11:25:39 - 20.07.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз380
mod_vvisit_counterДирӯз911
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта5537
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида6813
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ22082
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида36128
mod_vvisit_counterҲамагӣ850801

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


 

Аз 5 то 9 июни соли 2019 бо маќсади иштирок дар Конфронси байнал­ми­лалї дар мавзўи: «Таљзияи њокимият ва Суди конститутсионї» сафари хизматии судяи Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон Њошим­зода Д. ба шањри Улан-Батори Муѓулистон доир гардид.

Дар кори ин чорабинии сатњи байналмилалї, ки бо ташаб­буси Суди конститутсионии Муѓулистон ва Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо доир гардид, намоян­дагони маќомоти назо­рати консти­­тут­­сионии киш­вар­њои мухталифи љањон ва созмон­њои бону­фузи бай­нал­ми­лалї, аз ќабили Булѓористон, Иттињодияи Мянма, Ќирѓи­зистон, Латвия, Ўзбекистон, Шоњигарии Таиланд, Хорватия, Федератсияи Россия, Комис­сияи Венет­сиа­нии Шўрои Аврупо, намояндагони њокимияти судии Муѓулистон, олимони соњаи њуќуќ ва дигарон иштирок намуданд.

Зимни конфронс мавзўњои мухта­лифи марбут ба конститут­сиона­лизм, наќши Суди конститут­сионї дар таъмини волоияти Конститутсия, њимояи њуќуќњои конститут­сионии инсон ва шањрванд, наќши адолати судии консти­тут­сионї дар амали­шавии арзишњои конститутсионї, прин­сипи таљ­зияи њокимияти давлатї, тањкими демок­ра­тия, таљрибаи назора­ти судии консти­тут­сио­нї дар давлатњои мухталиф ва дигар мавзўњои мубрами соњаи њуќуќ мавриди муњо­кимањои доманадор ќарор дода шуданд.

Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д.Д. зимни кори конфронс бо маърўза дар мавзўи «Назорати судии конститут­сио­­нї ва принсипи таљзияи њокимият дар Тољикистон» баромад намуда, дар доираи он оид ба сањми созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар рушду тањкими њокимияти судї дар мамлакат ва татбиќи Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2019-2021, ки дар радифи дигар масъалањо такмили Ќонуни конститут­сионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњу­рии Тољи­кистон»-ро низ пешбинї намудааст, ибрози андеша кард.

Њамчунин њангоми баромад ба њозирин оид ба наќши Суди консти­тут­сионї дар таъмини волоияти Конститутсияи Љумњурии Тољи­кис­тон, амали­созии принсипи таљ­зияи њокимият, њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, тањкими падида­њои демок­ратї, ањамияти иљрои ќарорњои маќо­моти назорати конститутсионї дар рушди конститут­сио­нализм ва татбиќи муќаррароти Конститутсияи кишвар маълумот пеш­нињод карда шуд.