21:06:43 - 24.05.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз794
mod_vvisit_counterДирӯз1044
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2978
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида3588
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ10085
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида9103
mod_vvisit_counterҲамагӣ786821

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


 

 

16 июни соли 2017 дар толо­ри маљлисгоњи Суди Кон­сти­тут­сионии Љумњурии Тољи­­кис­тон ба муно­си­бати 20-умин солгради ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиќ­рори сулњ ва ризоияти миллї», ки њамчун санади таърихї барои тањкими пояњои вањдат ва суботу оромї дар кишвар мусоидат кард, дар мавзўи «Вањдати миллї ва рушди давлатдорї» њамоиш доир гардид.

Дар кори њамоиш намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Прокуратураи генералї, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, вазоратњои адлия, мудофиа, рушди иќтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї, Маркази миллии ќонунгузорї, дигар маќомоти давлатї, инчунин олимони соњаи њуќуќ иштирок ва бо маърўза баромад намуданд.

Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода ба кори њамоиш њусни оѓоз бахшида, аз љумла иброз дошт, ки оѓози солњои навадуми ќарни сипаришуда давлати мо ба масири нињоят мураккаби таърихї ворид гардида, омилҳои гуногун сабаб шуданд, ки дар кишвари мо љанги тањмилии шањрвандї сар зад ва тамоми соњањои њаётии љомеа фалаљ гардида, давлат ба бўњрони сиёсї, иќтисодї ва маънавї фаро гирифт. Дар натиља мардуми кишвар аз тарсу њароси љон ба давлатњои њамсоя фирори шу­данд ва мил­­лату давлатро хатари парокандашавї тањдид кард.

Танњо ба шарофати зањматњои пайгирона ва талошњои созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон муаяссар гардид, ки дар як муддати кўтоњ љанги тањмилии шањрвандї хомўш карда шавад ва миллати тољик аз хатари парокандашавї рањо ёфта, муњољирони иљборї ба ватану ман­зили худ баргардонида шуданд ва кишвари мо ба маљрои рушду инкишоф дар њама соњањои њаёти љомеа ворид гардид.

Пойдории сулњу субот барои њифзи арзишњои миллї, эҳёи давлат­до­рии навини демократию њуќуќбунёд, сарҷамъию ит­тиҳоди миллат, амали­созии њадафњои конститутсионии давлати иљтимої, татбиќи вазифањои стратегии давлат мусоидат кард ва Љумњурии Тољикистон њамчун субъекти муносибатњои байналмилалї дар арсаи сиёсати љањонї сазовори мавќеи хоса гардид.

Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї, ки дар як давраи вазъи мураккаби сиёсии мамлакат бо саъю талошњои Пешвои муаззами миллат ба имзо расонида шуд, дар таҷрибаи ҷаҳони мутамаддин падидаи нодири ба миён овардани сулњу оромї ба шумор рафта, аз нигоњи њуќуќї падидаест, ки омили муњими пешрафту ташаккули давлати адолат­парварро таќвият мебахшад.