои ба боварї асосёфтаро дошта, асоси хоси пайдоиш - бастани аќди никоњ, таваллуди фарзанд, фарзандхонї ва м.и. соњиб аст. Зиёда аз ин, муносибатњои молумулкї ва шахсии ѓайримолмулмулкї дар муносибатњои њуќуќи оилавї доираи мушаххаси иштирокчиёнро дошта, вобастагии муносибатњои молу мулкї аз муносибатњои шахсии ѓайри молу мулкї ба назар мерасад[16]. Масалан, бастани аќди никоњ дар маќомоти салоњиятдори давлатї ва пайдоиши моликияти умумї ва шахсии њамсарон.

Бо ин истифодаи муќаррароти ќонунгузории гражданї нисбати муносибатњои њуќуќи оилавї куллан рад намегардад. Он чиз мавриди бањс ќарор дода мешавад, ки истифодаи муќаррароти ќонунгузории гражданї дар ќисмати худмуњофизаткунии њуќуќњо нисбати муноси­батњои њуќуќи оилавї, бахусус њангоми њимояи њуќуќ ва манфиати ќонунии падару модар то кадом андоза ба маќсад мувофиќ дониста мешавад. Масалан, њангоми аз љониби яке аз падару модар ба муќобили тарафи дигар шўронидани фарзанд. Чунончи, Суди ноњияи Синои шањри Душанбе зимни баррасї кардани аризаи даъвогии Мирсаидов Х. нисбати Њољиева М., шахси манфиатдор Комиссия оид ба њуќуќи кўдаки назди маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар ноњияи Синои шањри Душанбе дар бораи муайян намудани мањалли зисти кўдак, муќаррар кард, ки фарзанди умумии ноболиѓ Мирсаидов Хисрав, санаи таваллуд 31 июли соли 2003, тањти фишори равонї нисбати модар мавќеи хилофро ишѓол карда, розигии худро барои истиќомат њамроњи падар баён кардааст. Суди ноњияи Синои шањри Душанбе бо ин назардошт ќонеъ намудани аризаи даъвогиро бо њалнома аз 19 феврали соли 2014 рад кард.

Тањлили муќоисавии ќонунгузории оилавї ва ќонунгузории гражданї нишон доданд, ки дар чунин маврид тарзи мушаххаси худмуњофизаткунї пешбинї нагардидааст. Моддаи 14 КГ Тољи­кистон бо муќаррар кардани он ки «Худмуњофизаткунии њуќуќи гражданї роњ дода мешавад. Роњњои худмуњофизат бояд ба њуќуќвай­ронкунї мувофиќ буда, аз њадди амалњое, ки барои пешгирии он заруранд, нагузарад», мањдуд мегардад. Нисбати ин моддаи 56 КО Тољикистон ва моддаи 22 Ќонуни Тољикистон «Дар бораи њифзи њуќуќњои кўдак» муќобил ќарор мегиранд. Дар асоси моддањои мазкур, кўдак нисбати худ њуќуќи муоширатро бо падару модар, бобову бибї ва дигар хешу аќрабо нигоњ медорад.

Аз љониби падару модар ё яке аз онњо манъ карда шудани муоширати кўдак бо падару модар ё хешу аquot;Times New Roman TjMsoNormal/pќрабо вобаста ба асосњои зикргардида, барои бо аризаи даъвогї дар бораи бартараф кардани монеъа ба суд мурољиат намудани шахсони манфиатдор асос мегардад. Бо тартиби судї бартараф карда шудани монеъа, амалан маънои аз љониби падару модар, хешу аќрабо идома додани поймолсозии њуќуќњои падару модарро дар назар дорад. Моддањои 69 ва 73 КО Тољикистон ба сифати асоси њимояи њуќуќњои тарафи дигар (љабрдида) ба муќобили тарафи дигар шўронидани фарзандро пешбинї наменамоянд. Дар чунин њолат ва њолатњои дигари ба ин монанд, нисбати падару модар ё яке аз онњо муќаррар шудани њуќуќ ба манъ намудани муоширати кўдак бо падару модар ё хешу аќрабо, ки амалишавии њуќуќи падару модарро бо чунин тарз халалдор месозанд, ба маќсад мувофиќ дониста мешавад.

Мавриди ќайд аст, ки њуќуќњои падару модар хислати доимї дошта, дар рељаи низоми воќеї амалї карда мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки барандагони ин њуќуќ њаќ надоранд њуќуќњои худро љињати амалигардонї ба шахсони сеюм вогузор намоянд. Вобаста ба ин, «њифзи њуќуќњои оилавї низоми чорабинињоеро дар назар дорад, ки барои барќарорсозии њуќуќњои поймолшуда, эътироф ва пешгирисозии њуќуќвайронкунињо, татбиќи тањримот нисбати њуќуќвайронкунандагон ва ба љавобгарї кашидани онњо нигаронида шудаанд»[17]. Дар ин робита, њуќуќи оилавї дар шароити муосири пешрафт нисбати воситањои алтернативии њаллу фасли мушкилоти њуќуќњои падару модар, ба монанди кумитањо ва шўроњои мањалла, шахсони обрўманду рўзгордида ва ѓ. таваљљуњ зоњир менамояд, ки самаранокии чунин воситањо аллакай исботи худро дар пешги­рисозии зўроварї дар оила пайдо кардаанд. Ба андешаи муаллиф, ба сифати чорањои худмуњофизаткунии њуќуќ дар ќонунгузории оилавї пешбинї шудани падидањои зикргардидаи љомеаи шањрвандї, мета­вонанд дар њалли мушкилоти алоќаманд ба њимояи њуќуќњои падару модар наќши марказиро бозида, фарорасии њамон оќибат­њоеро замина гузоранд, ки ифодакунандаи манфиати тарафњо бошанд.

Албатта, дар низоми шаклњои њифзи њуќуќњои падару модар наќши калидї насиби њифзи судии њуќуќњои падару модар буда, таъсири назаррасро ба њуќуќњои падару модар боќї мегузорад. Масалан, дар мавриди ба таври судї муайян шудани мањалли истиќомати кўдак, мањрум карда шудан аз њуќуќњои падару модар ва ѓ., тарафњо чунин роњи њалли масъаларо ќабул карда, дар минбаъда иљроиши бечунучарои онро таъмин менамоянд. Лекин, хусусияти муносибатњои оилавї чунин аст, ки тартиби судии њифзи њуќуќњои падару модар на њама ваќт натиљаи дилхоњ дода метавонад. Нисбати сифати баррасии парвандањои оилавї шумораи ками воњиди кории судя, сарбории зиёд нисбати њар як судя, муњлати баррасии парванда таъсири бевосита мерасонанд[18].

Ба сифати мушкилоти асосии муносибатњои оилавї он чиз баромад менамояд, ки падару модар аксар ваќт тањти њуќуќњои падару модар барои њалли мушкилоти шахсии худ кўшиш ба харљ медињанд. Ин дар њолатњои алоњида метавонад барои бо фољиа анљом ёфтани њолати кор оварда расонад. Чунончи, бањси байни њамсарони собиќ М. Ятимова ва Б. Ширинов оид ба таќсими молу мулк ва муайян кардани љойи истиќомати фарзандон ба он боис гардид, ки Б. Ширинов собиќ њамсари худ М. Ятимоваро ба таври берањмона ба њалокат расонид[19].

Дар низоми судии Тољикистон бо аввалин Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон[20] Коллегияи судї оид ба парвандањои оилавї таъсис дода шуд. Бо таъсисёбии коллегияи мазкур, дар баррасии парвандањои оилавї баъзе дигаргунињо ба миён омаданд. Дигаргунињо њанўз ќаноатбахш набуда, гузаронидани кор­њои зиёдеро талаб менамояд. Ин бо он алоќаманд аст, ки Коллегияи судї оид ба парвандањои оилавї дар сатњи зинаи кассатсионї ва назоратї фаъолият карда, зинаи якумро дар бар намегирад. Бинобар ин, «зарур аст, ки барои пешгирисозии мухолифатњо дар оила, ки барои парокандашавии оила боис гардида метавонанд, амали маќомоти давлатї, сохтори њокимияти иљроия, маќомоти њифзи њуќуќ њамоњанг карда шавад»[21].

Њамин тавр, дар асоси тањлилњои боло, барои такмили механизми шаклњои њифзи њуќуќњои падару модар зарур дониста мешавад:

1. Дар доираи боби алоњидаи КО Тољикистон мавриди танзим ќарор додани шаклњои њифзи њуќуќњои падару модар бо додани хислати омирона нисбати онњо. Ќонунгузории оиларо зарур аст њангоми танзими чунин муносибатњо, нисбати кафолатнокии шакл­њои њифзи њуќуќњои падару модар таваљљуњи зиёд зоњир намояд. Бо воситањои мушаххаси њуќуќї кафолатнок нагардидани шаклњои њифзи њуќуќњои падару модар ањамияти онњоро коста намуда, самаранокии ин механизмро ба сифр баробар менамояд.

2. Пешнињод мешавад, ки њолати номуайянии шаклњои њифзи њуќуќи падару модар бартараф гардида, низоми он мушаххас нишон дода шавад. Назарияи њуќуќи оилавї ду шакли асосии њифзи њуќуќи падару модар: шакли њуќуќї ва ѓайрињуќуќии онро фарќ менамояд, ки баъзан ваќт њамчун шакли судї ва ѓарисудии њифзи њуќуќњои падару модар ном бурда мешаванд.

Ба андешаи муаллиф дар шакли зерин ифода намудани шаклњои њифзи њуќуќи падару модар ба маќсад мувофиќ буда, метавонад механизми њимояи онро пурра намояд:

а) шакли судии њифзи њуќуќњои падару модар, ки танњо маќомоти судиро дар бар мегирад;

б) шакли маъмурии њифзи њуќуќњои падару модар, ки њамаи маќомоти ѓайрисудии давлатї, масалан, прокуратура, корњои дохилї, васоят ва парасторї ва монанди инњоро дар бар мегирад;

в) шакли худмуњофизатии њуќуќњои падару модар, ки мустаќилона аз љониби падару модар, дар доираи ќонун, бо салоњдиди худ муайян ва интихоб карда мешавад;

г) шакли иљтимоии њифзи њуќуќњои падару модар, ки алоќаманд ба шахсони обрўманд, маќомоти худфаъолиятии љамъиятї мебошанд.

3. Вобаста ба оне, ки сарбории маќомоти судї зиёд буда, самаранокии онро дар њимояи њуќуќњои падару модар бетаъсир монда наметавонад, пурзўр карда шудани фаъолияти маќомоти маъмурии давлатї, бахусус маќомоти васоят ва парасторї, корњои дохилї, кор бо занон ва оила, маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва монанди инњо мувофиќи маќсад дониста мешавад. Барои ин зарур аст, ки наќши маќомоти маъмурї дар пешгирии мухолифати оилавї, ки аксар бо амалишавии њуќуќњои падару модар алоќаманд аст, пурзур карда шавад.



[1] Ниг.: Пчелинцева Л.П. Семейное право. М., 2004. С. 262.

[2] Ҳалномаи Суди ноҳияи Ҳисор бо парвандаи №2-1062/0 аз 21 июли соли 2014.

[3] Ниг.: Феоктистов А.В. Основные вопросы судебной защиты семейных прав // Вестник ПензГУ. 2013. №4. С. 64.

[4] Ҳалномаи Суди шаҳри Конибодом бо парвандаи №2-24-2015 аз 5 марти соли 2015.

[5] Ниг.: Тагаева С.Н. Сущность семейно-правовой ответственности (по материалам Республики Таджикистан). Душанбе: Ирфон, 2012. С. 99.

[6] Ниг.: Воробьева И.В. Правовая защита семьи как основное направление реализации концепции государственной семейной политики в Российской Федерации на период до 2025 г // Вестник РГГУ. Серия «Экономика. Управление. Право». 2016. №1 (3). С. 108.

[7] Ақидаҳои ба ин монанд инчунин аз ҷониби муҳақиқони дигар низ пешниҳод мегардад. Онҳо аҳамиятнокии падарӣ ва модариро қайд намуда, таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доштани онро пешниҳод менамоянд. Дар ҳолати акс вай метавонад пешрафти минбаъдаи ҷамъиятро ба таври назаррас халалдор намояд. Ниг.: Рагойша П.В. Обеспечение охраны отцовства в трудовом праве: проблемы законодательного регулирования // Современные проблемы трудового права и права социального обеспечения: материалы междунар. науч.-практ. конф. (г. Минск, 22-23 июня 2006 г.) / науч. ред. А.А. Войтик [и др.]. Минск: БГУ, 2006. С. 301-304.

[8] Ниг.: Рагойша П.В. Родительские права и обязанности в контексте реализации прав на материнство и отцовство: проблема дефиниции момента возникновения [Электронный ресурс] // Режим доступа: http://center.gov.by/nauchnaya-i-analiticheskaya-rabota/publi­katsii-rabotnikov-tsentra/kommentarii-zakonodatel-stva/roditel-skie-prava-i-obyazannosti-v-ko/ (дата доступа: 05.10.2018).

[9] Ниг.: Пчелинцева Л.П. Семейное право. Москва, 2004. С. 269; Геворгян М.А. Некоторые теоретические аспекты самозащиты как способа защиты семейных прав // Вестник Пермского университета. Юридические науки. 2014. №4 (26). С. 102-110; Григоров А.А. Способы самозащиты в семейном праве // Вестник КГУ. 2016. №3. С. 237-240; Худояров Б. Т. О некоторых вопросах применения норм материального и процессуального права в семейно-правовых отношениях // Вестник Пермского университета. Юридические науки. 2014. №1 (23). С. 164-171 ва диг.

[10] Ниг.: Синайский В.И. Русское гражданское право. Москва: Статут, 2002. С. 184.

[11] Ниг.: Геворгян М.А. Некоторые теоретические аспекты самозащиты как способа защиты семейных прав. С. 103.

[12] Ниг.: Худояров Б. Т. О некоторых вопросах применения норм материального и процес­суального права в семейно-правовых отношениях // Вестник Пермского университета. Юридические науки. 2014. №1 (23). С. 165.

[13] Ниг.: Худояров Б. Т. О некоторых вопросах применения норм материального и процессуального права в семейно-правовых отношениях. С. 165.

[14] Қонунгузории оилаи аксар давлатҳо дар моддаи алоҳида нисбати муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ истифода шудани муқаррароти қонунгузории гражданиро пешбинӣ менамояд. Масалан, моддаи 6 КО Ўзбекистон, моддаи 5 Кодекси Қазоқистон оид ба никоҳ ва оила», моддаи 5 КО Қирѓизистон, моддаи 4 КО Тоҷикистон ва диг.

[15] Ниг.: Григоров А.А. Способы самозащиты в семейном праве // Вестник КГУ им. Н.А. Некрасова. 2016. №3. С. 237.

[16] Муфассал ниг.: Маҳмудзода М. Ҳуқуқу уҳдадориҳои њамсарон дар оила.

[17] Ниг.: Гражданское право // под ред. А.П. Сергеева. Москва: РГ-Пресс, 2014. С. 308.

[18] Тибқи далелҳои оморӣ дар Тоҷикистон ба ҳолати 13 июни соли 2018 485 воҳиди кории судя вуҷуд дорад, ки аз ҷониби онҳо дар як сол ба ҳисоби миёна 800 парванда ва дар як моҳ 66 парванда баррасӣ мегардад. URL.: https://news.tj/ru/news/tajikistan/society/ 20180613/vibor-dlya-sudi-malenkaya-zarplata-chestnoe-sudeistvo-ili (санаи дастрасӣ: 09.10.2018)

[20] Ниг.: Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, №271 тасдиқ шуда буд.

[21] Ниг.: Старосельцева М.М. К вопросу о судебной защите родительских прав // Вестник БелЮИ МВД России. 2011. №2. С. 27.

 

 

Орипова М.

Унвонљўйи Академияи илмњои

Љумњурии Тољикистон

МАЌОМИ ЊУЌУЌИИ ЊАМСАРОН ДАР низоми МУНОСИБАТЊОИ ШАХСИИ ЃАЙРИ МОЛУ МУЛКЇ

«Давраи муосир бо таѓйир ёфтани мавќеи њуќуќи оилавї дар низоми њуќуќ… ва таѓйир ёфтани мафкураи он хислатнок карда мешавад. Акнун меъёрњои он барои амалигардии комили тамоми љанбањои чї њуќуќњои шахсии ѓайримолумулкї ва чї њуќуќњои молумулкии њамаи шахсоне, ки ба доираи муносибатњои никоњї-оилавї љалб гардидаанд, мусоидат менамоянд»[1]. Бинобар ин, бо андешаи М. Мањмудзода, Б. Худоёрзода розї шудан мумкин аст, ки «муносибатњое, ки дар байни одамон њамчун аъзои оила пайдо мегарданд, танњо бо муносибатњои оилавї мањдуд нагардида, берун аз он низ амал мекунанд ва онњо на танњо бо меъёрњои њуќуќи оилавї, балки бо меъёрњои ахлоќї низ ба танзим дароварда мешаванд»[2]. Онњо инчунин ќайд мекунанд, ки «... на њамаи муносибатњое, ки дар байни аъзои оила пайдо мегарданд, бо меъёрњои њуќуќи оилавї ба танзим дароварда мешаванд. Чунин муносибатњо њамчунин аз љониби меъёрњои ахлоќї, меъёрњои њуќуќи гражданї, њуќуќи маъмурї, њуќуќи конститутсионї ва дигар соњањои њуќуќ ба танзим дароварда мешаванд»[3].

Нуќтаи назари ба ин монандро њамчунин муњаќќиќони рус С. Селетская, Е. Яковлева дар мавриди тадќиќи маќоми њуќуќии њамсарон ва табиати байнисоњавии он баён медоранд. Онњо тибќи тањлили муќоисавии маќоми њуќуќии њамсарон дар доираи ќонунгузории гражданї, оилавї, мурофиаи гражданї, мурофиаи иќтисодї, мурофиаи маъмурї ва дигарњо ба хулоса омаданд, ки «дар давраи муосири пешрафти љомеа он чиз равшан аён мегардад, ки њамсарон њамчун субъекти муносибатњои њуќуќи оилавї соњиби њуќуќ ва уњдадорињои махсус мегарданд, ки бо ин онњо аз дигар аъзоёни оила фарќ менамоянд»[4].

Нуќтаи назарњои овардашуда имкон медињанд дар он хусус хулосабарорї намоем, ки њамсарон дар муносибатњои њуќуќии гуногун маќоми ягона надошта, доираи њуќуќ ва уњдадорињои онњо вобаста ба муносибатњои њуќуќии воридшаванда муайян карда мешавад. Чунончи, дар асоси моддаи 12, ќисми 5 КМЉ Љумњурии Тољикистон њељ кас уњдадор нест ба муќобили худ, хешовандони наздик, ки доираи онњоро Кодекси мазкур муайян кардааст, нишондод дињад. Тибќи моддаи 6 КМЉ Љумњурии Тољикистон зери мафњуми хешовандони наздик падару модар, фарзандон, фарзандхондшудагон, бародарон ва хоњарон, бобо, бибї (модаркалон), набера, инчунин њамсар фањмида мешаванд.

Талаботи моддаи 174 КГ Љумњурии Тољикистон аз љониби њамсарон њимоя шудани шаъну шараф ва эътибори кории тарафи дигарро баъд аз вафот истисно наменамояд. Вобаста ба муќаррароти ин модда, агар шахси пањнкардаи маълумоте, ки шаъну шараф ё эътибори кории шањрвандро паст мезананд, дурустии ин маълумотро ба исбот нарасонад, шањрванд њаќ дорад аз тариќи суд раддияи чунин маълумотро талаб кунад. Бо талаби шахси манфиатдор њифзи шаъну шарафи шањрванд пас аз вафоташ низ имконпазир аст (ќисми 1 моддаи 174,).

Муќаррароти дигари ба ин монандро инчунин ќонунгузории дигари Тољикистон, аз љумла Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хољагии дењќонї (фермерї)» ва ѓ. пешбинї менамоянд ва онњоро мавриди танзим ќарор медињанд.

Мавриди ќайд аст, ки новобаста аз танзими муносибатњои шахсии ѓайри молу мулкї бо иштироки њамсарон тавассути доираи васеи ќонунгузорї, мавќеи ќонунгузории оилавї дар ин самт хоса буда, бояд дар ин низом љойгоњи калидиро дошта бошанд. Зеро чї хеле ки М. Аминов ќайд менамояд, «муносибатњои њуќуќии оилавї дар худ намуди махсуси муносибатњои њуќуќиро ифода менамоянд, ки ба онњо нишонањои хоса мансуб мебошанд. Онњо дар худ муносибатњои бо ќонунгузорї танзимгардидаи байни аъзои оиларо ифода менамоянд, ки барандаи хислати ба боварї асосёфта буда, ба таври бемузд пайдо мегарданд ва муњлати амали онњо бо доираи ваќт мањдуд карда нашудааст»[5].

Ќонунгузории оилавї мањаки асосии муносибатњои шахсии ѓайри молу мулкиро дар байни аъзои оила, аз љумла њамсарон бо назардошти махсусиятњои ин соња муќаррар ва танзим намуда, ба сифати сарчашмаи асосии муносибатњои њуќуќии алоќаманд ба њаёти оилавї баромад менамояд.

Дар асоси тањлили муќаррароти ќонунгузории оилавии Тољикистон ба хулоса омадан мумкин аст, ки КО Тољикистон нисбати муносибатњои шахсии ѓайри молу мулкии њамсарон танњо ду моддаро дар доираи боби 6 бахшида, бо ин дар танзими њуќуќии муносибатњои шахсии ѓайри молу мулкї мањдуд гардидааст. Ин мутобиќан дар танзимсозии муносибатњои шахсии ѓайри молу мулкї дар байни њамсарон кофї набуда, зарурати васеъ карда шудани доираи худро талаб менамояд. Зеро дар шароити муосири пешрафти муносибатњои љамъиятї доираи предмети танзимсозии меъёрњои ахлоќї ба таври назаррас мањдуд гардида, имконияти таъсиррасонии онњо ба муносибатњои љамъиятї ва субъектони онњо рў ба таназзул овардааст. Баробари ин, тањлили сабабу омилњои болоравии шумораи бекоршавии аќди никоњ дар байни навхонадорон (оилањои љавон) онро собит менамояд, ки дар ин самт риоя нашудани талаботи меъёрњои ахлоќї низ мавќеъи назаррасро ишѓол карда истодаанд.

Тањлили амалия ба он ишора менамояд, ки дар парокандашавии оилањои љавон дар баробари сабабу омилњои дигар, доѓдор гардидани иффати њамсар то бастани аќди никоњ, доштани муносибатњои мањрамона бо шахсони бегона дар давраи аќди никоњ аз њарду љониб (њам шавњар ва њам њамсар), нобоварї нисбати тарафи дигар ва монанди инњо, ки аслан бо меъёрњои ахлоќї ба танзим дароварда мешаванд, ба сатњи аввал баромада истодаанд. Ин сабабу омилњо дар њолатњои алоњида барои даст ба љиноят задани тарафи дигар оварда мерасонанд. Чунончи, аз љониби истиќоматкунандаи ноњияи Бобољон Ѓафуров Шодиев М. мавриди лату кўб ќарор дода шудани њамсараш бо гумони даст доштан дар хиёнат[6].

Дар чунин њолат дар баробари љавобгарии љиноятї, ба миён гузошта шудани љавобгарии оилавї-њуќуќї ба маќсад мувофиќ дониста мешавад. Зеро ин њуќуќпоймолкунї бо њуќуќпоймолкунињои дигар монандї ё айният надошта, бо хусусиятњо ва таркиби субъективї фарќ менамояд, гарчанде байни онњо аломатњои умумї низ љой доранд.

Ба сифати субъекти љавобгарии оилавї-њуќуќї шахсоне баромад мекунанд, ки онњоро муносибатњои оилавї ба њам мепайвандад, яъне чунин шахсон нисбати њамдигар бегона набуда, дар муносибатњои умумии оилавї ќарор доранд. Предмети чунин љавобгариро муносибатњое ташкил медињанд, ки дар натиљаи иљро ё ба таври дахлдор иљро нашудани уњдадорињои оилавї пайдо мегарданд. Масалан, уњдадорињои алиментї.

Розї шудан мумкин аст, ки «љавобгарии њуќуќї ин муносибати пурмасъули инсон нисбати уњдадорињои худ ва масъулият оид ба иљрои дурусти уњдадорињои ба зиммаи шахс тибќи ќонун вогузор шуда мебошад. Дар њолати аз љониби шахс иљро нашудани чунин уњдадорињо, љавобгарї ба маънои негативии он - водор кардан, љуброн намудан, љазо додан фаро мерасад[7]. Ин масъала нисбати љавобгарии оилавї-њуќуќї баъзе мушкилоти худро дорад. Масалан, С.П. Гришаев ба он назар аст, ки «љавобгарии оилавї-њуќуќї дар намуди тоза вуљуд надорад, нисбати поймолкунандагон муќаррароти њуќуќи гражданї, љиноятї ва оилавї татбиќ карда мешаванд»[8]. С.Н. Таѓоева љавобгарии оилавї-њуќуќиро ба сифати падидаи комплексї арзёбї менамояд. Ба андешаи ў, ин љавобгарї дар љойе вуљуд дошта метавонад, ки дар он сухан дар бораи мањдуд кардани њуќуќ ё мањрум кардан аз њуќуќ ё чорањои иловагї нисбати шахсе меравад, ки ба њуќуќвайронкунии оилавї роњ додааст[9].

Дар асоси тањлили муќаррароти ќонунгузории оилавї хулоса кардан мумкин аст, ки дар Тољикистон чунин љавобгарии њуќуќї умуман вуљуд надорад ё љавобгарии мазкур бо љавобгарии дигари њуќуќї - љавобгарии гражданї айният карда шудааст[10]. Њангоми чунин ранг гирифтани њолат, маќоми њуќуќии њамсарон дар низоми муносибатњои њуќуќї таѓйир ёфта, онњо наметавонанд ба чунин сифат баромад кунанд. Чунончи, ќонунгузории гражданї мафњуми њамсаронро дар мавридњои алоњида (масалан, моддаи 304) истифода карда, дар мавридњои дигар ба чунин сифат баромад кардани њамсаронро истисно менамояд. Дар ин робита онњо маќоми даъвогар ва љавобгарро соњиб гардида, мушкилоти худро ба чунин сифат њаллу фасл менамояд. Ин њолат метавонад дар доираи муќаррароти моддаи 198, ќисми 3 КМГ Тољикистон истисно шудани њолатњои барои баррасии парванда ањамиятдоштаро, ки бо маќоми њамсаронро доштани тарафњо алоќаманд мебошанд, замина гузорад. Зеро судя тибќи талаботи ќисми 3 моддаи 198 КМГ Тољикистон њуќуќ надорад њалномаро берун аз доираи талаботи пешнињоднамудаи даъвогар ќабул намояд.

Ба танзим дароварда шудани љавобгарии оилавї-њуќуќї дар доираи боби алоњида имкон медињад, ки масъалањои муњими алоќаманд ба муносибатњои њуќуќии оилавї, ки фарогири маќоми њуќуќии њамсарон мебошанд, дуруст ва пурра њаллу фасл карда шаванд, чигунае, ки инро дар мавриди бекор кардани аќди никоњ (моддаи 24 КО), таќсими молу мулки муштараки њамсарон (моддаи 39, ќисми 3 КО) мушоњида кардан мумкин аст. Лекин, барои ин мухолифате, ки дар байни ќонунгузории мурофиавии гражданї ва ќонунгузории оилавї дар ќисмати тартиби баровардани њалнома љой дорад, монеъа эљод намояд. Вобаста ба ин, пешнињод карда мешавад, ки барои аз байн бурдани ин мухолифат, ќисми 3 моддаи 198 КМГ Тољикистон дар тањрири зерин баён карда шавад:

«3. Њалнома дар доираи талаботи пешнињоднамудаи даъвогар ќабул карда мешавад, агар бо ќонунгузории соњавии Тољикистон тартиби дигаре пешбинї нашуда бошад. Њангоми бо ќонунгузории соњавї пешбинї гардидани тартиби дигар, судя онро дар мавриди баррасии парванда ва баровардани њалнома ба назар мегирад».

Бастани аќди никоњ дар мавриди доѓдор будани иффати њамсар ва ё доштани муносибати мањрамона дар давраи аќди никоњ аз љониби њарду њамсарон хислати ќасдонаро дошта, метавонад бо назар­дошти арзишњои миллии халќи тољик ба њолати равонии тарафи дигар зарари маънавии љиддї расонад. Дар ин раванд, расонида шудани зарари моддї дар намуди харољот барои бастани аќди никоњ (бо назардошти анъанањои миллї), гирифтани табобат њангоми осеб дидани њолати равонї бинобар сабаби ошкор шудани амалњои ношоис­таи тарафи дигар ва ѓайра истисно карда намешавад.

Аз нигоњи муќаррароти ќонунгузории љиноятї (моддаи 141 КЉ) ин ба љумлаи озодии шахс шомил гардида, зиндагї кардан бо њаёти мањрамона аз љониби худи ў баъди расидан ба синни шонздањ мус­таќилона муайян карда мешавад. Ин озодї аз нигоњи меъёрњои ахлоќї ва арзишњои миллї мањдудиятњои худро дошта, ба мустањкамии оила ва муњити солими он метавонад ба таври манфї таъсир расонад. Бинобар ин, бо маќсади таъмин намудани мустањкамии оила ва солим нигоњ доштани муњити оилавї, он чиз дуруст шуморида мешавад, ки агар дар доираи боби 5 КО Тољикистон ба сифати яке аз асосњои беэътибор донистани аќди никоњ бо њуќуќи талаб кардани љуброни зарари моддї ва маънавї, содир намудани амалњои бо меъёрњои ахлоќї ва арзишњои миллї маънгардида аз љониби яке аз тарафњо чи то давраи бастани аќди никоњ ва чи баъди он, ки оќибаташ баъди бастани аќди никоњ фаро расидааст, муќаррар карда шавад.

Муќаррар шудани асосњои нави беэътибор донистани аќди никоњ ва эътироф гардидани њуќуќи тарафи дигар барои талаб намудани љуброни зарари моддї ва маънавї аз як тараф мустањкам гардидани њаёти оилавиро замина гузорад, аз тарафи дигар маќоми њуќуќии њамсаронро дар низоми муносибатњои шахсии ѓайримолумулкї мушаххас намуда, барои дар як ваќт ба инобат гирифта шудани манфиатњои бо ќонун њимояшавандаи шахсони сеюм замина фароњам меорад.

Бо он розї шудан ѓайриимкон аст, ки намояндагони алоњидаи илми њуќуќи оилавї барои танзими маќоми њуќуќии њамсарон ќабул гардидани ќонуни алоњидаро ба маќсад мувофиќ мешуморанд. Чунончи, С. Селетская, Е. Яковлева иброз медоранд, ки «мулоњизаи мо оид ба махсусияти маќоми њуќуќии њамсарон, ки дар хусусияти байнисоњавї доштани он ифода меёбад, имконият доданд, ки дар бораи зарурияти ќабул шудани ќонуни махсуси сатњи федералї - «Дар бораи маќоми њуќуќии њамсарон дар Федератсияи Россия» хулосабарорї намоем». Онњо дар ин ќонун мустањкам шудани меъёрњоеро мувофиќи маќсад медонанд, ки тартиби муайян намудани њамсаронро њамчун субъекти на танњо муносибатњои њуќуќи оилавї, инчунин муносибатњои дигари њуќуќї пешбинї менамоянд[11].

Ќонунгузории оилавї, ки дар танзими муносибатњои њуќуќи оилавї маќоми марказиро ишѓол мекунад, имконият дорад, ки тамоми масоили алоќаманд ба маќоми њуќуќии њамсаронро пурра мавриди танзим ќарор дињад, ки ин зарурияти ќабул шудани ќонуни алоњидаро истисно мекунад. Бо маќсади дар ќонунгузории дигар нигоњ доштани асосњои заминавии маќоми њуќуќии њамсарон он чиз дуруст шуморида мешавад, ки дар Кодекси оила ба ин ќонун мутобиќ будани муќаррароти ќонунгузории дигар њангоми танзими муносибатњои њуќуќи оилавї пешбинї карда шавад, чуноне, ки ин дар КГ Тољикистон ба назар мерасад (моддаи 2, ќисми 1 КГ).

Њамин тариќ, маќоми њуќуќии њамсарон дар низоми муносибатњои шахсии ѓайри молу мулкї комилан мазмун ва моњияти ягонаро надошта, вобаста ба муносибатњои њуќуќие муайян карда мешаванд, ки њамсарон ба он дар њаёти муќаррарї ворид мегарданд. Бинобар ин, он чиз набояд мадди назар карда шавад, ки дар чунин њолат мањаки асосии ќонунгузории оилавї буда, санадњои меъёрии њуќуќии дигари танзимкунандаи муносибатњои њуќуќи оилавї набояд ба он мухолифат намоянд, дар њолати акс ин санадњо метавонанд ќувваи њуќуќии худро аз даст дињанд. Зеро:

а) ин барои бартараф карда шудани мухолифат байни ќонунгузории Тољикистон ва ќонунгузории оилавї мусоидат менамояд;

б) таљрибаи ягонаи татбиќи муќаррароти ќонун, аз љумла ќонунгузории оилавиро нисбати маќоми њуќуќии њамсарон ба вуљуд меорад;

в) арзишњои ахлоќию маънавии оилавиро мустањкам намуда, барои устувории муносибатњои оилавї замина мегузорад.



[1] Ниг.: Джандарбек Б.А. Семейное право в системе права РК (вопросы предмета и метода). Алматы «Ќазаќ университетi», 2008. С. 31.

[2] Ниг.: Мањмудзода М., Худоёрзода Б. Њуќуќи оилавии Љумњурии Тољикистон. Китоби дарсї. Душанбе «Эр-граф», 2015. С. 99.

[3] Ниг.: Њамон љо. С. 99.

[4] Ниг.: Селецкая С.Б., Яковлева Е.А. О некоторых особенностях правового статуса супругов и его межотраслевой природе // Вестник Казанского юридического института МВД России. 2016. №3 (25). С. 37-40.

[5] Ниг.: Аминов М.М. Правовые основы признания и исполнения иностранных судебных решений по семейным делам в Республике Таджикистан // Теоретический и политико-правовой журнал Министерство юстиции Республики Таджикистан «Жизнь и закон». 2016. №1. С. 107.

[6] Исбот кун ки хиёнат накардї… Љангу љанљоли зану шавњар то суд рафт [Захираи электронї] // Рељаи дастрасї: http://akhbor.com/-p6761-117.htm (санаи дастрасї: 25.08.2018).

[7] Ниг.: Строгович М.С. Сущность юридической ответственности // Советское государство и право. 1979. №5. С. 73.

[8] Ниг.: Гришаев С.П. Семейное право в вопросах и ответах. Москва: Новая правовая культура, 2008. С. 11.

[9] Ниг.: Тагаева С.Н. Правовая сущность семейно-правовой ответственности. Душанбе: «Ирфон», 2012. С. 17.

[10] Ниг.: Њамон љо. С. 16.

[11] Ниг.: Селецкая С.Б., Яковлева Е.А. О некоторых особенностях правового статуса супругов и его межотраслевой природе // Вестник Казанского юридического института МВД России. 2016. №3 (25). С. 39.

 

 

ТАЪИНОТИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


ТАЪИНОТИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дар­хости шањрванд Мањмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани муто­биќати моддањои 42 ва 51 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тољикистон» ба моддањои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон»

ш. Душанбе 29 майи соли 2018

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси­ку­нанда Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., муовини Раис Ка­рим­зода К.М., судя-котиб Њошимзода Д.Д., судяњо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Абдурањимзода Д.Р.,

бо иштироки котиби маљлиси судї – Мусулмонов С.,

дар маљлиси судии Суди конститутсионї гузориши муовини Раиси Суди конститутсионї Каримзода К.М. ва судяи Суди консти­тутсионї Њошимзода Д.Д.-ро аз рўи дархости шањрванд Мањмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани муто­биќати моддањои 42 ва 51 Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тољи­кис­тон» ба моддањои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Мањмудов Р. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњу­рии То­љи­­кистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки миёни ў ва Љамъияти сањомии кушодаи «Тољиксодиротбонк» (минбаъд - Бонк) шарт­но­маи пасандози бонкї бас­та шудааст. Аммо, Бонк шартҳои онро бе ризоия­ти ў яктарафа таѓйир до­дааст, ки номбурда бо чунин амал розї намебошад.

Ба ѓайр аз ин, Бонк ба мурољиаткунанда њамаи маблаѓи пасан­до­зашро тибќи шарт­нома дар рўзи ба охиррасии он барнагардонида, пешни­њод кардааст, ки ў пасандозашро њар моњ ба миќдори 200 доллари ИМА гирад. Бо ин на­зардошт, ў пасандозашро метавонад дар муддати 45 моњ ба даст орад.

Мурољиаткунанда бо ин шарт розї нашуда, тавассути Ташкилоти љамъи­я­тии «Итти­фоќи истеъ­мол­ку­нан­да­гони Тољикистон» ба суди ноњияи Исмоили Сомонии шањри Ду­шанбе даъ­во пешнињод кардааст. Суд хуло­саи Бонки миллии Тољикистонро ба асос гирифта, бо ќарори худ Љамъия­ти сањомии кушодаи «Тољиксодирот­бонк»-ро вазифадор намуда­аст, ки ба ў маблаѓ­и пасан­доз ва фоизњои онро пардохт намояд.

Бонк бо њалномаи суди ноњияи Исмоили Со­­монї розї нашуда, ба Коллегияи судї оид ба парвандањои граждании суди шањри Душанбе шикояти кассатсионї овардааст. Коллегияи зикршудаи судї бо ќарори кассатсионии худ њалномаи суди ноњияи Ис­моили Со­мониро бекор карда, ќарори худро бо он асоснок кардааст, ки манфиати пасан­дозонро на Ташкилоти љамъиятии «Ит­тифоќи истеъ­молкунандагони Тољикистон», балки тан­њо Бонки миллии То­љикистон њимоя карда метавонад.

Мурољиаткунанда ба моддаи 42 Ќонуни Љумњурии То­љи­кис­тон «Дар бораи Бонки миллии Тољикистон» ишора намуда, ќайд мена­мояд, ки тибќи он Бонки миллии Тољикистон дорои њуќуќи истис­ноии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотњои ќарзї буда, маќсади асосии он дар ин самт нигоњдории суботи низоми бонкї ва низоми пардохт, њимояи манфиатњои пасандоздорон ва ќарздењон мебошад.

Тибќи моддаи 51 Ќонуни зикршуда, баъди таъин гардидани маъму­рияти муваќќатї њамаи њуќуќу ваколатњои ташкилоти ќарзї, аз љумла он њуќуќу ваколатњое, ки сањмдорон, пасандоздорон ё кормандони роњбари­кунандаи ташкилоти ќарзї доранд, боздошта шуда, ба мудири муваќќатї дода мешаванд ва касе њаќ надорад барои додани њуќуќњо ба мудири муваќќатї ё амалї намудани онњо аз тарафи вай монеъ гардад.

Мурољиаткунанда ќайд мекунад, ки тибќи ќонунгузории амал­кунанда Бонки миллии То­љикистон дорои њуќуќи таъин намудани маъмурияти муваққатї мебошад, ки баъди таъин ба он тамоми њуќуќу ваколатњои ташкилоти ќарзї, аз љумла њуќуќу ваколатњои пасандоз­до­рон бидуни ризоияти онњо мегузарад.

Њол он, ки тибќи моддаи 14 Конс­титутсияи Љум­њурии Тољикис­тон њуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурї ва санадҳои ҳуқуқии байналми­лалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Њуќуќу озодињо фардї, универ­салї ва људонопазир буда, ба худи инсон тааллуќ доранд ва танњо ў њуќуќ дорад, ки онњоро шахсан амалї намояд. Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятї, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионї, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолї ва тамомияти арзии ҷумҳурї раво дониста мешавад.

Њамин тариќ, ба андешаи мурољиаткунанда Бонки миллии Тољикис­тон ваколати боздоштани амалишавии њуќуќњои пасандоз­дорон ва аз худ намудани њуќуќњои онњоро бе ризоияташон надорад ва њолати ба миёно­мада боиси он гардидааст, ки пасандоздорон наметавонанд муста­ќи­лона њуќуќи худро дар суд њимоя намоянд.

Би­нобар ин, Мањмудов Р. ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон мурољиат карда, талаб намудааст, ки дар асоси дархос­ти ў муро­фиаи судии кон­сти­тут­сионї оѓоз карда шуда, му­то­би­ќати моддањои 42 ва 51 Ќонуни Љумњурии То­­љикистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тољикистон» ба моддањои 10, 14, 31 ва 47 Конститут­си­яи Љум­њурии Тољикистон му­ай­ян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархост ва дигар ма­води ба он замимашударо дида баромада, ќайд менамояд, ки шањрванд Мањмудов Р. агарчи субъекти мурољиат мањсуб ёбад ва баррасии дар­хос­ти ў шаклан ба салоњияти Суди конститутсионї дохил шавад њам, аммо дар масъалаи мутобиќати моддањои 42 ва 51 Ќонуни Љумњурии То­љикистон «Дар бораи Бонки миллии Тољикис­тон» ба моддањои 10, 14, 31 ва 47 Конститут­си­яи Љум­њурии Тољикис­тон номуайяние ошкор нагардид, ки барои бар­расии пар­ванда дар Суди конститутсионї асос гардад.

Чунончи, тибќи талаботи ќисми 2 моддаи 44 Ќонуни конститут­сио­нии Љумњурии Тољикис­тон «Дар бораи Суди консти­­тут­сионии Љумњурии Тољи­кистон» барои баррасии парванда дар Суди консти­тут­сионї ошкор гаштани номуайянї дар масъалаи ба Конститутсияи Љумњурии Тољикис­тон мувофиќат доштани ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї асос мегардад.

Дархост ба талаботи моддаи 41 Ќонуни конс­ти­тут­сионии Љум­њу­рии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­тут­си­онии Љум­њурии Тољи­­кистон» низ мувофиќ набуда, дар он моњияти талаби мурољиат­кунанда мушах­хас нишон дода нашудааст ва њолату далелњои оварда­шуда дар хусуси ба мод­дањои дахлдори Конститутсияи Љумњурии Тољикис­тон муво­фи­ќат надош­­тани муќаррароти ќонуни мавриди бањс ќа­рордошта асоснок карда нашуда­анд.

Аз ин рў, Суди конститутсионї оѓоз наму­да­ни мурофиаи судии кон­сти­­­тут­­сиониро оид ба дархости шањрванд Мањмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани муто­биќати моддањои 42 ва 51 Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи Бонки миллии Тољикис­тон» ба моддањои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» бинобар ошкор нагаштани номуайя­нї дар масъа­лаи ба Конститутсия мувофиќат дош­тани муќарра­роти моддањои ќону­ни мав­риди бањс ќарордодашуда, инчунин ба тала­боти моддаи 41 Ќонуни консти­тут­сионии Љумњурии Тољи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љум­њурии Тољикистон» муво­фиќ набудани дархост рад менамояд.

Бо дарназардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддаи 89 Кон­сти­тутсияи Љумњурии Тољикистон ва моддањои 34, 40, 41, 44, 45, 55, 56 ва 60 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон», Суди консти­тут­сио­нии Љумњу­рии Тољикистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз на­мудани мурофиаи судии консти­тут­сионї аз рўи дархости шањрванд Мањмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани муто­биќати моддањои 42 ва 51 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тољикистон» ба моддањои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» бинобар ошкор нагаштани номуай­я­­нї дар масъа­лаи ба Конститутсия муво­фиќат дош­тани муќар­ра­ро­ти моддањои ќону­ни мав­риди бањс ќарор­до­дашуда, инчунин ба тала­боти мод­даи 41 Ќонуни консти­тут­сионии Љумњурии Тољи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љум­њурии Тољикистон» муво­фиќ набудани дархост рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди консти­тутсионии

Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д.Д.

ТАЪИНОТИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дар­хости намояндаи ваколатдори шањрванд Исроилов П.Р. – Ќодиров Ш.С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати њалномаи суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон»

ш. Душанбе 8 августи соли 2018

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси­ку­нанда Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., муовини Раис Ка­рим­зода К.М., судя-котиб Њошимзода Д.Д., судяњо Гулзор М.М. ва Абдурањимзода Д.Р.,

бо иштироки котиби маљлиси судї – Мусулманов С.,

дар маљлиси судии Суди конститутсионї гузориши муовини Раис Ка­римзода К.М.-ро оид ба дархости намояндаи ваколатдори шањрванд Исроилов П.Р. – Ќодиров Ш.С. «Дар хусуси муайян наму­дани мувофи­ќати њалномаи суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Ќодиров Ш.С. – намояндаи ваколатдори шањрванд Исроилов П.Р. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии То­љи­­кистон мурољиат наму­да, дар он ќайд менамояд, ки суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе парвандаи гражданї бо аризаи даъвогии Исроилов Т.П., Шоимардонова О.Њ. нисбати Љамъияти сањомии пўшидаи «АксесБонк Тољикистон», Исроилов П.Р. ва шахси сеюм - идораи нотариалии давлатии ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе оид ба бекор кардани шартномаи гарав тањти №14Р-5117/12 аз 24 декабри соли 2014 ва аризаи даъвогии Љамъияти сањомии пўшидаи «АксесБонк Тољикистон» нисбати Исроилов П.Р. оид ба эътироф наму­дани њуќуќи моликият ба хонаи истиќоматї ва кўчонидан аз ман­зили истиќоматиро бидуни додани дигар манзили истиќоматї, мавриди баррасї ќарор дод.

Мурољиаткунанда аризаи даъвогии ба суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе пешнињодкардаи Љамъияти сањомии пўшидаи «Аксес­Бонк Тољи­кис­тон»-ро ѓайриќонунї њисобида, зикр менамояд, ки дар он тобе­ияти судї ва дигар меъёрњои ќонун даѓалона вайрон карда шудааст. Бинобар он ки Исроилов П.Р. соњибкори инфиродї ба шумор меравад, баррасии мавзўи аризаи даъвогии Љамъияти сањомии пўшидаи «Аксес­Бонк Тољи­кис­тон» ба тобеияти судњои иќтисодї мансуб мебошад ва ќаблан суди иќтисодии шањри Душанбе аризаи даъвогии Љамъияти зикршударо тибќи талаботи ќонун­гузории мурофиавии иќтисодї баррасї намудааст.

Вобаста ба ин масъала, ў ба суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе дархости шифоњї пешнињод намуда, хоњиш намудааст, ки даъвои Љамъи­я­ти сањомии пўши­даи «Аксес­Бонк Тољи­кис­тон» дар ќисмати эъти­рофи њуќуќи моли­кият ба хонаи истиќоматї бинобар ба тобеияти судњои иќтисодї мансуб будани баррасии он рад карда шавад.

Аммо суд ин талаби ўро ќонеъ нагардонида, бо дарназардошти он ки талаботи дуюми Љамъияти сањомии пўшидаи «АксесБонк Тољикистон» – кўчонидан аз манзили истиќоматї бидуни додани дигар манзили истиќо­матї – ба тобеияти судњои умумї тааллуќ дорад, бар хилофи талаботи ќонун баррасии парвандаро идома дода, ќарор ќабул намудааст. Бо ин амали худ суд њуќуќњои конститутсионии сокинони манзили истиќоматии воќеъ дар шањри Душанбе, кўчаи Туробї, хонаи № 8-ро вайрон кардааст.

Ў дар доираи дархост моњияти аризаи даъвогии худро ба суди ноњия асоснок намуда, зикр мекунад, ки хулосаи прокурор вобаста ба бањси мазкур гирифта нашудааст ва нуќтаи назари дигар иштирокчиёни пар­ванда номаълум мебошад.

Илова бар ин, мурољиаткунанда ќайд мекунад, ки аз љониби суд љињати њалли баъзе масъалањои марбут ба парвандаи баррасишаванда барои идомаи мурофиаи судї танаф­фус эълон карда шудааст. Аммо баъд аз ба итмом расидани танаффуси эълоншуда ў сариваќт оид ба рўз ва ваќти идомаи баррасии парванда хабардор карда нашудааст. Бар хилофи талаботи ќонунгузории мурофиавии гражданї ўро ним соат пеш аз муро­фиаи судї воќиф намудаанд.

Аз ин рў, ў натавонистааст, ки дар ваќт ва санаи муайяннамудаи суд дар баррасии парвандаи гражданї иштирок намояд. Дар ин хусус суд воќиф гардида бошад њам, аммо ин њолат ба инобат гирифта нашудааст.

Мурофиаи судї бе иштироки мурољиаткунанда ва дигар иштирок­чиёни парванда, ки оид ба ваќт ва мањалли баррасии он ба таври дахлдор хабардор карда нашуда буданд, гузаронида шуда, 1 июни соли 2018 њалномаи судї ќабул карда шудааст.

Њамин тариќ, мурољиаткунанда чунин мешуморад, ки њуќуќњои кон­сти­тутсионии иштирокчиёни парванда аз љониби суд поймол гардидааст. Ин ба он боис гардид, ки онњо натавонистанд далелњои худро пурра ба суд пешнињод намуда, дар музокирањои судї иштирок ва нуќтаи назари худро вобаста ба бањси љойдошта изњор намоянд.

Би­нобар ин, Ќодиров Ш.С. њамчун намояндаи ваколатдори шањрванд Исроилов П.Р. ба Суди конститутсионї мурољиат на­му­да, талаб намуда­аст, ки дар ас­оси дархости ў мурофиаи судии конс­ти­тутсионї оѓоз карда, му­вофиќати њалномаи суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон му­ай­ян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархост ва дигар ма­води ба он замимашударо дида баромада, ќайд менамояд, ки намояндаи ваколат­дори шањрванд Исроилов Т.П. – Ќодиров Ш.С. агарчи субъекти мурољиат мањсуб ёбад њам, аммо баррасии масъалаи дар мурољиат овар­даи ў дар хусуси муайян намудани мувофиќати њалномаи судї ба Кон­ститут­сияи Љумњурии Тољикистон ба салоњияти Суди конститут­сионї мансуб набуда, мавзўи бањси кон­сти­тутсионї намебо­шад.

Тибќи моддаи 89 Консти­тут­­сияи Љум­њу­рии Тољикистон ва моддаи 34 Ќонуни конститут­сионии Љумњу­рии Тољи­кистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњу­рии Тољикис­тон», Суди консти­тут­­сионї на масъа­ла­и мувофиќ будан ё набудани санади ќабулнаму­даи судиро ба Консти­тутсия, балки дар асоси дар­хости субъектњои њуќуќ масъа­лаи ба Консти­тутсия мувофиќат дош­та­ни ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќу­ќиро баррасї менамояд.

Њалномаи судї, ки вобаста ба бањси гражданї ќабул гардидааст, тибќи талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъё­рии њуќуќї», санади меъёрии њуќуќї мањсуб намеёбад. Дар сурати норозї будан бо њалномаи судї, иштирокчиёни парванда метавонанд тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории мурофиа­вии гражданї, онро дар зинањои дахлдори судї мавриди бањс ќарор дињанд.

Дархост аз љињати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Ќонуни конс­ти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­тут­си­онии Љум­њурии Тољикистон» мувофиќ нест, зеро моњияти талаби муро­љиат­кунанда низ берун аз доираи амалисозии назорати судии конститут­сионї ифода карда шудааст.

Аз ин рў, Суди конститутсионї оѓоз наму­да­ни мурофиаи судии кон­с­ти­­­­тут­­сиониро оид ба дархости намояндаи ваколат­дори шањрванд Исрои­лов П.Р. – Ќодиров Ш.С. «Дар хусуси муайян намудани муво­фи­ќати њалномаи суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» бинобар ба салоњияти Суди консти­­­тутсионї мансуб набудани баррасии масъалаи дар дархост гузош­та­шуда, инчунин аз љињати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Ќонуни консти­тут­сионии Љумњурии Тољи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сио­нии Љумњурии Тољикистон» муво­фиќ набудани дархост, рад менамояд.

Бо дарназардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддаи 89 Кон­сти­тутсияи Љумњурии Тољикистон ва моддањои 34, 40, 41, 44, 45, 55, 56 ва 60 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон», Суди консти­тут­сио­нии Љумњу­рии Тољикистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз на­мудани мурофиаи судии консти­тут­сионї аз рўи дар­хости намояндаи ваколат­дори шањрванд Исроилов П.Р. – Ќодиров Ш.С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати њалномаи суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Кон­ститутсияи Љумњурии Тољи­кистон», бинобар ба салоњияти Суди консти­тутсионї мансуб набудани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, инчунин аз љињати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Ќонуни консти­тут­сионии Љумњурии Тољи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон» муво­фиќ набудани дархост, рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди консти­тутсионии

Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д.Д.

ТАЪИНОТИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии консти­тут­­сионї оид ба дархости намояндаи ваколат­дори шањрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян намудани мувофиќати њалномаи суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон»

ш. Душанбе 8 августи соли 2018

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси­ку­нанда Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., муовини Раис Ка­рим­зода К.М., судя-котиб Њошимзода Д.Д., судяњо Гулзор М.М. ва Абдурањимзода Д.Р.,

бо иштироки котиби маљлиси судї – Мусулманов С.,

дар маљлиси судии Суди конститутсионї гузориши судяи Суди конститутсионї Њошимзода Д.Д.-ро аз рўи дархости намояндаи ваколат­дори шањрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян наму­дани мувофиќати њалномаи суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Намояндаи ваколат­дори шањрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. бо дархост ба Суди конс­ти­тутсионии Љум­њурии Тољикистон муро­љиат намуда, дар он ќайд ме­на­мояд, ки дар суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе парвандаи гражданї бо даъвои Исроилов Т.П. ва Шоимар­донова О.Њ. нисбат ба Љамъияти сањомии пўшидаи «АксесБонк Тољикис­тон», Исроилов П.Р. ва шахси сеюм – идораи нотариалии давлатии ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе оид ба бекор кардани шартномаи гарав тањти № 14Р-5117/12 аз 24 декабри соли 2014 ва даъвои Љамъияти сањо­мии пўшидаи «АксесБонк Тољикистон» нисбат ба Исроилов П.Р. оид ба эъти­роф намудани њуќуќи моликият ба хонаи истиќоматї ва кўчо­­ни­дан аз манзили истиќоматї бидуни додани дигар манзили исти­ќоматї мавриди баррасї ќарор гирифт.

Муро­љиат­кунанда даъвои Љамъияти сањомии пўшидаи «АксесБонк Тољикистон»-ро ба суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе ѓайриќонунї њисобида, зикр мекунад, ки њангоми пешнињоди аризаи даъвогї тобеияти судї ва меъёрњои ќонун вайрон карда шудааст.

Ў дар доираи дархост моњияти аризаи даъвогии худро ба суди ноњия асоснок намуда, ба муќаррароти моддањои дахлдори Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 20 марти соли 2008, № 364 «Дар бораи ипотека», кодексњои гражданї ва манзили Љумњурии Тољикистон ишора менамояд ва бе ризоияти сокинони манзили истиќоматии воќеъ дар шањри Душанбе, кўчаи Туробї, хонаи № 8 ба расмият даровардан ва додани шањодатнома дар бораи сабти давлатии шартномаи гаравро тањти № 14Р-5117/12 аз 24 декабри соли 2014 поймолшавии њуќуќу манфиатњои ќонунии сокинони манзили истиќоматии зикршуда мењисобад.

Њамчунин, њангоми баррасии аризаи даъвогї дар суд ваколатдињан­даи ў ва шахсони дар манзили истиќоматии зикршуда истиќоматкунанда оид ба талаботи аризаи даъвогї пурсида нашуда­анд ва масъалаи хабар­дор будан ё набудани сокинони манзили истиќоматї дар хусуси ба гарав гузоштани манзил аз љониби кормандони бонк муайян карда нашудааст.

Илова бар ин, мурољиаткунанда ќайд мекунад, ки аз љониби суд љињати њалли баъзе масъалањои марбут ба парвандаи баррасишаванда барои идомаи мурофиаи судї танаф­фус эълон карда шудааст. Аммо баъд аз ба итмом расидани танаффуси эълоншуда ў сариваќт оид ба рўз ва ваќти идомаи баррасии парванда хабардор карда нашудааст. Бар хилофи талаботи ќонунгузории мурофиавии гражданї ўро ним соат пеш аз муро­фиаи судї воќиф намудаанд.

Аз ин рў, ў натавонистааст, ки дар ваќт ва санаи муайяннамудаи суд дар баррасии парвандаи гражданї иштирок намояд. Дар ин хусус суд воќиф гардида бошад њам, аммо ин њолат ба инобат гирифта нашудааст.

Мурофиаи судї бе иштироки мурољиаткунанда ва дигар иштирок­чиёни парванда, ки оид ба ваќт ва мањалли баррасии он ба таври дахлдор хабардор карда нашуда буданд, гузаронида шуда, 1 июни соли 2018 њалномаи судї ќабул карда шудааст.

Њамин тариќ, мурољиаткунада чунин пешуморад, ки њуќуќ­њои конс­ти­тут­сио­нии ў ва дигар иштирокчиёни парванда аз љониби суд поймол шудааст ва ин боиси он гардидааст, ки онњо натавонистанд далелњои худро пурра ба суд пешнињод намуда, дар музокирањои судї иштирок кунанд ва нуќтаи назари худро вобаста ба бањси љойдошта изњор намоянд.

Аз ин рў, Хидоятов Дж.В. ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон мурољиат намуда, талаб намудааст, ки дар асоси дархости ў муро­фиаи судии кон­сти­тут­сионї оѓоз карда шуда, муво­фиќати њалномаи суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархост ва дигар ма­води ба он замимашударо дида баромада, ќайд менамояд, ки намояндаи ваколат­дори шањрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. агарчи субъекти мурољиат мањсуб ёбад њам, аммо баррасии масъалаи дар мурољиат овар­даи ў дар хусуси муайян намудани мувофиќати њалномаи судї ба Кон­ститут­сияи Љумњурии Тољикистон ба салоњияти Суди конститут­сионї мансуб набуда, мавзўи бањси кон­сти­тутсионї намебо­шад.

Тибќи моддаи 89 Консти­тут­­сияи Љум­њу­рии Тољикистон ва моддаи 34 Ќонуни конститут­сионии Љумњу­рии Тољи­кистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии ЉумX-NONEњу­рии Тољикис­тон», Суди консти­тут­­сионї на масъа­ла­и мувофиќ будан ё набудани санади ќабулна­мудаи судиро ба Консти­тутсия, балки дар асоси дар­хости субъектњои њуќуќ масъа­лаи ба Консти­тутсия мувофиќат дош­та­ни ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќу­ќиро баррасї менамояд.

Њалномаи судї, ки вобаста ба бањси гражданї ќабул гардидааст, тибќи талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъё­рии њуќуќї», санади меъёрии њуќуќї мањсуб намеёбад. Дар сурати норозї будан бо њалномаи судї, иштирокчиёни парванда метавонанд тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории мурофиа­вии гражданї, онро дар зинањои дахлдори судї мавриди бањс ќарор дињанд.

Дархост аз љињати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Ќонуни конс­ти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­тут­си­онии Љум­њурии Тољикистон» мувофиќ нест, зеро моњияти талаби муро­љиат­кунанда берун аз доираи амалисозии назорати судии конститут­сионї ифода карда шудааст.

Аз ин рў, Суди конститутсионї оѓоз наму­да­ни мурофиаи судии кон­с­ти­­­­тут­­сиониро оид ба дархости намояндаи ваколат­дори шањрванд Исрои­лов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян намудани мувофи­ќати њално­маи суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Консти­тутсияи Љумҳурии Тољикистон» бинобар ба салоњияти Суди консти­­­тутсионї мансуб набудани баррасии масъалаи дар дархост гузош­та­шуда, инчунин аз љињати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Ќонуни консти­тут­сионии Љумњурии Тољи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сио­нии Љумњурии Тољикистон» муво­фиќ набудани дархост, рад менамояд.

Бо дарназардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддаи 89 Кон­сти­тутсияи Љумњурии Тољикистон ва моддањои 34, 40, 41, 44, 45, 55, 56 ва 60 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон», Суди консти­тут­сио­нии Љумњу­рии Тољикистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз на­мудани мурофиаи судии консти­тут­сионї аз рўи дархости намояндаи ваколат­дори шањрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян намудани мувофиќати њалномаи суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон», бинобар ба салоњияти Суди консти­тутсионї мансуб набудани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, инчунин аз љињати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Ќонуни консти­тут­сионии Љумњурии Тољи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон» муво­фиќ набудани дархост, рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди консти­тутсионии

Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д.Д.