7 сентябри соли 2017 дар толори маљлисгоњи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба муносибати 26-умин солгарди Истиќлолияти давлатї бо иштироки роњбарият, судяњо ва кормандони Суди Конститутсионї љамомади тантанавї доир гардид.
Љамомадро Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода њузни оѓоз бахшида, њамагонро бо солгарди љашни соњибдавлативу соњибихтиёрї табрик намуда, аз љумла иброз дошт, ки Истиќлолияти давлатї дастоварди бузурги таърихї дар роњи давлатсозиву давлатдории навин ва рамзи олии Ватану ватандории мо мањсуб ёфта, такя ба арзишњои муќаддаси он имрўз дар њаёти сиёсї, иќтисодї ва иљтимоии љомеа тадриҷан комёбињои назаррас ба чашм мерасад.
Боиси ифтихору сарфарозии њар як сокини кишвар аст, ки ба шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон арзишњои Истиќлол њамчун нишонаи њувияти шикастнопазири миллї барои боло гардидани маќому нуфузи давлати озоду демократии мо дар арсаи байналмилалї, амалишавии њадафњои созандаву бунёдкорона ва тањкими заминањои њуќуќии Ватани мањбубамон заминаи боэътимод гузошт.
|
29-30 августи соли 2017 дар Љумњурии Ќазоќистон ба муносибати солгарди ќабули Конститутсияи ин кишвар Конфронси байналмилалї дар мавзўи «Конститутсия ва модернизатсияи љомеа ва давлат» доир гардид.
Дар кори Конфронси байналмилалї намояндагони маќомоти назорати конститутсионии љумњурињои Арманистон, Булѓористон, Венгрия, Гурљистон, Ќирѓизистон, Латвия, Олмон, Туркия, Узбекистон, Украина, Шоњигарии Иордания, Федератсияи Россия, Суди иќтисодии Авруосиё, Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, Мудирияти генералї оид ба њуќуќи инсон ва волоияти њуќуќи Шўрои Аврупо, Созмони байналмилалии њуќуќшиносон ва дигар созмонњои байналмилалї, маќомоти њокимияти давлатии Љумњурии Ќазоќистон, инчунин олимони соњаи њуќуќ иштирок ва суханронї намуданд.
Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар кори Конфронс судяњои Суди Конститутсионї Муњаббат Гулзор ва Даврон Њошимзода намояндагї намуданд.
Зимни конфронс, ки дар муддати ду рўз идома ёфт, мавзўњои мухталифи марбут ба Конститутсия ва конститутсионализм, аз ќабили Конститутсия њамчун воситаи модернизатсияи љомеа ва давлат, татбиќи меъёрњои Конститутсия кафили рушди љомеа, наќши Суди Конститутсионї дар таъмини суботи конститутсионї дар мамлакат, њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд дар шароити ислоњоти конститутсионї, таљрибаи пешбурди назорати конститутсионї дар давлатњои алоњида ва дигар мавзўњои мубрами соњаи њуќуќ мавриди муњокимањои доманадор ќарор дода шуданд.
Судяи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д.Д. зимни кори конфронс бо маърўза дар мавзўи «Наќши Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар таъмини суботи конститутсионї дар кишвар» баромад намуда, дар доираи он ба њозирин оид ба ањамияти Конститутсия дар рушди давлатдории навин, наќши маќомоти назорати конститутсионї дар њифзи Конститутсия, таъмини суботи конститутсионї ва татбиќи муќаррароти Конститутсияи кишвар маълумот пешнињод кард.
|
16 июни соли 2017 дар толори маљлисгоњи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба муносибати 20-умин солгради ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї», ки њамчун санади таърихї барои тањкими пояњои вањдат ва суботу оромї дар кишвар мусоидат кард, дар мавзўи «Вањдати миллї ва рушди давлатдорї» њамоиш доир гардид.
Дар кори њамоиш намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Прокуратураи генералї, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, вазоратњои адлия, мудофиа, рушди иќтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї, Маркази миллии ќонунгузорї, дигар маќомоти давлатї, инчунин олимони соњаи њуќуќ иштирок ва бо маърўза баромад намуданд.
Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода ба кори њамоиш њусни оѓоз бахшида, аз љумла иброз дошт, ки оѓози солњои навадуми ќарни сипаришуда давлати мо ба масири нињоят мураккаби таърихї ворид гардида, омилҳои гуногун сабаб шуданд, ки дар кишвари мо љанги тањмилии шањрвандї сар зад ва тамоми соњањои њаётии љомеа фалаљ гардида, давлат ба бўњрони сиёсї, иќтисодї ва маънавї фаро гирифт. Дар натиља мардуми кишвар аз тарсу њароси љон ба давлатњои њамсоя фирори шуданд ва миллату давлатро хатари парокандашавї тањдид кард.
Танњо ба шарофати зањматњои пайгирона ва талошњои созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон муаяссар гардид, ки дар як муддати кўтоњ љанги тањмилии шањрвандї хомўш карда шавад ва миллати тољик аз хатари парокандашавї рањо ёфта, муњољирони иљборї ба ватану манзили худ баргардонида шуданд ва кишвари мо ба маљрои рушду инкишоф дар њама соњањои њаёти љомеа ворид гардид.
Пойдории сулњу субот барои њифзи арзишњои миллї, эҳёи давлатдории навини демократию њуќуќбунёд, сарҷамъию иттиҳоди миллат, амалисозии њадафњои конститутсионии давлати иљтимої, татбиќи вазифањои стратегии давлат мусоидат кард ва Љумњурии Тољикистон њамчун субъекти муносибатњои байналмилалї дар арсаи сиёсати љањонї сазовори мавќеи хоса гардид.
Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї, ки дар як давраи вазъи мураккаби сиёсии мамлакат бо саъю талошњои Пешвои муаззами миллат ба имзо расонида шуд, дар таҷрибаи ҷаҳони мутамаддин падидаи нодири ба миён овардани сулњу оромї ба шумор рафта, аз нигоњи њуќуќї падидаест, ки омили муњими пешрафту ташаккули давлати адолатпарварро таќвият мебахшад.
|
16-18 майи соли 2017 дар шањри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Конфронси байналмилалї дар мавзўи «Адолати судии конститутсионї: назария ва амалия» ва «Њамоиши њафтуми байналмилалии њуќуќии Петербург» доир гардид.
Дар кори Конфронси байналмилалї, ки 16 май бо ташаббуси Суди конститутсионии Федератсияи Россия доир гардид, намояндагони маќомоти назорати конститутсионии беш аз бист кишвари љањон ва созмонњои бонуфузи байналмилалї, аз ќабили Суди Аврупо оид ба њуќуќи инсон, Суди иќтисодии Авруосиё, Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, Кумита оид ба њуќуќи иќтисодї, иљтимої ва фарњангии СММ, Мудирияти генералї оид ба њуќуќи инсон ва волоияти њуќуќи Шўрои Аврупо, инчунин намояндагони маќомоти њокимияти давлатии Федератсияи Россия иштирок ва суханронї намуданд.
17-18 май Њамоиши њафтуми байналмилалии њуќуќии Петербург дар сатњи баланд бо иштироки беш аз њазор нафар намояндагони кишварњои гуногуни љањон баргузор гардида, дар доираи он мавзуњои мухталифи соњаи њуќуќу сиёсат ва иќтисодиёту иљтимоиёт бо дарназардошти вазъи љањони муосир матрањ гардиданд.
Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар чорабинињои сатњи байналмилалии зикршуда судяи Суди Конститутсионї Даврон Њошимзода намояндагї намуда, бо маърўза дар мавзўи «Адолати судии конститутсионї дар Љумњурии Тољикистон: њолат ва дурнамои рушд» баромад намуд.
Зимни баромад аз љониби Њошимзода Д. ба њозирин иттилоъ оид ба ањамияти ва зарурати пешбурди адолати конститутсионї дар кишвар, таъмини ќонунияти конститутсионї, њолат ва дурнамои рушди падидаи мазкур манзур карда шуд.
|
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар
љаласаи Шӯрои амнияти Љумҳурии Тољикистон
ДУШАНБЕ, 17.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзоёни Шӯрои амният, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, роҳбарият ва масъулони дигар вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд.
Сарвари давлат, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ҷаласа фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакатро дар роҳи таъмини амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва мубориза ба муқобили ҷинояту ҷинояткориҳо натиҷагирӣ намуда, аз тадбирҳои муваффақ ва мавҷудияти як қатор камбудию норасоиҳо дар ин самт ёдовар шуданд.
Дар ҷаласа ба таври муфассал масъалаҳои вобаста ба фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат дар соли 2016 баррасӣ шуда, нақшаи тадбирҳои навбатию иловагӣ дар ин самт барои соли 2017 тарҳрезӣ ва мушаххас гардиданд.
Доир ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, фармондеҳони Гвардияи миллӣ ва Қушунҳои сарҳадӣ Бобоҷон Ҷамолзода ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Директори Агентии назорати маводи нашъаовар Шерхон Салимзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ва дигарон шунида шуд.
Таъкид гардид, ки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва афзоиши хатари равияҳои террористӣ, экстремизми диниву сиёсӣ ва фаъолияти тахрибкоронаи онҳо аз ҳар роҳбари ниҳоду сохторҳои низомию ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва кормандони қатории онҳо ҳисси баланд ва масъулияти бузурги ватандӯстию хештаншиносиро тақозо менамояд.
Барои муқовимати фаъол нишон додан ба кирдорҳои коррупсионӣ, пешгирии амалҳои ношоям дар ин самт, тақвияти муборизаи беамон бар зидди он ва таъмини амнияти иқтисодии давлат зарурияти таҳия ва андешидани чорабиниҳои иловагӣ талаб карда шуд.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин, суистифода аз мансаб, риояи қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнат, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирӣ аз амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани ҷавонон, иштироки онҳо дар низоъҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар муноқишаҳои давлати Сурия, узвияти ҷавонону наврасон дар созмону ташкилотҳои террористию экстремистӣ, таълиму тадриси ҷавонон дар мактабҳои ғайриқонунии динии кишварҳои хориҷӣ, фаъолияти ғайрирасмии масҷид ва дигар муассаҳои динӣ, ҳолатҳои даст ба ҷиноят задании ҷавонону наврасон дар муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ, инчунин сатҳи пасти корҳои тарбиявию тарғиботӣ дар ҷузъу томҳои низомӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳбарони сохторҳои марбута ҷиҳати тақвият бахшидани тадбирҳо барои бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар ин самт вазифадор гардиданд.
Бо ёдоварӣ аз зуҳуроти амалҳои террористию экстремистӣ авзои зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон, таҳаввулоту ҳодисаҳои минтақаҳои гуногуни олам ва афзоиши ҷиноятҳои муташаккил Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омодагии доимӣ ва муқовимати шадид дар мубориза бар зидди ҳар гуна амалу ҳодисаҳои номатлуби ҷаҳони муосир масъулони дахлдорро вазифадор намуданд.
Дастуру супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба пурзӯр намудани қудрати мудофиавии давлат, ҳимояи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, тақвият бахшидани ҳифзи марзи давлатӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ва беҳсозии таъминоти моддию техникии онҳо, таҳкими интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани рӯҳияи маънавӣ, ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва таҷрибаву маҳорати касбии муҳофизони марзу буми кишвар, кормандони мақомоти судӣ, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дода шуд.
Барои бартарафсозии камбудию норасоиҳои мавҷуда ва андешидани тадбирҳои ҷиддию саривақтӣ дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, афзоиши ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, таъмини амнияти иншооти гуногун ва аҳолӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва пешгирию бартарафсозии оқибатҳои ногувори ҳодисаҳои табиӣ роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот вазифадор карда шуданд.

|
13 феврали соли 2017 Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода намояндагони Барномаи «Мусоидат ба давлатдории њуќуќї дар кишварњои Осиёи Марказї»-и GIZ (Љамъияти олмонии њамкории байналмилаллї) Ёрг Пуделка, Лотар Ян, Тильман Шнайдер, Виктор Кесслер ва Абдуразоќ Алимардоновро ба њузур пазируфт.
Зимни вохўрї мавзўњои марбут ба дурнамои њамкорињои дуљонибаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо Барномаи «Мусоидат ба давлатдории њуќуќї дар кишварњои Осиёи Марказї»-и GIZ матрањ гардиданд. Љонибњо аз њамкорињои рушдёбанда тарафайн изњори ќаноатмандї намуда, оид ба таќвияти минбаъдаи онњо изњори розигї намуданд.
Њамчунин дар вохўрї љонибњо оид ба фаъолияти густурдаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар самти таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия изњори андеша намуда, наќши ин маќомоти назорати конститутсиониро дар бартараф кардани номутобиќатии санадњои меъёрии њуќуќї ба Конститутсия муњим ва назаррас арзёбї намуданд.
Дар вохўрї инчунин муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Каримзода Карим, судяи Суди конститутсионї Њошимзода Даврон ва роњбари дастгоњи Суди конститутсионї Гулзода Абдумаљид иштирок намуданд.
|
|
|