Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
НИШОНАИ МО
734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48
тел: 221-61-96,
факс:(÷992 37) 221-29-28
E-mail: constcourt.tj@mail.tj
Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 3) 2016 |
АХБОРИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
(№ 3) 2016
Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд. (моддаи 10 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон)
АХБОРИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
Маљаллаи илмию иттилоотї
Сармуњаррир:
Мањмудзода М.А. Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор
Њайати тањририя: Каримзода К.М. муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, номзади илмњои сиёсї Њошимзода Д.Д. судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, номзади илмњои њуќуќ Сотиволдиев Р. Ш. раиси Шўрои илмї - машваратии назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи ДМТ, доктори илмњои њуќуќ, профессор Искандаров З.Њ. узви Шўрои илмї - машваратии назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессори кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории ДМТ
Мундариља
Каримзода К.М. Ислоњоти судї-њуќуќї ва рушди маќомоти назорати конститутсионї дар Тољикистон………….……...................................................................... 4 Ѓаюров Ш.К. Мафњум ва хусусиятњои Палатаи њисоб дар Љумњурии Тољикистон……………………………………………… ...................... 14
Ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон
Аз рўи дархости директори генералии Љамъияти дорои масъулияти мањдуди «Наљот»-и шањри Исфара Исомадинова Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати сархатњои чорум, чордањум ва њабдањуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воњиди давлатии «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї», ки бо фармоиши Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиќ карда шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон».............................. 22
Таъиноти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон
Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Идиев А. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати ќисми 2 моддаи 4 «Муќаррароти хотимавї»-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи ќабул ва мавриди амал ќарор додани Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон» ва ќисми 2 моддаи 365 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ба моддањои 19, 20 ва 45 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон»............................................................................ 38 Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Њасанов Н. «Дар хусуси бар хилофи моддаи 20 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон будани таъиноти суди шањри Хуљанд аз 5 октябри соли 2015, ќарори коллегияи судї оид ба парвандањои граждании суди вилояти Суѓд аз 11 декабри соли 2015, таъиноти судяи суди вилояти Суѓд Воситзода А. аз 20 январи соли 2016 ва таъиноти судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон Ќодирзода Т.Ќ. аз 19 апрели соли 2016»............................................... 43
Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон
Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон.................. 50
Каримзода К.М.
Муовини Раиси Суди
конститутсионии
Љумњурии Тољикистон,
номзади илмњои сиёсї
ИСЛОЊОТИ СУДЇ-ЊУЌУЌЇ ВА РУШДИ МАЌОМОТИ НАЗОРАТИ КОНСТИТУТСИОНЇ ДАР ТОЉИКИСТОН
Конститутсияи мамлакат вазифаи нињои халќи тољикро бунёди љомеаи адолатпарвар ва давлати иљтимої, ки он барои њар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароњам меорад, арзёбї намуда, сиёсати давлатии Љумњурии Тољикистонро ба таври кулл, роњњо ва тартиби расидан ба ин њадафи олї ва нињоии давлатро пешбинї менамояд. Бо ин назардошт, Конститутсия њамчун мафкураи навишташудаи давлатї, ки дар он самтњо ва љабњањои асосї ва стратегии рушди давлатдории миллї, дарёфт ё шинохти худ њамчун миллат, масъулияти муштараки халќ ва њокимият дар бунёди љомеаи иљтимої ва шањрвандї, муттањид намудани манфиатњои тамоми ќувва, табаќаву гурўњњои иљтимоии љомеа ва расидан ба ормонњои миллї инъикоси худро ёфтаанд, бузургтарин манбаи сиёї ва иљтимої ба њисоб меравад. Он њамчун њуљљати сиёсї ва њамчун санади меъёрии њуќуќии эътибори олии њуќуќї дошта,[1] дар низоми шаклњои ба амал баровардани сиёсати њуќуќї њамчун назария (консепсия), мафкура ва доктрина наќши арзанда дорад. Вобаста ба ин, бунёди давлати демократї, њуќуќбунёд ва иљ- тимоиро дар тамоми давлатњо, аз љумла дар Љумњурии Тољикистон бе њокимияти судї, ки он аз љониби суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз ва тибќи ќонун таъсисёфта ба амал бароварда мешавад, тасаввур кардан имкон надорад. Њамчунин, имрўзњо Конститутсияеро вохўрдан мумкин нест, ки дар он таљзияи њокимияти давлатї ба се шохаи алоњида ва наќши њокимияти судї дар рушду нумўъи давлат тавассути боздориву мувозина мавриди танзим ќарор нагирифта бошад. Мањз њамин арзиши барои бунёди давлати демократї ва њуќуќбунёд муњим ва аввалиндараљаи аз љониби љомеаи љањонї эътирофшуда ва њамчун меъёр ва принсипи императивї дар моддаи 9 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон эълон кардашуда, заминаи воќеї ва кафолати дар низоми њокимияи давлатї вуљуд доштан, амал намудан ва ба хотири њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд тањким ёфтани њокимияти мустаќили судї ба шумор меравад. Ислоњоти судие, ки солњои охир дар мамлакат љињати боз њам такмил додани њокимияти судї, ба стандартњои мављуда ва механизми муњимтарини њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд табдил додани суд гузаронида шудаанд ва минбаъд низ идома меёбанд, аз њамин принсипи конститутсионї сарчашма мегиранд, ки наќши он дар давлатсозї њанўз аз ќарнњои дур то инљониб таъкид карда мешавад. Ба назарияи мазкур дахл карда, њанўз таърихшиноси Юнони ќа- дим Полибий (200-120 то солшумории мо) аз низоми мављудаи таќсимоти њокимият миёни маќомоти гуногуни давлатї дар республикаи Рим изњори ќаноатмандї мекард. Ў навишта буд, ки њокимият дар ин давлат чунон таќсим шу- дааст, ки ягон ќисми таркибиаш аз дигараш боло нест. Бо њамин, гўё давлат ба монанди киштии ба муќобили бодшинодошта дар њолати баробарларзишї ва баробарвазнї ќарор дорад.[2] Ш. Монтескье дар китоби худ «Оид ба рўњи ќонунњо» (1748) назарияи таљзияро ба дараљаи мантиќии худ расонида, таъкид мекард, ки «озодї дар њама гуна шакли идоракунї мумкин аст, ба шарте, ки дар давлат њуќуќи тавассути таљзияи њокимияти давлатї ба ќонунгузорї, иљроия ва судї ва боздориву мувозинат кафолатдодашуда њукмфармо бошад.»[3] Д. Медисон яке аз муаллифони Конститутсия ИМА, ки ўро падари Конститутсияи ИМА меноманд, мегуфт, ки «як идора аз болои дигараш бояд назорат кунад», А.Њамилтон бошад таъкид мекард, ки Ассамблеяи демократї бояд аз тарафи Сенати демократї ва њар дуи он њо аз тарафи рукни судї бояд зери назорат бошанд». Р.А.Папаян чунин мешуморад, ки решањои низоми таљзияи њокимиятро бояд дар худи Библия дарёфт ва он ба хулоса омадааст, ки «… дар сегонаи Худо-Падар, Худо-Писар ва Худо-Рўњи Муќаддас се шохаи њокимияти осмонї, ки эквиваленти осмонии њокимияти ќонунгузорї, судї ва иљроия ба њисоб мераванд, ифодаи худро ёфтаанд.»[4] Бояд зикр кард, ки назарияи таљзия дар тамоми тўли таърихи давлатдории тољикон, алалхусус дар давраи дар њайати Иттињоди Шўравї будани он низ барои давлатдории мо бегона буд ва бори аввал дар банди 3 Эъломияи истиќлолияти Љумњурии Тољикистон аз 24 августи соли 1990 пешбинї гардид, ки тибќи он «њокимияти давлатї дар Љумњурии Тољикистон тавассути њокимияти ќонунгузорї, иљроия ва судї ба амал бароварда мешавад». То ќабули Эъломия мафњуми њокимияти судї, аз љумла маќомоти назорати конститутсионї дар ќонунгузорї ва адабиёти илмї во намехурд ва фаъолияти њуќуќии суд њељ гоњ ба сифати њокимият арзёбї намегардид. Суд гуфта - ба амал баровардани алолати судї, яъне тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории мурофиавї дидани корњои гражданї ва љиноятї фањмида мешуд. Таъиноти асосии суд чун дигар маќомоти њифзи њуќуќ: арбитраж, нотариат, прокуратура, маќомоти корњои дохилї, амният в ѓ. ба њифзи тартиботи њуќуќї нигаронида шуда буд ва чуноне ки В.В. Ершов ќайд менамояд, «то соли 1990 дар ќонунгузорї ва адабиёти илмї ба сифати яке аз маќомоти њифзи њуќуќ њисоб намудани суд љои тааљљуб нест.»[5] И.П. Петрухин ташаккули њокимияти судиро ба иродаи сиёсии давлат вобаста медонад. Ба андешаи ў «ташаккули њокимияти судї - чун ќоида натиљаи худмањдудкунии давлат аст, ки ба маќоми мустаќил ва ќудратманд-суд-барои аз болои худ назорат бурданро иљозат медињад.»[6] Боиси зикр аст, ки дар Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон аз 23 июни соли 2007 ба такмил дода шудани салоњияти Суди конститутсионї барои боз њам пурра ва самаранок истифода бурдани назорати судии конститутсионї ањамияти љиддї дода шуд. Дар Барнома ќайд гардидааст, ки: «бо дарназардошти таљриба ва амалияи фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва таѓйиротњои сифатан куллие, ки дар њаёти сиёсї ва иљтимоии кишвар таи солњои охир рух доданд, зарур аст, ки салоњияти Суди конститутсионї бо додани хулоса оид ба лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин лоињаи ќонунњо ва дигар масъалањое, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешнињод карда мешаванд, мукаммал карда шавад. Зарурати додани хулосаи Суди конститутсионї оид ба лоињаи таѓйироту иловањое, ки ба Конститутсия ворид мегарданд ва масъалањое, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешниҳод мешаванд ба он вобаста аст, ки ин пешнињодњо ба принсипњо ва арзишњои асосии Конститутсия мувофиќ бошанд». Ин пешнињод 20 марти соли 2008 ба Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсиони Љумњурии Тољикистон» ворид карда шуда, дар татбиќи принсипи таљзияи њокимияти давлатї ва таъмини баробарии се шохаи њокимияти давлатї дар таќдири таѓйиру иловањои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин лоињаи ќонунњо ва дигар масъалањое, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешнињод карда мешаванд, ањамияти калонро соњиб гардид. Зеро то ин дам, тибќи моддаи 99 Конститутсия таѓйиру иловањо ба Конститутсия аз љониби Президенти Љумњурии Тољикистон ва њадди аќал аз се як њисаи умумии аъзо ва ваклилони Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон пешнињод карда шуда, дар ин раванд њокимияти судї иштирок надошт. Бо назардошти ин таѓйиру иловањо, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон пешнињоди аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистонро дар хусуси ворид намудани таѓйиру иловањоро ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дида баромада, 4 феврали соли 2016 бо ќарори худ ин пешнињодњоро ба Конститутсия мутобиќ њисоб намуд. Бо назардошти ќарори Суди конститутсионї, Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњуриии Тољикистон 22 майи соли 2016-ро рўзи раъйпурсии умумихалќї оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Конститутсия эълон намуда, мардуми шарафманди Тољикистон онњоро дар раъйпурсии умумихалќї пурра љонибдорї намуд. Муњимтарин меъёри конститутсионї, ки чун принсипи таљзияи њокимияти давлатї хусусияти универсалї дошта, асоси фаъолияти Суди конститутсиониро ташкил медињад, ин принсип ё меъёри императивии пешбининамудаи ќисми якуми моддаи 10 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мебошад, ки тибќи он: «Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд. Ќонунњо ва дигар санадњои њуќуќие, ки хилофи Конститутсияанд эътибори њуќуќї надоранд.»[7] Моддањои 14, 17, 19, 21, 55, 56, 69, 72, 84, 87, 88-91-и Конститутсия тартиби ташкил, принсипи фаъолият ва салоњияти њокимияти судї, аз љумла Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро муайян намуда, танзими мушаххаси њуќуќии худро дар Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», дигар ќонунњои конститутсионї оид ба судњо ва ќонунњои мурофиавї ёфтанд. Маълум аст, ки њокимияти судї дар Тољикистон тавассути низоми маќомоти судии пешбининамудаи Конститутсия, ки барои ба амал баровардани адолати судї ташкил карда шудаанд, ба амал бароварда мешавад. Адолати судї - намуди фаъолияти давлатї аст, ки барои баррасї ва њаллу фасли муноќишањои гуногуни иљтимоии ба вайронкунии воќеї ё дарназардошташуда алоќаманд, равон карда шудааст. Махсусияти адолати судї дар он ифода меёбад, ки он аз љониби маќомоти махсуси давлатї- судњо аз номи давлат бо роњи баррасии парвандањои конститутсионї, шањрвандї, љиноятї, маъмурї оилавї дар мурофиаи судї ва шакли мурофиавии муќаррарнамудаи ќонун амалї карда мешавад.[8] Дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон як ќатор меъёрњо ва принсипњо аз ќабили: -бевосита амалї гаштани њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ва ба воситаи њокимияи судї њифз шудани онњо (мод.14); -мустаќил будани њокимияти судї, аз номи давлат ва аз тара- фи судяњо амалї гардидани он (мод.84); -аз тарафи Суди конститутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Суди њарбї, Суди Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои вилоят, шањри Душанбе, шањр ва ноњия, Суди иќтисодии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои иќтисодии вилоят ва шањри Душанбе амалї намудани адолати судї ва манъ будани ташкили суди фавќулодда; -мустаќил будани судяњо ва дар фаъолияти худ танњо ба Конститутсия ва ќонун итоат намудани онњо; -манъ будани дахолат ба фаъолияти судяњо (мод.87); -ба таври дастљамъї ва ё танњо баррасї кардани парвандањо аз љониби судяњо; -сурат гирифтани мурофиа ба тарзи мубоњиса ва дар асоси баро- барии тарафњо; ба тарзи ошкоро гузаронидани мурофиа дар њамаи судњо, ба ис- тиснои мавридњое, ки ќонун муайян кардааст; -ба забони давлатї ва ё забони аксарияти ањолии мањал баргузор гаштани мурофиа; -бо тарљумон таъмин кардани шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд (мод.88) муќаррар карда шудаанд. Ин принсипњо новобаста аз мављудияташон дар ќонунњои конститутсионї оид ба судњо ва кодексњои мурофиавї бевосита амал намуда, дар ташкили хокимияти судї, фаъолияти мустаќили судяњо наќши калидї доранд ва дар Барномањои ислоњоти судї-њуќуќї ба татбиќи амалии онњо ањамияти љиддї дода шудааст. Њамин тариќ, давлат ва роњбарияти сиёсии Тољикистон садоќати худро ба арзишњои эътирофшудаи умумибашарї, ки натиљаи рушду инкишофи афкори сиёсї ва њуќуќии инсоният мебошанд, иброз дошта, онњоро эътироф ва дар Конститутсия дар боби асосњои сохтори конститутсионї ва дигар бобњои вобаста ба фаъолияти маќомоти њокимияти давлатї љой доданд. Бо њамин барои рушд ва тањкими њокимияти судї дар мамлакат имконияти васеъ фароњам оварда шудааст. Дар моддаи 89 Конститутсия салоњияти Суди конститутсионї пешбинї гардид, ки он аз муайян намудани мувофиќати ќонунњо, санадњои њуќуќии якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон, Маљлиси миллї, Маљлиси намояндагон, Президент, Њукумат, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї ва дигар маќомоти давлатию љамъиятї, ќарордодњои ба ќувваи ќонун надаромадаи Тољикистон ба Конститутсия, њалли бањсњои байни маќомоти давлатї доир ба салоњияти онњо ва иљрои ваколатњои дигаре, ки Конститутсия муайян кардаанд, иборат аст.[9] Конститутсия санадњои Суди конститутсиониро ќатъї эълон намуд. Чунин муќаррароти Конститутсия таќозо менамояд, ки санадњои меъёрии ќабулкардаи маќомоти ќонунгузор, дигар маќомоти њуќуќї ташаббуси ќонунгузорї ва салоњияти ќабулу тасдиќи санадњои меъёрии њуќуќї дошта ба Конститутсия мутобиќ бошанд. Тибќи Ќонуни конститутсионї дар бораи Суди конститутси- онї, Суди конститутсионї њамчун маќоми мустаќили њокимияти судї бо маќсади њифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд таъсис гардидааст. Њамин тариќ, њифзи Конститутсия таќозо намуд, ки дар Љумњурии Тољикистон маќоми махсуси босалоњият, мустаќил ва беѓарази назорати конститутсионї таъсис дода шуда, вазифаи муњим ва муќаддас ба уњдааш вогузор карда шавад. «Фаъолияти беш аз 10 солаи Суди конститутсионї зарурат ва ањамияти онро дар давлатдории навини Тољикистон собит сохта, инчунин нишон дод, ки вобаста ба инкишофу пешрафти љомеа наќш ва маќоми Суди конститутсионї бояд тањким ёбад», омадааст дар Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї барои солњои 2007-2010. Дар даврони истиќлолияти давлатї бо ќабули барномањои давлатї оид ба ислоњоти судї-њуќуќї (2007, 2011, 2015 ) ва тањкими ќонунгузорї дар бораи Суди конститутсионї, салоњияти Суди конститутсионї ва доираи субъектоне, ки њуќуќи ба Суди конститутсионї мурољиат карданро доранд, љиддан васеъ гардид. Шањрвандон њуќуќ пайдо намуданд, ки мутобиќати њама гуна санадњои меъёрии њуќуќиро ба Конститутсия (пеш њуќуќ доштанд, ки танњо муайян намудани мутобиќати ќонунњоро ба Конститутсия талаб намоянд), ки нисбаташон татбиќ намудаанд, аз Суди конститутсионї талаб намоянд. Њамчунин дар баробари судњои љумњурї, судяњо низ њуќуќ пайдо намуданд, ки дар хусуси ба Конститутсия мутобиќ будани ќонун ва дигар санади њуќуќї ва тавзењоти дастурии Пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки онњо дар парвандаи мушаххас татбиќ намудаанд ё татбиќ менамоянд, ба Суди конститутсионї мурољиат намоянд. Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон ба сифати субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї пазируфта шуд. Таѓйиру иловањои ба Ќонуни конститутсионї воридкардашуда, аз мавќеи муассири Суди конститутсионї дар низоми њокимияти давлатї ва судї, садоќати давлати Тољикистон ба арзишњои эътирофшудаи умумибашарї, инчунин рушду нумўъи институтњои демократї дар Љумњурии Тољикистон шањодат медињанд ва чунонеки Президенти Љумњурии Тољикистон таъкид доштанд: [1] Ниг. Конститутсияи Љумњурии Тољикистон. Душанбе-2003. Сањ 9.
[2] Общая теория государства и права. Академический курс в двух томах. Учебник для вузов. Том 1. Ответ. ред. проф. М.Н. Марченко. Москва. Зерцало 1998. - С. 378. [3]Ведяхина К.В. Разделение властей как принцип российского права. Дайджест официальных материа- лов и публикаций в периодической печати. Конституционное правосудие в странах СНГ и Балтии, 2002 № 16. [4] Папаян Р.А. Христианские корни современного права. М.: «Норма», 2002. С.218. [5] Ершов В.В. Суд в системе органов государственной власти// Государство и право.1992. № 8-С. 33. [6] Петрухин И.П. Проблема судебной власти в современной России// Государство и право. 2000.№ 7.- С.15.
[7] Ниг. Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон. Душанбе-2003.- С. 9-10. [8] Ниг. Козлова Е.И.,Кутафин О.Е. Конституционное право Россия: учеб.-4-е изд., переаб. и доп.-М.: Прос- пект, 2010.- С. 529.
[9] Конститутсияи Љумњурии Тпљикистон. Душанбе-2003. С.29.
«дар низоми судии кишвар Суди конститутсионї маќоми махсус дорад ва яке аз вазифањои аввалиндараљаи он таъмини волоияти Конститутсия дар низоми санадњои меъёрии њуќуќї мебошад.»[1] Вобаста ба ин, Суди конститутсионї тариќи мурофиаи судии конститутсионї пайи њифзи Конститутсия, ки он инъикосгари истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон аст, фаъолият дорад ва мављудияти он дар низоми њокимияти давлатї ва судї яке аз нишонањои давлати демократию њуќуќбунёд арзёбї мегардад. Фаъолияти зиёда аз бистуяксолаи он нишон дод, ки масъалањои баррасї намудаи он дар таъмини волоияти Конститутсия, тањкими ќонунияти конститутсионї ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ва бо њамин таъмини истиќлолияти давлатї наќши муњим бозиданд. Фаъолияти Суди конститутсионї ба он равона гардидааст, ки дар љомеа фазои ягонаи ба њам алоќаманд ва беихтилофи њуќуќї арзи вуљуд дошта бошад, ки он дар навбати худ барои пешрафти босуръати њаёти сиёсию иќтисодї, иљтимоию фарњангии мамлакат ва таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд шароити заруриро муњайё месозад. Суди конститутсионии Љумњуриии Тољикистон низ ќисми људонашавандаи њокимияти давлатї ва судї мањсуб меёбад ва табиист, ки фаъолияти он вобаста ба пешрафти давлат ва љомеа, тањким ёфтани асосњои демократии сохтори конститутсионї, боло рафтани ањамияти њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ва дастрасии шањрвандон ба суд бењбудї ва тањким бахшиданро таќозо менамояд. Аввалин Ќонуни конститутсионии Љумурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон с.1995, № 21, м.223) ќабул гардид, ки он ба сатњи донишњои назариявї, консептуалї ва амалию њуќуќии замони ќабулаш пурра мувофиќат дошт. Баъд аз ќабули Ќонуни мазкур, бо ќонунњои конститутсионї ба он 12 маротиба 132 таѓйироту иловањо ворид карда шуданд, ки онњо инъикоси демократикунонии минбаъдаи њаёти љомеаи Тољикистон, раванди ислоњоти конститутсионї дар мамлакат, рушду тањкими институтњои демократї ва њокимияти давлатї, танзими фаъолияти мурофиавии Суди конститутсионї, вазъи иљтимоии судяњо, тањкими салоњияти Суди конститутсионї, инчунин боло рафтани сатњи донишњои назариявї, консептуалї ва амалии мутахассисони соњаи њуќуќи конститутсионии мамлакат ва судяњои Суди конститутсионї ба шумор мераванд. Дар Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї барои солњои 2011-2013 аз 3 январи соли 2011 тањияи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» низ пешбинї гардид. Ќонуни конститутсионии мазкур бо дастгирии тамоми њуќуќшиносони маќомоти давлатї, олимону мутахассисони муассисањои олии мамлакат, олимону коршиносони хориљї аз Комиссияи Венетсиании Шурои Аврупо ва Љамъияти олмонии њамкории байналмилалї тањия гардида, он 26 июли соли 2014 ќабул гардид ва мавриди амал ќарор дорад. Ќонуни конститутсионї аз 15 боб ва 86 модда иборат буда, сох- тори он нисбат ба Ќонуни конститутсионии амалкунанда, ки аз 11 боб ва 63 модда иборат аст, 4 боб ва 23 модда зиёд мебошад. Он давоми мантиќии татбиќи принсипи конститутсионии таљзияи њокимияти давлатї дар Тољикистон, ислоњоти судї-њуќуќї ва табдил додани њокимияти судї, аз љумла Суди конститутсионї ба механизми эътимодноки њифзи њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд ва дигар субъектони њуќуќ арзёбї мегардад. Дар мамлакат татбиќи Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2015-2017, ки бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 5 январи соли 2015 №327 тасдиќ шудааст, идома дорад, ки он дар рушди минбаъдаи њокимияти судї наќши арзандаи худро хоњад гузошт. Ислоњоти конститутсионї дар мамлакат, яъне даровардани таѓйиру иловањо ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ки 22 майи соли равон тавассути раъйпурсии умумихалќї ба амал бароварда шуд, дар баробари боз њам мустањкам намудани асосњои сохтори конститутсионї, такмили механизмњои њифзи њуќуќу озодињои инсон, фаъолияти муназзами маќомоти олии њокимияти давлатї, баланд бардоштани масъулияти мансабдорони олии мамлакат, бешак дар бењдошти њокимияти судї, аз љумла Суди конститутсионї низ бе таъсир нахоњад монд. Такмили талаботи тахассусї нисбат ба мансабњои маќомоти њокимияти судї, аз љумла доштани шањрвандии Љумњурии Тољикистон, савганди судя дар хусуси садоќат ба Конститутсия, њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, њифзи манфиатњои шањрванд, љомеа ва давлат, љавон намудани маќомоти њокимияти олии судї аз талаботи баланди давлат ва љомеа ба фаъолияти њокимияти судї шањодат медињад. Њамаи ин њокимияти судї ва судяњои мамлакатро водор месозад, ки љињати эътибор пайдо кардан ва ба боварии љомеа сазовор гаштан, муносибати худро ба фаъолияти касбї дигар карда, салоњият ва вазифањои дар назди онњо гузоштаи Конститутсия ва ќонунњои мамлакатро дар сатњи дахлдор ба анљом расонида, наќши худро дар тањкими асосњои сохтори конститутсионї, њифзи њуќуќу озодињои инсон ва манфиати давлат ва љомеа гузоранд. Дар навбати худ иљрои ин амалњо аз судяњои кишвар масъулияти баланди касбї, донишу малака, мањорат, талаботи тахассусии дахлдор ва ба он љавобгў будани судяро таќозо дорад, ки барои расидан ба ин сифатњо дар мамлакат тамоми шароити ташкилию њуќуќї ва иљтимої фароњам оварда шудааст.
[1] Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба муносибати 15-умин солгарди ќабули Конститутсияи Тољикистон 5 ноябри соли 2009. Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, № 2, соли 2010.- С.18.
Ѓаюров Ш. К. Мудири кафедраи њуќуќи граждании факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон, д.и.њ., профессор
МАФЊУМ ВА ХУСУСИЯТЊОИ ПАЛАТАИ ЊИСОБ ДАР ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
|