21:08:31 - 24.05.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз794
mod_vvisit_counterДирӯз1044
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2978
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида3588
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ10085
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида9103
mod_vvisit_counterҲамагӣ786821

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


 

ДУШАНБЕ, 09.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри  Душанбе  ҷиҳати  тарғиб ва татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони  «Рисолати танзим-ислоҳоти маънавӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ» Конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид.

Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Академияи илмҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону муҳаққиқон, сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ, масъулони тарабхонаҳо, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар ҳамоиш зикр кард, ки  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аввалин қонуни миллӣ дар таърихи қонунэҷодкунии замони соҳибистиқлолӣ буда,  ба ҳуҷҷати тақдирсози ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии аҳли ҷомеа табдил ёфтааст.

«Дар зарфи 10 соли амали қонуни мазкур танҳо дар шаҳри Душанбе 91 803 маъракаҳои гуногун гузаронида шудаанд, ки 6221-тои онҳоро тӯйҳои хайриявии арӯсиву домодӣ  ва хатнасури кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар тӯли нуҳ моҳи соли 2017 дар пойтахт 6956 маърака, аз ҷумла, 769 тӯйҳои хайриявии арӯсиву домодӣ ва хатнасури кӯдакон доир гардиданд. Имрӯз тадриҷан ҷомеа дарк менамояд, ки тӯй ва маърака воситаи гирифтани обрӯву эътибори оилаву авлод набуда, балки оғози як марҳалаи муҳими зиндагист, ки дар дунболи он зиндагии тӯлонии ду нафар меистад. Хушбахтии онҳо муҳимтар ва муқаддамтар аз ҳар чизи дигар аст»,-иброз дошт М.Муинӣ.

Мавсума Муинӣ ҳамчунин зикр кард, ки амалӣ шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳаввулоти маънавӣ ва тағйирёбии равонии мардум муассир аст. Мардум ба хубӣ дарк намудааст, ки минбаъд обрӯву эътибори шоистаро дар ҷомеа аз баргузории тӯю маъракаҳои пурдабдаба ва дастурхони пурнозу неъмат нахоҳад ҷуст. Минбаъд одамон андеша менамоянд, ки сарфу хароҷоти беҳуда барои обрӯву номи дурӯғин арзиш нахоҳанд дошт ва мақому манзалати инсонро ҳунар, истеъдод, маърифат ва аъмоли нек муайян мекунанд.

Дар конфронс мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода ва раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатзода   доир ба аҳамият ва нақши қонуни мазкур дар ҷомеа  андешаҳояшро изҳор дошта,  таъкид карданд, ки фаъолияти  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавриди татбиқи қонуни мазкур барои дигар  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд намунаи ибрат гардад.

Раиси Суди конститутсионӣ  Маҳкам Маҳмудзода дар мавзӯи «Андешаҳо оид ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», директори  Маркази миллии қонунгузорӣ   Маҳмад Забирзода дар мавзӯи «Доир ба баъзе масъалаҳои ҳуқуқу уҳдадорӣ ва масъулияти тарафҳо дар қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»,  раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Абдураҳим Холиқзода дар мавзӯи «Оид ба табиати ҳуқуқии қонуни миллӣ»,  директори Маркази исломшиносӣ Файзулло Баротзода дар мавзӯи «Баъзе натиҷаҳои тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим», раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзӯи «Танзими анъана ва ҷашну маросим –воситаи муҳими ислоҳоти ахлоқию маънавӣ» ва дигар олимону муҳаққиқони соҳа дар масъалаҳои марбут ба ин мавзӯъ маърӯза карданд.

Дар хатми кори конфронс атрофи паҳлуҳои мухталифи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйиру иловаҳо ба   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мубоҳисаҳои судманд баргузор гардиданд.