02:46:47 - 21.08.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз156
mod_vvisit_counterДирӯз984
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4543
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида8062
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ25292
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида33463
mod_vvisit_counterҲамагӣ887474

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


 

 

Аз 29 ноябр то 2 декабри соли 2017 бо маќсади иштирок дар кори конфронси байнал­ми­ла­лї, дар мавзўи «Наќш ва ањамияти Конститутсия дар эъмори давлати демок­ратию њуќуќбунёд» сафари кории Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон Мањумдзода М.А. ва судя Њошимзода Д.Д. ба шањри Тошкенти Љумњурии Ўзбекистон доир гардид.

Дар кори ин чорабинии сатњи байналмилалї, ки бо ташаб­буси Суди Консти­тут­сионии Љумњурии Ўзбекистон ба муносибати 25-умин солгради Конститутсияи ин кишвар доир гардид, намоян­дагони маќомоти назо­рати консти­­тут­­сионї ва созмонњои бонуфузи байналмилалї, аз ќабили намоян­да­гони љумњурињои Арманистон, Индонезия, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Кореяи Љанубї, Федератсияи Россия, Туркия ва намояндагони маќомоти њоки­мияти давлатии Љумњурии Ўзбекистон иштирок ва суханронї наму­данд.

Дар кори конфронс мавзўњои мухталифи марбут ба наќш ва ањамияти Конститутсия дар тањкими давлати демократию њуќуќбунёд, њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, рушди љомеаи шањрвандї, парламентаризм, ташаккули асосњои конститутсионї-њуќуќии сиёсати хориљї дар заминаи ислоњоти демократї, масъалањои конститут­сионализм, раванди конститут­сионии маќомоти худидоракунии мањаллї, наќши судњои конститут­сионї ва институтњои муодил дар таъмини волоияти Конститутсия дар давлатњои алоњида ва дигар мав­зўњои мубрами соњаи њуќуќ мавриди муњокимањои доманадор ќарор дода шуданд.

Зимни кори конфронс Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон Мањумдзода М.А. дар мавзўи «Модернизатсияи љомеа ва давлат тибќи муќар­рароти консти­тут­сионї: таљрибаи Љумњурии Тољикистон» баро­мад намуда, оид ба сањми созгори Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар тањ­кими давлати демократию њуќуќбунёд, ќабули Конститут­сияи мамлакат, инчунин ама­ли­шавии ислоњоти мухталифи созанда дар соњаи њуќуќ ва њокимияти судї, ки дар заминаи меъёрњои конститутсионї ба миён омаданд, ба њозирин иттилоъ манзур намуд.

Њамчунин, Раиси Суди Конститутсионї Мањумдзода М.А. зимни маъ­рўза доир ба наќши Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар рушди дав­лати муосир, ташаккули маќоми байналмилалии кишвар, низо­ми ќонунгу­зорї, љомеаи шањрван­дї ва амалишавии принсипи таљзияи њокимият изњори назар намуда, ањамияти муќаррароти конститутсиониро дар такми­ли бомароми љомеа ва давлат муњиму назаррас арзёбї намуд.

Дар доираи сафари корї ба Љумњурии Ўзбекистон вохўрии Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо раисони судњои конститутсио­нии љумњурињои Ўзбекистон, Туркия, Индонезия, намоянда­гони маќомоти назорати конститутсионии Федератсияи Россия ва дигар киш­вар­њои љањон доир гардида, дар онњо масъалањои марбут ба тањкими њамко­рињои судманди тарафайн баррасї гардиданд.

Њангоми вохўрї бо Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Ўзбекис­тон аз муносибатњои рушдёбандаи байнидавлатї, ки бо шарофати сиёсати созандаи пешгирифтаи роњбарияти олии сиёсии ду кишвар дар њоли рушду густариш ќарор доранд, изњори ќаноатмандї карда шуд. Дар ин замина ќайд гардид, ки бо маќсади тањкими њамкорињои судманд байни судњои конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Ўзбекистон ба имзо расонидани Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї муњим мебошад.