НАТИЉАГИРИ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
25 декабри соли 2015 дар толори маљлисгоњи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон маљлиси љамбастии фаъолияти Суди Конститутсионї дар соли 2015 доир гардид.
Маљлисро Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода њусни оѓоз бахшида, иброз дошт, ки соли 2015 новобаста аз вазъи мураккаби љањони муосир ва омилњои манфии иќтисодию молиявї, ба давлат ва Њукумати кишвар муяссар гардид, ки тамоюли мусбати рушди иқтисодии мамлакат ва суботи сиёсию иҷтимоии љомеаро нигоҳ дошта, дар самтҳои гуногуни соњањои хољагии халќ ба натиљањои назаррас ноил гардад.
Татбиќи бомароми њадафњои созандаю бунёдкоронаи давлат ва Њукумат ва дар ин роњ андешидани силсилаи тадбирњо бобати беҳтар гардидани вазъи некўањволии халќ, таќвияти манфиатҳои миллӣ, тањкими сулњу субот ва якпорчагию ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва идомаи пешбурди сиёсати мутавозини дарњои кушод аз дурустии сиёсати роњбарияти сиёсии кишвар шањодат медињад.
Дар ин сол якдилона Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат эътироф гардидани Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон натиљаи ќадрдонии талошу зањматњои пайгиронаи Сарвари давлат дар роњи эъмори давлати миллї, ки љавњари аслии онро низоми демократию њуќуќбунёд ташкил медињад, мањсуб ёфта, ифтихори њар як фарди бо нангу номуси кишвар мебошад.
Маъракањои бузурги сиёсию фарњангї, аз љумла дар фазои озоди демократї ва шаффоф баргузор гардидани интихоботи вакилони мардумї ба маќомоти олии намояндагї ва ќонунгузории кишвар, маќомоти намояндагии мањаллии њокимияти давлатї ва худидоракунии шањраку дењот нишон дод, ки равандњои демократї дар кишвар тањким ёфта, заминањои љомеаи шањрвандї, принсипи гуногунандешии сиёсї ва маърифати њуќуќии љомеаи Тољикистон рўз аз рўз ташаккул меёбанд.
Бо шукўњу шањомати хоса ва дар сатњи олї таљлил гардидани 3000-солагии Њисори Шодмон ва 700-солагии олим ва мутафаккири барљастаи тољик Мир Сайид Алии Њамадонї аз чорабинињои муњими фарњангии сол ба шумор рафта, аз таърихи пурѓановат ва фарњанги оламшумули миллати тољик гувоњї медињанд.
Дар арафаи таљлили љашнњои умумимиллї ба истифода додани роњњои сатњи байналмилалии ањамияти стратегидошта, корхонањои саноатї, марказњои фарњангию фароѓатї ва дар онњо бо љойи кори доимї ва музди мењнати мувофиќ таъмин кардани шањрвандони кишвар, нишонаи амалишавии њадафњои конститутсионии давлати иљтимої ба шумор меравад.
Бо дастгирии Президенти Љумњурии Тољикистон бо иштироки намояндагони маќомоти назорати конститутсионии зиёда аз бист кишвари љањон ва созмонњои бонуфузи байналмилалї, роњбарон ва намояндагони маќомоти гуногуни њокимияти давлатї ва олимону мутахассисони соњаи њуќуќи ватанї бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Суди Конститутсионї баргузор гардидани Конфронси байналмилалї, аз мавќеи намоёни ин маќомоти назорати конститутсионї дар низоми њокимияти давлатї шањодат медињад.
Иштирок ва суханронии Сарвари давлат дар ин чорабинии сатњи байнамилалї оид ба суннатњои давлату давлатдории тољикон, Истиќлолияти давлатї ва наќши он дар бунёди давлати миллї, ќабули Конститутсия дар асоси меъёр ва принсипњои умумиэътирофшудаи љомеаи башарї ва назаррас арзёбї намудани фаъолияти њокимияти судї, аз љумла Суди Конститутсионї ба иштирокдорони Конфронс як љањон таассуроти тоза бахшид.
Аз натиљаи кори ин чорабинии сатњи байналмилалї ва мавзўњои дар он матрањ гардида, хулоса ва тавсияњои конфронси Душанбегї оид ба рушд ва тањкими фаъолияти маќомоти назорати конститутсионї ќабул гардиданд, ки онњо дар ташаккули фаъолияти минбаъдаи маќомоти назорати конститутсионї, рушди ќонунгузорї ва таъмини њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд мусоидат хоњанд кард.
Сипас оид ба натиљаи фаъолияти Суди Конститутсионї дар соли 2015 муовини Раис – Каримзода К.М. ва оид ба фаъолияти дастгоњи Суди Конститутсионї – роњбари дастгоњ Гулзода А.А. баромад намуданд.
Зимни баромадњо ќайд гардид, ки дар соли 2015 Суди Конститутсионї дар асоси дархости субъектњои њуќуќ бо маќсади муайян намудани мувофиќати санадњои меъёрии њуќуќї ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон панљ адад парвандаро баррасї карда, нисбат ба онњо ќарор ва таъинотњои дахлдори судї ќабул намуд.
Чунончи, Суди Конститутсионї дархости директори генералии Љамъияти сањомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» Файзуллоев Б.Њ.-ро «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии мањсулот (кору хизматрасонї) дар корхонањо ва ташкилотњои Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 12 майи соли 1999, №210 тасдиќ карда шудааст, ба моддањои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, ќайд кард, ки таъмини амалишавии кафолати фаъолияти озоди иќтисодї ва соњибкорї, баробарњуќуќї ва њифзи њуќуќии њамаи шаклњои моликият, аз љумла моликияти хусусї, инчунин таъмини иљрои уњдадории пардохти андоз ва дигар пардохтњои муќарраркардаи ќонун, яке аз вазифањои муњими давлати иљтимої ба шумор меравад.
Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии мањсулот дар корхонањо ва ташкилотњои Љумњурии Тољикистон на санади муќарраркунандаи андоз ва уњдадорињои андозї, балки санади меъёрии њуќуќии муайянкунандаи арзиши асосноки аслии мањсулот ба њисоб меравад.
Низомномаи зикршуда тартиби њисобкунии илман асосноккардашудаи арзиши аслии мањсулот, аз љињати иќтисодї асоснок кардани нархњо ва номгўи харољоти ба арзиши аслии мањсулот дохилшавандаро муайян карда, ягон уњдадории андозро нисбат ба субъектњои андозсупоранда муќаррар намекунад.
Бинобар ин, Суди Конститутсионї бо ќарори худ аз 28 майи соли 2015 банди 7 Низомномаи зикршударо ба моддањои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќ арзёбї намуд.
Инчунин Суди Конститутсионї парвандаро аз рўи дархости шањрванд Муллољонова Ф. «Дар бораи муайян намудани мувофиќати ќисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ба моддаи 14, ќисми 1 моддаи 17 ва ќисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, зикр кард, ки дар низоми њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд, њуќуќ ба кафолати њифзи судї мавќеи марказиро ишѓол менамояд.
Чунин кафолат аз хусусияти давлати демократї, њуќуќбунёд ва иљтимої будани Тољикистон, ки дар он инсон ва њуќуќу озодињои ў дар сатњи Конститутсия арзиши олї эътироф шудаанд, маншаъ гирифта, бе амалї намудани он бунёди љомеаи воќеан адолатпарвару озод ѓайриимкон мебошад.
Ќисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи њуќуќвайронкунї, ки дархосткунанда онро мавриди бањс ќарор додааст, асосњоеро пешбинї менамояд, ки онњо ба сифати њолатњои нав ошкоршуда маънидод гардида, зимни мављудияти онњо, пешбурди парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї метавонад аз нав сар карда шавад. Аз ин лињоз, муќаррароти ќисми 2 ин модда ба њељ ваљњ наметавонад њуќуќи шахсро ба њимояи судї мањдуд намояд, балки ба шахс имконият медињад, ки тавассути мубоњисањои судї бинобар њолатњои нав ошкоршуда бегуноњии худро исбот намояд.
Бинобар ин, Суди Конститутсионї дар меъёрњои ќисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи њуќуќвайронкунии маъмурї, ки мувофиќати он ба моддаи 14, ќисми 1 моддаи 17 ва ќисми 1 моддаи 19 Конститутсия боиси бањси мурољиаткунанда ќарор дода шудааст, поймол ва мањдуд гаштани њуќуќњои шахсро ба њифзи судї ошкор накард ва бо ќарори худ аз 22 майи соли 2015 меъёри мазкурро ба Конститутсия мувофиќ донист.
Њамзамон, Суди Конститутсионї бо дарназардошти таъмини принсипи конститутсионии кафолати њифзи судии њуќуќу манфиатњои ќонунии шахсони воќеию њуќуќї, љињати боз њам мушаххас ва мукаммал намудани њолатњое, ки барои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї асос мегарданд, аз љониби Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Тољикистон таљдиди назар ќарор додани ќисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистонро мувофиќи маќсад шуморид.
Суди Конститутсионї нисбат ба се парванда бинобар ба салоњияташ дохил набудани мавзўи мурољиат, асосноку мушаххас набудани моњияти талаб, инчунин гузаштани муњлати мурољиат ба Суди Конститутсионї дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї таъинот ќабул намуд.
Суди Конститутсионї дар доираи салоњияти конститутсионии худ бо маќсади муайян намудани мувофиќати санадњои меъёрии њукуќї ба Конститутсия, 68 санадњои меъёрии њуќуќии маќомоти мањаллии њокимияти давлатии вилоят ва шањру ноњияњои љумњуриро мавриди омўзиш ќарор дода, диќќати масъулинро барои бартараф кардани камбудињои љойдошта љалб намуд. Дар асоси пешнињодњои Суди Конститутсионї камбудињои дар санадњои меъёрии њуќуќї љойдошта бартараф карда шуданд.
Дар соли 2015 ба Суди Конститутсионї зиёда аз 300 нафар шахсони воќеию њуќуќї тариќи шифоњию хаттї оид ба масъалањои гуногун мурољиат намуданд, ки ин мурољиатњо тибќи тартиби муќарраргардида мавриди баррасї ќарор дода шуданд. Ба истиснои мурољиатњои шањрвандон ва шахсони њуќуќї, ба Суди Конститутсионї, инчунин 2450 санадњои меъёрии њуќуќї ва мактубу дигар њуљљатњо ворид шуданд, ки вобаста ба хусусияташон нисбат ба онњо тадбирњои зарурї роњандозї гардиданд.
Аз љониби Суди Конститутсионї ба маќомоти гуногуни њокимияти давлатї ва шахсони воќеию њуќуќї 655 мактуб оид ба масъалањои дахлдор ирсол карда шудааст.
Дар ин сол тавассути почтаи электронї ба Суди Конститутсионї 1030 мактубњо ворид шуда, 490 мактубњо ба дохил ва хориљи кишвар ирсол гардиданд.
Ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси Суди Конститутсионї китоби љашнї: «Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон: 20 соли рушд ва тањким» бо се забон рўи чоп оварда шуд, ки дар он иттилооти дахлдор оид ба таърихи таъсиси Суди Конститутсионї, њайат, фаъолият, њамкорињои байналмилалї ва наќши санадњои судї дар тањкими ќонунияти конститутсионї инъикос гардидааст.
Китобњои «Маљмўаи ќарорњои Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон 1996-2015» ва «Маљмўаи таъинотњои Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон 1996-2015» бо ду забон нашр карда шуданд, ки дар он санадњои судї, ки аз давраи таъсис то ба имрўз ќабул гардидаанд, гирд оварда шуданд.
Натиљаи баргузории Конфронси байналмилалї дар шакли китоби алоњида «Маводњои конфронси байналмилалї бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар мавзўи «Адолати судии конститутсионї – кафолати таъмини волоияти Конститутсия» рўи чоп оварда шуда, суханронии Президенти Љумурии Тољикистонро бо се забон ва маърўзањои дигар иштирокдорони конференсияро дар бар мегирад.
Дар доираи њамкорињои байналмилалї миёни Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Палатаи Конститутсионии Љумњурии Ќирѓизистон зимни ташрифи Раиси Палатаи Конститутсионии Ќирѓизистон ба шањри Душанбе Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї ба имзо расид, ки ин санад барои густариши њамкорињо байни маќомоти назорати конститутсионии ду кишвар наќши муњим хоњад бозид.
Бо маќсади иштирок ва маърўза дар чорабинињои мухталифи маќомоти назорати конститутсионии давлатњои хориљї намояндагони Суди Конститутсионї ба љумњурињои Арманистон, Индонезия, Ќазоќистон, Туркия, Ўзбекистон, Фаронса, Хитой ва Швейтсария сафари корї анљом доданд.
Маќолањои зиёди судяњо ва кормандони дастгоњи Суди Конститутсионї бахшида ба таљлили 20-солагии Суди Конститутсионї, солгарди ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва дигар мавзўњои муњим дар рўзномаю маљаллањои кишвар ва хориљ аз он рўи чоп оварда шуданд.
Бо маќсади тарѓибу ташвиќи меъёрњои Конститутсия ва фањмондадињии наќши Суди Конститутсионї дар таъмини волоияти Конститутсия миёни ањолии кишвар, ки иќдоми њамешагии Суди Конститутсионї мебошад, намояндагони Суди Конститутсионї дар конфронсњои зиёди илмї-амалии љумњуриявї, чорабинињои вазоратњои адлия, корњои дохилї, мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия, Маркази тадќиќоти стратегї, Маркази исломшиносї, Донишгоњи технологии Тољикистон, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллї, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањрњои Вањдат, Ќўрѓонтеппа, Сарбанд, Турсунзода, Хоруѓ, ноњияњои Бохтар, Варзоб, Вахш, Роштќалъа, Рўдакї, Њисор, Љ. Румї ва дигар маќомоти давлатї иштирок ва суханронї намуданд.
Бо ташаббуси Суди Конститутсионї 1-2 декабри соли 2015 дар шањрњои Ќўрѓонтеппа ва Кўлоби вилояти Хатлон бо маќсади ба субъектњои њуќуќ фањмондадињии мазмуну муњтавои Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон» ва тартиби мурољиат ба Суди Конститутсионї мизњои мудаввар доир гардиданд. Дар кори онњо раисон ва судяњои суди вилояти Хатлон, шањрњои Ќўрѓонтеппа, Кўлоб, ноњияњои Абдурањмони Љомї, Бохтар, Вахш, Восеъ, Мир Сайид Алии Њамадонї, Мўъминобод, Љалолиддини Румї, Шўрообод, намояндагони раёсати Шўрои адлия дар вилояти Хатлон, раёсати адлияи Вазорати адлия дар вилояти Хатлон, судиљрочиён, адвокатњо, намояндагони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шањрњои Ќўрѓонтеппаю Кўлоб иштирок намуданд.
Соли љорї сомонаи Суди Конститутсионї фаъол буда, шањрвандони зиёд аз ахбороте, ки дар он бо забонњои давлатї, русї ва англисї оид ба пањлуњои муњими фаъолияти Суди Конститутсионї инъикос шудааст, ба тавре васеъ истифода бурданд. То ба имрўз зиёда аз 150 000 нафар шањрвандон бо сомонаи Суди Конститутсионї шиносої пайдо намуда, аз маълумоти дар он гирдовардашуда истифода намудаанд.
Дар хотимаи маљлис Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода ба коллективи Суди Конститутсионї барои фаъолияти пурсамар изњори минатдорї карда, иброз дошт, ки умуман, фаъолияти густурдаи Суди Конститутсионї ва такмил ёфтани заминаи њуќуќии фаъолияти ин маќомот ба он мусоидат кард, ки дар муддати кўтоҳ ин маќомот барои тањкими ќонунияти конститутсионї дар кишвар, таъмини волоияти ќонун ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд кўшишњои зиёдеро ба харљ дода, роҳу усулҳои самарабахши ҳамкории байналмилалиро бо маќомоти њамшабењи давлатњои хориљи кишвар муайян намуд.
Аз натиљаи баргузории маљлиси умумии кормандони Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон ќарори далхдор ќабул гардид.
|