02:43:50 - 21.08.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз156
mod_vvisit_counterДирӯз984
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4543
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида8062
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ25292
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида33463
mod_vvisit_counterҲамагӣ887474

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


 

НАТИЉАГИРЇ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНЇ ДАР СОЛИ 2017

15 декабри соли 2017 дар толори маљлисгоњи Суди Конститут­сионии Љумњурии Тољикистон бо иштироки Раис, муовини Раис, судяњо ва кормандони дастгоњи Суди Конститутсионї маљлиси љамбастии фаъо­лия­ти суд дар соли 2017 доир гардид.

Мањкам Мањумдзода - Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон маљлисро њусни оѓоз бахшида, ќайд намуд, ки соли 2017 барои мардуми сарбаланди кишвар боз як соли шу­­куфої ва пешрафти соњањои хољагии халќ, боло рафтани эъти­бори байнал­милалии Љумњурии Тољи­кис­тон, тањкими ѓоя­ҳои ва­тандўстї, худогоҳиву худшиносї дар љомеа, эҳти­роми анъанаву сун­нат­ҳои миллї ва соли баргузории руйдод­њои бузурги сиёсиву фарњангї арзёбї мегардад.

Дар фазои бошукўњ ва идона таљлил гар­дидани солгарди Ис­тиќ­ло­лияти давлатї, 25-солагии Иљлосияи таърихии XVI Шў­рои Олии Љум­њурии Тољикистон, 20-солагии ба имзо расидани Со­зиш­номаи умумии истиќ­рори сулњ ва ризоияти миллї, Рўзи Конс­титутсияи кишвар ва дигар идњои миллї шањо­дати дар роњи рушди устувору бомаром ќарор доштани давлати нави­ни тољикон мебошад.

Дар вазъияти басо мураккаби сиёсии мамлакат, баргузор гар­ди­дани Иљлосияи таърихии XVI Шўрои Олї ва дар он якдилона аз љониби ваки­лони мардумї ба вазифаи Раиси Шўрои Олї ин­тихоб гардидани Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба раванди бомароми сулњи тољикон оѓоз бахшид ва роҳ ба сўйи ризоият ва ваҳдати миллї боз гардид. Ба муќови­матњои мусаллањона хотима гузошта шуда, вазъи но­оро­ми кишвар рў ба эътидол овард, заминањо ва унсурњои дав­лат­дории миллї роњандозї гардиданд.

Дар ин замина, сол аз сол сатњи худшиносиву худогоњии хал­ќамон баланд ва вазъи иќтисодиву иљтимоии он бењ­тар гардида, некўањволї хусу­сияти муътадил касб кар­да, шањр­ван­­дони мо дар њама соњањои њаёти љомеа, алалхусус тиљорату соњиб­корї ба муваф­фаќиятњои назаррас ноил мегарданд.

Ин равандњои муњими рушди давлатдорї ба фаъолияти та­моми маќомоти њокимияти марказї ва мањаллї, низоми њоки­ми­яти судї, аз љумла Суди Конститутсионї таъсири мусбї расони­да, падидањои демок­ратиро тањким мебахшанд.

Мањкам Мањмудзода њамчунин иброз дошт, ки дар ин соли пур­файз судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди Консти­тутсионї низ аз ра­ванд­њои сиёсию иљтимої ва њуќуќии мамлакат дар канор на­монда, тавас­сути ба амал­барории ри­со­лати касбї, корњои муайянеро ба сомон расониданд.

Сипас муовини Раиси Суди Конститутсионї Каримзода К., роњ­бари дастгоњи суд Гулзода А. ва сардорони шуъбањо Нурляминзода Г., Ѓоибов П. ва Муњаббатов Љ. оид ба самтњои фаъолияти касбии суд дар соли 2017 ба њозирин иттилоъ доданд.

Баромадкунандагон аз љумла зикр намуданд, ки дар соли 2017 аз љониби Суди Конститутсионї дар асоси дар­хости суб­ъ­­ек­т­­­­­­­­­­­­­њои њуќуќ, бо маќсади муайян намудани муво­фи­ќати са­надњои меъёрии њуќу­ќї ба Конститутсияи Љумњурии Тољи­кис­­тон 10 адад пар­вандањо баррасї гар­ди­да, нисбати онњо ќарору таъи­нот­и дахл­дори судї ќабул карда шуданд.

Чунончи, Суди Конститутсионї парвандаро аз рўи дар­­хости шањр­ван­дон Хурамов З.Н. ва Њасанов Љ.К. «Дар хусуси муай­­­ян на­мудани мувофиќати сархати чоруми ќисми 4 моддаи 59 Ќо­нуни Љум­њурии Тољи­кистон «Дар бораи нафа­ќањои суѓуртавї ва давлатї» ва сархати якуми фар­моиши Агентии су­ѓуртаи иљти­мої ва на­фаќаи назди Њу­кумати Љумњурии Тољикистон аз 30 январи соли 2017, №6 «Дар бо­раи гузариши пурра ба низоми нави таъ­миноти нафаќаи шањр­вандон ва тар­тиби таъини нафаќањо аз 1 январи со­ли 2017» ба моддаи 39 Конс­титутсияи Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, бо ќаро­ри худ аз 8 де­кабри соли 2017 сархати зикр­шудаи ќонунро ба Конс­титутсия мутобиќ арзёбї на­муд.

Новобаста аз ин, Суди Конститутсионї дар асосњои таш­килии су­ѓур­­таи њатмии нафаќаи касбии пешбининамудаи Ќо­ну­ни Љумњу­рии Тољи­­ки­стон «Дар бораи суѓур­таи њатмии нафа­ќавии касбї», дар масъа­лаи пардохтњои нафаќаи касбї муш­ки­лињо ош­кор намуд, ки мебоист онњо аз лањзаи мавриди амал ќа­рор гириф­­тани Ќо­нуни зикршуда то 1 ян­вари соли 2017 њаллу фасли дурусти худро меёф­танд.

Бо дарназардошти њолатњои зикршуда, Суди Консти­тут­си­онї зарур шуморид, ки Њуку­ма­ти Љумњу­рии То­љи­кис­тон ва Аген­тии суѓуртаи иљти­мої ва нафа­ќа љиња­ти бартараф на­мудани муш­килоти вобаста ба њолати татбиќи суѓуртаи њатмии нафаќавии кас­бї ва механизми татбиќи Ќо­нуни Љумњурии Тољи­ки­стон «Дар бораи суѓуртаи њат­мии нафаќавии касбї», ки дар масъа­лаи андух­тњои нафаќаи касбї ба миён омадаанд, чо­рањои таъхирно­пазирро амалї намоянд.

Суди Конститутсионї Агентии суѓуртаи иљти­мої ва нафа­ќаи назди Њукумати Љумњу­рии Тољикистонро њамчунин вазифадор намуд, ки фар­­моишро «Дар бораи гузариши пур­ра ба низоми нави таъми­ноти на­фа­ќаи шањрван­дон ва тартиби таъини нафа­ќањо аз 1 январи со­ли 2017» ба тала­боти Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон «Дар бо­раи са­над­њои меъёрии њуќуќї» мувофиќ намуда, якљо бо Кор­хонаи воњи­ди дав­латии «Ро­њи оњани Тољи­кистон» љи­њати таъмини кафолати конститутсио­нии шањр­ван­дон Хурамов З.Н. ва Њасанов Љ.К. ва дигар кор­ман­дони со­ња ба нафаќаи касбї тад­бир­њои муассир андешанд.

Суди Конститутсионї нисбат ба њашт мурољиатњои суб­ъ­ект­­њои њуќуќ дар хусуси муайян намудани мутобиќати ин ё он са­над­њои меъёрии њуќуќї ба Конститутсия ва дигар масъалањои ама­­лияи њуќуќии фаъо­лияти маќомоти давлатї таъинотњои дахл­дор ќабул намуда, масъулинро барои бартараф намудани кам­бу­ди­њои љойдошта вазифадор намуд.

Дар соли равон 86 санад­њои меъёрии њуќуќии маќо­моти ма­њал­лии њоки­мияти дав­латии шањ­ру но­њияњои Вилояти Мух­тори Кў­њистон Бадахшон, вилоятњои Суѓду Хатлон, шањри Душанбе ва шањру ноњияњои тобеи љумњу­рї, бо маќсади муайян на­мудани му­вофи­ќати онњо ба Конститутсия ва талаботи ќонун­гузории амал­кунанда, мав­риди омўзиш ќа­рор дода, диќ­­ќати масъу­лин барои барта­раф кардани кам­бу­дињои љой­дошта љалб карда шуд.

Кам­бу­­ди­њои дар санадњои меъёрии њуќуќї љой­дошта барта­раф карда шуда, сифати тањия ва ќабули санадњои меъёрии зикр­шуда бењтар мегардад. Ин таљриба минбаъд низ идома дода хоњад шуд.

Дар соли 2017 ба Суди Конститутсионї 244 нафар муро­љиат­­њои хаттї ва шифоњии шахсони воќеї ва њуќуќї ворид гар­дидаанд, ки онњо тибќи талаботи ќонунгузории амал­ку­нанда мав­­риди баррасї ќа­рор дода шуда, ба муро­љиат­ку­нан­дагон маълумоти дахлдор пешнињод карда шудааст.

Ба истиснои мурољиатњои шахсони воќеї ва њу­ќуќї, ба Суди Кон­сти­тутсионї, инчунин 1887 маводњои гуногун аз љум­ла: 930– санадњои меъёрии њуќуќї; 306 мактубњо аз маќо­моти гуногу­ни давлатї ва љамъиятї; 651 адад мавод тава­ссути поч­таи элек­тронї аз дохил ва хориљи кишвар, аз љумла 90 –мактуб аз маќомо­ти назорати консти­тутсионии дав­латњои хо­риљї во­рид гардиданд.

Мавод, санадњо ва њуљљатњои хусусиятњои иљрої дошта, са­­риваќт мавриди баррасї ќарор гирифта, нисбати онњо чо­ра­њо андешида шуда, ба маќомоти дахлдор ва шањр­ван­дон ља­вобњои дахлдор ирсол карда шудааст.

Суди Конститутсионї дар навбати худ ба дигар маќомоти марказї, мањаллї ва маќо­моти њам­шабењи давлатњои хориљии худ 676 мактуб оид ба масъалањои гуногун (511 адад мактуб, 165 мактуб ва њуљ­љат тавассути почтаи электронї) ирсол кардааст.

То сенздањуми декабри соли 2017 зиёда 268 690 нафар шах­сон ба сомонаи Суди Конститутсионї ворид гардида, бо маводи он ши­­­носої пайдо намуданд. Шумораи шахсони бо сомонаи Суди Конс­титутсионї шиносгардида, нисбат ба соли 2016 68 690 шахс зиёдтар мебошад.

Њамкорињои байналмилалии Суди Конститутсионї бо ма­ќо­моти назорати конститутсионии дигар давлатњо низ сол аз сол тањ­ким ёфта, вусъати тоза пайдо мекунад.

Судяњо ва кор­ман­дони масъули Дастгоњи Суди Конститут­си­онї љињати иш­тирок дар чорабинињои мухта­лифи маќомоти на­­зо­ра­ти кон­сти­тут­сионии дав­латњои хориљї, ба Феде­рат­сияи Рос­сия, Индонезия, Литва, Ќа­зо­ќис­тон, Корея, Тур­кия, Ита­лия ва Ўзбекистон сафари корї анљом дода, дар Конгреси уму­ми­ља­њо­нии маќомоти назорати конс­титутсионї ва љаласањои Конф­ронси маќомоти назорати кон­с­­­титутсионї ва маќомоти њам­шабењи дав­латњои Осиё бо маъ­­рўзањои илмї-амалї оид ба рушди кон­­с­­ти­­тутси­она­лизми Тољикис­тон, наќши Конститутсия ва ма­ќо­моти назорати кон­сти­тут­сионї дар њиф­зи њуќуќу озодињои инсон, рушди низоми сиёсї ва њуќуќї дар мамлакат, инчунин дигар мавзўњои соњаи њуќуќ баро­мад намуданд.

Намояндагони Суди Конститут­сионї дар соли равон дар чо­­ра­би­ни­њои во­бас­­­та ба фањ­мон­дадињии мазмуну муњтавои Паё­­ми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олї, моњияти таѓйиру иловањои ба Ќонуни Љум­њу­рии Тољи­кистон «Дар бо­раи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољи­кистон» воридгардида, Рўзи Вањ­дати миллї, Соли љаво­нон, Рўзи Кон­ститут­сия, Рўзи Пре­зиденти Љум­њурии Тољикис­тон ва Рўзи Парчами давлатї фаъолона иштирок намуданд.

Намояндагони Суди Конститутсионї роњбарони гурўњњои корї оид ба таш­виќу тар­ѓиби масъалањои зикршуда дар ноњия­њои Данѓара, Фар­хор, Шањринав ва Лахш буда, кормандони масъул дар њайати гурўњ­њои корї дар шањрњои Душанбе, Вањдат, Пан­­љакент, Хуљанд, Бўстон, ноњияњои Ванљу Дарвоз ва ноњияњои минтаќаи Ќўрѓонтеппа ва Кўлоби ви­лояти Хатлон зиёда аз 70 во­хў­рињои суд­манд баргузор наму­данд.

Њамчунин, аз љониби Раис, муовини Раис, судяњо ва кор­ман­дони масъули Дастгоњи Суди Конститутсионї оид ба ања­мияти таъри­хию сиёсии ќа­були Конститутсия, наќши Консти­тут­­сия ва Суди Конститут­сионї дар рушди давлат­до­рии миллї дар шонз­дањ вазорату идорањои давлатї ва муас­сисањои олии таълимї вохўрињои суд­манд гузаронида шу­данд.

Кормандони суд тавассути радио ва шабакањои телевизио­нии «То­љи­­­­кис­­­­тон», «Сафина», «Љањон­намо», «Радиои Тољи­кис­тон», «Са­дои Ду­шан­бе» ва «Ховар» баромад­ наму­да, дар рўз­но­ма­њои «Љум­њурият», «Вањдат», «Инсон ва ќонун» ва «Народная газета» дар мавзўњои марбут ба Конститутсия, Вањдати миллї, њадафњои со­зан­даи Паём ба парлумон, наќши ќонуни миллї дар танзими масъа­лањои њаёти љомеа ва дигар мавзўњои мубрами соњаи њуќуќ маќо­лањои зиёд ба табъ расо­ни­данд.

16 июн дар Суди Кон­сти­тут­сионї бахшида ба 20-солагии ба имзо расидани «Со­зишномаи умумии истиќ­ро­ри сулњ ва ризоия­ти миллї», ки њамчун санади таърихї барои раси­дан ба вањдати миллї дар кишвар мусоидат кард, дар мавзўи «Вањдати миллї ва рушди давлатдорї» мизи мудаввар доир гардид.

Дар кори он намояндагони маќомоти давлатї ва оли­мони соњаи њу­ќуќ иштирок ва бо маърўза баромад намуда, љанбањои гуногуни вањдати миллї ва наќши онро дар давлат­дории миллї мавриди тањлил ќарор доданд.

Мизи мудавваре, ки 2 ноябри соли 2017 дар Суди Конс­титут­сионї бахшида ба Рўзи Конс­титутсияи Љум­њурии Тољи­кис­­тон дар мавзўи «Консти­тутсия ва рушди дав­латдории миллї» доир гардид, аз тарафи оли­мону мутахассисон ва намо­ян­дагони маќомоти давлатии дар он иш­тирокдошта, муфид арзёбї гардид.

Дар доираи мавзўи барра­сиша­ванда наќши Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар тањия ва ќабули Конститутсия, наќши Кон­ститутсия дар руш­ди сиёсати дохилї ва хориљии давлат, иќти­со­диёту иљ­ти­моиёт, тањкими институт­њои сиёсї ва њуќуќї, давлат ва рукн­њои алоњидаи он мавриди тањлил ва хулосабарорї ќарор гирифт.

Умуман, аз љониби баромадкунандагон зикр шуд, ки фаъолияти бомарому густурдаи Суди Конститут­си­онї дар соли 2017 шањодати он аст, ки ин маќом дар рушди давлати њуќуќ­бунёд рўз аз рўз ањамияти хо­са пай­­до карда, он дар амалї намудани маќсаду вази­фањои давлат ва љо­меаи Тољи­кистон, тањки­ми давла­ту дав­лат­дорї, бунёди љо­меаи демок­ратї ва адолатпар­вар наќши арзандаи худро мегузорад.

Дар фарљоми маљлис аз натиљаи фаъолияти Суди Конститутсионї дар соли 2017 ќарори дахлдори маљлиси умумї ќабул гардида, бобати ноил шудан ба дастовардњои боз њам назарраси касбї дар соли 2018 вазифагузорї карда шуд.

Њамчунин дар хотимаи маљлис якдилона наќшаи кории Суди Кон­сти­тут­сионї барои соли 2018 ва наќшаи кории дастгоњи Суди Кон­сти­тут­сионї барои соли 2018 ќабул гардиданд.