Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бузургтарин рўйдоди сиёсию њуќуќї ва иљтимоию фарњангии таърихи навини халќи тољик мањсуб меёбад, ки он њамчун рамзи саодати миллат барои давлатсозиву давлатдории миллї, ташаккули љомеаи шањрвандї, таъмини амнияту оромии љомеа, суботи сиёсию иљтимоии кишвар ва тањкими худогоњиву худшиносии њар як фарди љомеа заминаи воќеї гузошт.
Истиќлолияти давлатї бо Эъломияи Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон аз 24 августи соли 1990 ва Изњороти Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон» алоќамандии ногусастанї дошта, ин ду санади таърихї ба истиќлолияти Љумњурии Тољикистон њусни сиёсї ва њуќуќї бахшида, барои рушд ва пешрафти тамоми соњањои њаёти сиёсию ичтимоии љомеаи Тољикистон фазои мусоиди бунёдкориву созандагиро фароњам оварданд.
Аз љумла дар Эъломия зикр гардидааст, ки Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон:
бо дарки амиќи масъулияти таърихї барои таќдири халќи Тољикистон ва давлати миллии он,
….ба хотири таъмини њаќќи зиндагии шоиста барои њар як инсон иродаи халќи Љумњурии Тољикистонро ифода намуда, истиќлолияти Љумњурии Тољикистонро бо тантана эълон мекунад ва изњор медорад, ки давлати демократии њуќуќбунёд барпо хоњад кард.
Дар Эъломияи мазкур бори аввал дар ќатори дигар масъалањои муњими давлату давлатдорї принсипи таљзияи њокимияти давлатї эълон гардид, ки тибќи банди 3-и ин санад: «Њокимияти давлатї дар Љумњурии Тољикистон тавассути маќомоти ќонунгузорї, иљроия ва судї ба амал бароварда мешавад».
Татбиќи назария ва амалияи таљзияи њокимияти давлатї, ки дар фаъолияти давлатдорї ва таърихи ташаккул ва рушди њокимияти давлатї мавќеи хосаро ишѓол менамояд, бе гузаронидани ислоњоти амиќи конститутсионї ва ќабули Конститутсия ѓайриимкон буд.
Њамин аст, ки 6 ноябри соли 1994 бори нахуст дар њаёти сиёсию иљтимоии халќи тољик тавассути раъйпурсии умумихалќї Конститутсияи давлати соњибистиќлоли Тољикистон ќабул гардид, ки он дар сањифаи таърихи халќи тољик бо хати заррин њамчун «Рўзи Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» сабт гардид.
Конститутсия аз ѓояи њокимияти халќ, ки моњияти соњибихтиёрии халќро дар бар мегирад, сарчашма гирифта, дар он асосњои давлати њуќуќбунёд, дунявї, иљтимої, ягона, кафолати њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, таљзияи њокимияти давлатї, фаъолияти озоди иќтисодї, гуногунандешии сиёсї, демократияи намояндагї бо истифода аз унсурњои демократияи бевосита њамчун арзишњои дар сатњи байналмилалї пазируфташуда, ки бунёди амалияи конститутсионии љањони имрўзаро ташкил менамоянд, мавриди танзим ќарор гирифтанд.
Дар Конститутсия эълон гардид, ки Тољикистон давлати демократию њуќуќбунёд ва иљтимої буда, он барои њар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароњам меорад. Њамчунин инсон, њуќуќ ва озодињои он арзиши олї эътироф гардида, њаёт, ќадр, номус ва дигар њуќуќњои фитрии ў дахлнопазир эълон карда шуданд.
Бо ќабули Конститутсия муносибатњои муњими давлатию љамъиятї танзими њуќуќии худро ёфта, барои тањия ва ќабули ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии давлати соњибихтиёр заминаи воќеї гузошта шуд.
Конститутсия ба давлат ва љомеаи Тољикистон имконият фароњам овард, ки дар муддати хеле кўтоњ ба комёбињои назаррас ноил гарданд. Халќи тољик бо такя ба мероси фарњангї ва маънавии миллат, ба кишваре табдил ёфт, ки дар он њуввияти миллї боло рафта, мардуми шарафманди он аз захираи маънавии хеш бањра гирифта, побарљо ва устувортар гардид.
Дар мамлакат институтњои демократї ба фаъолият шурўъ намуда, рушди бомароми соњањои иќтисодиву иљтимої ва маориф таъмин карда шуданд.
Бањри шаффофу самаранок ва дар фазои боздориву мувозинат иљро гардидани салоњияти маќомоти њокимияти давлатї бори нахуст дар Конститутсия ѓояи њокимиятдорї дар асоси таљзияи он ба њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї муќаррар гардид.
Дар баробари танзими њуќуќї, вазъ ва фаъолияти дигар маќомоти олии њокимияти давлатї, дар боби алоњида: -боби 8- Конститутсия мавќеъ ва моњияти њокимияти судї бо номи «Суд» мавриди танзим ќарор дода шуд.
Дар моддаи 84-и Конститутсия эълон гардид, ки «Њокимияти судї мустаќил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяњо амалї мегардад. Њокимияти судї њуќуќ, озодии инсону шањрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисањо, ќонунияту адолатро њифз менамояд».
Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, њамчунин дар пайдоиш ва ташаккули як ќатор падида ва нињодњои нави љомеаи демократї, аз ќабили таъсиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон - њамчун маќоми махсуси назорати конститутсионї шароити мусоиди ташкилию њуќуќї фароњам овард.
Дар моддаи 89-и боби зикрёфтаи Конститутсия моњият ва салоњияти Суди конститутсионї пешбинї гардид, ки тибќи он Суди конститутсионї аз 7 нафар: раис, муовини раис ва 5 судяи Суди конститутсионї иборат буда, яке аз судяњои он аз Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон мебошад.
Конститутсия вазъи њуќуќї ва сатњи баланди масъулияти судяи Суди конститутсиониро ба эътибор гирифта, якчанд талаботро нисбат ба шахсоне, ки ба ин мансаб интихоб мешаванд, пешбинї кард.Чунончи, номзаде, ки ба мансаби судяи Суди конститутсионї пешбарї мешавад, бояд тањсилоти олии њуќуќї дошта, синну солаш аз 30 кам ва аз 65 боло набошад ва беш аз 10 сол собиќаи кории касбї дошта бошад.
Конститутсия салоњияти Суди конститутсиониро аз њаллу фасл ва баррасии масъалањои зерин арзёбї кард:
1) муайян намудани мувофиќати ќонунњо, санадњои њуќуќии якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон, Маљлиси миллї, Маљлиси намояндагон, Президент, Њукумат, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї ва дигар маќомоти давлатию љамъиятї, ќарордодњои ба ќувваи ќонун надаромадаи Тољикистон ба Конститутсия;
2) њалли бањсњои байни маќомоти давлатї доир ба салоњияти онњо;
3) иљрои ваколатњои дигаре, ки Конститутсия ва ќонунњо муайян кардаанд.
Дар Конститутсия санадњои Суди конститутсионї ќатъї эълон карда шуданд, ки ин аз эътибори олии ин маќоми ваколатдор дар низоми њокимияти давлатї ва судї дарак медињад.
Чунин муќаррароти Конститутсия таќозо менамояд, ки санадњои меъёрии њуќуќии ќабулкардаи маќомоти ќонунгузор, иљроия, судї, дигар маќомоти давлатї ва љамъиятї ба Конститутсия мутобиќ бошанд.
Њамин тариќ, таърихи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо таърихи навини давлатдории халќи тољик алоќаи ногусастанї дошта, таъсиси он аз истиќлолияти давлатї ва ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ибтидо мегирад.
Лозим ба ёдоварист, ки падидаи назорати конститутсионї дар Љумњурии Тољикистон соли 1990 бо таъсис гаштани Кумитаи назорати конститутсионии Љумњурии Тољикистон рўи кор омад, ки таъсиси он аз талаботи љомеа ва давлат ба мављудияти чунин падида ва нињод дар низоми маќомоти њокимияти давлатї шањодат медод. Кумитаи мазкур назорат, риоя ва татбиќи меъёрњои Сарќонунро амалї менамуд ва баъдан дар таъсиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон наќши муњим бозид.
Барои оѓоз бахшидан ба фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 15 майи соли 1995 № 238 «Дар бораи фаъолияти ташкилии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» ва ќабули Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз 3 ноябри соли 1995 № 84 «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» њусни оѓоз бахшида, барои фаъолияти минбаъдаи он шароити зарурї фароњам оварданд.
Баъдан, як ќатор санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, аз ќабили: ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 26 майи соли 1997 № 234 «Дар бораи тасдиќ намудани тасвир ва намунаи либоси махсус ва муќаррар намудани намунаи нишони сарисинагї барои судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз 6 августи соли 2001 № 30 «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон» ва Низомномаи тартиби додани дараљањои тахассусї ба судяњои судњои Љумњурии Тољикистон, ки бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 15 октябри соли 2008 № 551 тасдиќ шудааст, ќабул гардиданд, ки дар ташкили фаъолияти Суди конститутсионї ва таъминоти иљтимоию маишии судяњои он муњим арзёбї мегарданд.
Дар ин замина, бо ќарорњои Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 7 апрели соли 1995 бори нахуст Шарипов Х.Њ. - Раис ва Алиев З.М.- муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон интихоб гардиданд. Минбаъд бо ќарорњои Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 4 ноябри соли 1995 ва аз 3 феврали соли 1996 Назаров М.Н., Абдуллоев А.А., Сафарова Н.Д., Муќбилшоев Б.М. ва Эмомов Н.Ю. судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон интихоб гардиданд.
Дар солњои минбаъда як ќатор њуќуќшиносони шинохтаи мамлакат Абдуллоев Ф.А. (1996-2000), Солењов М.С. (2000-2003), Ализода З. (2003-2006), Хољаев И. (2006-2009) вазифаи Раиси Суди конститутсионї, Мустафоќулов Ш.М. (2000-2005), Фатњиллоев С. (2005-2006) ва Назаров М.Н. (2006-2012) вазифаи муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро ба уњда доштанд.
Аз 17 майи соли 2015 К.Каримзода ба вазифаи муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон интихоб гардид.
Абдуллоев Ф.А. солњои тўлонї намояндагии Љумњурии Тољикистонро дар Суди иќтисодии Иттињоди Давлатњои Мустаќил (ИДМ) ба уњда дошта, Зариф Ализода дар вазифаи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон адои вазифа дорад.
Бояд зикр намуд, ки дар давоми фаъолияти Суди конститутсионї чандин нафар судяњо, ба монанди: Хољаев И.Њ. (2006-2009), Мустафоќулов Ш.М. (2000-2005), Эмомов Н.Э. (1996-2001), Сафарова Н.Д. (1995-2000), Смеянова Л.А. (2000-2003), Комилова Х.Р. (2003-2007), Муќбилшоев Б.М. (1995-2009) ва Абдуллоев А.А. (1996-2003, 2005-2015) аз вазифа боифтихор ба истеъфо баромаданд.
Айни њол Шарипов Х.Њ., Солењов М.С., Сменянова Л.А., Фатњиллоев С. ва Назаров М.Н. дар ќайди њаёт нестанд.
Аксари судяњои дар истеъфодабуда аъзои Шўрои илмї-машваратї дар назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон буда, таљрибаи кории онњо барои таъмини волоияти Конститутсия ва ќонунияти конститутсионї дар фаъолияти амалии Суди конститутсионї васеъ истифода бурда мешавад.
Аз 18 майи соли 2009 инљониб вазифаи Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро Њуќуќшиноси шоистаи Љумњурии Тољикистон, академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор Мањмудзода М. А. ба уњда дорад.
Бо дарназардошти моддаи 89-и Конститутсия, дар моддаи 1 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» моњияти ин маќоми њокимияти давлатї ва судї инъикоси худро ёфтаст, ки тибќи он:
«Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон маќоми мустаќили њокимияти судї оид ба назорати конститутсионї буда, бо маќсади таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон таъсис дода шудааст».
Чунин муќаррарот аз талаботи моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон сарчашма мегирад, ки тибќи он «Конститутсияи Љумњурии Тољикистон эътибори олии њуќуќї дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал менамоянд, ќонунњо ва дигар санадњои њуќуќие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори њуќуќї надоранд».
Њифзи Конститутсия, таъмини волоияти он дар ќаламрави давлат, инчунин њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд таќозо намуданд, ки дар Љумњурии Тољикистон маќоми махсуси босалоњият, мустаќил ва беѓарази назорати конститутсионї таъсис дода шуда, вазифаи муњим ва муќаддас ба уњдааш вогузор карда шавад.
Дар баробари ин, дар Конститутсия муњимтарин масъалањои сиёсию иќтисодї, иљтимоию фарњангии љомеа, њуќуќ, озодї ва вазифањои асосии инсон ва шањрванд, тартиби таъсис ва салоњияти маќомоти олии давлатї, сохтори маъмурї-њудудии давлат, салоњияти маќомоти марказї ва мањаллии њокимияти давлатї муайян карда шуданд. Бо ин хусусияти худ Конститутсия дорои эътибори олии њуќуќї буда, ќонуну дигар санадњои меъёрии њуќуќї бояд дар асоси меъёрњои он ва бањри амалишавии онњо ќабул карда шаванд.
Принсипи мазкур имкон медињад, ки дар љомеа фазои ягонаи ба њам алоќаманд ва ихтилофнопазири њуќуќї арзи вуљуд дошта бошад, ки он дар навбати худ барои пешрафти босуръати њаёти сиёсию иќтисодї, иљтимоию фарњангии мамлакат ва таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд шароити заруриро муњайё месозад.
Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамчун падидаи муњими давлати њуќуќбунёду демократї ва маќоми махсуси назорати конститутсионї дар давраи фаъолияти начандон тўлониаш зарурат ва ањамияти худро собит намуда, дар њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд наќши намоёни худро гузошт.
Чунончи, Суди конститутсионї ба навтаъсис будани худ нигоњ накарда, бо нахустин ќарори худ аз 26 марти соли 1996 Фармони Раёсати Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон аз 15 ноябри соли 1993 раќами 134 «Дар бораи боздоштани амали моддањои 6, 28, 48, 49, 53, 531, 85, 90, 92, 97, 2211 ва 2212 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон»-ро, ки онњо шикоят карданро аз болои асоснокии њабс ё дароз намудани муњлати нигањдорї дар њабс ба суд манъ мекарданд, ѓайриконститутсионї дониста, онро беэътибор эътироф намуд.
Ин ќарори Суди конститутсионї ба шањрвандон имконият фароњам овард, ки њуќуќњои конститутсионии худро оид ба њифзи судї амалї намуда, аз рўи масъалањои номбурда ба суд бемамониат мурољиат намоянд.
Њамчунин, бо ќарори Суди конститутсионї аз 16-уми октябри соли 2001 «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 1 моддаи 303 ва ќисми 1 моддаи 337 Кодекси мурофиавї-граждании Љумњурии Тољикистон ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» моддањои зикршудаи Кодекс, ки ба тарафњо ва дигар иштирокчиёни парванда њуќуќи овардани шикояту эътирозро нисбати таъиноту њалномањои зинаи аввали Суди Олии Љумњурии Тољикистон мањдуд карда буданд, ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мухолиф дониста шуда, беэътибор гардиданд.
Ќарори номбурда ба тарафњо ва дигар иштирокчиёни парванда њуќуќ дод, ки онњо аз болои таъиноту њалномањои зинаи аввали Суди Олии Љумњурии Тољикистон ба тариќи кассатсионї шикояту эътироз пешнињод намоянд.
Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон њанўз 31 майи соли 2002 ба масъалањои вобаста ба рушд ва тањкими њокимияти судї дахл карда, дар машварат бо кормандони њифзи њуќуќ, сохторњои низомї ва судњо иброз доштанд, ки: «Имрўз барои љамъият њимояи судии пурќувват ва беэътимод беш аз пеш зарур мебошад ва онро суде таъмин карда метавонад, ки воќеан нерўманд ва дахлнопазир бошад».
Рафти минбаъдаи њаёти сиёсию иљтимоии Тољикистон дурустии андешањои роњбари давлатро собит намуданд.
Фаъолияти 20 солаи Суди конститутсионї оид ба таъмини волоияти Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд шањодати онанд, ки ташаккули институти назорати конститутсионї ба инкишофи давлатдории миллии Тољикистони соњибистиќлол иртиботи ногусастанї дошта, фаъолияташ ба маќсаду вазифањои афзалиятноки љомеа тавъам мебошад.
Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар суханрониаш ба муносибати 15-умин солгарди ќабули Конститутсия, ба маќоми Суди конститутсионї дахл карда, иброз доштанд, ки «Дар низоми судии кишвар Суди конститутсионї маќоми махсус дорад ва яке аз вазифањои аввалиндараљаи он таъмини волоияти Конститутсия дар низоми санадњои меъёрии њуќуќї мебошад».
Масъалањои вобаста ба рушди њокимияти судї дар Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон аз 20 апрели соли 2006 ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бори дигар таќвияти худро ёфтанд.
Аз љумла роњбари давлат ќайд намуданд, ки «… бо маќсади такмили минбаъдаи фаъолияти маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои низомї иљрои корњои зеринро зарур мешуморам:
Якум. Барои боз њам пурра ва самаранок истифода бурдани имконияти назорати конститутсионї салоњият ва ваколатњои Суди конститутсионї такмил дода шавад.
Дуюм. Ба хотири рушду такомули минбаъдаи њокимияти судии мамлакат Суди конститутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї ва Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон якљо бо маќомоти дахлдори давлатї барномаи ислоњоти судиву њуќуќии Љумњурии Тољикистонро бо дарназардошти шароити имрўзаи кишвар тањия ва пешнињод намоянд…».
Дар заминаи Паёми мазкури роњбари давлат, Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон тањия ва бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 23 июни соли 2007 № 271 мавриди тасдиќ ќарор дода шуд.
Аз љумла дар Барнома омадааст, ки «яке аз арзиши муњими Конститутсияи Тољикистони соњибистиќлол волоият ва амали мустаќими меъёрњои он мебошад. Бо маќсади таъмини арзишњо ва њифзи Конститутсия Суди конститутсионї таъсис ёфт ва фаъолияти беш аз 10 солаи ин маќом зарурат ва ањамияти онро дар давлатдории навини Тољикистон собит сохта, инчунин нишон дод, ки вобаста ба инкишофу пешрафти љомеа наќш ва маќоми Суди конститутсионї бояд тањким ёбад.
Бо дарназардошти таљриба ва амалияи фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва таѓйироти сифатан куллие, ки тайи солњои охир дар њаёти сиёсї ва иљтимоии кишвар рух доданд, зарур аст, ки салоњияти Суди конститутсионї бо додани хулоса оид ба лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин лоињаи ќонунњо ва дигар масъалањое, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешнињод карда мешаванд, мукаммал карда шавад.
Зарурати додани хулосаи Суди конститутсионї оид ба лоињаи таѓйиру иловањое, ки ба Конститутсия ворид мегарданд ва масъалањое, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешнињод мешаванд ба он вобаста аст, ки ин пешнињодњо ба принсипњо ва арзишњои асосии Конститутсия мувофиќ бошанд»
Дар асоси Барномаи мазкур, бобати амалї намудани ислоњоти судї – њуќуќї як ќатор чорабинињо амалї карда шуданд, ки онњо дар рушду тањкими њокимияти судї наќши арзанда гузоштанд.
Чунончи, барои ноил шудан ба њадафњои зикршуда, пурра ва самаранок ба амал баровардани назорати конститутсионї дар мамлакат, 20 марти соли 2008 ба Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» таѓйиру иловањои дахлдор ворид карда шуданд.
Тибќи таѓйиру иловањои зикршуда салоњияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон такмил ва доираи субъектони мурољиат ба Суди конститутсионї васеъ гардид. Аз љумла, ба доираи салоњияти Суди конститутсионї масъалаи ба Конститутсия мутобиќ будани лоињаи таѓйиру иловањои ба он воридшаванда, лоињаи ќонунњо ва дигар масъалањое, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешнињод карда мешаванд, вогузор карда шуд.
Шањрвандон њуќуќ пайдо намуданд, ки оид ба вайронкунии њуќуќу озодињои конститутсиониашон вобаста ба ќонун ва дигар санади њуќуќии нисбаташон татбиќшуда ё татбиќшаванда, инчунин бобати муайян намудани мувофиќати ќонун, дигар санади њуќуќї ва тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодї ба Конститутсия, ки аз тарафи судњо ва дигар маќомот нисбаташон татбиќ шудааст, ба Суди конститутсионї мурољиат намоянд.
Ба судњо ва судяњои Љумњурии Тољикистон низ њуќуќ дода шуд, ки дар хусуси ба Конститутсия мувофиќ будани ќонун, дигар санади њуќуќї ва тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодї, ки онњо дар парвандаи мушаххас татбиќ намудаанд, ба Суди конститутсионї мурољиат кунанд.
Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон ба сифати субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї пазируфта шуд.
Таѓйиру иловањои ба Ќонуни конститутсионї воридкардашуда, аз мавќеи намоёни Суди конститутсионї дар низоми њокимияти давлатї ва судї, садоќати давлати Тољикистон ба арзишњои эътирофшудаи умумибашарї, инчунин рушду нумўи институтњои демократї дар Љумњурии Тољикистон шањодат медињанд.
Бо даровардани таѓйиру иловањо ба Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», шумораи арзу шикоят ва пешнињоду дархостњои маќомот ва шањрвандон ба Суди конститутсионї рў ба афзоиш нињод. Дар давоми 7 сол (2008- се моњи аввали соли 2015) теъдоди ќарорњо 21 адад ва таъинотњо 53 ададро ташкил медињанд, ки ин омор дар 11 соли пеш (1996-2007) 14 ќарор ва 22 таъинотро ташкил медињад.
Санадњои Суди конститутсионї дар таъмини волоияти Конститутсия, тањкими ќонунияти конститутсионї ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд наќши муњим бозиданд.
Чунончи, бо ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз 20 январи соли 2005 «Дар бораи муайян кардани мувофиќати моддаи 181 Кодекси мурофиавии хољагии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 17, 19 ва ќисми 2 моддаи 88 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» моддаи 181 Кодекси мазкур, ки њуќуќи тарафњо ва дигар иштирокчиёни мурофиаро оид ба овардани шикоят нисбати халнома ва ќарорњои эътибори ќонунї пайдокардаи судњои иќтисодї мањдуд мекард, ба Конститутсия номувофиќ дониста шуд.
Минбаъд тарафњо ва дигар иштирокчиёни мурофиа њуќуќ пайдо намуданд, ки аз болои њалномаю ќарорњои эътибори ќонунї пайдокардаи судњои иќтисодї шикоят намуда, њуќуќњои конститутсионии худро њифз намоянд.
Суди конститутсионї дархости шањрванд Бобоев Љ.-ро дар бораи муайян намудани мутобиќати сархати њаштуми ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дида баромада, дар ќарори худ аз 15 майи соли 2012 диќќати Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон ва Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистонро ба риояи бечунучарои талаботи моддаи 18 Конститутсия, ки тибќи он «Ба њељ кас шиканља, љазо ва муносибати ѓайриинсонї раво дида намешавад» љалб намуд.
Њамчунин маќомоти зикршуда вазифадор карда шуд, ки љинояти содиршудаи шиканљаро ошкор карда, нисбати шахсони онро содирнамуда чорањои дахлдор, то ба дараљаи ба љавобгарии љиноятї кашидан, андешида шавад.
Бояд тазаккур дод, ки гузоришгари махсуси СММ оид ба шиканља, љазо ва навъњои дигари рафтори берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунанда љаноби Хуан Е. Мендез зимни сафари кории худ ба Љумњурии Тољикистон ва вохўрї бо роњбарияти Суди конститутсионї, ки 11 майи соли 2012 доир гардид, ба шиканља, љазо ва навъњои дигари рафтори берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунанда дахл карда, ба сањми Суди конститутсионї ва ќарори зикршудаи он дар пешгирї ва бартараф намудани њолатњои зикршуда бањои баланд дод.
Њамчунин дигар санадњои судї ќабул карда шуданд, ки онњо дар ќабули ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии мувофиќ ба меъёрњои Ќонуни асоcии кишвар ва ба ин васила таъмини кафолати њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд наќши муњим бозиданд.
Чунонки, Суди конститутсионї парвандаро аз рўи дархости шањрванд Тураев М.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон аз 9 июни соли 2009, № 25 ба ќисми дуюми моддаи 12, ќисмњои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, бо ќарори худ аз 28 марти соли 2013 банди 4 Ќоидањоро њамчун омили мањдудкунандаи њуќуќи конститутсионии шахс ба фаъолияти озоди соњибкорї, мењнат ва интихоби касбу кор ба моддањои зикршудаи Конститутсия номутобиќ њисоб намуд.
Суди конститутсионї, инчунин парвандаро аз рўи дархости шањрванд Саидова Н.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (ќароре), ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї ќабул шудааст, ба моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, ќайд кард, ки њама гуна тартибе, ки њуќуќњои иштирокчиёни мурофиаи љиноятиро оид ба њифзи њуќуќњои мурофиавии онњо мањдуд карда, монеаи ба амал баровардани онњо, аз љумла њуќуќи шикоят намудани санадњои судї мегардад, он њамчун мањдуд кардани кафолати њифзи судї ва њуќуќи мурољиат ба маќомоти давлатї муќаррарнамудаи Конститутсия, ќонунњо ва ќонунгузории мурофиавии Љумњурии Тољиикистон ба њисоб меравад.
Бо ин назардошт, Суди конститутсионї бо ќарори худ аз 27 сентябри соли 2013 ќисми 2 моддаи 363 Кодексро ба моддањои зикршудаи Конститутсия номутобиќ њисоб намуд.
Бояд зикр кард, ки таъиноти Суди конститутсионї низ дар тањкими ќонунияти конститутсионї муњим арзёбї мегарданд. Таъиноти судњои конститутсионї оид ба рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї аз зумраи зиёдтарин ва фаъолтарин санадњои судии маќомоти назорати конститутсионии мамлакатњои гуногун, аз љумла Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба шумор мераванд. Онњо дар баробари рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї, яъне ифода намудани мавќеи њуќуќии судњо, инчунин аз дастуру супоришњои мушаххаси судњои конститутсионї иборат мебошанд, ки иљрои ин дастуру супоришњо низ барои тамоми маќомоти дахлдор њатмї мебошад. Њамчунин онњо муњимтарин василаи ба мурољиаткунандагон нишон додани роњи њалли бањсњо ва мусоидат дар њалли онњо ба шумор мераванд.
Масалан, Суди конститутсионї дар таъинот аз 7 январи соли 2013 дар хусуси рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Љураев Н.Њ. ва намояндаи ваколатдори ў-адвокат Воњидова Ф.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 47 ва ќисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 14 ва 20 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» ба дархостдињанда тартиби бартараф намудани мухолифати байни санадњои њуќуќиро фањмонида, ќайд кард, ки ягон моддаи КМЉ Љумњурии Тољикистон, аз љумла ќисми 1 моддаи 89 Кодекси мазкур набояд бар зарари принсипи тафтиши њамаљониба, пурра ва холисонаи кор пешбининамудаи моддаи 21 КМЉ Љумњурии Тољикистон маънидод карда шавад. Дар акси њол, иштирокчиёни мурофиаи љиноятї њуќуќ доранд, ки чунин амалњои маќомоти ваколатдорро тибќи тартиби муќарраркардашуда мавриди бањс ќарор дињанд.
Дар таъинот аз 4 марти соли 2013 дар хусуси рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости раиси Раёсати ЉСК «Соњибкорбонк» «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 332 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ба моддањои 19 ва 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» ба мурољиаткунанда тартиби тафсири расмии ќонунњо фањмонида шуда, роњњои њаллу фасли бањси ў нишон дода шудааст.
Њамин тариќ, Суди конститутсионї дар инкишоф ва такмили низоми њуќуќии мамлакат бевосита иштирок намуда, дар ќарору таъиноти худ меъёрњои њуќуќи моддиро бањо дода, ба тањкими меъёрњои мурофиавї низ ањамияти љиддї медињад ва ќайд менамояд, ки набудани тартиби татбиќи меъёрњои њуќуќи моддї барои иљро накардани муќаррароти Конститутсия, ки меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд, асос ва сабаб шуда наметавонад. Бо ин роњ принсипњои умумї ва соњавии њуќуќ, волоияти Конститутсия ва амали бевоситаи меъёрњои он, ки ба њифзи њуќуќи инсон ва шањрванд, аз љумла њуќуќи шахс ба њифзи судї равона карда шудаанд, татбиќи воќеї ва таъиноти аслии худро меёбанд.
Зеро дар Тољикистон танњо суд њуќуќи баррасии парвандањо ва њаллу фасли бањсњои гуногунро дошта, аз номи давлат њукм, њалнома ва ќарор мебарорад. Дар доираи адлу инсоф њаќро ба њаќдор мерасонад, кафолати њифзи судї доштани њар як шахс, адолату баробариро беѓаразона таъмин месозад, њуќуќу озодињои инсону шањрвандро самаранок њифз менамояд. Мувофиќати ќонунњо ва дигар санадњои њуќуќиро ба Конститутсия муайян карда, ба ин васила волоияти Конститутсия ва ќонунњоро таъмин месозад ва ба рушди босубот ва бонизоми љомеа мусоидат менамояд.
Бо маќсади идома бахшидан ба ислоњоти судї – њуќуќї дар кишвар, дар заминаи паёмњои Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олї аз 15 апрели соли 2009 ва 24 апрели соли 2010 Барномаи нави ислоњоти судї – њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2013 тањия гардида, бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 3 январи соли 2011, № 976 тасдиќ карда шуд.
Дар Барнома ќайд гардид, ки «маќсад аз тањияи Барномаи мазкур тањкими минбаъдаи њокимияити судї, баланд бардоштани наќши суд дар њифзи њамаљонибаи њуќуќу озодињои инсон, њимояи манфиатњои ќонунии давлат, корхонањо, муассисањо ва дигар ташкилотњо, такмили сохторњои судї ва таќвияти фаъолияти онњо, бењдошти вазъи моддию њуќуќии маќомоти судї ва судяњо, инчунин мукаммал намудани ќонунњо мебошад»
Вазифањои асосии ислоњоти судї-њуќуќї вобаста аз маќсадњои он аз такмилу тавсеаи сохтори маќомоти судї ва салоњияти онњо, мушаххас ва шаффоф гардонидани вазифањои онњо, баланд бардоштани талаботи тахассусї њангоми таъин ва интихоби судяњо, маърифати њуќуќии онњо, поквиљдонї, њисси эњтиром ба халќу ватан, инчунин баланд бардоштани вазъи иљтимоии судяњо ва кормандони дастгоњи онњо арзёбї гардид.
Суди конститутсионии Љумњуриии Тољикистон низ ќисми људонашавандаи њокимияти давлатї ва судї мањсуб меёбад ва табиист, ки фаъолияти он вобаста ба пешрафти давлат ва љомеа, тањким ёфтани асосњои демократии сохтори конститутсионї, боло рафтани ањамияти њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ва дастрасии шањрвандон ба суд бењбудї ва тањким бахшиданро таќозо менамояд.
Аввалин Ќонуни конститутсионии Љумурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон с.1995, № 21, м.223) ќабул гардид, ки он ба сатњи донишњои назариявї, консептуалї ва амалию њуќуќии замони ќабулаш пурра мувофиќат дошт.
Баъд аз ќабули Ќонуни мазкур, бо ќонунњои конститутсионї ба он 12 маротиба 132 таѓйироту иловањо ворид карда шуданд, ки онњо инъикоси демократикунонии минбаъдаи њаёти љомеаи Тољикистон, раванди ислоњоти конститутсионї дар мамлакат, рушду тањкими институтњои демократї ва њокимияти давлатї, танзими фаъолияти мурофиавии Суди конститутсионї, вазъи иљтимоии судяњо, тањкими салоњияти Суди конститутсионї, инчунин боло рафтани сатњи донишњои назариявї, консептуалї ва амалии мутахассисони соњаи њуќуќи конститутсионии мамлакат ва судяњои Суди конститутсионї ба шумор мераванд.
Бинобар ин, дар Барнома тањияи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар тањрири нав пешбинї гардид.
Суди конститутсионї дар баробари ба амал баровардани салоњияти конститутсионии худ тавассути мурофиаи судии конститутсионї, инчунин дар боло рафтани фарњанги конститутсионї ва маърифати њуќуќии љомеаи Тољикистон, тањкими ќонунияти конститутсоинї ва тартиботи њуќуќї сањми намоёнии худро мегузорад.
Суди конститутсионї соли 2009-ро њамчун соли бузургдошти фарзанди барўманди миллати тољик ва олами ислом ва фаќењи бузург Абўњанифа-Имоми Аъзам ботантана истиќбол намуд. Олимони Суди конститутсионї оид ба наќши Имоми Аъзам њамчун асосгузору мураттиби илми фиќњ, аввалин мутакаллим, татбиќкунандаи усули фиќњи исломї дар асоси Ќуръон, суннати набавї ва иљмову ќиёс бо маќолаву маърўзањо баромад намуда, одобу рафтори њамидаи инсонии ўро ќобили дастгириву пайравї эътироф намуданд.
Суди конститутсионї љашнворањои вобаста ба солњои ќабули Конститутсияи мамлакатро њамчун љашнвораи касбии худ эњсос намуда, љињати тарѓибу ташвиќи нуќтањои асосии ин санади муњими сиёсию њуќуќї ва иљтимої зањмати худро дареѓ намедорад.
Чунончи, Суди конститутсионї љињати иљрои Наќшаи чорабинињои љумњуриявї бахшида ба љашни 15-солагии ќабули Конститутсия чорабинињои зиёди наќшавї тарњрезї ва ба амал баровард.
20 октябри соли 2009 дар мавзўи «Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва наќши он дар эъмори давлати соњибистиќлоли Тољикистон» дар Суди конститутсионї мизи мудаввар доир гардид, ки дар рафти он маърўзањо шунида ва мавриди муњокима ќарор дода шуданд. Маводи конференсия иборат аз суханронию маќолањои илмии иштирокчиёни он дар шакли китоби алоњида дастраси алоќамандони илмњои њуќуќшиносї гардонда шуд.
Рўзи 26 октябри соли 2009 дар Суди конститутсионї бо иштироки судяњо ва кормандони Дастгоњи он, судяњои суди маъмурї ва молиявии Љумњурии Федералии Олмон Р. Кристиан, В. Франсеска ва Роњбари Барномаи Љамъияти Олмон оид ба њамкорињои техникї Й. Пуделька дар мавзўи «Масъалањои мубрами њуќуќи конститутсионї ва мурофиаи судии конститутсионї» семинари байналмилалї баргузор гашт, ки аз тарафи иштирокчиёни он муфид арзёбї шуд.
Судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди конститутсионї дар конфронсу семинар, мизњои мудаввари бахшида ба 15-солагии ќабули Конститутсия гузаронидаи маќомоти давлатї, муассисањои илмї ва илмї-таълимї фаъолона иштирок ва маърўзањо намуда, ба пањлўњои гуногуни волоияти Конститутсия ва таъмини меъёрњои он равшанї андохтанд.
Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар шакли китоби алоњида дар зери тањрири Раиси Суди конститутсионї академик М.Мањмудзода рўи кор омад, ки он аз љониби алоќамандони њуќуќ ва ќонунгузорї амали сариваќтї ва муфид арзёбї гардид.
Дар њамин сол, вобаста ба љашнгири 15-солагии Конститутсияи кишвар, бори аввал Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр гардид, ки мундариљаи он аз суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон ба муносибати Рўзи истиќлолияти давлатї, маќолањои судяњои Суди конститутсионї ва дигар маќомоти судї, њифзи њуќуќ, олимону мутахассисон ва њуќуќшиносони мамлакат, инчунин аз санадњои Суди конститутсионї ва инъикоси фаъолияти касбии он иборат аст.
Маљаллаи мазкур дар тањкими фарњанги њуќуќии љомеаи Тољикистон ва њокимияти судї наќши муњим мебозад.
Њамчунин 4-уми ноябри 2009 муаррифии Сомонаи интернетии Суди конститутсионї баргузор гардид, ки аввалин сомона дар низоми маќомоти њокимияти судии мамлакат ба њисоб меравад. Сомонаи мазкур бо забонњои тољикї, русї ва англисї тањия ва пеш бурда шуда, он ба хотири дастрас намудани санадњои Суди конститутсионї ва фаъолияти он ба љомеаи Тољикистон ва дигар алоќамандони њуќуќ ва ќонунгузорї, инчунин бањри таъмини шаффофияти фаъолияти Суди конститутсионї равона карда шудааст.
То ба санаи 1 марти соли 2015 зиёда аз 130000 нафар шањрвандон бо сомонаи Суди конститутсионї шиносої пайдо намуда, аз маълумоти дар он гирдовардашуда истифода бурдаанд, ки ин барои муаррифии Суди конститутсионї дар дохил ва хориљи кишвар нишондињандаи хуб ба шумор меравад.
Ба маќсади тањия ва омода намудани тавсияњои илман асосноки масъалањои њуќуќї 2 июли соли 2009 дар назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз њисоби судяњои дар истеъфобудаи Суди конститутсионї, факултаи њуќуќи Донишгоњи миллии Тољикистон, факултаи њуќуќи Донишгоњи славянии Тољикистону Россия ва Академияи Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон Шўрои илмї-машваратї таъсис дода шуд.
Аз 14-24 ноябри соли 2009 судяњои Суди конститутсионї дар асоси Созишнома миёни Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Федеролии Олмон оид ба њамкорињои техникї аз 27 марти соли 2003, дар доираи Лоињаи «Дастгирии ислоњоти њуќуќї ва судї дар мамлакатњои Осиёи Марказї», њамчунин тибќи дастури Президенти Љумњурии Тољикистон дар хусуси ба роњ мондани такмили ихтисоси судяњои судњои Љумњурии Тољикистон дар дохил ва хориљи кишвар, ки рўзи 13-сентябри соли 2009 зимни ба вазифањои судягї таъин намудани шањрвандони љумњурї таъкид ёфта буд, аз Љумњурии Федеролии Олмон сафари хизматї анљом доданд.
Зимни сафар бо фаъолияти Суди Аврупо оид ба њуќуќи инсон, Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути њуќуќ, Идораи марказии Маркази техникии Олмон, Суди федералии конститутсионї, Суди федералии маъмурї ва Суди конститутсионии замини шањри Берлин шиносої пайдо намуданд.
Дар мизњои мудавваре, ки дар судњои зикршуда бо иштироки судяњои Суди Аврупо, коршиносони Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, судяњои Олмон ва судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Ќирѓизистон баргузор гардиданд, аз љониби судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон асосњои сохтори конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамчун давлати демократию њуќуќбунёд, самтњои афзалиятноки сиёсати дохилию хориљї ва дигар сохторњои муњими давлатдорї, аз ќабили Суди конститутсионии дорои салоњияти муосир мавриди муаррифї ќарор гирифтанд.
Судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, њамчунин бо Котиби генералии Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути њуќуќ (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо) љаноби Джиани Букикио вохўрї анљом доданд.
Дар соли 2010 ва баъдан соли 2012 китоби «Маљмўаи ќарорњои Суди конститутсионї» бо забонњои тољикї ва русї тањия ва нашр гардид. Ин маљмўа барои доираи васеи хонандагон - олимон, аспирантњо, донишљўёни мактабњои олї, кормандони маќомоти давлатї ва дигарон аз ањамият холї нест.
Дар фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Конференсияи илмї-амалии байналмилалї дар мавзўи «Маќомоти назорати конститутсионї дар шароити њамгироии низомњои њуќуќї: таљрибаи байналмилалї ва амалияи Тољикистон», ки 4-5-уми ноябри соли 2010 дар пойтахти Љумњурии Тољикистон шањри Душанбе бахшида ба 15-солагии таъсисёбии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон баргузор гардид, наќши калидї бозид.
Иштирокчиёни Конференсияро Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон табрику тањният гуфта, дар мавзўи «Конститутсия давлати навини тољиконро ба ањли љањон муаррифї намуд» суханронї намуд.
Зимни суханронии худ Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ќайд намуданд, ки: «Конститутсияи Тољикистон њамчун њуљљати сарнавиштсози мардуми куњанбунёду соњибтамаддуни мо оини давлату давлатдории тољиконро, ки дар тўли таърихи чандинњазорсолаи халќамон идома ва сайќал ёфтааст, њамчунин кўшишу талошњои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халќро дар роњи расидан ба соњибистиќлолї ва давлатдории миллї љомаи амал пўшонид.
Ѓояњои башардўстонаи он инъикоскунандаи суннатњои пурѓановати халќи тољик буда, аз барљастатарин намунањои фарњангии ниёгони ориёии мо, анъанањои давлатдории Сосониёну Сомониён ва мероси бузургони таъриху адабиёти аз љониби умум эътирофгардидаи мо сарчашма мегиранд».
Бо сухани табрикї, инчунин Президенти Комиссияи Венетсианї Джианни Букикио, Раиси Конфронси маќомоти назорати конститутсионии мамлакатњои демократияи нав - Раиси Суди конститутсионии Арманистон Г. Г. Арутюнян баромад намуда, њайати Суди конститутсионї ва дигар иштирокчиёни он, инчунин тамоми мардуми Тољикистонро ба љашни Рўзи Конститутсия ва 15 солагии Суди конститутсионї табрик намуданд.
Дар кори Конфронс раисони Судњои конститутсионии Латвия, Литва, Молдова, Муѓулистон, Раиси Шўрои конститутсионии Ќазоќистон, Раиси Суди иќтисодии Итттињоди Давлатњои Мустаќил, њайати судяњо аз Олмон, Федератсияи Россия, Эстония, Туркия, Украина, Озарбойљон, коршиносони Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, инчунин аъзои Њукумати Љумњурии Тољикистон, мушовирони давлатї ва дигар кормандони масъули Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, вакилони парлумони мамлакат, роњбарон ва судяњои Суди конститутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Прокуратураи генералї, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон, роњбарони маќомоти адлия, Маркази миллии ќонунгузорї, мактабњои олї, олимони варзидаи илми њуќуќ, роњбарон ва намояндагони созмонњои байналмилалии муќими Љумњурии Тољикистон ва воситањои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар рафти Конференсия фаъолияти маќомоти назорати конститутсионї дар шароити љањонишавї ва њамгироии системањои њуќуќи муосир, наздикшавии ќонунгузории миллии давлатњо ва ташаккули фазои ягонаи њуќуќии байналмилалию минтаќавї, наќши ин раванд дар таъмини волоияти Конститутсия, њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, инчунин дигар масъалањои марбут ба мурофиаи судии конститутсионї мавриди баррасї ва муњокимаи мутахассисону олимони ватанию хориљии соњаи њуќуќи конститутсионї ва дигар соњањои њуќуќ ќарор дода шуд.
Аз натиљаи Конференсияи мазкур нашрияи махсуси Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон (2010 № 4) рўи чоп омад, ки дар он тамоми маърўзаву баромадњои иштирокчиён гирд оварда шуд. Њамчунин соли 2011 як нашри Ахбори Конфронси маќомоти назорати конститутсионии мамлакатњои демократияи нав пурра ба Конфронси илмию амалии байналмилалї дар ш.Душанбе бахшида шуд. Ахбори мазкур бо ду забон, русї ва англисї нашр гардида, он ба давлатњои аъзои Конфронси маќомоти назорати конститутсионии мамлакатњои демократияи нав фиристода мешавад.
Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон муносибатњои мутаќобилаи худро бо Маљлиси миллї, Маљлиси намояндагон, Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Прокуратураи генералї, Шўрои адлия, Вазорати адлия ва дигар маќомоти давлатии Љумњурии Тољикистон таќвият дода, бо маќсади њифз ва таъмини волоияти Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва мустањкам намудани ќонунияти конститутсионї дар мамлакат њамкорињои судмандро роњандозї менамояд.
Намояндагони ваколатдори Маљлиси миллї, Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва Президенти Љумњурии Тољикистон дар маљлисњои Суди конститутсионї вобаста ба масъалањои гуногуни њуќуќї иштирок мекунанд. Барои иштирок дар маљлисњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, инчунин намояндагони Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон ва дигар вазорату идорањои давлатї даъват карда мешаванд.
Маљлисњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон тавассути шабакањои телевизиони давлатї намоиш дода шуда, ќарорњо ва дигар санадњои ќабулнамудаи он дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, рўзномањои расмии давлатии «Љумњурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» нашр гардида, дастраси омма гардонида мешаванд.
Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамасола ба Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон оид ба вазъи ќонунияти конститутсионї дар Љумњурии Тољикистон нома ирсол менамояд.
Дар нома аз тањлили фаъолияти солонаи Суди конститутсионї ва натиљаи омўзиши асноди њуќуќии ќабулнамудаи тамоми маќомоти њокимияти давлатии ваколатдор оид ба таъмини волоияти Конститутсия ва ќонунияти конститутсионї дар мамлакат ибрози аќида гардида, диќќати маќомоти мазкур ба њаллу фасли проблемаю масъалањои љойдошта равона карда мешавад. Пешнињодњои Суди конститутсионї минбаъд дар фаъолияти маќомоти ќонунгузор ва иљроияи мамлакат татбиќи амалии худро меёбанд ва дар таъмини њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд мусоидат менамоянд.
Њамкорињои байналмилалї ќисмати људонашавандаи фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон гардидааст.
Ин њамкорињо бо судњои конститутсионии дигар давлатњо, аз љумла давлатњои аъзои ИДМ сол аз сол руш ва тавсеа меёбанд. Онњо майдонеро мемонанд, ки дар рафти онњо оид ба таљрибаи фаъолияти судњои конститутсионї, ќабули санадњои судї ва дигар масъалањои вобаста ба мурофиаи назорати конститутсионї мубодилаи афкор сурат мегирад.
Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз соли 2011 узви Конфронси умумиљањонии адолати конститутсионї мебошад.
Муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон М.Назаров аз 22 то 24 январи соли 2009 дар Конфронси 1-уми умумиљањонии маќомоти назорати конститутсионї, ки дар шањри Кейптауни Љумњурии Африкаи Љанубї доир гардид ва А.Абдуллоев дар Конфронси 3- уми умумиљањонии маќомоти назорати конститутсионї, ки дар шањри Сеули Љумњурии Корея (28 сентябр–1 октябри соли 2014) баргузор шуд, иштирок, суханронї ва дар муњокимаи лоињаи Оинномаи Конфронси мазкур фаъолона ширкат варзиданд.
Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон узви Конфронси маќомоти назорати конститутсионии давлатњои демократияи нав мебошад. Санадњои судї, маќолањои судяњо ва дигар маводи иттилоотии он дар маљаллаи Конфронси мазкур, ки дар шањри Еревани Љумњурии Арманистон ба чоп мерасад, инчунин дар маљаллаи даврии «Дайджест», ки дар шањри Москваи Федератсияи Россия ба табъ мерасад, низ нашр мегарданд.
Раиси Суди конститутсионї М. Мањмудзода, муовини Раис К.Каримзода ва судяњои Суди конститутсионї Л. Абдуллозода, Ш.Зоирзода, М. Гулзор ва Д.Њошимзода солњои охир дар як ќатор конфронсњои байналмиллалї дар мавзўи «Арзишњои конститутсионї-омилњои асосии тањкимбахши сохти демократї» бахшида ба 15-солагии рўзи ќабули Конститутсияи Љумњурии Молдова (Кишинёв, 22-23 июли соли 2009); Конфронси XIV-и маќомоти назорати конститутсионии давлатњои демократияи љавон дар мавзўи «Таљрибаи байналмилалии њамкории судњои конститутсионї ва парлумонњо дар таъмини волоияти Конститутсия» (Ереван, 1-3 октябри соли 2009); Конгресси Ассотсиатсияи судњои конститутсионї ва муассисањои њамшабењи Осиё дар мавзўи «Имрўз ва ояндаи адолати судии конститутсионї дар Осиё» (Сеул,Љумњурии Корея, 20-22 майи соли 2012); Конфронси илмї-амалии байналмилалї бахшида ба Рўзи Конститутсияи Љумњурии Ќазоќистон дар мавзўи «Конститутсия-асоси дурнамои рушди љомеа ва давлат» (Остона, Љумњурии Ќазоќистон, 29-30 августа 2013); конфронси илмї-амалии байналмилалї дар мавзўи «Иљрои ќарорњои Суди конститутсионї њамчун кафолати самаранокии адолати судии конститутсионї» (Бишкек, Љумњурии Ќирѓизистон, 21-23 майи соли 2014); Конфронси минтаќавї дар мавзўи «Њуќуќи конститутсионї», дар доираи Ташаббуси волоияти њуќуќ дар ИА барои Осиёи Марказї. (Хелсинки, Финляндия, 17-18 сентябри соли 2014) ва ѓ. иштирок ва бо маърўзањо баромад намуда, оид ба проблемаю масъалањои мубрами назорати конститутсионї ибрози назар намуданд.
Дар рафти конференсияњои мазкур вохўрињои дуљонибаи намояндагони Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо Дж. Букикио – Президенти Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, Арутюнян Г.Г.- Раиси Конфронси маќомоти назорати конститутсионии мамлакатњои демократияи љавон - Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Арманистон, бо њайати намояндагии судњои конститутсионии Алљазоир, Арманистон, Беларус, Олмон, Италия, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Латвия, Литва, Молдова, Фаронса, Федератсияи Россия ва Чехия баргузор гардиданд.
Дар рафти ин вохўрињо оид ба доираи васеи масъалањо ва таљрибаи адолати суди конститутсионї табодули назар карда шуд.
12 январи соли 2010 зимни вохўрии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода ва Сафири фавќуллода ва мухтори Фаронса дар Тољикистон љаноби Анри Зиппер де Фабиани тарафњо оид ба мавќеъ ва наќши маќомоти назорати конститутсионї дар низоми њокимияти давлатї ва рушди минбаъдаи ин нињоди муњими сиёсию њуќуќї ибрози андеша намуданд.
Бо вазифа, салоњият ва фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон шинос шуда, љаноби сафир дар бораи Шўрои конститутсионии Фаронса маълумоти муфасал дод.
Мавсуф ќайд намуд, ки чунин нињоде, ки он њифзи Конститутсия ва таъмини волоияти онро ба уњда дорад, дар низоми давлатњои демократї, аз љумла дар Фаронса љойи махсусро ишѓол менамояд ва онро «дили демократия» номид.
Сафарњои кории њайати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба як ќатор давлатњои пешрафта бо маќсади табодули таљриба оид ба назорати конститутсионї, аз ќабили Ќазоќистон (2007), Полша (2008) Молдова, Арманистон, Олмон, Страсбург (2009), Италия, Љакарта, Остона (2010), Кореяи Љанубї (2012), Франсия, Туркия, Хелсинки (2014) ва омўзиши таљрибаи пешќадами давлатњои зикршуда, табодули иттилоот оид ба стандартњои байналмилалии њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд дар тањкими заминањои њуќуќии фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бе таъсир намемонанд.
Табодули андеша бо њамкасбони худ дар тањияи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњуриии Тољикистон» дар тањрири нав (2014) ва Дастури Суди конститутсионии Љумњуриии Тољикистон (2015) наќши арзанда бозиданд.
Њамкорињои пайвастаи Суди конститутсионї бо маќомоти назорати конститутсионї боиси он гардид, ки эътибори ин маќомоти мустаќили њокимияти судї њамчун падидаи нодири давлати демократї дар таъмини волоияти Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд на танњо дар дохили кишвар, њамчунин берун аз он низ боло гардида истодааст.
Бањри таќвият бахшидани муносибањои байналмилалии Суди конститутсионии Љумњуриии Тољикистон, Конфронси њафтуми раисони судњои конститутсионии давлатњои Осиё, ки моњи июли соли 2010 дар шањри Љакартаи Љумњурии Индонезия баргузор гардид, ањамияти хоса касб кард. Дар кори он М. Мањмудзода ширкат варзида, бо маърўза баромад намуд.
Дар ин Конфронс бо маќсади мустањкам намудани њамкорињои мутаќобила байни судњои конститутсионии давлатњои Осиё ва Институтњои муодил, ки назорати конститутсиониро ба амал мебароранд, Ассотсиатсияи судњои конститутсионии давлатњои Осиё ва Институтњои муодил таъсис дода шуд.
Вазифањои асосии Ассотсиатсия аз густариши њамкорињои байналмилалии аъзои судњои конститутсионии давлатњои Осиё дар таъмини њифзи њуќуќу озодињои инсон, волоияти меъёрњои Конститутсия, мустаќилияти њокимияти судї, мубодилаи таљриба ва иттилоот байни аъзои он иборат мебошад.
Соли 2011 дар асоси даъвати раиси Ассотсиатсияи судњои конститутсионии давлатњои Осиё ва Институтњои муодил - раиси Суди конститутсионии Корея, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба Ассотсиатсияи судњои конститутсионии давлатњои Осиё ва Институтњои муодил ба сифати аъзои комилњуќуќ пазируфта шуд.
Судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар Конгресси Ассотсиатсияи судњои конститутсионї ва Институтњои муодил дар Љакарта, Индонезия (2011), дар Сеул (2012); дар Љумњурии Туркия (2014) дар мавзўњои гуногун оид ба конститутсионализм, конститутсия ва наќши он дар давлат, низоми сиёсї ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ва амалияи назорати конститутсионї иштирок ва бо маърўзањо баромад намуда, диќќати онро ба масъалањои гуногуни њуќуќи конститутсионї љалб намуданд.
Њамчунин, иштирокдорони конгрессњои Асотсиатсияро бо назария ва амалияи давлатдорї, сиёсати дохилї ва хориљии давлат, масъалањои вобаста ба конститутсионализм, асосњои сохтори конститутсионї, моњияти демократї, њуќуќбунёдї ва иљтимоии давлат, наќши инсон ва шањрванд дар Конститутсия ва дар амалияи давлатдорї дар Тољикистон шинос намуданд.
Дар таљрибаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамкорињои дуљониба бо маќомоти њамшабењи худ ва дар ин замина дар санадњои њуќуќи байналмилалии дуљониба мавриди танзим ќарор додани самтњои афзалиятноки њамкорињо наќши муњим касб кардааст. Ин шањодати муњим будани њамкории байналмилалї дар фаъолияти маќомоти назорати конститутсионї ва ба сатњи сифатан нав баровардани чунин њамкорињо мебошад.
Дар ин замина, аз 4 то 10-ум апрели соли 2011 њайати Суди конститутсионї аз шањри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия боздид ба амал оварда, ба фаъолияти касбии Суди конститутсионии Федератсияи Россия аз наздик шиносої пайдо намуданд.
Зимни вохўрињо бо Раиси Суди конститутсионии Федератсияи Россия В.Зоркин, муовинон, судяњо ва кормандони масъули Дастгоњи Суди конститутсионии Федератсияи Россия ба доираи салоњият, масъалањо оид ба танзим ва раванди мурофиаи судии конститутсионї, вазъи њуќуќии субъектони мурољиат ба суд, рушди њуќуќи моддї ва мурофиавии фаъолияти маќомоти назорати конститутсионї ањамияти хоса зоњир карда шуд.
Дар рафти боздид Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї миёни Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди конститутсионии Федератсияи Россия ба имзо расид, ки он аввалин санади байналмилалие мебошад, ки байни маќомоти назорати конститутсионии ду кишвар ба тасвиб расидааст.
Тарафњо зимни ба имзо расонидани санади мазкур муњимияти онро ќайд карда, изњор доштанд, ки он барои боз њам инкишоф ёфтани муносибатњои байни маќомоти назорати конститутсионї мусоидат мекунад.
Њуљљати мазкур ба тарафњо имконият медињад, ки мутобиќи ќонунгузории миллии давлати худ њамкориро тавассути мубодилаи таљриба, маълумот дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї ва санадњои судї, ки ба фаъолияти судњои конститутсионї вобаста мебошад, ба роњ монанд.
15-16 декабри соли 2011 зимни сафари расмии Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Украина, ки ба њайати намояндагии сафари мазкур Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон М.Мањмудзода низ шомил буд, Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї миёни Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди конститутсионии Украина ба имзо расид.
Њуљљати мазкур ба тарафњо имконият медињад, ки мутобиќи ќонунгузории миллии давлати худ њамкориро тавассути мубодилаи таљриба, маълумот дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї ва санадњои судї, ки ба фаъолияти судњои конститутсионї вобаста мебошад, ба роњ монанд.
Аз 23 то 29 апрели соли 2012 љињати иштирок дар кори Симпозиуми байналмилалї бахшида ба 50-солагии таъсиси Суди конститутсионии Љумњурии Туркия сафари њайати Суди конститутсионї ба Туркия доир гардид.
Ба њайати Суди конститутсионї М. Мањмудзода роњбарї мекард, ки дар доираи кори конфронс Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї миёни Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди конститутсионии Љумњурии Туркия ба тасвиб расид.
Ёддошти тафоњум ба принсипњои истиќлолияти давлатї, масъулияти тарафайн дар бобати њифз, таъмини волоият, амали бевоситаи Конститутсия ва њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд асос ёфта, бо маќсади рушди њамкорї ва мубодилаи таљриба тавассути андешидани чорањо љињати ноил гардидан ба њадафњо ва мусоидат кардан ба њалли сариваќтии масъалањои њамкории ба њамдигар муфид, равона гардидааст.
Љонибњо зимни ба имзо расонидани санади мазкур муњимияти ќабули онро ќайд карда, изњор доштанд, ки он барои боз њам мустањкам ва рушд ёфтани муносибатњои байни маќомоти адолати конститутсионии давлатњо мусоидат мекунад.
14 майи соли 2013 дар заминаи семинари байналмилалї оид ба муњокимаи лоињаи нави Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», ки бо иштироки Г.Г.Арутюнян Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Арманистон – Раиси Конференсияи маќомоти назорати конститутсионии кишварњои демократияи нав баргузор гардид, Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї байни судњои конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Арманистон ба имзо расид.
Аз 4 то 7 декабри соли 2014 њайати Суди конститутсионї, ки ба он Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои њуќуќї - Давлатов Љ.М. низ шомил буд, бо маќсади табодули таљриба ва шиносої бо фаъолияти Суди конститутсионии Руминия аз шањри Бухарест дидан ба амал овард. Зимни сафари кории мазкур, њайати корї бо фаъолияти маќомоти назорати конститутсионии Руминия шиносої пайдо намуда, ба намояндагони ин нињоди судї оид ба фаъолияти густурдаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон маълумоти муфассал пешнињод намуд.
Дар доираи сафари корї бобати густариши муносибатњои байналмилалї ва ба роњ мондани њамкорињои мутаќобилан судманд Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї байни судњои конститутсионии давлатњои зикршуда ба имзо расонида шуд.
Њамкорињои байналмилалии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути њуќуќ (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо), махсусан робитањои кории судманд бо Президент ва корманони он назаррас ва дар њоли густариш ќарор доранд.
Сањми Комиссияи мазкур дар гузаронидани Конференсияи илмї-амалии байналмилалї, ки 4-5-уми ноябри соли 2010 дар шањри Душанбе бахшида ба 15-солагии таъсисёбии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон баргузор гардид, калон мебошад.
Коршиносони Комиссия, алалхусус профессори Донишгоњи Гамбурги Республикаи Федеролии Олмон Отто Лухтерхандт лоињаи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар тањрири навро аз экспертизаи њуќуќї гузаронида, нисбати он хулосаи муфид пешнињод намуд.
Судяњо ва кормандони Дастгоњ дар конференсия ва семинарњое, ки аз тарафи Комиссия гузаронида мешаванд, иштирок ва бо маърўзањо баромад намуда, бо њуќуќи Аврупо, нињодњои аврупої ба монанди Суди Аврупо оид ба њуќуќи инсон ва дигарњо шиносої пайдо мекунанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар заминаи њамкорињои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо созмонњои байналмилалї, аз ќабили Институти «Љомеаи кушода» - Бунёди мадад ва GIZ (Љамъияти олмонї оид ба њамкории байналмилалї) дар бобати таъминоти техникии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва таъмини китобхонаи Суди конститутсионї бо адабиётњои зарурї корњои назаррас ба анљом расонида шуданд.
Дар натиљаи њамин њамкорї, теъдоди китобњо ва дигар нашрњои китобхона то ба 5000 дона расонида шудааст.
Њодисаи муњими таърихие, ки алакай дар хусуси он сухан рондем ва таърихи навини давлатдории тољиконро бе он тасаввур кардан мумкин нест, ин ќабули нахустин Конститутсияи давлати соњибихтиёри Тољикистон ба шумор меравад. Зеро Конститутсия - ин ифодаи иродаи халќи тољик буда, орзуву омоли њазорсолањои гузаштагони халќи мо дар роњи расидан ба истиќлолияти комили давлатдорї, бо андеша ва арзишњои миллї ва арзишњои пазируфташудаи байналмилалї бунёд намудани давлати демокративу њуќуќбунёд мебошад.
Конститутсия халќи тољикро ќисми људонашавадаи љомеаи љањонї ва дар пеши наслњои гузаштаву њозира ва оянда масъул ва вазифадор эътироф намуда, маќсад ва вазифањои таърихии халќи тољикро бунёди љомеаи адолатпарвар эълон намуд.
Бе сабаб нест, ки Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон Паёми соли 2014 худро ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз наќши созанда ва офарандаи Конститутсияи мамлакат, оѓоз намуда, иброз доштанд, ки:
«Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиќлолияти давлатї тањдид мекард, шароити зарурии њуќуќї муњайё карда, барои аз нобудї наљот додани давлати тозаистиќлоли тољикон ва аз парокандагї рањої бахшидани миллати тољик асос гузошт, љињати расидан ба вањдати миллї тањкурсии устувор гардид ва дар он марњалаи њассоси таърихї барои гузоштани асосњои аркони давлатдории тољикон наќши таќдирсозу њалкунанда бозид.»
Бинобар ин, 20-умин солгарди ќабули нахустин Конститутсияи Тољикистони соњибистиќлол низ дар соли 2014 бо шукўњу шањомати хоса таљлил гардид.
Суди конститутсионї низ љињати сазовор истиќбол гирифтани љашни 20-солагии ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон корњои назаррасеро ба сомон расонида, фаъолияти худро чун њарваќта ба тањкими заминањои адолати конститутсионї дар кишвар равона намуд.
Аз ин рў, барои Суди конститутсионї, ки он бањри таъмини волоият ва амали бевоситаи Ќонуни асосии кишвар ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд таъсис ёфтааст, соли 2014 соли таърихї ва пешрафт арзёбї мегардад.
Китоби «Конститутсия заминаи ташаккули низоми њуќуќи миллї» ва дигар маќолањои илмї-оммавии Раиси Суди конститутсионї М.Мањмудзода барои хонандагон ва њаводорони илми њуќуќ ва сиёсати мамлакат маълумоти арзишмандро пешкаш намуда, дар таъмини фарњанги конститутсионии љомеа наќши муњим хоњанд бозид.
Њамчунин дар ин сол зиёда аз 25 маќолањои илмї-оммавии судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди конститутсионї нашр гардиданд, ки онњо ба пањлўњои гуногуни Конститутсия ва наќши он дар тањкими давлатдорї бахшида шудаанд.
Дар ин сол, маќолаи судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Каримзода К.М. бо номи «Конститутсия маљмўи афкори сиёсї ва њуќуќии инсоният аст», дар озмуни љумњуриявии маќола ва рисолаи бењтарин бахшида ба 20-солагии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон љои сеюмро ишѓол намуда, бо диплом ќадрдонї карда шуд.
Бо маќсади тарѓибу ташвиќи меъёрњои Конститутсия миёни ањолии кишвар, ки иќдоми њамешагии Суди конститутсионї мебошад, Раис, судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди конститутсионї дар љаласаи Шўрои љамъиятии Љумњурии Тољикистон, конфронсњои зиёди илмї-амалии љумњуриявї, дар мачмўъ дар чорабинињои 53 вазорату идорањо иштирок ва суханронї намуданд.
Њамчунин ба муносибати таљлили 20-солагии Конститутсия дар нашрияњои даврии рўзномаи «Љумњурият» зери тањрири Раиси Суди конститутсионї тафсири илмию оммавии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мунтазам чоп карда шуд, ки наќши он дар баланд бардоштани маърифати њуќуќии ањолї муфид арзёбї гардид.
Мавриди зикр аст, ки ќабули Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» низ ба љашнгирии 20-солагии ќабули Конститутсияи мамлакат рост омад.
26 июни соли 2014 љињати татбиќи Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар мамлакат Ќонуни конститутсионии зикршуда дар тањрири нав ќабул ва мавриди амал ќарор дода шуд.
Ќонуни конститутсионии мазкур аз 15 боб ва 86 модда иборат буда, сохтори он нисбат ба Ќонуни конститутсионии пешина, ки аз 11 боб ва 63 модда иборат аст, 4 боб ва 23 модда зиёд мебошад.
Ќабули он аз раванди минбаъдаи демократикунонии њаёти сиёсию иљтимоии љомеаи Тољикистон дарак дода, давоми мантиќии татбиќи принсипи конститутсионии таљзияи њокимияти давлатї дар Тољикистон, ислоњоти судї-њуќуќї ва табдил додани њокимияти судї, аз љумла Суди конститутсионї ба механизми эътимодноки њифзи њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд ва дигар субъектони њуќуќ арзёбї мегардад.
Ин ба Суди конститутсионї ва судяњои он барои боз њам самаранок ба амал баровардани салоњияти конститутсиониашон шароити зарурии њуќуќиро фароњам овард.
Новобаста аз дастовардњои дар сатњи рушду тањкими хокимияти судї бадастомада, дар Љумњурии Тољикистон ислоњоти судї-њуќуќї бо маром идома дорад.
Бо ин маќсад 5-уми январи соли 2015 бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон Барномаи нави ислоњоти судї-њуќуќї барои солњои 2015-2017 тасдиќ гардид, ки он барои боз њам устувор шудани њокимияти судї ва пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти сохтори он, тањкими њамкории маќомоти судї бо дигар маќомоти њифзи њуќуќ, њамчунин љињати иљрои санадњои судї такони љиддї хоњад бахшид.
Њамин тариќ, Суди конститутсионї фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї ба роњ монда, чун дигар нињодњои муњими давлатдории демократї наќши худро дар таъмини адолати судии конститутсионї, рушди асосњои сохтори конститутсионї ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд мегузорад. Зеро дар давлати демократию њуќуќбунёд суботи сиёсї, иќтисодию иљтимоии давлат ва фаъолияти бонизом ва муназзами њокимияти давлатиро бе тањкими ќонунияти конститутсионї, фарњанги конститутсионї ва тартиботи њуќуќї тасаввур кардан ѓайриимкон аст.
Дар ин раванд, мавќеи Суди конститутсионї рўз аз рўз ањамияти хоса пайдо карда, он дар амалї намудани маќсаду вазифањои давлат ва љомеаи Тољикистон, тањкими давлату давлатдорї, бунёди љомеаи демокративу њуќуќбунёд ва адолатпарвар наќши арзандаи худро мегузорад.
|