18:25:45 - 07.12.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1298
mod_vvisit_counterДирӯз1289
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта10884
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида11446
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ10884
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида41997
mod_vvisit_counterҲамагӣ1028554

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

6 январи соли 2015 дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон маљлиси љамбастї оид ба фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар соли 2014 доир гардид


Дар оѓози маљлис Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода бо сухани ифтитоњї баромад намуда, изњор дошт, ки соли 2014 барои Љумњурии Тољикистон ва халќи сар­ба­ланди он боз як соли пешрафти соњањои иќтисодию иҷтимої, раси­дан ба њадафњои волои созанда, соли рўйдод­њои бузур­ги сиёсию фарњангї ва музаффарияту комёбињо мањсуб ёфта, худшиносию худ­о­гоњї ва сатњи маърифати њуќуќии ањолї, ки ба њифзи манфиатњои давлату миллат нигаронида шудааст, боз њам боло рафт.

Бо шарофати амалишавии бомароми сиёсати созанда­и Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон дар арафаи таљлили солгарди љаш­ни умуми­миллї – Истиќлолияти давлатї баргузор гардидани вохў­рии сарони давлатњои Созмони Њамкории Шанхай ва дар доираи он ба имзо расидани як зумра санадњои муњими њамкорї далели равшани афзудани нуфузи кишвари мо дар арсаи байналмилалист.

20-умин солгарди ќабули нахустин Конститутсияи Тољи­кис­тони соњибис­тиќ­лол, ки дар ташаккули давлатдории навини тољикон заминаи боэътимоди сиёсию њуќуќї гузошт, бо шукўњу шањомати хоса таљлил гардида, аз манфиатдории љомеа ва давлат ба суботи конститутсионї шањодат медињад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикис­тон низ љињати сазовор истиќбол гирифтани љашни 20-солагии ќа­були Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кис­тон корњои назаррасеро ба сомон расонида, фаъолияти худро чун њарваќта ба тањкими заминањои адолати конститутсионї дар кишвар равона намуд.

Аз ин рў, барои Суди конститутсионї, ки он бањри таъ­мини волоият ва амали бевоситаи Ќонуни асосии кишвар ва њиф­зи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд таъсис ёфтааст, соли равон њамчун соли таърихї ва пешрафт арзёбї мегардад.

Дар рафти маљлис инчунин оид ба фаъолияти Суди конститутсионї дар соли 2014 судя-котиби Суди конститутсионї – Каримов К.М., дар хусуси фаъолияти Дастгоњи Суди конститутсионї роњбари Дастгоњ – Њошимзода Д.Д. ва оид ба фаъолияти шуъбаи молиявї-хољагии Суди конститутсионї сардори шуъба Муњаббатов Љ.Х. баромад намуданд.

Муфассалтар
 

 

31 декабри соли 2014 дар толори маљлисгоњи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон бахшида ба таљлили фарорасии Соли Нави мелодї бо иштироки судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон маљлиси тантанавї баргузор гардид.

Дар оѓози маљлис Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода њозиринро ба муносибати ќудуми мубораки Соли Нави мелодї тањният намуда, аз љумла иброз дошт, ки мояи ифтихору сарфарозии њар яки мо нишастагони ин толор мебошад, ки тањти сарварии оќилонаи Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон соли сипаришуда барои кишвари азизамон боз як соли пешрафту дастовардњо мањсуб ёфта, дар њама љабњањои њаётии Тољикис­тони озоду демократї комёбињои назаррас ба даст омада, файзу баракоти бебањо насиби миллати фарњангсолору тамаддунофари тољик гардид.

Дар ин соли пурфайз дар арафаи таљлили солгарди љашни умуми­миллї – Истиќлолияти давлатї дар кишвари азизамон дар сатњи олї баргузор гардидани маъракаи бузурги сатњи байналмилалї, яъне вохўрии сарони давлатњои Созмони Њамкории Шанхай ва дар доираи он ба имзо расидани як зумра санадњои муњими њамкорї боз як далели равшани боло гардидани маќому нуфузи кишвари мо дар арсаи сиёсати љањонист.

Њамчунин бо шукуњу шањомати хоса дар саросари кишвар ва берун аз он таљлил гардидани 20-умин солгарди ќабули нахустин Конститут­сияи Тољикистони соњибистиќ­лол, ки нишонаи ҳувияти шикастно­пазири миллї ва эҳёи заминањои рушди љомеаи муосири мо мебошад ва њамзамон баргузории дигар чорабинињои муњими сиёсиву байналми­лалї гувоњи амалишавии њадафњои созандаву бунёдкорона ва тањкими заминањои њуќуќии Ватани азизамон мебошад.

 

 

 

Аз 4 то 7 декабри соли 2014 дар доираи њамкорињои байналмилалї сафари кории намояндагони Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои њуќуќї - Давлатов Љ.М. бо маќса­ди табодули таљриба ва шиносої бо фаъолияти Суди Конститут­сионии Руминия ба шањри Бухарест доир гардид.

Зимни сафари кории мазкур њайати корї бо фаъолияти маќомоти назорати конститутсионии Руминия аз наздик шиносої пайдо намуда, њамзамон ба намояндагони ин нињоди судии давлати хориљи кишвар оид ба фаъолияти густурдаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки бањри таъмини волоият ва амли бевоситаи Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд равона гардидааст, маълумоти муфассал пешнињод намуд.

Дар доираи сафари корї бобати густариши муносибатњои байналмилалї ва ба роњ мондани њамкорињои мутаќобилан судманд бо маќомоти назорати конститутсионии давлатњои хориљи кишвар, аз љониби Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода ва Раиси Суди конститутсионии Руминия Августин Зегреан Ёддошти тафоњум оид ба њамкори байни судњои конститутсионии давлатњои ба њам дўст ба имзо расонида шуд.

Солњои охир дар фаъолияти Суди Конститутсионии Љумњурии Тљикистон таљрибаи ба имзо расонидани санади њамкорї бо маќомоти њамшабењи хориљи кишвар, ки барои густариши њамкорињои байналмилалї бо дарназардошти ќонунгузории миллї заминаи њуќуќї мегузорад, ба таври васеъ ба роњ монда шуда, дар заминаи он Суди Конститутсионии кишвар бо судњои конститут­сионии љумњурињои Арманистон, Туркия, Украина ва Федератсияи Россия Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї ба имзо расонидааст, ки амалишавии меъёрњои онњо ба ташаккули нуфузи маќомоти назорати конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар хориљи мамлакат мусоидат менамоянд.

 

 

 

 

24 ноябри соли 2014 дар толори маљлисгоњи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон бахшида ба таљлили Рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон бо иштироки судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди Конститут­сионии Љумњурии Тољикистон маљлиси тантанавї баргузор гардид.

Дар оѓози маљлис Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода њозиринро бо ин љашни пуршукўњи умумимиллї тањният намуда, иброз дошт, ки Парчами давлатї њамчун рамзи давлатї аз љумла муњимтарин муќаддасоти даврони истиќлол ва ифтихори миллии њар як шањрванди ватандўсту худогоњи кишвар мањсуб ёфта, моњият ва тартиби истифодаи расмии он бо Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи рамзњои давлатии Љумњурии Тољикистон» муќаррар карда шудааст.

Зимни баргузории маљлиси тантанавї инчунин сардори шуъбаи таъминоти њуќуќии фаъолияти судяњо Нурляминова Г.А. оид ба таърихи Парчами давлатї ва тартиби истифодаи расмии он бо маърўза баромад намуд.

 

 

 

 

13 ноябри соли 2014 тањти раисии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии То­љи­кистон Махкам Мањмудзода дар Суди конститутсионии Љум­­њурии Тољикистон баррасии парванда оид ба дархости директори «Матбааи шањри Исфара» Абдуллоев И.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 2 моддаи 12 ва моддаи 117 Қонуни Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳр­вандони Љумҳурии Тољикистон» ба моддаҳои 12 ва 39 Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумҳурии Тољикистон» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ваколатдори Маљлиси намоян­дагон, Маљлиси миллї ва Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, њамчунин намояндагони Вазорати адлия, Суди Олї, Про­курори генералї, Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон ва Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон иштирок намуданд.

Суди конститутсионии Љумњурии То­љи­кистон дархостро њаматарафа баррасї намуда, ќайд менамояд, ки дар низоми њуќуќњои асосии инсон ва шањрванд пешбининамудаи са­над­њои њуќуќии байналмилалї оид ба њуќуќи инсон ва Конс­ти­тутсияи (Сар­­­ќо­нуни) Љумњурии Тољикистон њуќуќ ба таъ­­миноти иљти­мої мавќеи хосаро ишѓол менамояд.

Њуќуќ ба таъ­­миноти иљтимої- ин як навъ даст­гирии моддї ва маъ­навии инсон ва шањрванд барои мењнати фоиданоки дар давраи фаъолияти мењнатиаш ба манфиати љомеа, давлат ва тала­боти худ иљро кар­­­даи шахс мебошад. Инчунин воситаи асосии пешбурди њаёти шањр­ванде мебошад, ки пурра ё ќисман ќо­билият ва имконияти мењнатии худро гум кардааст ва бо ин ё дигар њолатњои пешбининамудаи ќонунгузорї имко­нияти мењнат кардан ва аз самараи мењнаташ фоида диданро аз даст додааст ё аз дастгирии саробони худ мањрум гар­дидааст.

Меъёрњои ќисми 2 моддаи 12 ва моддаи 117 Қонуни зикршуда, ки муто­би­ќати онњо ба моддањои 12 ва 39 Конститутсия боиси шубња ва бањси муро­љиаткунанда ќарор дода шудааст на меъёрњои манъкунанда ё мањдуд­ку­нан­даи таъми­ноти иљтимої, балки талаботе мебо­­­­­шанд, ки давлат тар­тиби ба амал баро­вардани пардохти нафаќаро барои шахсони ба на­фаќаи имтиёзнок њуќуќдошта давра ба давра бо назардошти шартњои таъи­ни нафаќа пешбининамудаи моддаи 11 Ќонуни Љумњурии Тољи­кис­тон «Дар бо­раи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољи­кистон» пешбинї намудааст.

Њамин тариќ, Суди конститутсионии Љумњурии То­љи­кистон дар муќаррароти қисми 2 моддаи 12 ва моддаи 117 Қонуни Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳр­вандони Љумҳурии Тољикистон» поймол ва мањдуд гаштани манфи­атњои матбааи шањри Исфараро ба фаъо­лияти озоди иќтисодї ва мањдуд кардани ка­фо­лати њуќуќи шахсони ба нафаќаи мењнатии имтиёзнок њуќуќдоштаи ин матбааро муай­ян накард ва моддањои мазкурро ба моддаҳои 12 ва 39 Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумҳурии Тољикистон» муто­биќ арзёбї намуд.

 

 

 

5 ноябри соли 2014 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бахшида ба 20-умин солгарди ќабули Конститут­сияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон бо иштироки судяњо, судяњои дар истеъфобуда ва кормандони Дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон маљлиси тантанавї баргузор гардид.

Дар оѓози маљлис Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода њозиринро бо ин љашни умумимиллї тањният намуда, иброз дошт, ки Конститутсияи кишвар, ки тањти роњба­рии хирадман­донаи Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон дар марњилаи басо мураккабу ќисматсози солњои навадуми ќарни сипаригардида ќабул гардид, бузургтарин дастовард дар роњи давлатсозиву давлатдории навин мањсуб ёфта, барои ташаккули давлати озоду мустаќил, ки ҷавҳари аслии онро низоми демократї, ҳуқуқбунёд, дунявї ва иҷтимої ташкил медињад, заминаи њуќуќї гузошта, дар њифзи музаффариятњои соњибистиќлолї, пойдории сулњу суботи комил ва вањдати миллї наќши муассир дорад.

Зимни баргузории маљлиси тантанавї ба муносибати таљлили 20-умин солгарди ќабули Конститут­сияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон барои фаъолия­ти пурсамар ва иљрои намунавии вазифањои касбї судя ва кормандони Дастгоњи Суди конститутсионї бо ифтихорнома ва рутбањои дараљавию тахассусї сарфароз гардонида шуданд.

 

 
« ПерваяПредыдущая11121314151617181920СледующаяПоследняя »

Страница 19 из 41