21:09:35 - 24.05.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз797
mod_vvisit_counterДирӯз1044
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2981
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида3588
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ10088
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида9103
mod_vvisit_counterҲамагӣ786824

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Кормандон ва судяњои Суди конститутсионї, бо маќсади пайдо кардани ошної бо таърихи бойу пурѓановати миллати тољик, бахшида ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон гардидани соли 2018, дар доираи наќшаи чорабинињо, санаи 14 майи соли 2018 аз Осорхонаи миллии Тољикистон боздид ба амал оварданд.

Экспонатњои пурарзише, ки дар Осорхонаи миллии Тољикистон ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ба монанди нусхањои дастнависи китоби муќаддас - Ќуръони карим, мењроби Искодар, амсилаи маќбараи Исмоили Сомонї, ёдгорињои таърихие, ки аз Тахти сангин дарёфт гардидаанд, деворнигорањои Панљакенти ќадим ва монанди инњо, шањодат ба он медињанд, ки дар ватани аљдодии миллати тољик, илм, маданият ва фарњанг њанўз аз замони ќадим рушд карда, дастовардњои назаррасро дар соњањои гуногуни илм, чун сохтмон ва меъморї, катибакорї, нуљум, илми њарбї ва дигарњо ба мерос гузоштааст, ки аксарияти назарраси онњо имрўз низ ањамиятнокии худро гум накарда, дар шакли такмилёфта мавриди истифода ќарор доранд.

Аз Аљинатеппа пайдо гардидани муљассамаи бузурги Буддои хобида, ки амсилаи он дар Осорхонаи миллии Тољикистон нигоњ дошта мешавад, шањодати он аст, ки ватани таърихии аљдодони миллати тољик гањвораи тамаддун буда, пешрафти ин муносибатњоро на танњо дар минтаќа, инчунин дар доираи васеъ асос гузошта, ањамияти љањонї пайдо кардани онњоро боис гардидааст.

Дар Осорхонаи миллии Тољикистон баробари экспонатњои таърихї, инчунин экспонатњои замони муосир ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки дар хусуси дастовардњои замони истиќлол, ки 9 сентябри соли 2021 дар сатњи баланд таљлил гардидани 30-юмин солгарди он ба наќша гирифта шудааст, маълумот медињанд.

Ба маърази тамошо гузошта шудани ќаламе, ки бо он Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон имзо карда шудааст, басо рамзї буда, шахсро барои пеши назар овардани рўзњои таърихи водор менамояд. Аз ин хотир, имрўз њар як фарди соњибхирад ва соњибтамаддуни тољикро зарур аст, ки дастовардњои Вањдати миллиро арљгузорї намуда, дар партави сиёсаи созанда муттањид гарданд.

Суди Конститутсионї таслим гирифт, ки ба ин иќдом бо маќсади иљрои чорабинињо оид ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон гардидани соли 2018 њукми анъанавї дода шуда, аз ёдгорињои таърихии Тољикистон тариќи пайваста боздид ба амал оварда шавад.