21:06:46 - 24.05.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз794
mod_vvisit_counterДирӯз1044
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2978
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида3588
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ10085
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида9103
mod_vvisit_counterҲамагӣ786821

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


 

 

2 ноябри соли 2017 дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бахшида ба Рўзи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар мавзўи «Консти­тутсия ва рушди давлатдории миллї» мизи мудаввар доир гардид. Дар кори он оли­мону мутахассисон ва намояндагони маќомоти давлатї иш­тирок ва бо маърўзањо баромад намуданд.

Мањкам Мањмудзода–Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии То­љи­кистон ба мизи мудаввар њусни ифтитоњ бахшида, ќайд намуд, ки Конс­­­ти­тут­сияи Љумњурии Тољикистон дар давраи басо њасос, душвор ва пе­­­чи­даи мам­лакати мо ќабул шудааст. Аммо новобаста аз айёми душвор ва идомаи љанги шањр­вандї аз љониби роњбарияти давлат ва Њукумат тањти роњ­барии Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон муњокимаи умумихалќии лоиња, омўзишу таклифу хулосаи ба лоиња пешнињодшуда ва ба инобат гирифтани аксари онњо, тавассути раъй­пурсї ќабул кардан ва нашри он таъмин карда шуд.

Њамин аст, ки Конститутсияи мо аз љониби нозирон ва кор­ши­но­сони масъалањои сиёсию њуќуќї бањои баланд гирифт.

Ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон истиќлолияти дав­латии моро мустањкам намуда, барои эъмори дав­лати демокративу њуќуќ­бунёд заминаи муњими сиёсию њуќуќї фароњам овард. Асосњои сохтори конс­титутсионї, њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, салоњияти маќомоти олии кишварро бо назар­дошти арзишњои умумибашарї ва миллї муайян кард. Љумњурии Тољикистонро давлати демократї, ху­ќуќ­бунёд ва иљтимої эълон намуд.

Ислоњоти конститутсионї дар мамлакат гузаронидашуда натиљаи демократикунонии минбаъдаи њаёти сиёсиву иљтимоии Тољикистон ва эъти­бори байналмилалии он мебошад, ки он моро ба њадафи асосии муайяннамудаи Конститутсия – бунёди љомеаи адолатпарвар бурда мерасонад.

Содиќ Шоназаров- мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои њуќуќї њозиринро ба Рўзи Конститутсияи мамлакат табрик намуда, зикр кард, ки Конститутсия ба­рои рушду тањкими давлатдорї ва идоракунии он заминаи њуќуќї фа­роњам оварда, дар асоси он 17 ќонуни конститутсионї, 22 кодексњо ва 343 ќонунњои соњавї ќабул гардиданд. Онњо ба рушди давлатдорї таъсири мусбии худро расониданд.

Сипас дар рафти мизи мудаввар маърўзањои олимону мутахассисон дар мавзўњои «бехатарии конститутсионї», «рушд ва устувори молияи давлатї пас аз ќабули Конститутсия», Инкишофи конститутсияњои ЉШС Тољикистон», «Конститусия њамчун њуљљати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат», «Конститутсия ва њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд» ва дигарњо шунида шуда, мавриди муњокима ќарор гирифтанд.

Маърўзачиён пањлуњои гуногун ва серљабњаи Конститутсияро мавриди тањлили амиќ ќарор дода, наќши онро дар рушди соњањои гуногуни фаъолияти давлати миллї таъкид намуданд.

Баррасии масъалањои зикршуда аз љониби иштирокчиёни мизи мудаввар муфид ва созанда арзёбї гардид.