02:50:02 - 21.08.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз160
mod_vvisit_counterДирӯз984
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4547
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида8062
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ25296
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида33463
mod_vvisit_counterҲамагӣ887478

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


 

Аз 26 феврал то 1 марти соли 2018 бо маќсади иштирок дар љаласаи ёздањуми Гурўњи маќсаднок оид ба дастраси ба адолати судї тибќи Конвенсияи Орхус ва љаласаи махсус барои намояндагони маќомоти судї сафари кории судяи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д. ба шањри Женева доир гардид.

Дар кори ин чорабинињои сатњи байналмилалї, ки бо ташаб­буси Комис­сияи Аврупоии иќтисодии Созмони Милали Муттањид доир гардид, намоян­дагони маќомоти судии давлатњои љањон ва созмон­њои бонуфузи бай­нал­ми­лалї, аз ќабили Арманистон, Албания, Бело­русия, Босния-Гертсо­говиния, Гурљистон, Ирландия, Испания, Италия, Латвия, Румыния, Ќазо­ќис­тон, Ќирѓи­зистон, Македония, Малта, Молдавия, Монтенегро, Нидерландия, Норвегия, Озарбойљон, Олмон, Румыния, Сербия, Словения, Словакия, Украина, Чехия, Шветсия, Ховартия, Эстония, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Аврупо, котиботи Конвенсияи Орхус ва дигарон иштирок ва суханронї намуданд.

Чорабинињо дар сатњи хуби омодагї доир гардида, дар он мавзўњои мухталифи марбут ба мустањкамгардонии механизми њалли судии парван­дањои марбут ба дастрасї ба иттилои экологї, дархост оид ба гирифтани иттилоот оид ба парвандањои судї марбут ба муњити зист, талабот оид ба мустањкамгардонии имконияти судњо вобаста ба баррасии парвандањое, ки аз љониби маќомоти судї ва дигар маќомоти назорати дар соњаи муњити зист баррасї мешаванд, њамкории глобалї ва минтаќавї дар самти мусои­дат бањри бењтар намудани дастарсї ба адолати судї, ќонунгузории кишварњои алоњида дар масаъалњои экологї ва дастарсї ба иттилои экологї, таљрибаи судї дар давлатњои алоњида ва дигар мавзўњои мубрами соњаи њуќуќ мавриди муњокимањои доманадор ќарор дода шуданд.

Зимни кори чорабинї бо иштироки намояндагони маќомоти судї, судяи Суди Конститутсионї Њошимзода Д. вобаста ба наќши Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон дар таъмини волоияти Консти­тутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, амалишавии њуќуќњои конститутсионии шањрванд, татбиќи муќаррароти Конвенсияи Орхус дар ќонунгузории миллї, амалишавї ва ташаккули ќонунгузории соњаи дастрасї ба иттилоот ва муњити зист суханронї намуда, мављудияти ќонунгузории муосирро дар ин самт муњиму назаррас арзёбї намуд.