18:21:21 - 15.10.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1022
mod_vvisit_counterДирӯз1376
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3893
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида8028
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ17232
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида37099
mod_vvisit_counterҲамагӣ952918

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


 

Иншооти варзишию фароғатӣ туҳфаи Суди конститутсионӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ба сокинони шаҳраки 14-и ноҳияи Синои пойтахт



ДУШАНБЕ, 05.05.2018 /АМИТ «Ховар». Имрӯз аз субҳ шодиву сурури сокинон, хусусан кӯдакону наврасони шаҳраки 14-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳадду канор надошт. Дар ин ҷо аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ сохта ба истифода дода шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар маросими ифтитоҳи иншооти варзишию фарҳангӣ кормандони масъули Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди Олии иқтисодӣ Мавлуда Қаландарзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва сокинони шаҳраки 14-и пойтахт иштирок намуда, бунёди иншооти варзиширо идомаи пайгирӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод намуданд.

Иншооти мазкур, ки дар масоҳати 3453,7 метри мураббаъ бунёд гардидааст, аз майдончаи умумӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхушии кӯдакон, гӯшаи машқу тамрини бадан, ки бо тамоми дастгоҳу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, инчунин аз таваққуфгоҳ иборат мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳудуд ва атрофи майдонча сабзу хуррам гардонида шуда, дар ду ҷониб ва ҳудуди иншоот нишасткурсиҳо ва ду адад айвон-суҳбатгоҳҳо насб гардидаанд. Ҳамзамон дар доираи корҳои кабудизоркунӣ дар атрофи иншоот ва ҳудуди он дарахтони сояафкан, гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудаанд, ки ин мавзеъро боз ҳам назарработар гардонидаанд.

Сокинони  шаҳраки 14, ки дар он биноҳои истиқоматии 6/2, 6/3, 36 ва 38 воқеъ мебошанд, иқдоми Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии кишварро дар мавриди бунёди иншооти варзишию фарҳангӣ самараи неки таваҷҷуҳу ғамхориҳои Роҳбарияти олии мамлакат ба кӯдакону наврасон ва ҷавонон, ки ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста, арзёбӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки  имрӯзҳо дар дигар маҳаллаҳои пойтахт бунёди чунин майдончаҳои варзишию фароғатӣ идома дошта, он ифодагари сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе унвон мегардад.