00:49:45 - 15.10.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз107
mod_vvisit_counterДирӯз1376
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4097
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида8121
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ16317
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида37099
mod_vvisit_counterҲамагӣ952003

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


9 январи соли 2019 дар Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон дар дои­раи хониши идоравї омўзиши паёми Президенти Љумњуриии Тољикистон аз 26 де­кабри соли 2018 ба Маљлиси Олии Љум­њуриии То­љикистон «Дар бораи самтњои асо­сии сиёсати дохилї ва хори­љи љумњурї» доир гардид, ки дар кори он Шона­заров С.А.– му­шовири ка­лони бахши Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъ­алањои њуќуќї иштирок ва суханронї намуданд.

Раисикунанда: Мањмудзода М.А. –Раиси Суди Конститут­си­о­нии Љум­­њурии Тољи­кистон маљлисро кушода, ќайд кард, ки бо нусха аз Про­токоли маљлиси Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 28 декабри соли 2018 №13 тамоми вазорату идорањо вазифадор гардиданд, ки наќшаи чо­ра­­бинињоро оид ба амалї намудани дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон, ки аз паёми Президенти Љумњурии Тољикистон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилию хо­ри­љии љумњурї» бармеоянд, тањия намуда, мавриди амал ќарор ди­њанд.

Шона­заров С.А.– му­шовири ка­лони бахши Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои њуќуќї зимни суханронии худ ба Паёми Пре­зиденти Љумњурии Тољикистон ба Маљ­лиси Олии Љум­њурии Тољикистон дахл намуда, зикр кард, ки дар баробари дигар масъалањои рушди иќтисодиву иљтимоии хољагии халќи мамлакат, тамоми мас­­ъалањои во­баста ба сиёсати њуќуќї, аз љумла тањия ва ќабули Кон­сепсияи сиёсати њуќуќї, чор барномаи ислоњоти судї-њуќуќї, бар­номаи тарбияи њуќуќии шањрвандон, ворид намудани таѓйиру иловањо ба ќонунњои конс­ти­тутсионї дар бораи судњо, ташкилу барњам додани институтњои њуќуќї дар Паём ифода гардида, баъдан мавриди тањия ва тас­­диќ ќарор ги­рифтаанд.

Номбурда зикр кард, ки Президенти Љумњурии Тољикистон њал­­ли масъалањои дар тўли зи­ё­да аз ду дањсола бавуљудомадаи сиёсиву иқ­ти­содї ва тиљоратї бо Љум­­­ҳурии Ўзбекистонро низ рўйдоди сеюми таъ­рихї дар њаёти иљти­мо­иву иќтисодї ва маънавии мардуми мо арзёбї намуд.

Барќарор гаштани муносибатњои байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Ўзбекистонро рўйдоди бузурги таърихї мебошад, зеро дар таърихи халку миллатњо ва муносибатњои байни­давлатии онњо руйдоду њодисањои муњиме ба вуќўъ мепай­ван­данд, ки онњо дар таќдири мин­баъдаи ин халќу миллатњо таќ­сир­­соз, муайянкунанда ва калидї арзёбї мегарданд.

Дар бораи сиёсати њуќуќии мамлакат, ки ташаккули онро бе сањми бевоситаи Пешвои миллат тасаввур кардан мумкин нест, сухан ронда, диќќати њозиринро ба татбиќи амалии дастуру супоришњои Президенти мам­лакат муњтарам Эмомалї Рањмон љалб намуд.

Сипас Абдурахимова Д.Р., Нурляминзода Г.А. ва Темиров В.Т. ба сухан баромада, дар хусуси танзими масалањои вобаста ба наќш ва мав­ќеи зан дар љомеа, сиёсати њуќуќї, аз љумла ќабули барномањои ислоњоти судї-њуќуќї, баланд бардоштани маърифати њуќуќї ва ташаббусњои Президенти Љумњурии Тољикистон дар самти обу энергетика, ки дар Паёмњои роњбари давлат наќши муњим доранд, маълумоти муфасал доданд.

Ташаб­буси чоруми љањонии Љумњурии Тољикистон дар хусуси «Дањ­солаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солњои 2018-2028»-ро аз бемайлон боло раф­тани эътибори байналмилалии Љум­њурии Тољи­кистон ва сарвари онарзёбї намуданд.

Дар охир зикр гардид, ки иљрои нуќтањои асосии Паём барои тамоми маќомоти марказї ва мањаллии њокимияти давлатї, шахсони мансабдор ва хизматчиёни дав­­латии онњо, ташкилоту муассисањо њатмї буда, сарчашмаи рушди давлат ва иќтисодї миллї фаъолияти со­занда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат мебошад.